Омаданам ба Душанбе даъвати тақдир буд

 Омаданам ба Душанбе даъвати тақдир буд

????????????????????????????????????

Суҳбат бо адиб ва рӯзноманигор Марямбонуи Фарғонӣ

Мехоҳем суҳбатро аз овони кӯдакиву наврасиятон оғоз бах­шем, ки дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона сипарӣ шудааст. Хурдсо­лии шумо чӣ гуна буд ва ноҳияи Сӯх ё умуман вилояти Фарғона чӣ муҳиту фазо дошт?

– Ҳарчанд дар батни модар аз падар зиндаҷудо шудаву дар шаш­солагӣ зери мошини боркаш монда, зарари сахти ҷисмонӣ дидаам, дар муҳити нағзи хонаводаи бобои мо­дариам Муллоҷалоли Мӯсо айёми кӯдакиву наврасиам хубу ҳавасангезу хотирмон гузашт. Падарбузурги ман муллои мадрасадида, ошиқи адабиёти классикӣ, марди закиву донишманд, “Шашмақом”-дӯст, шӯху шанг, қофи­язан, донандаи ҳафт пушти мардуми Сӯх, сару сарвари маҳалла ва аз ҳама муҳиммаш, оиладӯст буд. Ҳаргиз духтаронро бо чашми кам намедид, баръакс, имкон медод, ки мо бароба­ри писарон соҳибандешаву озод ба камол расем. Раҳматӣ комилан вази­фаи падариро барои мо, наберагони зиндаятимаш адо кард. Бобоям маро боре ҳам “ту” нагуфтааст, шояд “шумо” ва “апаҷон” хитоб карданаш ба хоти­ри бузургдошти номи хоҳарбузурги дунёнадидаву ҷафокашидааш бошад. Чунон ки ӯ мегуфт, маро ба хотири апааш Бибимарям ном дода буд, ки ҷавон аз дунё рафтааст. Аслан ман дар ин хонадон ҳафтумин Бибимарям будаам.

Модарам баъди марги бобоям аз некиҳояш, аз заҳматҳои кашидааш дар мавриди тарбияти мо, наберагон бо ҳасрат қиссаҳо мекарду мегуфт: “Раҳматӣ ба шумо вазифаи падариро адо кард. Вақте аз зиндагии сахтам, аз маҳрумиятҳо ба дод меомадам, беихтиёр сари гаҳвораи ту аллагӯён оби чашм мерехтам, падарам зуд ҳозир мешуду “хез, дарзатро дӯз, ба апаҷонам худам нигоҳ мекунам” ме­гуфт. Ӯ бо шеваю оҳанги хоси худаш аз Ҳофизу Бедил ғазалгӯён гаҳвора меҷунбонид.” Бобоям шабҳои дарози зимистон андар рӯшании чароғи чи­лум дар гирди сандалӣ барои мо аз Хоҷа Ҳофиз, Бедил, Сӯфӣ Оллоҳёр, Фузулӣ, Машраб… ғазалҳо мехонду модарам ва янгаҳоям якабанди бо­зорӣ медӯхтанд, аз чӣ бошад, бибиам ашк марҷон мекард, мо, кӯдакон зери оҳанги хониши бобоям ноаён ба хоби ширин мерафтем… Аслан гирем, аҳли оилаи калони мо қариб ҳама китобдӯст буданд. Яке аз янгаҳоям вақт, ки меёфт, китоби афсонаҳоро ба даст мегирифт, зани дигари тағоям дӯст­дори китобҳои ошиқона буд, “Ҳазору як шаб” ҳам мехонд.

Модаркалонам Ҳамронисо ном дошта, хоксортарин зани дунё, меҳ­наткаш, меҳрубон, маънирас ва бонуи афсонагӯе буд. Афсонаҳояшро бо байтҳои бофтаи худаш оро медод. Вақте бобоям бо мадади писаронаш барои мо аз кунҷи дигари Ровон хона сохт, чанд муддат ман ба манзили нав одат карда натавониста, пеши бибиҷо­нам бармегаштам. Тасаввур карда наметавонистам, ки шаб дар бараки модарбузург набошаму афсонаҳои аҷибу ғарибашро нашунавам. Маро ҳама аҳли хонадон “сояи бибиҷонаш” ном мегирифтанд. Меҳри ману ӯ дуҷониба буд. Бибиҷонам маро “ҳан­далаҷон”, “доруҷон”, “кулули тилло”… ном мегирифт.

