“Сарвате ҷуз ту надорам, шеъри ман”
Аз шоироне, ки ҳамвора мадеҳаю васфи Ватанро суруда, аз рӯйи садоқату самимият, бо маҳорату ҳунари волои шоирӣ дар тасвири манзараҳои ҷаззобу нодири он, заҳмати мардуми сарафрозу шуҳратманд бо ифтихори баланди меҳанпарастӣ шеър гуфтаанд, шоири хушкалому сухангустар, шодравон Пиримқул Сатторӣ ба шумор мерафт. Пиримқул Сатторӣ чакомасарои балеғгуфторе буд, ки ба оламу рухдодҳои он, аносиру ашёи табиату зиндагӣ, инсони озодманишу вораста, ки қасдаш аз ҳаёти рангин бо талошу кӯшоӣ зеботару шукуфотар гардондани рӯзгори мардум маҳсуб мешуд, бо дарку фаҳмиш, диди хос ва ҷаҳони шоиронаи хеш менигарист. Воқеан, барои эҷодкори асил, бавежа шоир, ноқидони сухан ду омилро калидӣ ҳисобидаанд: истеъдод ва дили бузург. Меҳру паймони ватандорӣ, сидқан дӯст доштани обу хоки ин сарзамин, ниҳолеву гиёҳи сабзи он мардуми собитқадаму иродатманди кишвар шоири соҳибсухан чун Пиримқул Сатториро ба он илқо мекунад, ки бо шеваи ҷаззоб, забону баёни равону фасеҳ ва бо истифода аз саноеи гуногуни бадеӣ андар ситоиши ватан сухани тозае гӯяд.
Ғазалҳои шоир, ки як қисмати ашъори ӯро фаро гирифтаанд, бо муҳтавою ғоя, тасвиру ташбеҳоти ҷолиб, баёни дилрас (анъанавию суннатӣ ҳам бошанд), вожаву таркибҳои шоирона самимона суруда шудаанд. Таври мисол, қаҳрамони ғиноии шоир дар ин ғазал бо руҳи барозандаю эътимоду эътиқод ба фардои шукуфои ватан шукӯҳу ҷалоли меҳанро меситояд. Равон, сода, хушоҳанг ва бо латофату нозукадоӣ:
Эй Ватан, ҳар рӯзи ман бо ёди ту фардо шавад,
Майсаи уммед гандумлола дар саҳро шавад…
Ҷӯй кандам ҳамраҳи Фарҳодҳо дар хоки Вахш,
Зиндагӣ ширину ширинтар ба коми мо шавад.
Ва дар байти охирини ғазал, ки метавон онро ҳусни мақтаи он донист, бовару ихлоси хешро ба таври зайл баён месозад:
Қудрати Инсон бубин, ки хайма дар маҳтоб зад,
Як замон дарҳои дигар ахтарон ҳам во шавад.
Дар ин байт “во гардидани дарҳои ахтарон” таркиби хушоянди шоиронаест, ки ҷавҳари ғазалро ташкил додааст.
Ватан бо ҳама буду набудаш дар қалби шоир ба гунаи амиқ маъво гирифтааст, ки бо ҳар як ашёю мавҷудоти он пайванди руҳонӣ дораду бо шукӯҳу корномаи фарзандони ҷонфидою сарбаландаш ифтихор. Аз нигоҳи шеваю оҳанги баён ва муҳтаво ин ғазал бо ғазали фавқ иртиботи мантиқӣ дошта, ғояи эътиқодмандию ихлосро ба Меҳан ифода кардааст:
Эй Ватан, ман зиндаам бо доди ту,
Дар замини сабзи ҳуснободи ту.
Бингарам ҳамчун ба фарзанди падар
Бар ҳама хурду бузург афроди ту.
Фахри ман аз туст, фахри ту зи ман,
Беш бодо гурди рустамзоди ту.
Чун расад ранҷе ба ҷонам аз касе,
Мӯмиёи ман бувад гулбоди ту.
