Восифи сарзамини барӯманд ва одамони сарбаланд
Нависандаи маъруф ва машҳур Мутеулло Наҷмиддинов дар аввали солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ба майдони адабиёти навини тоҷик қадам ниҳодааст. Ӯ пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои кор ба даргоҳи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») меояд. Лекин қабл аз таҳсили донишгоҳ адиб дар мактаби ҳаёт сабақ омӯхта буд: солҳои сиюм бадарға гардидани падари мударрисашро худ бидид ва он кас дигар аз он табъиди ноҳақ барнагаштанд. (Сонитар устод ин воқеаи ғамангез ва хеле гарони рӯзгори худро дар ҳикояти басо муассири «Ҳадиси падар» тасвир намудааст).
Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ нависандаи оянда дар синни понздаҳсолагӣ дар сохтмони неругоҳи Фарҳод заҳмат кашид ва пас аз чанде ӯро ҳамчун шахси кордӯст ва одил сарвари бригадаи ҷӯйкобон таъйин карданд. Ду соли заҳмати вазнин сипарӣ гардиду вайро бо як ифтихорнома аз майдони сохтмон рухсат доданд ва ӯ ба кори омӯзгорӣ шуғл варзид. Сипас, чанд муддат мудири қисми илмии мактаби ҳафтсолаи деҳа будааст. (Даврони кораш дар неругоҳи Фарҳод қисман дар повестҳои «Бозгашт» ва «Пайраҳаи шинос» инъикос ёфтаанд…)
Ӯ дар як вақт бо устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба навиштани очеркҳои бадеӣ шурӯъ намуда, беҳтарин намунаҳои онро нигошт ва ин жанри ба истилоҳ ҷанговари адабиётамонро ба пояи баланд бардошт ва устувор гардонд. Аҳли адаб эътироф ҳам карданд, ки дар очеркнависӣ ӯ мактаби худро таъсис додааст. Ва дар ин мактаб як гурӯҳи калони адибони очеркнавис тарбият ёфтаанд. Хушбахтона, фаъолияти ин мактаби адабӣ ҳоло ҳам бардавом аст. Ва ин ҷиҳати фаъолияти адабии ӯ аз ҷониби мунаққидон ва адабиётшиносон баҳои баланд гирифт. Хусусан, устодон М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ арзишҳои баланди фарҳангии асарҳои М. Наҷмиддиновро зикр намудаанд. Масалан, устод Ҷ. Икромӣ дар сарсухани маҷмуаи аввалини очеркҳои адиб «Одамони сарбаланд» навишта буд: «Асарҳои Мутеулло Наҷмиддинов дорои ғояи баланд буда, аз ҷиҳати санъати нигорандагӣ пуртаъсиранд. Ҳангоме ки очерки адибро дар бораи деҳқони полезкор мехондам, аз он бӯйи хуши ҳандалак меомад…».
Азбаски ӯ маводи асарҳои худро дар сафарҳои хидматиаш аз ҳаёти мардуми заҳматкаш интихобан мегирифт, ягон гӯшаю канори ҷумҳуриамон нест, ки ин нависандаи пуркор ба ҷустуҷӯи қаҳрамонони адабии худ ба он ҷо нарафта бошад. Маҷмуаҳои ӯ «Қадри замин ба одам», «Раззоқи олам», «Одамони замини барӯманд» аз беҳтарин таълифоти эшонанд. Очеркҳои устодро аз саҳифаҳои рангини таърихи адабии ҳаёту заҳматкашони деҳот, оинаи зисту зиндагонии соҳибони замону замин ҳисобидан равост. Бесабаб нест, ки ин устод зиёда аз бист сол вазифаи раисии Бахши публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда доштааст.