Модарам Анзуратпоччо зани зе­бову хушқадду қомат, панҷ панҷааш ҳунар, дӯзандаи либосҳои миллии мардона, дар хонадорӣ беҳамто, басо озодандеш, соҳиби гапи хеш, худшинос ва мардсифате буд. Ба гап ҷома мепӯшонид. Маҳсули дасташ дар бозор харидорони зиёд дошт, аз дасту панҷааш ҳам гулу ҳам пул мерехт. Дастнигари касе набуд. Гуф­ти мардум, “зиндагиаш ба пошшоӣ мегузашт”. Модар “Бибимарями поку покнажоди ман, гулдасти хонадони ман, тору пудаш абрешимии ман” гуфта, нознозам кунад ҳам, ба ман нисбатан сахтгир ҳам буд. Ба мане, ки ҳанӯз дар кӯдакӣ ҷисман маъюб шуда будам, нисбат ба додару хоҳаронам корҳои вазнинтарро мефармуд. Яъне, нигоҳубини чорпоҳо, аз дашти Ровон харакӣ ду-се раҳ алаф овардан, ба хазонаки картошказори совхоз раф­тан, зардолуафшонӣ, зардолучинӣ, дамкунию баргак кардан… барои ман кори муқаррарӣ буд. Барои ин аз мода­рам зиёд миннатдорам, ки нозпарвард шуданам намонд, шеваи тобоварӣ ба сахтиҳоро омӯхт, дарси зиндагӣ дод, то дар ҳар шароит мардонавор зиста тавонам.

Ин ҳама шӯру шааф дар хуни ман аз модар аст,
Аз падар мероси ман дарду азоб афтодааст…

Падарам Эшонҷонов Муқаддам­хон, муаллими таърих, ҷанги ҷаҳонди­да, аз оилаи эшонзодагони бонуфузи Сӯх буд. Гапи бобои Эшонҷонамро, ки марди якраву худхоҳе буд, ҳаргиз ду карда наметавонистааст, оқибат бо дахолати падар оилааш вайрон шудаву ба ноҳияи дигар сарашро гирифта рафта будааст. Тавре ки дар боло гуфтам, аз падар ҳанӯз ба дунё наомада зиндаҷудо шудаам, дар шаш­солагӣ зери чархи мошин мондаву аз пойи чап маҳрум гардидам. Падарам, ки дар ноҳияи дигар зану бачаву кача карда буд, ҳаддалимкон расида омад. Аммо чашмони ман гӯиё ба тоси хун мубаддал шуда бошад, муваққатан қобилияти бинишро аз даст дода бу­даам. Баъди ҳамагӣ чанд рӯз падарам бар асари фишорбаландӣ аз олам рафт. Ҷанозаашро аз хонаи бобои Эшонҷонам бароварданд. Аввалину охирин бор чеҳраашро дар бистари марг дидам. Абрӯвони зебое дошта­аст. Аммаи Оминахонам мегуфт, дарди маҳрумиятҳои айёми кӯдакӣ, бехонумоншавиҳо, хидмати аскарӣ, бадани аз тири Гирмон ғирбелшу­дааш, оилавайрониаш ӯро накушт, аммо дарди ту дар чанд рӯз обу адояш кард. Падарат чун фаҳмид, ки поятро қатъ кардаанд, сарашро якзайл ба девор заду навҳа кашид. “Ин писар нест, духтар аст! Бо ин ҳол дигар чӣ тавр зиндагӣ мекунад?!”- гуфта, хун гирист… Симои падарамро аз рӯйи гуфтаҳои модарам, ки ӯро ошиқона дӯст медоштааст, тасаввур мекунам. Падарам инсони якрӯву ҳақгӯе бу­дааст. Модарам мегуфт, ки падарат марди давраорову суханпардозе буд. Бисёр мехонд…