Гар лаби нони касе бишкастаам,
Эй Ватан, бишкастаам бо ёди ту.
Чунин тасвир ва сифатчиниро, ки дар меҳвари он ватану шукӯҳи нотакрораш қарор гирифтааст, дар ғазалҳои дигари шоир, хоса абёти зерин низ метавон мушоҳида кард.
Оташи Суғд зинда шуд, қудрати асри ман бубин,
Дар ҳама ҷо таронаи шавкати рӯзгори ман.
Ё:
Ишқи дилу ишқи Ватан ҳаргиз нагунҷад дар сухан,
Эй ман фидои ошиқе бар ишқ содиқ будааст.
***
Ман Ватан аз шири модар ёфтам,
Давлате дигар аз ин воло набуд.
***
То сари шӯридаву феъли ҷунун бошад маро,
Рӯди Вахшам шӯриши рагҳои хун бошад маро.
Бояд зикр намуд, ки дар иддае аз ғазалҳои шоир шеваи ҳикмату андарз бо баёни андешаҳои ахлоқӣ нуфуз пайдо карда, шоир мушоҳидаҳо ва бардоштҳои худро, ки ҳосили таҷрибаву озмудаҳои зиндагист, рехтаву муҷаз ва содаю равон ифода мекунад. Дар ин ғазал бо пайравӣ аз шоирони гузашта шоир тавонистааст нигоҳи худро ба василаи калимоту таркибҳои “бо асояш хаткашон”, “давиданҳои умри даргузар”, “хамёза кашидани субҳ”, “санги ноҳақ хӯрдани гунҷишк”, “заминларзони тақдири башар” ва ғайра муассиру ҳадафрас ба хонанда бирасонад:
Одами ғамдидаро бинам агар, ғам мехӯрам,
Чеҳрааш барги хазону чашми тар, ғам мехӯрам.
Меравад пире зи кӯча бо асояш хаткашон,
Аз давиданҳои умри даргузар ғам мехӯрам.
Дӣ дарахте соябон буду хушилҳон мурғакон,
Бар тани он ногаҳон омад табар, ғам мехӯрам.
Мекашад хамёза субҳу домани гардун сиёҳ,
Нобаҳангом абр мегиряд ба сар, ғам мехӯрам.
Санги ноҳақ хӯрд гунҷишку ба хок афтода мурд,
Нолаи модар баромад аз ҷигар, ғам мехӯрам.
Нест тарсам аз заминларза, ки меларзад фузун,
Аз заминларзони тақдири башар ғам мехӯрам.
Ҳамин ҳолу ҳаво ва фазои маъноиро дар ғазали дигари шоир, ки бо байти:
Бахти одам молу пул бошад агар, он бахт нест,
Чун ҳавои хокборон ман аз онам дар гурез
низ метавон равшан ба мушоҳида гирифт.
Шоир ғафлату бехабариро, ки ба ҷаҳлу шақоват ва худфиребию ба беҳуда гузаронидани умр боис мегардад, мазаммату накуҳиш карда, таъкид мекунад, ки аз хоби гарони нодонӣ бояд бархест:
Аз баҳорон то баҳорон ҳам расидан давлат аст,
Чист ғафлат? Умри рафта, бехабар, аз хоб хез!
Таркибҳои шеърии “оташи ҷовид”, “риштаи умед”, “дар дил гулхона кушодан”, “суғди оташзод”, “пайрави хуршед” ба моҳияти ғоявӣ ва мантиқи баён ба ғазали дигар истеҳком бахшидаанд ва сухани шоирро пухтаву расо кардаанд:
Ҳар куҷо бошӣ, набошӣ, пораи хуршед бош,
Гарм кун дилҳои сарду оташи ҷовид бош.
Риштаи уммеди кас гар дар дами кандан бувад,
Бар дили ӯ роҳ ёбу риштаи уммед бош.
Сахт омад гар зимистон, то ба Наврӯзи дигар
Дар дилат гулхонае бикшову ҳамчун ид бош.
