Дастовардҳои Иттифоқи нависандагон ва адибони тоҷик
Маърузаи муовини аввали раис Ато Мирхоҷа дар маҷлиси садорати ИНТ, 25-уми октябри соли 2024
Муҳтарам раис,
Муҳтарам аъзои садорат!
Адибон, чун тамоми мардуми кишвар, имсол шоҳиди ҳодисаву рӯйдодҳои фараҳбахши сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ гардиданд, ки таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нуқтаи баландтарин ва ҳусни зебои хотимаи онҳо ба ҳисоб овардан мумкин аст. Ин соли баракатбор аз навиди пурмасаррати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аҳли адаб – чоп кардану ба ҳар хонавода расондани “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ шуруъ гардида, бо баргузор шудани 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж, эҷоди чакомаҳои тоза дар ситоиши дӯстӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ба муносибати рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон, ташрифи гурӯҳи калони адибон-тарҷумонони Русия ва Қазоқистон ба Намоишгоҳи китоби соли 2024 дар ин давлатҳо ва рӯзҳои фарҳанги ҷумҳуриҳои мазкур дар давлати мо, фазои Ватани маҳбуби моро моломоли эҳсоси эътимод ба ояндаи нек гардонданд.
Ҳанӯз дар ибтидои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, соли 1997, зимни суханронӣ дар Анҷумани нависандагон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи адабиёти ин давронро чунин муайян карда буданд: “Имрӯз касе аз шумо талаб намекунад, ки дар доираи усулҳои партиявият ва синфияти реализми сотсиалистӣ эҷод намоед. Иттифоқи нависандагон ҳам, ки пештар ҳамчун як созмони муҳими идеологии давлат амал мекард, дигар ба сифати сензураи мутамарказ хидмат карда наметавонад. Чунин кӯшишҳоро қонунҳои ҷумҳурии мо манъ кардаанд. Конститутсияи давлати мо гуногунандешии ақидаҳоро кафолат дода, таъкид мекунад, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад майлу хоҳиш, тарзи зиндагӣ ва ғояи писандидаашро ба гардани шахси дигар бор кунад. Вале гуногунандешӣ ҳаргиз эҷодкори ҳақиқиро водор намесозад, ки аз манфиатҳои халқу Ватан сарфи назар намояд, зеро мафҳумҳои муқаддаси халқу Ватан болотар аз ҳама гуна манфиатҳои ҳизбӣ ва мафкуравӣ мебошанд”.
Дар ин гуфтори хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҳам як навъ хулосаи фаъолияти бештар аз 60-солаи Иттифоқи нависандагонро мебинем, ҳам зарурати нигоҳ доштани онро дар шароити нави таърихӣ, ҳам шеваи амалашро дар даврони Истиқлол.
Дар ҳақиқат, таърихи Иттифоқи нависандагон инъикосгари таърихи даврони навини миллати тоҷик, оинаи тамомнамои он мебошад. Дар ин маърузаи хурд, ба сабаби тангии вақт, мо кӯшиш кардем, ки муҳимтарин нуктаҳо ва рӯйдодҳоро гӯшзад намоем, то манзараи умумии ҳаёти адабии миллати мо дар муддати 90 соли мавҷудияти Иттифоқи нависандагонро ҳарчи равшантар манзур шавад.
Зарурати таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Иттифоқи нависандагон маҳсули сиёсати коллективикунонии солҳои 20-уму 30-юми Иттиҳоди Шуравист. Мувофиқи ин ақида, тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар аз рӯи хусусияти фаъолият якҷову муттаҳид гаштанд, то ки идора карданашон осон, корашон самарабахш бошад. Аввал соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат ба ин тарзи хоҷагидорӣ гузаштанд, сипас қарор дода шуд, ки соҳаи адабиёт низ дар заминаи ҷамъиятҳои парокандаи нависандагон ба иттиҳодияҳои ягонаи дастҷамъӣ фаро гирифта шавад.
Бинобар ин, 23-юми апрели соли 1932 қарори Кумитаи Марказии ВКП(б) «Дар бораи аз нав сохтани ташкилотҳои адабӣ ва бадеӣ», дар асоси ин қарор моҳи июни соли 1932 қарори Кумитаи фирқаи марказии коммунистии пролетарии (болшевикон)-и Тоҷикистон “Дар бораи аз нав ташкил кардани ташкилотҳои саноеи адабӣ дар Тоҷикистон” ба тасвиб расиданд. Тибқи қарори дувумӣ, дар ҳайати Бюрои ташкилотии Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон шахсони зерин дохил карда шуданд: Лоҳутӣ, Айнӣ, Расулӣ, Улуғзода, Тӯрақулов, Дайламӣ, Ҳасанӣ, Рустамова, Азизӣ, Бурҳонов, Юртаева.
Ин ҳайат то моҳи майи соли 1934, яъне то баргузор шудани Анҷумани аввалини Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон корҳои бузурги созмондиҳиву тарғиботӣ гузаронда, аз уҳдаи вазифаи дар наздаш гузошта сарбаландона баромад.