Тағоҳоям Абдуаҳад, Абусалом ва Бобомӯсо мардони баору номус, ҳақшиносу ҳалолкор буданд. Рафтору амали ҳар яки ин азизонам дар шакл гирифтани хӯю хислати камина нақши назаррас дорад. Тағокалонам капита­ни милиса Абдуаҳад Ҷалолов қалами хуб дошт, дар газетаҳои ноҳиявӣ ва вилояӣ хабару мақолаҳо менавишт. Сабки хуби нигориш дошт, маҳсули қаламаш осори адабии детективиро ба ёд меовард. Хоҳарбузургам Биби­мастура бо имзои «О. Эшонҷонова» ба нашрияи маҳаллии “Ҳаёти нав” (ҳоло “Садои Сӯх”) аз ҳаёти мактабамон ха­барҳои ҷолиб менавишт. Ман ба онҳо ҳавас мекардам.

Ин ҳама меҳру муҳаббатеро, ки дар бачагӣ дидаам, ҳамчунин баъзе воқе­аҳои сахти ибратангези кӯдакиамро, ки маро нозпарвард шудан намонд, дар қисса-эссеи “Хумор” овардаам, дар мусоҳибаҳое, ки ба журналистон додаам, низ, хеле васеъ нақл кардаам.

Парвардаи Донишгоҳи дав­латии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ ҳастед. Дар замони донишҷӯии шумо дар ин донишгоҳ таҳсил чӣ гуна ба роҳ монда шуда буд?

– Соли 1973 ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Сад­риддин Айнӣ ҳуҷҷат супоридам. Муҳи­ти хубу устодони донишманд дошт ин даргоҳи илму фан. Маҳз дар Са­марқанд нахустин дарси худшиносиро гирифтаам. Бароям натанҳо устодони донишгоҳиам, балки аз савдогарони бозорҳо то фурӯшандаи мағозаҳо, аз дарбонҳои хобгоҳ то кадбонуво­ни нохонда ва, умуман, мардуми ин шаҳри азим дарси ибрат додаанд. Ин ҷо қариб ҳама тоҷикӣ гап мезаданд: озариён, ки бо номи эрониёни турк­забон маъруфанд, туркони месхетӣ, яҳудиён, арманиҳо, лӯлиҳо, арабҳо, гурҷиҳо, русҳою беларусҳо, украинҳо, қазоқҳо, ӯзбекони муқими шаҳр… Дар хобгоҳамон, ки мо, тоҷикон, шумораи ками сокинонаш ҳисоб меёфтем, обрӯю эҳтироми хосса доштем. Ӯз­бакдухтарҳо кӯшиш мекарданд, ки бо мо забон ёбанд, тоҷикӣ суҳбат кунанд ва тоҷикидониашонро сайқал диҳанд. Онҳо дар тақлид ба шаҳридухтарони тоҷик либос мепӯшиданд.

Чандин сол аст, ки Донишгоҳи дав­латии омӯзгории Самарқанд барҳам хӯрдааст.

Пас аз хатми донишгоҳ чанд сол дар дабистони зодгоҳ омӯз­горӣ карда, сипас ба Душанбе омадед. Пойтахти кишварамон шуморо чӣ гуна пазируфт? Бо кадом адибон ва дигар шахсиятхо дӯстиро оғоз намудед?

– Бале, баъди ҳафтуним соли фаъолият дар мактаби зодгоҳ охири моҳи декабри соли 1984 ба Душан­бе омадам. Аслан ҳеч кас маро ин ҷо расман даъват накардааст. Бояд ба Тошканд мерафтам. Боду ҳавои номусоиди Тошканд имкон надод, ки ҳавопаймо парвоз кунад. Якуним шабонарӯз дар фурудгоҳи Қӯқанд мондам. Яке ба гӯшам аз баландгӯяк эълоне расид: “Бақайдгирии рейси “Қӯқанд-Душанбе оғоз ёфт!” Танҳо одами осемасар дар миёни чанд со­ния тасмими дигар мегирад: “Сафари Тошканд намегурезад, пагоҳ шанбе, рӯзи корӣ не. Рӯзи душанбе аз пайи анҷоми корам мешавам. Дар ин миён орзуи бисёрсолаамро мешиканам. Пойтахти Тоҷикон – Душанберо тамо­шо мекунаму сипас ба Тошканд ме­равам.” Ҳамин тавр, бе ҳеч дудилагӣ рафтаму билетамро иваз кардам.

