НАҚШИ СОЗГОР

 НАҚШИ СОЗГОР

Соли 1962 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон Оркестри эстрадии созию овозии “Бигзор ҳамеша суруд бошад” таъсис дода шуд. Роҳбари бадеӣ Лайло Шарифова, солистон Аҳмад Бобоқулов, Маҳбуба Боҳирова, Мая Каспарова буданд. Моҳи майи соли 1964 ин оркестр “Гулшан” номгузорӣ шуда, ба ихтиёри Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радио вогузор гардид.

Роҳбари бадеӣ ва сарояндаи марказӣ худи Лайло Шарифова буд. Ин овозхони маҳбуб солҳои 1964-65 барои ташаккули ҳайат ва барномаи ҳунарии ин оркестр заҳмати зиёд кашид. Барномаи аввалини оркестр чунин ном дошт: “Оркестри эстрадии “Гулшан” – Лайло Шарифова месарояд”. Он рӯзҳои 26,28 ва 30 августи соли 1964 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор гардид. Дар қисмати якуми барномаи он гулчини навоҳои мардумӣ дар коркарди композитор Ю. Г. Тер-Осипов аз ҷониби ромишгарони оркестр иҷро шуда, аз тарафи тамошобинон хуш истиқбол ёфт. Ҳунармандони ҷавон, дастпарварони консерваторияҳои Москаву Тошканд Алиҷон Солиев сурудҳои “Душанбе” (оҳанги Ё.Сабзанов, шеъри Ф.Ансорӣ),“Орази зебо” (оҳанги Ш.Сайфиддинов, ғазали К. Хуҷандӣ), Бурҳон Муҳаммадқулов “Таронаи духтари Помир” (оҳанги З. Шаҳидӣ) ва “Ҷавонӣ” (оҳанги Ё. Сабзанов, шеърҳои А. Деҳотӣ)-ро месароянду муваффақ мегарданд.

Ромишгарон Виктор Ҳазратов бо скрипка ва Зокир Нишонов бо ксилофон оҳангҳои ҷолибу марғубро пешкаши тамошобинон гардониданд. Рақси “Баҳор” ва рақси муғулии Ашӯра Носирова, Баҳодур Ҷӯрабоев — рақси африқоии “Озодӣ” ба барнома таровати хоса зам намудаанд. Сурудҳои русии “Магар русҳо ҷангро мехоҳанд” ва “Мо ҳам хушбахтем”-ро Муновников сароидааст. Дар қисмати дувум Лайло Шарифова дар баробари таронаҳои тоҷикӣ, озарӣ, эронӣ, афғонӣ, арабӣ сурудҳои “Кабӯтари ман”, “Ишқи гумшуда”, “Туро интизорам”, “Ёри саҳроӣ”, “Гитари ман”, “Дӯсти ман”, “Суруди Кубаи озод”-ро манзур намуданд. Ровиёни барнома Далер Абдухолиқзода ва Алексей Хантсов буданд.

14 октябри ҳамон сол оркестри эстрадии “Гулшан” аз тариқи радиои умумииттифоқ бо барномаи чилдақиқаина баромад кардааст. Лайло Шарифова бо ҳамовозии ин оркестр сурудҳои Дамир Дӯстмуҳаммадов “Кабӯтари сафеди ман” (матни А. Шукӯҳӣ, Андрей Бабаев “Муҳаббати ман” (матни Ф. Ансорӣ), таронаҳои мардумии тоҷикии “Духтари пахтачин”, “Ёри тоҷикам”, эронии “Марямҷон”, “Эй шохи гул”, “Дар канори ҷӯйбор” (такмили Ю. Г. ТерОсипов), “Шаб, ки сиёҳе”, “Табъи болида”, “Чашмони кабуд”, курдии “Лайлӣ”, афғонии “Чашми сиёҳ”, ӯзбекии “Гуллар очилса” ва арабиро аз кинофилми “Зани номаълум” сароидааст.