Анҷумани нахустини Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон
Моҳи апрели соли 1934 нависандагони шуравӣ Бруно Ясенский, Виктор Шкловский, Борис Лапин, Захар Хатсревик, Павел Василйев, Михаил Зенкевич ва нависандаи фаронсавӣ Пол Низан таҳти раҳбарии устод Абулқосим Лоҳутӣ аз шаҳри Маскав ба Сталинобод омаданд. Чунонки рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” менависад, шаби 22 апрел “дар бинои матбуот маҷлиси васеи нависандагони шаҳри Сталинобод гузаронида шуда, дар ин маҷлис бригадаҳои нависандагони маскавӣ бо нависандагони Сталинобод дар бораи эҷодиёт ва камбудиҳои онон мусоҳибаи васеъ гузаронданд… Маҷлис дар таҳти раёсати рафиқ Бруно Ясенский гузашт… 24 апрел, соати 6 бегоҳӣ дар боғи Шурои комиссарони халқи ҶСС Тоҷикистон маҷлиси бузурги кумитаи ташкилотии нависандагони шуроии Тоҷикистон бо иттифоқи рафиқон Бройдо, Раҳимбоев, Шотемур, Лоҳутӣ, Айнӣ ва бригадаҳои нависандагони маскавӣ гузаронида шуда, дар ин маҷлис масъалаҳои тайёрӣ ба анҷумани нависандагони шуроии Тоҷикистон дида мешавад.”
Анҷумани нахустини Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон аз 10-ум то 18-уми майи соли 1934 дар шаҳри Сталинобод барпо шудааст. Анҷуманро раиси Комиссариати халқии маорифи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Саид Носиров мекушояд. Дар раёсати он 32 нафар интихоб мегарданд: Бройдо, Раҳимбоев, Исмоилов, Шотемур, Лоҳутӣ, Айнӣ, Носиров (раиси кумитаи ташкилӣ), Хидиров (мудири култпрофи КМ), Мелник (котиби КМ комсомол), Алексеев (кумитаи ташкилоти осиёимиёнагӣ), Деҳотӣ (Самарқанд), Маҷидӣ (Ӯзбекистон), Рабиӣ, Армон (Арманистон), Гурмабеков (Туркманистон), Гулмирзоев (Қароқалпоқ), Пол Низан (Фаронса), Раҳим Ҷалил (Хуҷанд), Тоҳирӣ (Панҷеканд), Сафаров (Ғарм), Давлатшоҳ (Помир), Давидов (Софпроф), Миршакар (Вахш), Маҳмудова (Сталинобод), Тӯйғун (Сталинобод), Юртаев, Фузайлов (Тоҷикполк), Ҳамдӣ (Тошканд), Малшаков (“Коммунисти Тоҷикистон”), Дайламӣ (“Тоҷикистони сурх”), Терегулов (“Қизил Тоҷикистон”), Музаффара (Сталинобод). Рафиқ Носиров сухани аввалинро ба Лоҳутӣ медиҳад. Лоҳутӣ муддати 3 соат ба тоҷикӣ ва русӣ сухан мекунад. Сипас С.Носиров маърузаи ҳисоботии Кумитаи ташкилотии Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистонро ба анҷуман ироа менамояд. Доир ба маърузаи ҳисоботӣ аз 11 то 17-уми май дар маҷлисҳои анҷуман 34 нафар адиб, аз ҷумла Исоев, Обид Исматӣ, Ҷаррор, Ғанӣ Абдулло, Алӣ Хуш, Ҷабборов, Алӣ Ҳусин, Раҳим Ҷалил, Тоҳирӣ, Миршакар, Алексеев, Шкловский, Комилӣ, Тӯйғун, Расулӣ, Ҷалол Икромӣ, Исмоилзода, Каримов, Исоев, Бектош, Деҳотӣ, Тсипров, Панзенский, Умарҷонов, Мар, Абдуллоев, Маҳмудов ба музокира мебароянд. Расулӣ масъалаи ташкили газетаи адабиро ба миён мегузорад, Фитрат нутқи муфассал эрод менамояд, Шкловский дар мавзуи «Тоҷикистон дар тасвири адабиёти рус», Комилӣ дар мавзуи забон ва адабиёт, Туйғун дар бораи драматургияи тоҷик ва Зенкевич дар бораи кор бо навқаламон маърузаҳои алоҳида эрод мекунанд. Устод Лоҳутӣ пешниҳод менамояд, ки 1000-солагии Фирдавсӣ баргузор шавад. Фитрат ӯро тарафдорӣ мекунад.
Раиси Шурои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон Абдулло Раҳимбоев дар анҷуман нутқи барномавӣ ироа медорад.
19-уми май таҳти раёсати устод Лоҳутӣ пленуми якуми правленияи (маҷлиси садорати) Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон барпо мешавад. “Тоҷикистони сурх” хабар медиҳад, ки “Пленум дар таҳти аломатҳои иттифоқи мустаҳками қувваҳои нависандагони Тоҷикистон ҷамъ шудан дар гирди партия ва роҳбарияти нави комитаи марказӣ, дар таҳти аломатҳои иҷро намудани қарорҳо ва нишондодҳои рафиқ Бройдо, ки ба онҳо дар нутқи худ дар анҷумани нависандагон… дода шуд, гузашт. Пленум ҳайати котиботи правленияро иборат аз рафиқон Носиров (садр), Хидиров, Дайламӣ, Расулӣ, Раҳим Ҳошим (котиби масъул) интихоб кард.
Рафиқ Лоҳутӣ дар таҳти чапакзаниҳои пурғалоғула раиси фахрии правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар охири маҷлис рафиқ Айнӣ бо сухани кӯтоҳ ва оташин баромада, нависандагонро барои дар таҳти роҳбарии комитаи марказии партияи коммунистии (б) Тоҷикистон ва сардории рафиқ Бройдо дар асоси нишондодҳои равшан ва сареҳи якумин анҷумани Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон болшевикона ва босадоқат кор кардан даъват кард.»