Омадани ман ба Душанбе, ки ҳеч кас даъват накардааст, амри тасодуф буд? Бале, зоҳиран чунин аст, аммо аз назари инҷониб, ин даъвати қисмат будааст. Одамҳои нек талқинам кар­данд, ки бимон ин ҷо, агар рӯзнома­нигор шудан мехоҳӣ, агар дар сафи адибон худро диданӣ ҳастӣ, бимон! Мондам ва хато накардам. Ман ин ҷо худамро ёфтам, ба мақсади зиндаги­ам амиқ сарфаҳм рафтам.

Сараввал дар Маркази методии Вазорати маориф ба ҳайси методи­сти калон фаъолият доштам. Дарк кардам, ки дар мактаби пешқадами зо­дгоҳам таҷрибаи гирифтаам, басанда будааст, то дар қатори методистони беҳтарин ба омӯхтаву паҳн кардани мактаби таҷрибаи пешқадами омӯз­горони фан ҳисса гузорам, рисолаҳои методӣ нависам. Дар ин миён қариб бо аксари рӯзномаву маҷаллаҳо гаҳе бо тақозои вазифаам гоҳи дигар ба­рои чопи ҳикояҳоям рафтуо доштам. Қариб ҳамеша корам бобарор буд.

Охирҳои соли 1989 барои қабули кормандон нашрияи навтаъсиси “Паё­ми Душанбе” озмун эълон шуд. Орзуи деринаам ҷомаи амал пӯшид. Ба даст гирифтани шумораи аввалини рӯз­номаи “Паёми Душанбе” (1.01.1990) воқеаи басе хотирмони ҳаётам ҳисоб меёбад. Ин нашрия дар кори рӯзно­манигорӣ бароям мактаби таҷриба шуд. Баъдан ба нашрияи парлумонии “Садои мардум” даъват шудам. Дар маҷаллаҳои “Фирӯза” ва “Истиқбол” дар як вақт кор мекардам. Бо даъвати устод Гулназар чанде дар “Адабиёт ва санъат” ҳам фаъолият доштам. Беш аз ҳафт сол гузоришгари минтақавии “Радиои Хуросон”-и Ҷумҳурии Исло­мии Эрон дар Душанбе будам. Охирин ҷойи корам ҳафтаномаи “Омӯзгор” буд. Ҳоло чанд сол аст, ки ба гуфте, даврони пирӣ меронам.

Кори рӯзноманигорӣ ва қалами на­висандагиам боис шуд, ки миёни хосу ом бошам, бо гулҳои сари сабади мил­лат ҳамнишин бошам. Ман лаҳзаҳоеро бо гумзаданҳои дил ба ёд меорам, ки бо як қаламу як блокнот бо қаҳрамоно­нам суҳбатҳои доманадор мекардам, барои ҷавоб гирифтан ба саволҳоям абраю астари фаъолияти онҳоро тагу рӯ мекардам ва то расидан ба хона аллакай дар зеҳнам шакли тахминии матлабро омода мекардам. Шабона аҳли оиларо мехобондаму сари мизи таҳрир менишастам ва танҳо ҳангоми ҷеғи мурғи аввал матлабро табъи дил анҷом мебахшидам. Бемуҳобо ҳар як навиштаам аз тарафи ҳамкорон ва хо­нандагонам баҳои баланд мегирифт. Ёдам ҳаст, ки дар чанд моҳи фаъоли­ятам дар “Паёми Душанбе” ду нафар қаҳрамони навиштаам – ду модари ночору саргардон соҳиби хонаҳои дуҳуҷрагӣ шуда, бо фарзандонашон аз сарсониҳо раҳида буданд. Ман баробари онҳо хурсандӣ мекардам, гӯиё онҳо нею худам хонаобод гарди­да бошам.

Ба шарофати пешаи рӯзномани­горӣ аз суҳбати устодони илму адаб, кормандони беҳтарини маориф ва аҳли санъату ҳунар Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Масов, Разуюллоҳ Абдулло­зода, Ниёз Сафаров, Ҳабибуллоҳ Искандаров, Сафари Сулаймонӣ, Соҷида Муродова, Барно Исҳоқова, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Боймуҳам­мад Ниёзов, Гурминҷ Завқибеков, Малика Калонтарова, Сафарбеки Солеҳ, Сайф Раҳими Афардӣ ва даҳҳо нафари дигар баҳра бардоштаам.

