Дар меҳмонии театр

 Дар меҳмонии театр

7-уми ноябр – Рӯзи Театри тоҷик

Меҳмони Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Ма­яковский шудем, то аз сатҳи фаъолияти имрӯзаашон огоҳ бошем.

Театри мазкур яке аз қадимтарин театрҳо дар ки­швари мост, ки фаъолияташ соли 1937 оғоз шуда, то имрӯз бо маром идома дорад. На­хустин мавсими ин театр бо пешниҳоди намоиши “Замин”-и Н. Виртӣ шуруъ шуда буд. Ни­колай Волчков яке аз аввалин ҳунарпешаҳои театр аст, ки соли 1974 унвони Ҳунарпешаи халқии ИҶШС ва Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Замони Иттиҳоди Шуравӣ ва давоми солҳои соҳиби­стиқлолӣ низ театри Маяков­ский ҳемеша бо намоишҳои рангин ва гуногунмазмуни худ завқи тамошобини хешро қонеъ месозад. Бинандагони намоишҳои ин театр асосан русизабононанд, аммо миёни мардуми тоҷик низ ҳаводорони зиёд доранд.

Мутаассифона, чанд сол пеш бо зарурати сохтани имо­ратҳои наву муосир дар пой­тахти кишвар бинои театр тахриб шуд ва ҳайати эҷодиву техникии он ҳоло муваққатан фаъолияти худро дар бинои Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ идома дода истодааст.

Тавре саркоргардони театр Хуршед Мустафоев мегӯяд, эҷодкорони театр пайваста мекӯшанд, қисме аз намоишҳо­еро, ки даҳсолаи охир рӯйи саҳна омадаанд, дар барномаи солонаи худ ҷой дода, пеш­каши тамошобинон намоянд. Инҳо намоишномаҳои “Панҷ зани Хоҷа Насриддин”, “Хону­ма” ва “Шабе дар театр” мебо­шанд, ки бинандаи доимии худро доранд. Ҳамчунин намо­иши “Нидои Хайём”, “Ҳамлет”, “Мастер ва Маргарита”, ки дар ду соли охир таҳия шудаанд, пайваста пешниҳоди тамошо­бинон гардонида мешаванд.

Яке аз намоишҳои хеле машҳур ва муваффақи Театри Маяковский намоиши “Панҷ зани Хоҷа Насриддин” мебо­шад, ки ҳамеша нав ва ҷолибу диданист. Соли равон эҷодко­рони театр бо ин намоиш ба сафари ҳунарии дарозмуддат баромаданд. “Панҷ зани Хоҷа Насриддин” дар шаҳрҳои Ниж­ний Новгород, Иваново ва Кинешва намоиш дода шуд. Намоиш бо хусусиятҳои сирф миллӣ таваҷҷуҳи бинандаго­ни хориҷиро зуд ба худ ҷалб мекунад. Ҳамин аст, ки зимни сафарҳои ҳунарӣ мувофиқи талаби ҳаводорони театр, он чанд навбат пешкаш мегардад. Коргардони намоиш Хуршед Мустафоев таассуроти хешро аз сафари анҷомдодаашон чу­нин баён дошт: “Баъди ҳар як намоиши “Панҷ зани Хоҷа На­сриддин” тамошобинон назди мо меомаданд ва либосҳову ороиши саҳнаи моро, ки аз чодар ва шиғҳо иборатанд, медиданд ва бо дастонашон ламс мекарданд.

Мавсими имсоларо Театри Маяковский бо намоиши то­затаҳияи “Боғи олуболу” оғоз кард. Он аз тарафи тамошоби­нон ва мунтақидони соҳа баҳои баланд гирифт. “Боғи олуболу” аз рӯйи асари А.П. Чехов таҳия шуда, коргардони он Хуршед Мустафоев аст. Намоиш дар бораи инсонест, ки роҳи ҳалли мушкили худро намедонад. Ин гуна инсонҳо хеле зиёданд. Дар ин миён ашхосе пайдо мешаванд, ки ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекунанд. Аммо онҳо аз нодонӣ ин кумакро рад мекунанд ё худашонро аз дигарон боло мегиранд ё шарм медоранд. Оқибат мушкила­шон ҳал намешавад ва ниҳоят шикаст мехӯранд.

Навгонии дигар дар ин театр ташрифи коргардони рус Алиса Зайченко мебошад. Алиса чанде пеш бо даъвати Вазорати фарҳанг ба Тоҷи­кистон омад ва якҷо бо ҳу­нарпешагони театр намоиши “Арӯсӣ”-ро (аз рӯйи асари Н.В. Гогол) рӯи саҳна овардааст. Рӯзҳои наздик тамошобинон метавонанд ба дидани ин на­моиш бираванд. Мубодилаи афкору таҷриба бо ҳамкорони бурунмарзӣ, бешак, ҳунари эҷодкорони театрро боз ҳам сайқал медиҳад.