Ба ҳамин тариқ, 90 сол қабл барои сохтани иморати адабиёти навини тоҷик хиштҳои аввалин гузошта шуд ва адибони тоҷик соҳиби созмони вижаи эҷодии худ гаштанд.
Вазифагузорӣ дар назди адабиёт
Чунонки зикр шуд, Иттиҳоди Шуравӣ шеваи банақшагирии тараққӣ додани иқтисод, иҷтимоъ ва ҳатто фарҳангу адабиётро пеш гирифт. Нақшаҳои рушдро анҷуманҳои ҳизби комммунист тасдиқ мекарданд ва барои иҷрои онҳо ғолибан 5 ва гоҳе 6-7 сол муҳлат дода мешуд. Дар пайравӣ аз ин усул анҷуманҳои нависандагон низ ҳар панҷ сол даъват карда мешуданд. Дар онҳо котибони баландпояи ҳизб иштирок ва суханронӣ карда, дар назди адабиёт вазифаҳо мегузоштанд. Анҷуманҳо таваҷҷуҳи адибонро дар давоми панҷ соли оянда ба тасвири бадеии мавзуъҳое ҷалб менамуданд, ки паёми ироагаштаи ҳизб онҳоро заруртар мешумурд. Ба ҳамин тариқ, як шохаи бузурги адабиёти фармоишӣ ба вуҷуд омад, ки барои сафарбар намудани халқ ба корномаҳои тоза ба тоза хидмати шоиста карда, бунёдкориҳои заҳматкашонро васф менамуд. Ҳизби коммунист “усули реализми сотсиалистӣ”-ро маҳаки фаъолияти адибони шуроӣ қарор дод. Ҳама гуна усулҳои дигари офаридани асари бадеӣ ё инкор шуданд, ё ба василаи ёрирасони он мубаддал гаштанд. Агар муҳандисони соҳаҳои гуногун бо навовариву ихтироъкории худ механизму мошинолоти наву муосир меофариданд, нависандагон “муҳандисони руҳи одамизод” унвон гирифтанд ва аз онҳо сохтану ташаккул додани шуури инсони ҷамъияти сотсиалистӣ талаб карда мешуд.
Рӯиҳамрафта дар давоми 90 сол нависандагони тоҷик 15 анҷуманро барпо кардаанд, ки таърихи баргузориашон ба тариқи зайл аст: Анҷумани якум – соли 1934, дуюм – соли 1947, сеюм – соли 1954, чорум – соли 1959, панҷум – 1966, шашум – 1971, ҳафтум – 1976, ҳаштум – 1981, нуҳум – 1986, даҳум – 1991, ёздаҳум – 1997, дувоздаҳум – 2003, сездаҳум – 2009, чордаҳум – 2015, понздаҳум – 2020.
Вазифаҳое, ки тавассути анҷуманҳои мазкур давра ба давра дар назди адабиёт гузошта шуданд, ба таври умда аз инҳо иборатанд:
– муттаҳид кардани неруҳои эҷодӣ барои сохтани адабиёти дархури замони нав; ба забони русӣ тарҷума кардани осори адибони тоҷик ва ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани адабиёти русу халқҳои дигари Иттиҳоди Шуравӣ; фош намудани моҳияти фашизм, эҷод намудани асарҳо дар мавзуи ҳимояи Ватан, баланд бардоштани руҳияи ҷанговарон ва заҳматкашони ақибгоҳ дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1934-1946);
– тавассути ташкили рӯзҳои адабиёт машҳур гардондани беҳтарин асарҳои шоирон ва нависандагони тоҷик дар тамоми Иттифоқи Шуравӣ; озод сохтани адибон аз урфу одатҳои нодаркори гузашта; даст кашидан аз тақлиди кӯр-кӯрона ба классикон, аз назари танқидӣ омӯхтан ва нашр кардани осори онҳо; дар руҳияи муҳаббат ва ҳурмати тамоми халқҳо ва миллатҳои гуногун тарбия намудани мардум (1947-1959);
– мубориза барои ахлоқи покизаву намунавии инсонӣ, тозагии мафкуравӣ, тасвири қаҳрамонони даврон, фидокориҳои одамон, дигаргуниҳои бузурги ҳаёт (1959-1966);
– мустаҳкам намудани алоқа бо халқ, ҳарҷониба ва пурра омӯхтани ҳаёт ва ба таври ҳаққонӣ ба дараҷаи баланди идеявӣ тасвир намудани он; ба оммаи васеи меҳнаткашон расондани каломи образноки ҳақиқати зиндагӣ (1966-1971);
– ҳиссаи сазовор гузоштан дар соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ, талқини эҳсоси соҳиби комилҳуқуқи сарзамини худ будан (1991-1997);
– дар атрофи идеологияи ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон муттаҳид намудани миллати парокандашудаи тоҷик; мубориза бо онҳое, ки фақат як шакли афкори маънавӣ ё идеологиро дар ҷамъият пойдор намуда, шаҳрвандонро аз ҳуқуқи озодона дарк намудан, пазируфтан ва ташаккул додани маънавиёти худ маҳрум менамоянд (1997-2003);
– дар баробари ҳифзи мероси адабии гузашта ва ифтихор аз он, ба ин хазина зам намудани асарҳои шоистаи гаронбаҳо (2003-2009);
– муқовимат ба ҷаҳонишавӣ, тақвияти зиракиву ҳушёрӣ дар замири ҷавонон, ҳифзи суннату фарҳанги миллӣ, навиштани асарҳо дар мавзуъҳои нашъамандӣ, қочоқи маводи мухаддир, гаравидан ба равияҳои ифротӣ, коррупсия, фасоди ахлоқ (2009-2015);
– тасвири пурвусъати замони муосир ва инсони бунёдкори ватандӯст, бозтоби масъалаҳои мубрами ахлоқиву маънавӣ, даъвати аҳли ҷомеа ба ваҳдату сулҳу субот ва гирифтани пеши роҳи ҷараёнҳои ифротӣ, риояи танзими ҷашну маросимҳо, мубориза ба муқобили хурофот ва зиёдаравиву тундагароии динӣ (2015-2020).