Давлати ҳар кас бувад дар зиндагӣ фарзанди ӯ,
Инчунин давлат агар дорӣ, беҳ аз Ҷамшед бош.
Шуълаи хуршед бар ҳар кӣ баробар мерасад,
Суғди оташзод бошӣ, пайрави хуршед бош!
Дар шуморе аз ғазалҳои Пиримқул Сатторӣ ташбеҳоти тоза ва нигоҳи шоирона тавъам ба назар мерасанд, ки таваҷҷуҳи касро ба худ ҷалб месозанд. Таносуби сухан дар ин ғазал созгору бамавқеъ буда, таркибҳои “пайкари сангин” ва “тири аҷал” бозгӯйи андешаи шоиранд:
Ман, ки ошиқ ба ҷаҳон омадам аз рӯзи азал,
Назанад пайкари сангини маро тири аҷал.
Ё дар ин абёт:
Кошифон саргарми кашфи олами сайёраанд,
Ман вале сарсони кашфи олами зебои ту.
***
Ашкрезии дарахт аз зарби теғи ноҳақ аст,
Гарчи нанмояд ба чашми одамон чашми намаш.
…Ин замин чун марди захминест, к-аз ҷанг омада,
Ман нагардам марҳами захмаш, кӣ гардад марҳамаш?!
***
Мо ҳамонем, ки аз як суханат об шудем,
Ба нигоҳе чу дили сӯхта шодоб шудем.
***
Ин ҳама дафтару девон, ки ба мерос бимонд,
Ҳар варақ барг бувад, сабз аз он бешаи мо.
***
Ин кӯҳҳо тахти мананд, ин абрҳо рахти мананд,
Ҳам дар замин, ҳам дар само аз бахти худ масрур шав!
Қисмати дигари китоби шеърҳои шоирро қитъаю дубайтиҳо дар бар гирифтаанд, ки бо сабку услуби фаҳмову сода иншо гардидаанд ва дар онҳо садои дили дардошною лаҳни шевою марғуби вежаи шоир бармалост. Ҳикмату фалсафаи зиндагӣ бо ҳама мураккабию шебу фароз ва тазодҳояш, ишқи безаволи инсонӣ, хулосаву бардошт ва андешаҳои баланди шоир дарунмояи дубайтиҳои Пиримқул Сатториро ташкил медиҳанд. Дар дубайтиҳои шоир вожаву таркибҳо ҳунармандона истифода шуда, барои ифодаи фикр ва баёни шоирона хидмат кардаанд. Дар ину он дубайтӣ фикреву бозёфти бадеӣ ба василаи як тасвир, ташбеҳу истиора ва вожае зуҳур кардааст. Истифодаи калимаи “дубайтинома” дар ин дубайтӣ:
Парастуи лаби боми ту бошам,
Гули маҳтобии шоми ту бошам.
Қалам дар дасту машқи шеър бар лаб,
Дубайтиномаи номи ту бошам.
Дар ин дубайтӣ такрор ва пайи ҳам омадани калимаи “забон” ва фасоҳату ширинии забонро ба лолоии модар ташбеҳ додан фазои хуби шоиронаро фароҳам оварда:
Забони мо – забони чашмасорон,
Забони мо – забони резаборон.
Бувад такрори лолоии модар
Суруди ҷовидони обшорон.
Дар дубайтии зер Пиримқул Сатторӣ аз он дар шигифту нигаронист, ки ҷанг чун ҳодисаи бадфарҷом ба марги ҷавону аҳли сухан сабабгар мешавад. Аз ин рӯ, ба таъкиди шоир аз оташафрӯзони ҷангу хунрезӣ дар рӯйи олам эҳтиёт бояд кард:
Мабодо ғунчае нашкуфта мирад,
Сухандоне сухан ногуфта мирад.
Ҳазар аз панҷаи гӯгирдбозон,
Ба шӯхӣ рӯи олам дар бигирад.