Тақдир маро, ба истиснои бархе аз ашхоси ҳасуду бахил, асосан бо роҳбарони оқилу одамшинос ва ҳам­короне чун Муродулло Шерализода, Ардамеҳр, Додоҷон Раҷабӣ, Бахтиёр Муртазо, Гулназар, Додохон Эгамзод, Муҳаммадшариф Бобошоев, Камоли Қурбониён, Тиллои Некқадам, Зӯрбеки Гулбек, Мардони Муҳаммад, Қирон­шоҳ Шарифзода, Ато Мирхоҷа, Ноил­шоҳ Нуралиев, Абдурауф Муродӣ… рӯ ба рӯ карда буд, ки аз фарри онҳо ҷойи корамро ба мисли манзили шахсиам дӯст медоштам.

Солҳои кор дар ҳафтаномаи “Ада­биёт ва санъат” аз одамияти баланди устодон Аскар Ҳаким ва Гулназар бархурдор шудаам. Азбаски редак­сияи “Адабиёт ва санъат” дар бинои Иттифоқи нависандагон аст, он ҷо қариб ҳар рӯз бо чеҳраҳои шинохта ва устодони санъат рӯ ба рӯ меомадам, аз суҳбаташон баҳраҳо мебардоштам, дар ҷамъомадҳои Иттифоқ иштирок мекардам, ки ҳар лаҳзаи он рӯзгоро­ни хотирмон бароям дарси ибрат ва гуфтушунуфти устодон сабақи зиндагӣ буд. Ин ҳамаро мегӯяму пеши назарам симои устодоне меояд, ки баъзеа­шон ҳоло нестанд, бархе кайҳо на­фақахӯранд ё бо ҳар баҳонаву сабаб солҳост, ки дидор надидаем: Муъмин Қаноат, Абдуҷаббор Абуқаҳҳор, Абду­малик Баҳорӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Насимҷон Раҷабӣ, Сорбон, Гулрухсор, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Ҷӯра Ҳошимӣ…

Он солҳо вазъи иқтисодии тамоми нашрияву маҷаллаҳои кишвар вазнин буд. Бисёре аз ҳампешагонамон аз нашрияҳои дигар шикоят мекарданд, ки 7-8 моҳ боз маош нагирифтаанд. Ба қадри имкон газета чоп мешуд. Устод Аскар Ҳаким бо чӣ талошҳое гоҳ-гоҳ барои аъзои ИН ва кормандо­ни идора аз кадом фондҳои хайрия орду биринҷу равған барин чизҳо ёфта, меоварданд, инчунин, барои ошхона купон ҳам медоданд, вагарна моҳонаамон ба хӯроки зуҳри худамон намерасид. Бо вуҷуди ин, ба хотири муҳити гарми адабӣ поям мудом сӯйи коргоҳ мекашид…

Дар “АС” рӯзҳои аввал се кас кор мекардем: сардабир – устод Гулназар, ман – ходими адабӣ, котиба – Ҷами­ла. Баъди ман як нафар ба вазифаи котиби масъул омаду дар чанд рӯзи корӣ тамоми аксҳои бойгонии идораро рабуд ва фирор кард, аммо ҳоло овар­дани номашро ҷоиз намешуморам. Он рӯзҳо таҳрири тамоми мақолаҳои гуногун ва осори насрӣ, ки ба редаксия мерасид, ба дӯши ман буд. Сари кало­баи назмро худи Гулназар меёфтанд. Сонитар ба ҳайси котиби масъул Ато Мирхоҷа ва дигарон омаданд…

Дар солҳои вазнин Ҷоизаи ада­бии байналмилалии ба номи Борис Пастернакро сазовор гардидед. Чӣ тавр даст дод?