Дастурҳои мақомоти давлатию ҳизбиро Иттифоқи нависандагон, асосан, бо се роҳ – ташкили ҳайатҳои тарғиботӣ, маҳфилҳои адабӣ ва навиштани асарҳои гуногунжанр иҷро менамояд.
Ба вуҷуд омадани асарҳои мондагор
Ба туфайли тадбирҳое, ки зикр гардиданд, Иттифоқи нависандагон ба мактаби бузурги адабӣ ва конуни азими сиёсати фарҳангӣ табдил ёфт ва боиси арзи вуҷуд кардани асарҳое гардид, ки адабиёт ва фарҳанги муосири моро ба ҷаҳониён ошно сохтанд. Асарҳои зерин аз ҳамин қабиланд: “Дохунда”, “Ғуломон”, “Мактаби куҳна”, “Марги судхӯр”, “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ, ҳикояҳои Ҳ. Карим, “Субҳи ҷавонии мо”, “Навобод”, “Ривояти суғдӣ”, “Восеъ”, “Фирдавӣ”-и С. Улуғзода, “Тирмор”, “Шодӣ”, “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, “Тахти вожгун”-и Ҷ. Икромӣ, “Одамони ҷовид”, “Шӯроб”-и Р. Ҷалил, “Тобистон”-и П. Толис, “Одамони куҳна”, “Дар он дунё”, “Палатаи кунҷакӣ”, “Варта”-и Ф. Муҳаммадиев, “Занбӯри айнакдор”, “Аҷоиботи Нодар”-и А. Баҳорӣ, “Вафо”, “Ҳар беша гумон мабар, ки холист”-и Ф. Ниёзӣ, “Замини падарон”, “Норак”, “Водии муҳаббат”-и Ҷ. Акобиров, “Об-рӯшноӣ”, “Нанг ва номус”-и М. Хоҷазод, «Сукути қуллаҳо», «Барф ҳам мегузарад» «Се рӯзи як баҳор»-и С. Турсун, «Бандии озод», «Тақвими раҳгум», «Кини Хумор», “Ҳайҷо”-и У. Кӯҳзод, “Хубон”-и М. Бахтӣ, «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Актёр»-и Сорбон, «Баъд аз сари падар», «Паррончакҳо», «Гардиши девбод»-и А. Самадов, «Рухсора», «Тору пуд»-и Б. Фирӯз, “Бозии тақдир”-и Ҷ. Акобиров, «Ситораҳои сари танӯр»-и С. Р. Афардӣ, «Сармаддеҳ», «Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёр, манзумаву достонҳое амсоли «Сафари Фарангистон», «Ду нишон», «Мардистон», «Ғалабаи Таня»-и А. Лоҳутӣ, “Қиссаҳои Ҳиндустон”, «Писари Ватан», “Ҳасани аробакаш”, “Садои Осиё”, “Чароғи абадӣ”-и М. Турсунзода, “Қишлоқи тиллоӣ”, “Ленин дар Помир”, “Исёни хирад”-и М. Миршакар, “Суруши Сталинград”, “Тоҷикистон – Исми ман”, “Гаҳвораи Сино”-и М. Қаноат.
Парвариши адибон
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бунёди онро устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ гузоштанд, дар оғӯши худ бузургтарин адибони муосири тоҷикро парварид. Имрӯз номи устодон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор Сафӣ, Гулназар Келдӣ ва Саттор Турсунро дар бисёр мамлакатҳо медонанд, осори мондагори онҳо шиносномаи сазовори адабиёти муосири мо мебошад.