Мавзуи асарҳои ҳаҷман хурдаш – «Шаби чӯпони куҳансол», «Подоши мукофот», «Саркор писар дорад», «Обу ободонӣ» ва ғайра аз ҳаёти воқеии халқи заҳматкаш буд ва ин хусусият баъдан бо тасвирҳои пурвусъат ва таҳқиқҳои фалсафию иҷтимоии ҳаёт дар асарҳои калонҳаҷми адиб инъикос ёфтаанд. Масалан, романи «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», повестҳои «Ширмоҳ», «Пайраҳаи шинос», «Бозгашт» аз таҳқиқи адабии мавзуъҳои муҳим иборат буда, муаллиф тимсоли қаҳрамонони ҷасур, боадлу инсоф, бунёдгар, покниҳод, ҳақиқатпараст, асоратнописанд, муборизони кори хайрро офаридааст.
Нашриёти «Советский писатель»-и шаҳри Маскав зарурат ва аҳаммияти мавзуъҳои романи «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», повестҳои «Ширмоҳ» ва «Пайраҳаи шинос»-ро, ки солҳои ҳафтоди қарни гузашта ба тоҷикӣ ва русӣ дар ҷумҳурӣ интишор шуда буданд, дарк намуда, онҳоро соли 1989 таҳти унвони «Река ищет русло» дастраси хонандагони сершумор гардонд.
Мавзуъҳое, ки устод Мутеулло Наҷмиддинов ба силки тасвир кашидааст, рангу бӯйи адабии хешро аз даст надодаанд. Имрӯз ҳам мо ин асарҳоро хонда, ба пуррагӣ чунин як фикру ақидаи пурҳикмати нависандаро аз байни воқеаҳои тасвиркардааш пай бурда метавонем, ки ӯ ҳанӯз дар ҳамон вақт моро ҳушдор медодааст, ки аз бодхӯрии (эрозияи) замин, амрози табиату ҳайвонот ва инқирози маънавиёт барҳазар бошем. Зеро ин омилҳо ба ҷомеа зарари маънавӣ низ хоҳанд расонд.
Вақте мо романи «Дарё маҷрои нав меҷӯяд»-ро мутолиа менамоем, дар симои роҳбари хоҷагӣ Бободӯстов тимсоли беадолатӣ, худсарӣ, дараҷаи олии расмиятчигию шуҳратпарастиро мебинем. Муаллиф ба воситаи нишон додани ҳамин симои манфур бар зидди хислатҳои зишти ӯ набарди шадид эълон кард. Он солҳо чунин шахсон дар ҳаёт зиёд дучор меомаданд, ки аз мансабу мавқеи худ суиистифода менамуданд. Дар солҳои шастум, ки ин асар эҷод гардидааст, ягон кас ҷуръат намуда, ин тоифаро танқид карда наметавонист. Зеро вакили парлумон, соҳиби унвони қаҳрамони меҳнат ва дигар нишонҳо буд. Чунин шахсиятҳои ҷомеа бо таъсиру аломати давраҳои шахспарастӣ зуҳур доштанд.
Қаҳрамони мусбати роман мутахассиси кори худ буда, парвардаи замони нав аст. Аслан қаҳрамони мусбати асар, ки ному насабаш Карима Сангинова аст, офаридаи орзую омоли нависанда мебошад ва ӯ ба муқобили беадолатиҳо ва ҳақнописандиҳои раиси куҳнапараст ба қиём бармехезад. Нависанда ақидаи худро баён медошт, ки деҳқон ва чӯпони одӣ дар назди раис ва роҳбари лаҷомгусехта бандаю ғулом нест. Балки метавонад, ки ҳаққашро талаб намояд ва аз ҳама муҳимаш худро шиносаду фикри дар дил доштаашро ошкор изҳор карда тавонад. Адиб ин ҳадафи худро бо симои Карима нишон медиҳад. Кас ин романро амиқан мутолиа намуда, ба хулосаи қатъие меояд, ки ҳоло ҳам он куҳна нашудааст ва дар тарбияи худшиносӣ ва бедории миллӣ солҳо хидмати назаррас хоҳад кард.