Албатта, кашфи мазомини тоза тавассути вожаву иборот ва саноеи гуногуни бадеӣ амали саҳлу осон набуду нест. Бо таъсирпазирӣ аз сурудаҳои мардумӣ ва сабку шеваи сухани Лоиқ Шералӣ Пиримқул саъй намудааст, ки мушоҳидаҳояшро дигаргунатар рӯйи сафҳа орад. Чунончи, дар ин дубайтӣ:
Касе дорад забон, дорад Ватан ҳам,
Бувад булбул, бувад ӯро чаман ҳам.
Надонад ҳар ки қадри нони халқаш,
Бимонад ӯ зи нони хештан ҳам.
Шеърҳои шоир дар мавзуъҳои гуногун иншо гардида, аксар ба ситоишу тараннуми Ватан, модар, заҳмати кишоварзон, ифтихор аз таърихи гузаштаи миллат ва амсоли ин бахшида шуда, мисраъу байтҳои хотирмону муассир дар ин сурудҳо чун алмоспораҳо медурахшанду зуд ба чашм мерасанд. Дар шеъри “Қалам” шоир рисолати воло ва ранҷу бедорхобию азхудгузаштанҳои эҷодкорро ба василаи тасвиру ташбеҳоти тоза хеле ҷолибу ҷаззоб бозгӯйӣ намудааст. Дар шеъри мазкур ранги қаламро ба ранги шаб шабеҳ сохтан, таркиби шоиронаи “аз домани субҳи қалам доштан” ва амсоли пире ба асои қалам такя намудан таровати баёни шоирро афзудаанд:
То ки бошад, зиндагиям бе алам,
Ман қаламро кардаам бар худ алам.
Дидамаш, ки ранг дорад, ранги шаб,
Доштам аз домани субҳи қалам.
То ба пояш роҳ рафтам сӯйи пеш,
Гарчи роҳаш буд пур аз печу хам.
Зӯр омад, такяҳо кардам ба ӯ,
Ҳамчу пире бар асояш дам ба дам…
Дар шеъри “Модар” шоир шукӯҳу бузургии модарро як-як рақамзанӣ намуда, ҷаҳони саршор аз латофату меҳр ва отифаи ӯро самимона ва бе такаллуфу суханпардозӣ рӯйи сафҳа овардааст:
Туро ҷону ҷаҳон гӯем, модар,
Туро бахти замон гӯем, модар.
Миёни қарнҳову насли инсон
Туро пайванди ҷон гӯем, модар.
Чӣ бошад хандаи меҳри ҷаҳонтоб?
Туро меҳри ҷаҳон гӯем, модар…
Воқеан, миёни қарнҳову наслҳо пайванди ҷон ҳисобидани хидматҳои модар аз нигоҳи навҷӯёнаи шоир шаҳодат медиҳад. Чунин тасвирҳои зеборо дар шеърҳои “Деҳқон”, “Дар ёди Ғоиб Сафарзода”, “Чакомаи баҳор”, “Боғбон”, “Ман хаёлан деҳа рафтам”, “Уқоб”, “Қасидаи деҳқон” ва ғайра дидан мумкин аст. Дареғо, ки чунин як шоири хушқалам, соҳибистеъдод қурбони ҷаҳолату кинаварзии афроди бадгавҳар дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки бешак, агар зинда мебуд, бо ашъори ватандӯстонаи хеш хидмати бузурге баҳри рушди адабиёт ва пешрафти кишвар анҷом медод. Аммо, бо вуҷуди ин, дафтарҳои ашъоре, ки аз ӯ то ба имрӯз боқӣ мондаанд, номи ӯро ҳамчун шоири соҳибсухан поянда медоранд.
Сарвате ҷуз ту надорам, шеъри ман,
Давлате ҷуз ту надорам, шеъри ман.
…Дар азобат роҳати ҷон дидаам,
Роҳате ҷуз ту надорам, шеъри ман.
Ш. Суҳайл