Адибони номваре чун Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳаким Карим, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Самад Ғанӣ, Нодир Шанбезода, Раҳим Ҳошим, Жола Бадеъ, Соҳиб Табаров, Носирҷон Маъсумӣ, Воҳид Асрорӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Худоӣ Шарифзода, Муҳиддин Аминзода, Камол Айнӣ, Атахон Сайфуллоев, Абдунабӣ Сатторзода, Низом Нурҷонов, Раҷаб Амонов, Ҳабиб Аҳрорӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Улмас Ҷамол, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Бурҳон Ғанӣ, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода, Мастон Шералӣ, Ҷӯра Бақозода, Ибод Файзулло, Убайд Раҷаб, Меҳмон Бахтӣ, Ширин Бунёд, Султон Шоҳзода, Аскар Ҳилолиён, Салимшо Ҳалимшо, Абдулҳамид Самад, Саидалӣ Маъмур, Кароматуллоҳи Мирзо, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Абдусалом Атобоев, Файзулло Ансорӣ, Сорбон, Ҷумъа Одина, Ҷонибек Акобиров, Муҳиддин Хоҷазод, Аскар Ҳаким, Мирзо Файзалӣ, Муҳаммад Ғоиб, Султон Сафар, Аслам Адҳам, Ҳақназар Ғоиб, Доро Наҷот, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Худойназар Асозода, Мутеулло Наҷмиддинов, Барот Абдураҳмон, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Фарзона, Рустам Ваҳҳобзода, Муҳаммадзамон Солеҳ, Бахтиёр Муртазо, Нур Табаров, Назри Яздонӣ, Карим Давлат, Додохон Эгамзод, Абдураҳмон Абдуманнон, Зулфия Атоӣ, Наримон Бақозода, Латофат Кенҷаева, Абдураҳмон Расулӣ, Аҳмадҷон Раҳматзод, Искандари Хатлонӣ, Зариф Ғулом, Абдурофеъ Рабизода, Ҷӯра Бақозода, Абдуҷаббори Абдуғаффор, Шералӣ Мусо, Алимуҳаммад Муродӣ, Мирзо Шукурзода, Маъруф Бобоҷон, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Азизи Азиз, Озар Салим, Озарахш, Юнус Юсуфӣ, Муҳтарам Ҳотам, Меҳриннисо Бобобекова, Наҷмиддин Шоҳинбод, Равшан Махсумзод, Муҳамммадалии Аҷамӣ, Гурез Сафар, Давлат Сафар, Раънои Мубориз, Хайрандеш, Давлати Раҳмониён, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Абдусаттори Раҳмон, Абдуқодири Раҳим, Шаҳрияи Адҳамзод, Сироҷиддин Икромӣ, Неъмат Оташ, Саидаҳмади Зардон ва дигарон бо асарҳои назмӣ, насрӣ, публитсистӣ, драмавӣ ва пажуҳишии худ хазинаи адабиёти миллатро ғаниву файзбор гардонданд.
Нашрияҳои созмони адибон
Адибони тоҷик соҳиби нашрияҳои махсуси худ гардиданд. Дар соли 1927 маҷаллаи “Раҳбари дониш” (ҳоло “Садои Шарқ”) таъсис дода шуд, соли 1949 – маҷаллаи русизабони “Памир”, соли 1981 – ҳафтаномаи “Маданияти Тоҷикистон” (ҳоло “Адабиёт ва санъат”). Ин нашрияҳо дар тарғиби адабиёт, сафарбар сохтани адибон ба ҳамовозӣ дар татбиқи сиёсати фарҳангии ҳукумат, инъикоси ҳаёти адабии Тоҷикистону ҷаҳон, ба миён гузоштани масъалаҳои гуногуни фарҳангӣ, тарбияи адибони ҷавон, мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстӣ бо адибону адабиётҳои халқҳои гуногун хидматҳои бузург анҷом доданд.
Адибони забардасте чун Фотеҳ Ниёзӣ, Пӯлод Толис, Абдумалик Баҳорӣ, Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Абдулҳамид Самад, Ӯрӯн Кӯҳзод, Ҷонибек Акобир дар солҳои гуногун сардабирони маҷаллаи “Садои Шарқ”, Аскар Ҳаким, Гулназар Келдӣ, Ҳабибуллоҳ Нозирӣ, Кароматулло Мирзоев, Мансур Суруш, Парда Ҳабиб сарбадирони ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, М. Рожаков, В. Кириллов, Н. Кладо, Масъуд Муллоҷонов, Борис Пшеничний, Искандар Ҳамроқулов, Сергей Сухоян, Нур Табаров, Ҷумъа Қуддус, Мансур Суруш сардабирони маҷаллаи “Памир” буданд. Ҳар яке аз ин се нашрия озмоишгоҳи бузурги эҷодии адибон, таълимгоҳи билоивази онҳо, бахусус, қаламкашони ҷавон буданду ҳастанд.
Адабиёти русизабон ва ӯзбекизабон
Ба туфайли таъсиси Иттифоқи нависандагон дар кишварамон адабиёти русизабон ташаккул ёфта, адабиёти ӯзбекизабон низ аз ҳисоби адибони ӯзбектабори Тоҷикистон ба фаъолияти густарда оғоз намуд.
Дар рушди адабиёти русизабони Тоҷикистон адибони зерин саҳми арзанда гузоштанд: Василий Кириллов, Лев Қандинов, Михаил Левин, Николай Лесной, Яков Налский, Марина Некрасова, Арнолд Одинтсов, Леонид Пашенко, Елена Петрова, Михаил Табачников, Валерий Талвик, Феликс Тошмуҳаммадов, Александр Усенко, Марианна Фофанова, Лариса Демидчик, Борис Пшеничний, Леонид Чигрин, Шоҳназир, Элеонора Қосимова, Александр Яблоков, Ҳафиз Сайфуллоев, Мансур Суруш, Норӣ Раббимдухт, Андрей Сметанкин, Сергей Сухоян, Саид Сангин, Комила Камолова, Владимир Фролов, Азим Амин, Музаффар Ҳайдар, Искандар Ҳамроқулов, Раҳим Ҳайдар.
Дар рушди адабиёти ӯзбекизабони Тоҷикистон Аширмат Назаров, Маҳмуд Тӯлқун, Ӯлмас Ҷамол, Ҷӯрақул Аҷиб, Эшмуҳаммад Донохонов, Абдулло Зуҳур, Турон Тӯйчиев, Ӯрунбой Усмон, Шодмон Ҷӯра, Сулаймон Эрматов, Омон Раҷаб, Омонбой Жуманов саҳми назаррас доранд.
Шуъбаҳои вилоятӣ
Соли 1953 шуъбаи суғдӣ, соли 1969 шуъбаи кӯлобӣ, соли 1987 шуъбаи бохтарӣ, соли 1994 шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташкил шуданд.