Имрӯз ҳунарпешагоне чун Мунира Дадаева, Хуршед Мустафоев, Дмитрий Мурзи­нов, Фирӯза Раҳмонова, Мав­лона Наҷмиддинова, Марина Ярмолик, Абдуваҳоб Дӯстов, Шоназар Некқадам, Шуҳрат Раҳматуллоев, Умед Шари­фов, Римма Улянова, Суҳроб Нуров, Эҳсон Қоимдодов, Аъ­зам Андамбеков, Нурулло Абдуллозода, Наргис Мамад­бекова, Бароҳат Шукурова намояндагони асосии театр ба шумор мераванд. Театр аз надоштани ҳунарпешагони ҷавони зан танқисӣ мекашад. Чун забони намоишҳои театр асосан русист, интихоби му­тахассисони ҷавон низ дар доираи талабот сурат мегирад. Барои ҳалли ин мушкилот дар назди театр студияи омӯзишӣ ташкил карда шудааст, ки умед аст, солҳои наздик самараи нек ба бор меоварад.

Мижгон ХАЛИЛЗОДА, “АС”

* * *

Театрҳои музофотро пуштибонӣ кунем

Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибо­дом таърихи зиёда аз навадсола дорад. Он моҳи августи соли 1932 бо номи театри мусиқӣ-драмавии “Санъатчиёни сурх” таъсис ёфтааст. Донӣ Қосимов ҳамчун устоди рақс ва Умар Қосимов аз шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба кор даъват шуданд. Роҳбари бадеӣ Болтабой Неъматов, муовини мудир Маҷид Қодиров ва мудири шуъбаи ба­деӣ Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ буданд. Театр солҳои 1932-1936 аз будҷаи шуъбаи маорифи халқ маблағгузорӣ мегардид. Соли 1936 он пурра ба таъминоти буҷаи давлат ворид гардид. Соли 1937 театр бо қарори кумиҷроияи шаҳрӣ ба сохтмони нав, ки соли 1932 он чун мактаби омӯ­зиши сиёсӣ бунёд ёфта буд, кӯчонида шуд. То кунун дар ин бинои муқаддас беш аз 121 намоишнома ба рӯйи саҳ­на гузошта шудааст. Намоишномаҳои “Ду коммунист”-и К.Яшин, “Ғолибият”-и С.Сафар, “Мавҷҳои ҳаёт”, “Зафар ва Заррина”-и С.Саидмуродов, “Чинори гӯё”, “Раъно”, “Тӯй”-и Самад Ғанӣ, “Кӯча­боғи ошиқон”-и А. Шукӯҳӣ, “Трибунал”-и А. Макаёнок, “Дуэл”-и М. Бойчиев, “Ро­мео ва Ҷулетта”-и Шекспир, “Тошболтаи ошиқ”-и Ҳ. Ғулом, “Модар нигарон буд”-и Ф. Ансорӣ ва ғайраҳо дар солҳои гуно­гуни театр хотири тамошобинро шод гардонидаанд ва ҳамчунин ин намоишҳо зина ба зина фаъолияти театрро ба пеш бурдаанд.

Солҳои баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон бинобар бад будани вазъи иқтисодӣ бо қарори кумиҷроияи вилоят ва фармони Вазорати маданияти Тоҷикистон ба сабаби иҷро нашудани нақшаи молӣ ва норасоии мутахассисон театр барҳам дода шуд ва бо театри шаҳри Хуҷанд муттаҳид гардид.

Соли 1959 дар назди идораи фарҳанг театри халқӣ таъсис ёфт. Соли 1969 тибқи қарори Шурои вазирони ҷумҳурӣ театри давлатии драмаи мусиқии Конибодом аз нав эҳё гардид. Ғайрат Қодиров аз соли 2015 то ҳол ба ҳайси роҳбари Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом кор мекунад. Дар бораи дирӯзу имрӯз ва нақшаҳои онҳо дар оянда бо номбурда суҳбат доштем. Вай ҳамчун ҳунарманде, ки нозукиҳои ин соҳаро хуб дарк мекунад, андешаҳояшро баён намуд. Мавсуф ба масъалаҳои роҳбариву ташкилӣ низ мехоҳад ҳамчун эҷодкор муносибат намояд. Ин иқдоми хубест, зеро нигоҳи нозуки эҷодкорона, дарки амиқ метавонад дар ҳалли бисёр муаммоҳо нақши асосиро иҷро намояд ва натиҷаҳои хуб диҳад. Муносибати эҷодкорона ҳам ба кори роҳбарӣ ва ҳам дар таҳияи намошҳо боиси он гардид, ки театр дар чанд соли охир ба муваффақияти касбӣ дастёб гардад. Масалан ҳайати эҷодии театр соли 2019 дар ҷашнвора-озмуни саросарии театрҳои касбии “Парасту” бо намоиши “Қорӣ Ишкамба” иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гашт. Соли 2021 яке аз солҳои бобарори театр буд. Намоишномаи “Садои қу” аз рӯйи асари Чехов дар таҳияи коргардон Авлиёқул Хоҷақулӣ дар ҷашнвораи “Парасту” шоҳҷоизаро соҳиб шуд. Ҳамчунин театри мазкур соли 2022 дар ҷашнвораи театрҳои касбии вилоятии “Ҳафт ситора” беҳтарин театри касбӣ интихоб гардид.