–Дастнависи нахусткитобам “Афсонаи тамаддун”-ро, ки барандаи Ҷоизаи адабии байналмила­лии ба номи Борис Пастернак (Маскав, 1996) шуд, ҳанӯз соли 1990 дар ҳаҷми нисбатан калон ба шурои насри ИН супорида будам. Мусаввадаи он чанд бор аз дасти устод Сорбон ба дасти ман меомаду аз дасти ман ба эшон мерафт. Яъне, сари ҳар сархату вожааш суҳбатҳо мешуд ва оқибат бо қарори шурои наср барои чоп тавсия дода шуд. Ки­тоби ман дар нашриёти “Адиб” дастгирӣ наёфт. Дақиқтараш, ҳар сол ба нақшаи соли оянда меафтод ва соли оянда ба соли дигар. Ҳамин тавр, 5-6 сол гуза­шт. Як рӯз ба матбааи рақами 1 бо коре рафтам. Ба ман гранкаҳои китобамро нишон доданд, ки дар қуттии чӯбине ҷой дода шуда бу­дааст. Беҳад шод шудам. Гуф­танд, ки дар арафаи нашр аст. Баъди чанде хабаргирӣ рафтам, бо афсӯсу надомат як тӯда сурбпораҳои аз ҳам пошхӯрдаро нишон доданд, ки кадом хонахаробе чаппаву роста рехта партофтааст. Гуфтанд: “Бад­бине доштаед магар, ки гранкаҳоро ба ин ҳол андохтааст.” Гуфтам, ки ба коргоҳи шумо ҳамагӣ бори дуюм меоям ва касеро ҳам намешиносам, пас бадбин аз куҷост?

Фаҳмидам, ки мунтазир истодан дар синну соли ман дигар маънӣ надорад, чун синнам ҳам ба таҳи чиҳил мерасид. Дастхатамро ба на­шриёти навтаъсиси “Пайк”-и Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бурдам. Маҷбур шудам, ки ду ангуштарин ва қолинамро фурӯшам ва аз ҳамсояи носфурӯшам қарз бардораму аз се як қисми онро ҳамагӣ дар ҳаҷми 90 саҳифа китобчаи назарногиреро чоп кунонам. Табиист, ки он вақт ман узви ИН набудам, аз ин рӯ хабар надоштам, ки нахустмаҷмуаи қиссаву ҳикояҳоя­мро кӣ ба дарёфти ин ҷоиза пешниҳод карда бошад. Баъдтар шунидам, ки гӯё мундариҷаи он ба устод Шавкат Ниёзӣ маъқул шуда будааст…

Соли 1996 буд ба фикрам, шуни­дам, ки Рӯзҳои адабиёт ва ҳунари Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барпо мешудаст. Ба дил гуфтам, ки кош ман дар ҳамон мебудаму як бор бо дӯстони самарқандиам вомехӯрдам. Аммо аз куҷо? Як нависандаи эъти­рофнашударо кӣ ба Рӯзҳои адабиёт ба ҳамсоякишвар мебарад…

Яке хоб дидам, ки дар чойхонаи Сари Бозори зодгоҳам, андар сояи сафедорҳои баланду сершоху панҷа рӯйи кат модари арҷманди аллома Бобоҷон Ғафуров Розия Озод ба чанд бонуи қарси сафеддошта дарси маърифат медодаанд. Ман ҳам ба як гӯшаи кат нишастаам. Ҳамин вақт устод Ғафуров намоён шудаанд. Он кас андак лангон-лангон ба назди мо омада, ба ман хитоб кардаанд: “Ма­рямбону, зудтар бошед, дар гулбоғ делегатсия мунтазири шумоанд. Ба Тошканд сафар мекунед!” Ман дар як он ба гулбоғи Ровон расида омадаам. Ҳама савори автобус. Ногаҳ чашмам ба ҷӯробҳои даридаи поям афтодааст. Бо ин ҳол озими шаҳри азим шудан дуруст нест, гуфтааму дилшикаста ба ақиб гаштаам. Ба хонаи бобоям роҳ пеш гирифтаам. Ба ҷое расидаам, ки замоне (дар шашсолагиам) зери чархи мошин монда будам. Мебинам, ки устод Бобоҷон Ғафуров аз нухтаи маркаби хокистарранге, ки ба мисли аспи зотӣ баланд буд, дошта, сари роҳам истодаанд. Ишорат кардаанд, ки савори хар шавам. Савор шудаам. Эшон ба як дастам тағора ва ба дасти дигарам деги холиро дода, ишорат кардаанд, ки пеш равам. Пеш рафтан дар қадамҳои аввал дар ду даст бори ноҳинҷор душвор будааст, баъди се-чор қадам мисли давраҳои кӯдакиам харро хуб идора карда рафтан гириф­таам. Бедор шудаму ҳис кардам, ки ин хоби одӣ нест. Устод чаро ду зарфи пур нею холӣ ба дастам доданд. Шояд пур кардани он вазифаи ман бошад? Шояд… Бори масъулиятро то манзили мурод кашидан кори осон нест, аммо боварии бузургонро бояд дар назар дошта бошам. Гапи онҳоро ба замин нагузорам.