Шуъбаи суғдиро дар солҳои гуногун Раҳим Ҷалил, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Атахон Сайфуллоев, шуъбаи кӯлобиро Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Саидҷон Ҳакимзода, шуъбаи бохтариро Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, Хайриддин Хайрандеш, шуъбаи бадахшониро Ширин Бунёд раҳбарӣ кардаанд. Бо ҳасби талаботи рӯзафзуни мардум ба сухани бадеъ баъзе мақомоти маҳаллии ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо низ аз ҳисоби худ шуъбаҳо фаъол карданд, ки теъдоди онҳо имрӯз ба 7 мерасад.
Дар айни замон котибони масъули шубаҳои вилоятӣ инҳоянд: Суғд – Аҳмадҷон Раҳматзод, Хатлон – Ҳақназар Ғоиб (минтақаи Кӯлоб), Озар Салим (минтақаи Бохтар), Бадахшон – Лаълҷубаи Мирзоҳасан.
Роҳбарони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Дар раъси ИНТ шахсони зерин фаъолият намудаанд: соли 1934 Саид Носиров – садри правленияи Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон, Раҳим Ҳошим – котиби масъул; соли 1935 Саид Носиров – садри правленияи Иттифоқи нависандагони шуроии Тоҷикистон, Сотим Улуғзода – котиби масъул; соли 1936 Мавлонбеков Аҳмадбек – раиси правления, Ғанӣ Абдулло – котиби масъул; соли 1937-1938 Нодир Шанбезода – раиси правления, Сотим Улуғ зода – котиби масъул, солҳои 1939-1944 – Мирзо Турсунзода, солҳои 1944-1946 – Сотим Улуғзода, солҳои 1946-1977 Мирзо Турсунзода, солҳои 1977-1991 Муъмин Қаноат, солҳои 1991-2003 Аскар Ҳаким, солҳои 2003-2015 Меҳмон Бахтӣ, аз соли 2015 то ҳол – Низом Қосим.
Иттифоқи нависандагон дар замони Истиқлоли давлатӣ
Истиқлоли мафкуравии адибон дастикам 15 сол пеш аз расидани Тоҷикистон ба истиқлоли давлатӣ, аз интишори достони “Тоҷикистон – исми ман”-и устод Муъмин Қаноат оғоз шуд. Ин достон натиҷа ва ҷамъбасти афкори озодандешӣ, истиқлолхоҳӣ ва худшиносии миллии адибони мунавварфикрамон – Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода буд, ки баъдан Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Ғоиб Сафарзода, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Баҳманёр, Фарзона, Низом Қосим ва дигар ҳаммаслаконашон давом доданд.
Интихоб шудани раҳбари ҷавону тозаандеш ва миллатдӯсту ватанпарвар Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 ба ин раванд ҷони тоза дамид. Агар то ин марҳала ҷунбишҳои ватанхоҳии зиёиён аз ҷониби зимомдорони замон ба муқовиматҳо дучор меомаданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои истиқлолталабӣ ва хештаншиносии миллиро ба сиёсати расмии давлатӣ табдил доданд. Ба ҳамин тариқ, дар таърихи давлатдории тоҷикон бори нахуст ормонҳои зиёиёни пешқадам бо ҳадафҳои ҳукумат яксону мувофиқ гаштанд ва ин ба ваҳдати ботинии давлату ҷомеа оварда расонд.
Иттифоқи нависандагон дар марҳалаи аввали айёми Истиқлол неруи адибонро ба барқарор намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилии сокинони мамлакати ҷангзада равона сохт. Аъзои ИН Меҳмон Бахтӣ дар музокираҳои сулҳи байни тоҷикон, Кароматулло Олимзода, Назирхӯҷа Давлат ва Бахтиёр Муртазоев дар кори Комиссияи оштии миллӣ иштирок намуданд; Муъмин Қаноат, Султон Мирзошоев, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Ширин Бунёд, Гулназар Келдӣ, Абдулҳамид Самадов, Қурбон Восеъ, Саттор Турсун, Камол Насрулло дар неруманд гардидани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом доданд.
Истиқлоли воқеӣ, бардошта шудани маҳдудиятҳои мафкуравӣ, барҳам додани сензура ва пеш гирифтани сиёсати “дарҳои боз” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои адибон имкониятҳои нави фаъолият ба вуҷуд оварданд. Кушода шудани дарвозаҳо ба чаҳор сӯи ҷаҳон, бахусус, кишварҳои форсизабон ба ҷаҳонбиниву услуби эҷодии адибони мо таъсири баракатбор гузошт. Нигоҳ доштани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тарғиботии сиёсати ҳукумат, мулоқотҳои пайвастаи Пешвои миллат бо зиёиён, қаҳрамонони Тоҷикистон эълон намудани устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, ҷалби адибон ба чорабиниҳои гуногуни давлатӣ, ширкати Сарвари давлат дар Анҷумани соли 1997, созмон додани Ҳамойиши адибони ҳавзаи Наврӯз (соли 2016), ифодаи муҳаббаташон бо сухани ҷаззоби “ман шоиронро дӯст медорам”, таҷлили солҷашнҳои адибони бузурги гузаштаву муосир, роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, сохта шудани бинои камназири Китобхонаи миллӣ, тақдири адибон бо мукофотҳо ва унвонҳои баланди давлативу байналмилалӣ, таъсиси Шуъбаи бадахшонии ИНТ (соли 1994), Маркази тарҷумаи бадеӣ (соли 2017), солномаи “Литературный Таджикистан” (2019), сохтани муҷтамаъҳои ёдгории Камоли Хуҷандӣ ва Ҷалолуддини Балхӣ, боғҳои ба номи устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Айнӣ, Ҷомӣ ва Навоӣ, чопи силсилаи осори адибони классик “Ахтарони адаб”, силсилаи осори адибони муосир ба муносибати 30-солагии Истиқлол, бо саҳмгузории Президенти ҷумҳурӣ ба нашр расидани даҳҳо китоби алоҳидаи назму наср, чоп кардан ва ба ҳар хонадон расондани “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ қисме аз табдирҳо ва иқдомҳоест, ки дар ин давра ба суди адабиёту адибон амалӣ гардиданд.