Нависандаи хушзавқ М. Наҷмиддинов дар повести «Ширмоҳ» нишон додааст, ки истеъдоди фитрии дар деҳаи дурдасти кӯҳистон пайдогашта ба тамоми миллат дахл дорад ва ягон садде нест, ки пеши роҳи онро бигирад. Ҳарчанд ки соҳиби ин истеъдод бо душвориҳои хеле зиёд ба худ роҳ меёбад ва он мисли чашмаест, ки аз мағзи хоросанг метаровад. Саҳифаҳои повест басо рангин навишта шудаанд ва хонанда ин китобро ҳамчун дигар асарҳои адиб бо шавқ мутолиа менамояд.
Силсилаи масъалаю муаммоҳои муҳити зистро мо дар повести «Пайраҳаи шинос» мебинем, ки муаллиф онҳоро моҳирона уқдакушоӣ кардааст.
Устод М. Наҷмиддинов ба шогирдон сабақ медод, ки рӯзноманигор ва нависанда асарашро ҳамеша бояд бо виҷдони пок эҷод намоянд. Дар ин бобат ӯ аз фаъолияти рӯзноманигории худ воқеаеро ҳикоят мекард: боре сармуҳаррири рӯзномаи ҳизбӣ ба ӯ супориш додааст, ки дар мадҳу ситоиши раиси ордендор очерки калонҳаҷм нависад.
– Ҳаёти раиси ин хоҷагиро хуб омӯхтам,– қисса менамуд устод. – Раис унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дошт, вакили парлумон буд, гӯё ҳамаи корҳояш хубу хоҷагӣ пешқадам ҳисоб меёфт. Аммо ман ботинан дарёфтам, ки дар кору омоли ин раис нопокиҳо ниҳонанд. Бинобар ин, дилам намехост, ки ман дар ситоиши вай очерки калоне нигорам. Агар ҳақиқатро менавиштам, дар идораи рӯзнома қабул намекарданд, зеро дар бораи ин шахс фақат чизи таърифӣ навиштан зарур буд. Аз суҳбати як зан, ки дар ҳамон хоҷагӣ зиндагӣ дошт, гумонҳою тахминҳои ман исбот шуданд. Маълум гашт, ки ҳар субҳ қассоби махсусе дар ҳавлии раис гӯсфандеро забҳ мекардааст, то писари ноболиғаш ҷигарбирён хӯрда, мошини хосашро ронаду ба мактаб равад. Ҳарчанд ки ӯ ҳуқуқи ронандагӣ надошт. Ҳар рӯз як зан аз чашмаи дур барои чойи раис об меовардааст, зане дигар чалакҳои чорвои ҳавлии раисро аз об пур мекардааст. Зани сеюм дар сари дегдон ҷунбуҷӯл карда, косаю табақхоро мешустааст ва таом мепухтааст. Зани худи раис фақат бо пардози оразу зулфонаш андармон мешудааст. Заминро халқ обод мекунад, вале кори халқро ба раис нисбат медиҳанд. Раис бо ёрии пуштибонони болонишинаш ҳаққи дигар хоҷагиҳоро низ тасарруф менамояд.
Сипас устод М. Наҷмиддинов дар бораи ин раис навиштани очеркро қатъан рад мекунад. Ва дар бораи боғбоне асар менависад, ки дар ҳамон хоҷагӣ мезистаасту як қитъа замини кӯҳро бо заҳмати ҷонкоҳ аз санг тоза карда, чорбоғи себу зардолу бунёд намудааст. Ба бехи ниҳолон бо мошин об мекашондааст.
