Ба муносибати 100-солагии академик Аҳрор Мухторов

 Ба муносибати 100-солагии академик Аҳрор Мухторов

Член-корреспондент АН Таджикской ССР Ахрор Мухтаров

Аз навиштаҳои Аҳрор Мухторов

  1. Бо мусоидати Турсунзода
    Соли 1966 девони шоир Дилшоди Барно дастраси ман гашт ва дар бораи ин китоб ва ҳаёти шоир дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» мақолаи ман бо номи «Дастнависи Дилшоди асира» чоп шуд. Дере нагузашта Президенти Академияи илмҳо М. Осимӣ маро ба наздашон даъват карда, хабар расониданд, ки фардо соати 10 ба Иттифоқи нависандагон равед, М. Турсунзода шуморо интизор мешаванд.
    Дар вақти таъиншуда ман ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳозир шудам. М. Турсунзода, М.Осимӣ, А.Шукӯҳӣ дар хонаи кории Шукӯҳӣ нишаста буданд. Маро бо хушнудӣ қабул карданд. Пеш аз ба мақсад гузаштан М. Турсунзода гуфтанд: «Рафиқ Мухторов! Ман хурсанд ва тааҷҷуб ҳам мекунам, ки Шумо ҳар сол чизҳои нав ба нав пайдо мекунед.»
    Эшон ба ман дар бораи бозёфти навбатӣ — мероси Дилшод саволҳои зиёде доданд. Хоҳиш карданд, ки чанд шеъри чопнашудаи шоираро хонда диҳам. Баъди гӯш кардан он кас хулоса карданд, ки эҷодиёти Дилшод ба эҷодиёти шоираҳои халқӣ монандӣ дорад.
    Дар ҳамон ҷо чанд маслиҳат шуд. М. Турсунзода аз ман хоҳиш намуданд, ки тадқиқотро нисбати Дилшод тезонам. Аз М. Осимӣ хоҳиш намуданд, ки чопи китоби ояндаи маро тезонанд ва як нафар муҳаррири кордида таҳрири китобро ба уҳда гирад.
    Чунин ҳам шуд. Соли 1969 китоби ман бо номи «Дилшод и её место в истории общественной мысли таджикского народа в ХIХ в.» зери таҳрири адабиётшиноси шинохта И. С. Брагинский аз чоп баромад.
  2. Лоиқ ва катиба
    Боре дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҷамъомаде баргузор гардид. Дар он М.Турсунзода раисӣ мекарданд. Ба ҳозирин муроҷиат намуда, эшон гуфтанд, ки ҳоло ман ба ду нафар шоири ҷавон сухан медиҳам, ки ҳардуяшон умедбахш ҳастанд.
    Ман бори аввал аз минбар шеърхонии Лоиқу Муъмин Қаноатро гӯш кардам. Шеърҳои онҳоро пеш аз ин дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ хонда будам. Вале баҳои баланди шоири моҳир М.Турсунзода дар бораи онҳо илтифоти маро ба эҷодиёти Лоиқу М. Қаноат бештар сохт.
    Оҳиста-оҳиста ман бо Лоиқ наздик шудам. Сабабҳои дӯстӣ пайдо кардани моро худам ҳам намедонам. Ӯ аз ман баъзе китобҳои таърихӣ дархост менамуд. Ман бе ҳеҷ як таъхир дархости ӯро ба ҷойи кораш бурда дода будам.
    Боре Лоиқ ба назди ман омада изҳор намуд, ки депутати Шурои Олии СССР шудан мехоҳад. Аз музофотҳои Ӯротеппа, Ғончӣ, Шаҳристон, Зафаробод, Панҷекат ва Айнӣ номзадиаш пешниҳод шудааст. Ҳоло мехоҳад барои дидор бо интихобкунандагон ба Ӯротеппа ҳамроҳаш равем. Лоиқ гуфт, ки дар Ӯротеппа ҳама шуморо мешиносанд, шумо дар ин мулки бостонӣ мақоми худро доред. Бинобар он хоҳиш мекунам, ки бо ман бошед. Албатта, ман илтимоси Лоиқро рад карда наметавонистам. Ҳарду ҳамсафар шудем. Ба ғайр аз вохӯриҳо ман ба Лоиқ осори нодири меъмории шаҳри Ӯротеппа, маҳсули дастони наққошон ва кандакоронро нишон додам. Баъд ҳамроҳи Лоиқ ба ноҳияи Зафаробод рафтем. Дар ҳама ҷо моро бо хушнудӣ қабул мекарданд.. Баъд аз баромадҳои ман ва дигар шахсони боэътимод, вақте ки ба Лоиқ сухан медоданд, ҳозирин бо кафкӯбиҳо аз ҷой мехестанд, хоҳиш мекарданд, ки шеърҳояшро зиёдтар хонад.
    Интихобот ҳам ба манфиати Лоиқ гузашт. Лоиқ депутат интихоб шуд. Баъди чанд вақт ӯ ба ман гуфт, ки «нисбат ба Панҷекату Айнӣ ман аз музофоти Ӯротеппа бештар овоз гирифтаам».
    Лоиқ аз аксари бозёфтҳои ман огоҳ гашта, аз солҳои донишҷӯияш ба омӯхтани катибаҳо шавқу рағбат пайдо карда буд.
    Дар ин бора Лоиқ дар суҳбати худ бо Аскар Ҳаким соли 1975 (он вақт эшон рӯзноманигор буд) чунин гуфтааст: «Ростӣ, катибаҳо лозиманд, лекин катибаҳои хуб. Ман боре гӯристонҳои Самарқандро зиёрат карда, дар санги қабрҳо байтҳои аҷиб хондам. Ман он вақт донишҷӯи институт будам. Аз дилам гузашт, ки халқ ба катибаҳои ёдгорӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамон вақт мехостам чунин катибаҳо нависам, аммо натавонистам. Баъд катибаҳои Расул Ғамзатов баромад. Онҳоро хонда боз як бор пай бурдам, ки катиба лозим аст».
    Соли 1978 китоби аввали тадқиқотии ман бахшида ба катибаҳои Фалғару Масчоҳ (болооби Зарафшон) аз чоп баромад. Соли 1979 китоби дуюм низ нашр шуд. Шоирон Лоиқ, Гулназар, Сайидалӣ Маъмур ва дигарон чопи монографияи мазкурро бо хушнудӣ қабул карданд. Дар яке аз тӯйҳо, ки Лоиқ раис буд, пеш аз ба ман сухан додан, дар бораи ин китобҳо маълумоти мухтасар дода, зикр кард, ки профессор А.Мухторов китоби зиёде навишта чоп кардааст. Ӯ акнун ҳақ дорад, ки то охири умраш чизе нанавишта гардад!
    Катибашиносиро Лоиқ ҳеҷ маҳал фаромӯш накардааст. Далели чунин хулоса китоби ӯ мебошад, ки нашриёти «Адиб» соли 1993 бо номи «Санги мазор» чоп кард. Дар ин китоб, ба ибораи муаллиф, «байтҳо барои санги гӯрҳо ва мақбараҳо» гирд омада буданд. Аз ин ҷо мо метавонем хулоса намуд, ки бо Лоиқ мо ҳамсабақу ҳаммақсад ва ҳамкор будем. Як сабаби бо ҳам наздикии мо шояд дар ҳамин ҳамкорӣ ва ҳаммақсадӣ бошад.

Дигар хабарҳо