Пас аз Лайло Шарифова вазифаи роҳбари бадеӣ ба зиммаи дастпарвари Консерваторияи давлатии Боку, сарояндаи болаёқат ва тозаҷӯ Орифшо Орифов вогузор мешавад. Дар ин вазифаи пурмасъулият аз соли 1967 то 1985 кор кардааст. Малакаву таҷрибаи аз устодони консерватория омӯхтаву аз муҳити фарҳангии Боку ҳосилнамудаашро сарф намуда, ба натиҷаҳои хеле назаррас ноил гаштааст. Маҳз ҳамин давраро ҳаводорони санъати сарояндагии эстрадӣ “даврони заррини рушди санъати эстрадаи тоҷик” меҳисобанд. О. Орифов тамоми неруи эҷодӣ, малакаҳои фитрии ҳунари ташкилотчигии худро сарфи равнақу инкишофи оркестри эстрадии “Гулшан” менамояд. Пайваста чеҳраҳои нави овозхонӣ ва мутрибиро ҷустуҷӯ мекунад. Дар як муддати кӯтоҳ обрӯю нуфузи оркестр боло рафтаву репертуараш рӯз то рӯз ғанитар мегардад. Мардуми ба усули сарояндагии халқӣ одаткарда аз шунидани сурудҳои халқии тоҷикию мардумони дигар тавассути созҳои электронӣ кайфияти тоза мебардоштанд. Батадриҷ ба барномаҳои оркестр суруду оҳангҳои композиторони тоҷику рус ва дигар халқҳо ворид гашта, алоқамандонаш дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон меафзуд.

Орифшо Орифов дар тамоми даврони роҳбариаш ҳамеша истеъдодҳоро ҷустуҷӯ мекард. Ба андешаи мухлисон нуфузу эҳтироми сарояндагоне чун Мағфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Тоҷиддин Муҳиддинов, Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов, Татяна Борелло, Тамара Катаева аз ғамхориву ҳиммати баланди Орифшо Орифов маншаъ гирифтаанд. Дар як муддати хеле кӯтоҳ бо сабку услуби рангоранги эҷодиву иҷроӣ бо муваффақият баромад кардану маҳбубияти мардумро мушарраф гаштан, заҳмати зиёдеро талаб мекард.

Ӯ дар тарбияи шогирдон ва ташаккули маҳорати онҳо, гузашта аз ин, баҳри ободии рӯзгори онҳо саҳм гузоштааст. Ҳолдонҳо нақл мекунанд, ки Мақаддас Набиеваро аз Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ — “Бӯстон” дарёфтаву барои шомил шуданаш ба оркестр заҳматҳо кашидааст. Ҳамин гуна муносибат бо Хурмо Ширинова, ки риштаи актёрии донишкадаи санъатро хатм кардаву ба Театри Конибодом роҳхат доштааст, низ зоҳир гардидааст. Ӯро ба кор ҷалб намуда, сараввал дар хонаи ромишгар ва оҳангсоз Муборакшо Ҷумъаев “сокин” намуда, пас аз чанде соҳиби манзили зист менамояд.

Бахти ҳунарии ҳар яке аз ҳунармандони Оркестри эстрадии “Гулшан”, бешак дар рангорангии сабку услуби сарояндагӣ ва эҷоди савту навоҳост. Маҳз ин омилҳо барои ба зудӣ маҳбубият пайдо намудани ҳар як сароянда ва оркестр таъсир гузоштаанд. Яъне дар ин боргоҳи ҳунари касбии сарояндагии вижагии саҳнавӣ ягон ҳунарманди маҳораташ суст набудааст. Ҳар яке бо ҷилои хосаи ҳунар ва усули иҷро ҷилва намудаанд. Дар ин маврид барои роҳбар мушкилот низ пайдо мешавад. Ҳар яке арзандаи таҳсин, лоиқи унвону мукофот. Барои иштирок дар барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва умумииттифоқиву байналмилалӣ омода. Метавон бе шубҳа онҳоро барои ширкат ва санҷиши неруи ҳунари иҷроӣ ба сабқатҳои касбии бонуфуз ҳидоят намуд. Ӯ дар ин мавридҳо дар байни шогирдонаш рақобати солими эҷодиву иҷроиро амалӣ сохтаву барои расидан ба ҳадафҳои пурсамар шароитҳо муҳайё кардааст. Ҳамин тавр, ин коргоҳи бонуфузи санъати созиву овозии эстрадии тоҷик дар арсаи ҷаҳон ва саросари Шуравӣ аз дастовардҳои худ дарак додаасту обрӯи сазоворро соҳиб гаштааст.