Дар Пленуми ИН бахшида ба 85-солагии устод Сотим Улуғзод (сентябри соли 1996) Ҷоизаи адабии байналмиллали ба номи Пастернакро аз дасти устод Аскар Ҳаким гирифтам. Дар ҳамон лаҳзаҳо нафаре аз нави­сандагон гуфт, нависандае, ки чунин ҷоизаро гирифт, узви иттифоқ нест? Устод Абдулҳамид ҷавоб доданд: “Марямбону ҳанӯз тавсияи устодон­ро нагирифтаанд, ба ИН ҳуҷҷатҳои лозимиро насупоридаанд.” Устод Шакурӣ гуфтанд, ки наход тавсияҳои менавиштаи мо аз як ҷоиза болотар истад? Ҳамин ҷоиза магар тавсияи олӣ нест? Ҳисоб кунед, ки як тав­сияро ман додаам. Устод Саидалӣ Маъмур илова карданд: “Чӣ мешавад, ки таъҷилан ҳамин ҷо ин масъаларо ҳал кунем?” Ва аъзои Пленуми нави­сандагон ҳама кафкӯбӣ карданд. Дар охири ҷамъомад маро ба муносибати ба узвияти ИН пазируфта шуданам раиси ИН Аскар Ҳаким табрик карда, иловатан гуфтанд: “Одатан вақти қабул аз бисёре наваъзоҳо умедвор мешавем, ки дар сафи нависандагон таҷриба меомӯзанд, назди хонандагон масъулият ҳис карда, оҳиста-оҳиста асарҳои хуб ҳам эҷод мекунанд. Аммо дар мавриди Марямбону дигар шуд: ин кас аввал ба адабиёт хидмат кар­данду баъд узви ИН шуданд. Бубинед, Худо диҳад, ҷуфт-ҷуфт медиҳад. Аз ин пеш ҳеч иттифоқе наафтода буд, ки як адиб дар як рӯз ҳам ҷоиза гира­ду ҳам ба узвият пазируфта шавад.” Банда, албатта, сарафроз будам ва пеши назарам симои аллома Бобоҷон Ғафуровро меовардам, ки ба дастам ду зарфи холиро дода, “Ба пеш!” ме­гуфтанд. Бале, Худо диҳад, ба қавли устод Аскар, ҷуфт-ҷуфт медиҳад, аммо бояд он ду зарфи начандон хурдро аз осори бадеӣ пур кард. Дар назарам он рӯзҳо манзили мақсуд басе дур метофт… Инак, “ҳа” нагуфта, ба синни 70 наздик мерасам. Аммо он зарфҳои дар руъё дидаамро бояд пур кунам. Вақт танг аст…

Аз расонаҳо огоҳем, ки то боз шудани марзҳои миёни кишвари мову ҳамсоякишвар ба зодгоҳ раф­танатон мушкил буд ва дар суҳ­бат бо рӯзноманигорон гуфтед, ки ҳамагӣ ду бор ба зодгоҳ рафтам ва набераҳоям диёри бобоияшонро ҳанӯз надидаанд. Инак, бо тало­шҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев марзҳо кушода шуданду муносибатҳои дӯстонаву бародарона барқарор гаштанд. Оё ба Сӯх ҳамроҳи пайвандон раф­тед?

