Симо ва пайкари миллатро зебо нигоҳ дорем!

 Симо ва пайкари миллатро зебо нигоҳ дорем!

Муқаддастарин ва баландтарин арзиши миллии мо забони тоҷикӣ мебошад, ки халқи шарафманди Тоҷикистонро дар арсаи байнал­милалӣ ба ҳайси миллати фарҳан­гофар ва дорои таърихи ғанӣ муаррифӣ намудааст ва имрӯзро ба таърихи ҳазорсолаи гузашта пай­вастааст. Забони мо танҳо як забон не, балки як фарҳанг, як тамаддун ва як бахши муҳими ҳувияти мо мебо­шад. Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тули ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастии миллати мо ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари гаронбаҳои хеш “Забони миллат – ҳастии миллат” забонро шиносномаи миллат, руҳи поки ниёкон ва оинаи осори но­биғагони гузаштаи миллати тоҷик номидаанд ва ёдовар мешаванд, ки ҳар гоҳ аз минбарҳои баланд бо забони шевои шоирона сухан ме­гӯям, лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро ба ҳастии забон пайванд медонам. Воқеан, муҳаббати бузург ба забони модарӣ доштани Пешвои миллатро аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ҳар як фарди бедордил ва соҳибхи­рад эҳсос кардааст.

Дар ҷаҳони муосир 6 ҳазор забон арзи вуҷуд дорад ва аз ҳисоби ба ҳам шабеҳ будани баъзе забонҳо пажуҳишгарон онро ба 20 гурӯҳ раддабандӣ намудаанд. Яке аз муҳимтарини ин гурӯҳбандиҳо за­бонҳои ҳиндуэронӣ мебошад, ки забони форсии тоҷикӣ аз ин оила маҳсуб мешавад. Решаҳои забони тоҷикӣ ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасад. Ин рӯзҳо бо ин забони бостонӣ ва ғанӣ та­моми мардуми Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, нисфи Ӯзбекистону Қи­рғизистон, ақаллияти Ҳинд, Туркия, Покистон, кишварҳои Халиҷи Форс гуфтугӯ мекунанд ва бе тарҷумон фикри ҳамдигарро мефаҳманд ва теъдоди зинданигоҳдорандагони ин забон ба 200 миллион раси­дааст. Бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаво­лу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Асарҳои оламшумули шоирону адибони бузурги тоҷику форс Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мав­лоно бо забони мо эҷод шудаву имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромиянд. Забони форсӣ забони байналмилалии илму адаб аст, олимону адибони зиёде аз Ҳинду Араб ва Туркия асарҳои илмиву адабӣ ва ирфонии хешро ба ин забон навиштаанд. Забони форсиро бо забони юнонӣ муқоиса мекунанд, ки дар бузургӣ ва қади­миву фарогир будан ба ҳам мусови­анд. Ҳанӯз соли 1872 дар нишасти адибон ва забоншиносони аврупоӣ дар Берлин забонҳои юнонӣ, форсӣ ва лотинӣ ба унвони забонҳои клас­сикии ҷаҳон баргузида шуда буданд. Аз ҳисоби чунин меъёрҳо, бостонӣ будан, адабиёти ғанӣ доштан, дар ҳазораи охир тағйироти камро аз сар гузаронидан забони форсӣ ҳамчун забони классикӣ ва пурнуфӯз арзёбӣ гардида буд.

Ҳатто дар рӯзгори Ибни Батута, забони мо берун аз Варорӯду Ху­росон забони илму адаб, ирфон ва коргузорӣ буд. Ибни Батута, ки ба тамоми минтақаи ғайриараб сафар карда буд, дар “Сафарнома”-аш ме­нависад, ки мушкилоти муоширатро бо мардуми бумии ин ё он минтақа, хоса Аврупову Африқо тавасссути забони форсӣ ҳаллу фасл намуда будааст.