Адибон ҳам дар посух ба ин ғамхориҳо заҳмати шабонарӯзӣ кашида, асарҳои нав ба нави ҷолибу хонданӣ ба вуҷуд оварданд. Агар миқдори асарҳои 30 соли замони Истиқлолро бо 70 соли замони Иттиҳоди Шуравӣ муқоиса намоем, возеҳан мебинем, ки адабиёти мо ба чи дастовардҳое ноил гардидааст. Агар дар он 70 сол ҳамагӣ 30 роман навишта шуда бошанд, дар муддати 30 сол шумораи романҳо аз 300 бештар аст. Дар хусуси қиссаву ҳикояву достону манзумаву анвои гуногуни шеър ҳоҷати сухан ҳам нест. Танҳо дар тасвири заҳмати халқи тоҷик ва Пешвои муаззамамон дар НБО-и “Роғун” дар айни замон 2 роман, 1 пйеса, 15 қисса, 10 достону манзума, 30 очерки публитсистӣ-бадеӣ ва бештар аз 200 анвои гуногуни шеър офарида шудааст. Чунин асарҳо дар мавзуъҳои гуногуни дигари вобаста ба сиёсати созандагиву бунёдкории Ҳукумати Тоҷикистон, аз қабили сохтмонҳои зарбдори шоҳроҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқ, корхонаҳои саноатӣ, иншооти кишоварзӣ, ибтикороти байналмилалии Пешвои миллат дар масъалаҳои об, иди Наврӯз, ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик ва ғайраҳо низ таълиф гаштаанд, ки пайваста дар расонаҳои хабарӣ ва нашриётҳо интишор ёфтаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар муддати 33 соли Истиқлоли давлатӣ адибони мо дар навиштани даҳҳо сенарияи намоишҳои бузурги оммавӣ бо ҳузури Пешвои миллат иштирок намуда, ба ин васила низ дар дастгирии сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар саҳми сазовор гузоштанд.
Адибони даврони Истиқлол. Кор бо ҷавонон
Аз соли 1991 то имрӯз се насли адибон ба арсаи адабиёт қадам гузоштанд. Барпо кардани машваратҳои саросарии адибони ҷавон, тибқи анъана, ҳар панҷ сол як маротиба сурат гирифта, аз байни тамоми қаламкашон ҳудуди 200 нафар ба узвияти ИН пазируфта шудаанд, ки симоҳои дурахшонашон инҳоянд: шоирон – Рустам Ваҳҳобзода, Хайрандеш, Озар Салим, Озарахш, Раънои Мубориз, Гурез Сафар, Давлат Сафар, Шаҳрияи Адҳамзод, Нуқраи Суннатниё, Салими Зарафшонфар, Абдуллоҳи Раҳнамо, Абдуҷаббори Суруш, Абдуқодири Раҳим, Сафар Амирхон, Файзи Ашӯр, Абдусаттори Раҳмон, Ворис, Нарзулло Азизиён, Давлати Раҳмониён, Мирзоҳасани Султон, Беҳрӯзи Забеҳулло, Мирзо Кенҷа, Толиби Луқмон, Хушомади Алидод, Гулноз Тоҳириён, Рӯдобаи Мукаррам, Баҳром Раҳматзод, Рустами Аҷамӣ, Сурайёи Ҳаким; нависандагон – Юнус Юсуфӣ, Равшан Махсумзод, Мансур Суруш, Мирзонасриддин Саидов, Сироҷиддин Икромӣ, Наҷмиддини Шоҳинбод, Маҷид Салим, Абдурауф Муродӣ, Саидаҳмади Зардон, Абдулвосеъ Сангинов, Карим Давлат, Марямбонуи Фарғонӣ, Диловари Мирзо, Сипеҳр Ҳасанзод, Матлубаи Ёрмирзо, Баҳманёр Муродӣ; драматургон – Шодӣ Солеҳ, Нурулло Абдулло, Тоҳири Муҳаммадризо; публитсистон – Шералӣ Мусо, Ҷовид Муқим, Ҳасани Асо, Ҳусейни Нарзулло, Шоҳтолиби Шоҳқосим, Тиллои Некқадам, Бахтиёр Ҳамдамов; адибони бачаҳо – Азизи Азиз, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Муродалӣ Собир, Наҷмиддин Салоҳиддинзода, Гулсара Авазова, Наргиси Муродалӣ, Абдувоҳиди Зевар, Гулнисои Ризвоншо; мунаққидон ва адабиётшиносон – Муҳаммадюсуф Имомзода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Носир Салим, Муртазо Зайниддин, Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, Матлубаи Мирзоюнус, Тоҷибой Султонӣ, Замира Ӯлмасова, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Замира Ғаффорова, Анзурат Маликзод, Баҳроми Мирсаид, Умеда Ғаффорова, Шамсиддин Солеҳ, Равшан Ҳамроҳ, Муҳриддин Сабурӣ, Ҳафиз Раҳмон, Субҳон Аъзамзод, тарҷумонҳо – Азим Амин, Норӣ Раббимдухт, Комила Камолова, Сурайё Аҳмадзода, Карим Ҳайдар, Уринбой Усмон, Омонбой Жуманов.