Ин ҷо наметавонем ба ҳақ будани андешаи яке аз овозхонони собиқадори “Гулшан” – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Умар Зиёев шубҳа намоем, ки зимни як суҳбат ба рӯзноманигорон изҳор кардааст: “Новобаста ба имкониятҳои мавҷуда, наметавонем, ки обрӯю нуфузи тими футболи «Помир», Оркестри эстрадии “Гулшан” ва лаззати лӯлакабобу лағмони чойхонаи «Роҳат»-ро барқарор кунем”. Ҳар яке мақоми шоиста доштанд дар замони мавҷудияти худ. Ҳар як роҳбар низ бегумон файзи худро дорад… Орифшо Орифов бо дастгирии раисони вақти Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радио — шоир Аминҷон Шукӯҳӣ ва рӯзноманигор Ғоиб Қаландаров барои оркестр шароити хеле мусоид фароҳам намуд.

Ҳамкориҳои басо самарбахш бо шоирону композиторон, дастгириҳои хосаи маҳсули эҷодии худи овозхонону ромишгарони оркестр, танзими асарҳо, яъне созбандии онҳо, реҷаҳои тамрин ва амсоли инҳо аз вежагиҳои низоми кори “Гулшан” аст, ки Орифшо Орифов тарҳрезӣ кардаву иҷрои онҳоро таъмин намудааст. Коре, ки роҳбарони кумита ва устод Орифшо роҳандозӣ намудаанду самараи басо дилхоҳ додааст, пардохти саривақтии ҳаққи қалами эҷодкорон – шоирону композиторон, оҳангсозону танзимгарони асарҳо мебошад, ки баҳри пешрафти фаъолияти ҳунари иҷроӣ нақши муҳим дорад.

Шуҳрату овоза ва муҳити созгори эҷодиву ҳанарии “Гулшан” диққати ҳунармандонеро чун Бурҳон Муҳаммадқулов, Алиҷон Солиев, Ҷӯрабек Муродов, Мастона Эргашева, Нуқра Раҳматова, Усто ва Масто, Нигина Рауфоваро ҷалб менамояд ва онҳо бо ин коргоҳи ҳунар ҳамкорӣ мекунанд.

Бурҳон Муҳаммадқулов дар ҳамкорӣ бо Оркестри эстрадии “Гулшан” дар баробари ду суруди дар боло зикршуда боз сурудҳои Хайрулло Абдуллоев “Зебо Душанбе”, Андрей Бабаев “Дидам ҷамоле” (аз кинофилми “Ман бо духтаре вохӯрдам”), “Мӯйи тиллоранг”-ро сароидааст.

Дар репертуари Оркестри эстрадии “Гулшан”-и он замон дар баробари эҷоду иҷрои сурудҳо, ҳамчунин тамрину сабт ва иҷрои хосаи асарҳои созӣ низ ба роҳ монда шуда буд. Навоҳои “Гули хайрӣ”, “Дили ёрам”, “Навои ҷаз”, “Навои эстрадӣ”, “Оҳангҳои рақсӣ”, “Рақси бадахшонӣ”, “Рақси дарвозӣ”, “Риштаи хаёл”, “Хотира”, “Ситораи дур”, “Корвон”, ”Навои гулшан”, “Эҳсоси ҳаёт”, “Серенада”, “Рақси испанӣ”, “Рақси туркӣ” ва чанде дигар аз беҳтарин асарҳои дар ин самт иҷрошуда мебошанд.

Зиё ОЛИМӢ,
фарҳангшинос

Дигар хабарҳо