Бале, адиб хилофи виҷдони худ амал накард…
Аз асарҳои Мутеулло Наҷмиддинов чандин наслҳои ҷавон баҳра бардоштаанд ва ҳоло ҳам онҳо қимати бадеию эстетикии худро гум накарда, хонданбоб ва ибратбахш мондаанд. Бо ин асарҳо наслҳои нав ба нав низ тарбият меёбанд. Зеро устод аз пайи тақлидкорӣ нарафта, бо ҷустуҷӯ ва сабку равияи хос сухани худро гуфтааст. Бинобар ин дар таърихи адабиёти навини тоҷик мақому мавқеи муносиби худро дорад.
Боз як ҷиҳати зубдаи фаъолияти эҷодии нависандаро қайд кардан зарур аст, ки ӯ бо асарҳои худ дар байни тоҷикони муқимии Осиёи Марказӣ ва ҷумҳурии мо ҳамчун шаҳпуле неруи тавоно ва пурҷозибаи васлгарӣ дорад. Асарҳои ӯро дар ин кишварҳо хуб медонанд ва пайваста мутолиа мекунанд. Инро мо дар рӯзҳои ҷашни 70-солагии адиб нағз фаҳмидем ва мушоҳида карда будем. Мехоҳем боз як паҳлуи дигари ҳунари адибро ба ҷавонони болаёқат ва соҳибистеъдод махсусан зикр намоем. Солҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») буданаш ва дар дигар нашрияҳо, хусусан рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ кор карданаш М. Наҷмиддинов аз гӯшаю канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ истеъдодҳои нодирро ҷустуҷӯ карда, тарбият менамуд. Онҳо аз устод сабақ омӯхта, аксарашон сармуҳаррирони рӯзномаҳо ва нашрияҳои давлатию ҳизбии ҷумҳурӣ гардиданд. Чун мураббии ғамхор барои камолот ва пешрафти кори эҷодии ҷавонони болаёқат кумаки худро ҳеҷ гоҳ дареғ надоштааст. Дар саҳифаи адабии «Илҳом», ки ӯ дар рӯзномаи ҷавонон ҳамон вақт таъсис дода буд, порчаҳои осори эҷодкорони ҷавон бо сурат ва шарҳи ҳолашон пайваста чоп мешуд. Чанде аз он адибон имрӯз ифтихори адабиёти тоҷиканд.
Замоне ки дар нашриёти «Ирфон» ба ҳайси мудир кор мекард, ба ҷавонони болаёқати навоҳии гуногуни Тоҷикистон дар чоп гардидани асарҳояшон мадад мерасонд.
Устод М. Наҷмиддинов аз ҷумлаи адибонест, ки эҷодиёти ӯро халқ эътироф кардааст. Он чиз ҳам далели тасдиқи ин суханони мо шуда метавонад, ки дар охири соли 2000 як даста рӯзномаҳо бо ташаббуси худ барои муайян намудани беҳтарин журналисти қарни ХХ афкори умум ташкил карда, ба муассисаҳою иттифоқҳои эҷодӣ, кафедраҳои рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ ва ба нашрияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намуда буданд. Дар ҷамъбасти афкори умум устод Садриддин Айнӣ, ҳамчунин Отахон Латифӣ ва Мутеулло Наҷмиддинов беҳтарин журналистони қарни ХХ дониста шуданд.
Устод М. Наҷмиддинов дар бораи ҳақиқати зиндагӣ, фаъолияти эҷодию ҷамъиятии шахсиятҳои нотакрор – Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода ва дигар адибон қиссаи ҳуҷҷатӣ-бадеӣ навишта, дар матбуоти даврӣ чоп кардааст. Ва ин асарҳоро таърихнигорон дар корҳои илмии худ бамавқеъ эътироф ва истифода кардаанд.
Устод Мутеулло Наҷмиддинов бо асарҳои худ ҳамеша зинда мемонанд. Беҳтарин қаҳрамонони асарҳояшон, ки устоди фарзонадудмон офаридаанд, шоҳроҳи накӯкории муаллифро дар арсаи ҳаёт муваффақона идома медиҳанд.
Бахтиёр Муртазо,
Нависандаи халқии Тоҷикистон