Аксари адибону олимони номбаршуда дар ин муддат корҳои қобили мулоҳиза анҷом доданд. Бахусус нақши Рустам Ваҳҳобзода, Хайриддин Хайрандеш, Озар Салим, Озарахш, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Азизи Азиз, Маҳмадюсуф Имомзода, Давлати Раҳмониён, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Замирахон Ӯлмасова, Ҳафиз Раҳмон дар тарбияи қаламкашону адабиётшиносони ҷавон сазовори зикр мебошад. Машваратҳои омӯзишии адибони ҷавон дар солҳои 2015 ва 2020 нишон доданд, ки сафи қаламкашони наврасу ҷавон сол то сол бештар мегардад. Дар ҳар як машварат то 80 нафар ҷавонони эҷодкор иштирок карда, беҳтаринҳояшон ба узвияти ИН тавсия карда шуданд. Адибони ҷавону умедбахши зерин, ки дар 10 соли охир ба узвият пазируфта шуданд, аз ҳамин мактаб гузаштаанд: Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Иброҳим Дӯстализода, Мафтунаи Қосим, Искандар Раҳмон, Таҳмина Эмин, Синои Абуалӣ, Шаҳриёр Олимӣ, Баҳманёр Саид, Адибаи Ҳабиб, Бузургмеҳри Ҳаким, Садриддин Ҳасанзода, Насимбек Қурбонзода, Сурайё Аҳмадзода, Саодат Сатторӣ, Эҳсон Раҷабӣ, Бобаки Суғдӣ.
Раёсати ИН дар доираи имконоти худ барои беҳбуди шароити моддии адибони ҷавон тадбирҳо андешида, ҳамчунин ҷиҳати рушди истеъдоду малакаи онҳо ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Ҳоло мансабҳои масъуле дар ИН ва нашрияҳои он ба ҷавонони боистеъдоду ояндадор вогузор шудаанд ва ҳайати кормандони эҷодӣ батадриҷ аз ҳисоби онҳо нав карда мешавад.
Дастовардҳои муҳими Иттифоқи нависандагон
– адибони парокандаи Тоҷикистонро муттаҳид намуда, неруи онҳоро ба манфиати миллату давлат равона сохт;
– адабиётро аз афсонапардозиҳои осмонӣ, романтизми тумтароқ, динзадагии музмин озод намуда, ба зиндагонии воқеии инсон мутобиқ кард;
– ба адабиёти тоҷик чунин жанрҳои нав – драма, либретто, новелла, шеъри озод, шеъри сафед, чаҳорпора, очерки бадеӣ, филмнигорӣ, фантастикаи илмиро овард;
– танқиди адабии илмиро ба хидмати адабиёт гузошт;
– тарҷумаро ба як навъи махсуси фаъолияти адабӣ табдил дод;
– дар тарғиби адабиёти ҷаҳон дар Тоҷикистон ва адабиёти тоҷик дар ҷаҳон, таҳкими робитаҳои адабӣ саҳми бесобиқа гузошт;
– барои ба вуҷуд овардани забони меъёри адабӣ мусоидат намуд;
– мавзуъҳои ватандӯстӣ, ҳамзистӣ бо халқҳои ҷаҳон, сулҳу ваҳдат, созандагӣ, бунёдкорӣ, сохтмонҳои азимро ба вуҷуд оварда, дар тарғибашон корҳои бузург анҷом дод;
– дар шиносондани симо, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик ба ҷаҳониён саҳми билоиваз гузошт;
– ба ташаккули адабиёти русизабон ва ӯзбекизабони Тоҷикистон мусоидат намуд;
– барои кӯдакон ва наврасон адабиёти махсусро ба вуҷуд овард;
– дар омӯзишу парвариши даҳ насли адибони Тоҷикистон саҳм гузошт;
– тавассути осори арзишманди адибони бузургу номвар – дастпарварони худ дар баланд бардоштани обрӯю эътибори миллати тоҷик дар сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷаҳон саҳм гузошт;
– дар ҳимояи адабиёти тоҷик ва адибони алоҳида аз тазйиқу фишорҳои мухталиф тадбирҳои муассир роҳандозӣ кард;
– дар тарбияи миллионҳо сокини Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҷавор, ташаккули мафкура ва руҳияи инсони муосир кори азим анҷом дод;
– ба ғанӣ, баракатбор, пурмазмун ва рангинтар гаштани тамаддуни сад соли охири миллати тоҷик саҳми сазовор гузошт;
– боиси ба вуҷуд омадани асарҳои мондагоре гашт, ки садҳо соли оянда низ мардуми олам онҳоро мехонаду ба адабиёти тоҷик арҷ мегузорад.
Хуллас, таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рухдоди масарратбахш ва яке аз омилҳои муҳимми рушди маънавиёти халқамон гардид ва дар як гузориш зикри ҳама паҳлуҳо, дастовардҳо ва ашхоси саҳмгузори он душвор аст. Умедворам, ки ҷиҳатҳои дигарро музокираҳои ҳамқаламон зикру бозгӯ мекунанд ва дар маҷмуъ симои созмони маънавии бунёдкору созандаамон равшантар пеши назарҳо ҷилвагар мешавад.