– Хуб шуд, ки сарварони ду кишвар ба ҳамдигар оғӯши меҳр кушоданду мушкили даҳҳо ҳазор нафарро осон карданд. Рафтуомад бемалол гардид. Агарчи дар ин миён ба зодгоҳ нараф­таам, хешу таборонам меоянд, апаам ҳар сол ба дидорам мерасад. Аслан 17 сол аст, ки ба Сӯх нарафтаам. Чунон ки зикраш рафт, аввал мушкилоти сарҳадӣ буд. Ҳоло ҳам барои зода­гони Сӯх, ки шаҳрвандии кишварҳои дигарро доранд, ворид шудан ба аввалватан осон нест. Гап сари ба ҷазираноҳия (анклав) табдил ёфтани шаҳристони Сӯх аст. Сарҳадбонони қирғиз рухсат намедиҳанд, ки мо озод ба хоки бобоӣ даробаро кунем. Барои озод сарҳадро гузаштан ё бояд шаҳрванди Ӯзбекистон бошӣ ё Қирғи­зистон. Роҳи дигар ҳам ҳаст, яъне, рафтуомад ба маркази вилоят аз та­риқи ҳавопаймои “Кукуруз”, ки на ҳар вақт парвоз мекунад. Барои ин боястӣ ҳафтаҳо дар шаҳри Фарғона бимонӣ, ки банда бо ин тани пур аз дард тобу тоқаташро надорам. Хуллас, замоне саломатӣ буду имкон набуд, имрӯз барои имкони андак саломатӣ нест…

Шуморо ҳамчун бонуи эҷод­коре, ки пайваста барои боло рафтани худшиносии миллӣ бо навиштаҳояш мубориза мебарад, мешиносем. Суҳбататон ҳаме­ша дар атрофи забон, фарҳанг ва таърихи миллат аст. Очерку мақолаҳои зиёде дар бораи шах­сиятҳои адабиву фарҳангиямон навиштаед. Дар зиёд гаштани ҳисси ифтихори миллиятон киҳо саҳм гузоштаанд?

– Маро дар муҳити оила ба рост­гӯйию росткорӣ талқин карда бошанд, ҳаёти донишҷӯӣ боиси ҷон гирифтани аввалин нишонаҳои худшиносиам гардидааст. Баъди хатми мактаби олӣ ҳамчун як фарди сиёҳу сафеди зиндагиро мешинохта дар зеҳнам чуну чароҳои зиёд пайдо мегашт. Ҷониши­ни директори мактабамон Салоҳиддин Заҳваров, ки маро аз фанҳои таъриху ҷамъиятшиносӣ дарс ҳам дода бу­данд, аз бисёр ҷиҳат чашмамро кушо­данд. Ҳамеша аз эшон ба пурсишҳоям ҷавобҳои қонеъкунанда мегирифтам. Дар Маркази методии Вазорати ма­ориф намояндаҳои миллатҳои дигар аз мо, тоҷикон бисёр буданд, ки кам не. Аз муносибатҳои байниҳамдигарӣ ҳам дарсе мегирифтам. Вале солҳои кор дар рӯзномаи “Садои мардум” ба моҳияти ору номуси миллӣ амиқтар сарфаҳм рафтам. Он рӯзҳо ба пеши устод Фотеҳ Абдулло, ки муҳаррири шубаи маънавият буданду мо дар як кабинет менишастем, метавон гуфт, бедортарин шахсиятҳо меомаданд. Суҳбатҳои гарми устодон дар мав­риди худшиносӣ маро худшиностар мекард. Дар тасаввурам дар давоми 3-4 сол гӯиё як донишгоҳи дигарро хатм кардаам.

 Имрӯзҳо ба чӣ кор машғулед?

– Ҳоло бознишаста ҳастам, дар их­тиёр вақти зиёд аст, аммо саломатии хуб надорам. Хайрият Интернет ҳасту мо барин хастаҳолон худро аз ҷомеа берун намеҳисобем. Банда аз ҳамин имкон то андозае истифода мебарам, аз воқеаву ҳодисаҳои ақсои олам хабардорам, лозим ояд, дар масъалаҳои мубрам андешаамро низ ба миён меандозам, дар баҳсҳо иштирок мекунам… Хуллас, дар солрафтагӣ кампираки аз одаму олам бехабар нестам. Албатта, ҳамин ки сӯям илҳом нимнигоҳе кунад, ба ҷон пазироияш мекунам, ҳикояе, қиссае, шеъргунае менависам. Ният дорам, агар имкони молӣ даст диҳад, як-ду дафтари тоза­эҷодамро ба нашр расонам.

Суҳбатнигор Бузургмеҳри ТОҶИДДИН

Дигар хабарҳо