Соли 2023 дар ҷашнвораи “Парасту” ҳунармандони театр кӯшиш карданд, ки ҷавононро пешбарӣ намоянд. Ҳунар­мандони студияи наврас бо намоишҳои худ иштирок карданду бо диплом қадр­шиносӣ гардиданд. Ин муваффақиятҳо, албатта, муште аз хирворанд, зеро ҳай­ати эҷодӣ ва умуман ҳамаи кормандони театр аз пардозгар то роҳбар кӯшиш ме­кунанд, ки беҳтару хубтар кор бикунанд.

Гурӯҳи эҷодии театр кӯчак бошад ҳам, кӯшиш мекунанд, ки сатҳу сифат ва кору фаъолияти театро хубу пурсамар бошад. Аз соли 2002 дар назди театр студияи ҳунармандони наврас фаъолият дорад, ки дар он кӯдакону наврасонро ҷалб карда, кори театрро меомӯзонанд. Баъзе аз онҳо дар оянда нақшофарини­ро ихтиёр мекунанду дар ин роҳ аз худ сахткӯшӣ нишон медиҳанд. Масалан Ғай­рат Қодиров худ дастпарвари студияи наврасон аст. Ӯ соли 2004 баъд аз таҳсил дар студияи наврас ба Донишкадаи дав­латии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 2009 онро хатм карда, ба Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳ­фа Фозилова ҳамчун ҳунарманд ба кор омад. Фарҳод Тӯхтаев, Фаррух Ваидов ва Суҳроб Шехов, ки дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Пушкини шаҳри Бӯстон ва Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ фаъо­лият доштанд, ба ин гурӯҳ дохил буданд.

Дар театр-студияи наврасон чанде пеш барои ҷалби кӯдакон интихоби бози­гар (кастинг) ташкил шуд. Дар он кастинг 8 нафарро интихоб намуда, ба студия даъват карданд. Дар айни ҳол дар студия 12 нафар аз пайи омӯзишанд. Онҳо дар чорабиниҳои театр иштирок намуда, дар намоишҳои кӯдакона бозӣ мекунанд. Гуфтанист, ки ҳаводорони кӯдак дар театр бештаранд, зеро ҳайати эҷодӣ маҳз онҳоро ба назар гирифта, бештар намоишҳои кӯдакона омода месозанд. Аз сабаби он ки чанд нафар ҷавон аз кори театр рафтанд, баъзе намоишҳо аз репертуари театр бароварда шуданд.

Аз таърихи театри шаҳри Конибодом маълум аст, ки моҳи июли соли 1922 маҳфили ҳунарпешагон таъсис ёфт ва дар аввалин намоиши он, ки ба мардум пешниҳод шуда буд, нақши занро ҳунар­манд Султон Саидмуродов бозӣ карда буд. Ҳамин нукта маро бисёр ба андеша водор намуд. Хаёлан соли 1922-ро та­саввур кардам. Соли бениҳоят вазнин барои халқи мо, соле, ки халқ дар кӯл­бори худ чизе надорад. Солҳои аввали баъд аз Инқилоби Октябр, соле, ки занҳо ҳоло ба сар фаранҷӣ доранд ва дар асорати муҳити хона зиндагӣ мекунанд ва қудрате надоранд, ки зиндагияшонро тағйир бидиҳанд, аммо он завқу хоҳиш, тапишу ҳаракат, кӯшиши омӯхтану до­нистан ва ба пеш ҳаракат кардан буд, ки мардум ҳамаи василаҳоро истифода карда, барои пеш бурдани фарҳангу ҳунар саҳм мегузоштанд. Шунида бу­дам, ки ҳатто як ҳунарманд барои он ки фаъолияти касбияшро идома диҳаду муваффақ шавад, шабҳо дар қабристон зиндагӣ мекард, зеро ӯро барои интихоби касбаш аз ҳавлияш ронда буданд. Ми­солҳое, ки аз як нигоҳ гӯё одиянд, аммо дар шароити вазнини он замон нишони қаҳрамонӣ буданд, ҷасорату мардонагӣ ва иродаву қатъиятро талаб мекарданд. Пас ҳоло вақти он аст, ки хотири он ҳама фидоиёни ҳунарро пос дорем ва ба эҳтиромашон фаъолияти театрҳои музофотиро густариши бештар бахшем.

 

Матлуба ЁРМИРЗО

Дигар хабарҳо