Забони тоҷикӣ забони қудрат буданашро дар ду давраи муҳими таърихӣ исбот кард, аввал дар аҳди Сомониён ва сониян дар давраи Истиқоли давлатии кишвар. Чунон ки медонем, дар давраи хилофати араб забони арабӣ забони давлат­дориву коргузорӣ, илму таҳсил буд, аммо забони тоҷикӣ чун забони илм эътироф намешуд. Арабҳо ме­гуфтанд, ки забони тоҷикӣ забони қиссаҳои шаб, забони достони ху­сравон аст, барои илму дафтардорӣ ба кор намеояд. Амирони Сомонӣ исбот карданд, ки форсӣ дар ҳамаи шохаҳо қудрат дорад. Аввал фатво гирифтанд ва Қуръонро тарҷума карданд. Чун Қуръон ба хубӣ тарҷу­ма шуд, дигар шак намонд, ки дар риштаҳои дигар ҳам метавон фор­сиро ба кор бурд. Ҳақиқатан ҳам дар замони Сомониён забони тоҷикӣ дар ҳама риштаҳо амал кард ва яке аз муқтадиртарин забонҳои ҷаҳон шуд.

22-юми июни соли 1989 (қабл аз Истиқлол) «Қонуни забон» бо та­лоши фарҳехтагони тоҷик, бахусус Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Лоиқ Шераливу Муъмин Қаноат қа­бул гашт. Миллати тоҷик ба забони хеш соҳибӣ кард. Қаблан дар бораи масъалаҳои забони тоҷикӣ, таърихи он, рушди забони имрӯза бо забо­ни классикӣ, баҳрагирӣ аз забону гӯишҳои маҳаллӣ ҷиҳати такмили за­бони меъёр, ислоҳи забони асарҳои нависандагон, забони матбуот, на­здик намудани забони гуфтор ва на­виштор, ташаккули забони меъёр ва луғатшиносӣ устод Садриддин Айнӣ асару мақолаҳои зиёде навишт, ки то ҳол арзиши илмию амалии худро аз даст надодаанд.

Ҳамчунин рушду нумуи ин забон баробари соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон суръати тоза гирифт. Бо тадбирҳои фарзанди фарзонаи мил­лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар қадам ба қадам марҳалаи рушди иқтисодиву фарҳангӣ оғоз гашт. Дар баробари он масъалаҳои эҳёи фарҳангу забон ва ойини ниё­гон таҷдиди назар карда шуд. 5-уми октябри соли 2009 «Қонуни забон» бори дигар тағйиру таҳрир дид. Забони давлатӣ, забони маориф, илм, техника, таҳсил, коргузориву номгузорӣ гашт ва ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «забони миллӣ симо ва пайкари миллат» шуд.

Бо ибтикори Ҷаноби Олӣ дар тақдири забони тоҷикӣ давраи Со­мониён дубора такрор гардид. Боз забони тоҷикӣ аз минбарҳои балан­ди созмонҳои байналмилалӣ садо медиҳад. Ҳамчун забони қудрат ши­нохта шудааст ва ба тамоми ниёзҳои замон посух мегӯяд. Дар соҳаи илму техника забони мо кашшоф аст. Дар асри фанноварӣ ҷавонони мо дониш ва иттилоотро ба забони модарӣ дармеёбанд, ки калиди рушди илми миллӣ мебошад. “Забон нишонаи асосии ҳастии як миллат аст”, — гуф­таанд Сарвари давлат. Воқеан бо талошҳои бесобиқаи он кас забон ва андешаи миллӣ манфиатҳои миллатро таҷассум кард.

Забон яке аз ҷузъҳои асосии таҳкимбахши ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз ва Истиқлоли давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки симои за­бонро зебо ва пайкари онро тавоно нигоҳ дорем.

Ҷовидон зӣ, эй забонидонишу фарзонагӣ,
То ба гетӣ нур бахшад офтоби ховарӣ!
Тоҷикиро пос медорем, зеро гуфтаанд:
Қадри зар заргар шиносад, қадри гавҳар гавҳарӣ!

 

Муҷибахон Ҷавҳарӣ,
нависанда

 

Дигар хабарҳо