Аз бурду бохти шоирони ҷавон

 Аз бурду бохти шоирони ҷавон

Имрӯз шоирони ҷавони тоҷик китобҳои ашъори худро ба чоп мерасонанд ва намунаҳое аз эҷодашон пайваста дар нашрияҳои адабии Иттифоқи нависандагон интишор меёбад. Аммо нақди адабӣ, чунонки лозим аст, ба навиштаҳои онон таваҷҷуҳи амиқ зоҳир накарда ва мушаххас нанамудааст, ки ҳунари шоирияшон дар чӣ сатҳе қарор дорад ва нуқтаҳои қуввату заъфашон дар куҷост. Барои андак боз шудани сари калобаи ин масъала назари ду коршиносро дар зер меоварем:

Аскар ҲАКИМ,
Шоири халқии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ

– Суоли шоири ҷавон ва ё шоир дар ҷавонӣ чиҳо бояд кунад, дар гузашта ҳам вуҷуд дошт, аммо «шеъри ҷавонон» ҳамчун мафҳуми куллӣ, ки мавриди таҳқиқ қарор бигирад, нисбатан нав аст ва заминаву сабаби пайдоиши худро дорад, ки ба хусусияти замон вобаста аст. Ба назар чунин мерасад, ки он пеш аз ҳама ба пайдоиши матбуот ва ҳоло ба воситаҳои фаннии интишорот, ҳамчун радиову телевизион ва интернет бастагӣ дорад, ки чизи навиштаи пиру ҷавон зуд дастраси ҷомеа мешавад ва ташхиси он, ки муаллиф дар чи синн аст, осон мебошад. Боз ба замми ин, озмунҳои гуногуни шеъри ҷавонон баргузор мегарданд ва маҷмуаҳои дастаҷамъии онон ба чоп расонида мешаванд, ки онҳо ҳам барои шинохти «шеъри ҷавонон» маводи хубанд. Банда дар баъзеи онҳо ба сифати раиси доварон иштирок доштаам ва ба маҷмуаашон сарсухан ҳам навиштаам. Ин василаҳо имкон медиҳанд, ки зери мафҳуми шеъри ҷавонон як манзараи мушахасси адабӣ дарк карда шавад, ки вежагиҳои худро дорад. Ин вежагиҳо аз чӣ иборатанд ва онҳо дар қиёс бо кадом давра ва кадом насли шоирон муайян карда мешаванд, ки воқеиву мушаххас бошанд. Ба назари банда, манзури ҳафтавор ҳоло ба таври куллӣ як андоза равшан кардани вазъи шеъри ҷавонон дар қиёс бо ҳолати умумии шеъри ҳамин замони мо мебошад.

Дар яке аз маҷмуаҳои ашъори шоирони ҷавон, ки ман мураттибию муҳарририашро ба зимма доштам, намунаи шеърҳои бисёр шоирони ҷавон ҷой дошт. Албатта, дараҷаи маҳорату тавоноии онҳо аз ҳам фарқ мекард, вале дар байни онҳо касоне буданд, ки дараҷаи зарурии малакаву таҷрибаи шоириро доштанду ашъорашон аз ҷониби хонандагону ноқидони шеър ба хубӣ пазируфта шуда буд. Ҳоло агар қарор бошад, ки номи чанде аз шоирони ҷавони ин марҳала ба забон оварда шавад, ки эҷодиёташон қобили таваҷҷуҳи махсус аст, ба фикри ман, бояд номҳои Фирдавси Аъзам, Муҳриддин Сабурӣ, Баҳром Раҳматзод, Рустами Аҷамӣ, Бобаки Суғдӣ, Эҳсон Раҷабӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Ҳаким, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Насимбек Қурбонзода, Саид Ризо, Шаҳриёр Олимӣ, Кӯҳзоди Фатҳулло, Мафтуна Қосимзода, Иброҳим Дӯстализода, Шаҳёд… гирифта шаванд.

Аз рӯи мутолеаи ашъори ин ва ҷавонони дигаре, ки имрӯз дар шеъри мо ҳузур доранд, мешавад ба хулосае расид, ки шоирони ҷавон имрӯз мекӯшанд, ки дар шеърашон муҳтаво тозаву паҳнои андеша фарохтару амиқтар, сувари хаёл шайъиву маҳсусу рангинтар, сабку забон корхӯрдаву пурмоятар, эҳсосоту таассурот гарму муассиртар бошад. Онҳо ба ин манзур ҳам аз шеъри классику муосири мо, ҳам аз дастовардҳои шеъри ин давраи ҳамзабонон – Эрону Афғонистон ва ҳам шеъри ҷаҳон суд меҷӯянд, ки доманаи андешаву тахайюлоти онҳоро фарохтар менамояд. Сифати дигаре ҳам дар осори онҳо муҳимм аст, ки он кӯшиши навиштан ба сабки худ мебошад. Ин бешубҳа кори содае нест, зеро сабк тамоми ҷиҳатҳои муҳтаво, бадеияту сохтори осорро дар бар мегирад ва дар баробари ин дар эҷодиёти як нафар ҳам ба тарзу намои гуногун рух намуданаш мумкин аст.

Як чизи дигаре, ки махсусан ба шоирон ва ҷавонон бештар тааллуқ мегирад, талоши ҳарчи зудтар ба чопу нашр расонидани навиштаҳояшон аст, ки ҳарчанд хусусияти замони тундрави мост, аммо баъзан бар манфиати эҷоди бадеӣ нест, зеро ҳар асари асили бадеӣ даъвии мондагории абадӣ дорад. Бинобар ин, менависанд, ки дар Юнони қадим нависандагону шоирон мисли сандуқ даҳ чизе доштанд, ки асари навиштаашонро ба он меандохтанд ва пас аз як сол онро гирифта, хондаву таҳрир карда, ба сандуқи дувум меандохтанд ва то даме ки он асар ҳар сол аз як сандуқ ба сандуқи дигар рафта, аз сандуқи даҳум нагузарад, ба интишор намедоданд, яъне аз байн даҳ сол мегузашт. Шояд ин ҷо муболиға ҳам бошад, аммо ба ҳар ҳол болои асар гаштаву баргашта кор карда, онро ба дараҷаи олии камол расонидан ҳеҷ вақт бар зарари кор нахоҳад буд.

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО,
мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИ:

– Шеър сарсилсилаи ҳамаи анвои адабист. Аз ин ҷиҳат шоирон, пеш аз ҳама, қудрати посух додан ба масоил ва мушкилоти рӯзгори хешро доранд. Шеър шабеҳи ҳамон паҳлавонест, ки ҳангоми режа рафтани варзишкорон дар бозиҳои олимпӣ парчами кишвари худро барафрохта, миллати хешро муаррифӣ менамояд. Дар адабиёти форсии тоҷикӣ шеър ҳамеша дар ҳамин мақоми баланд қарор дошта, шебу фарози тайкардаи мардуми ориёиро дар тамоми давраҳои таърихӣ ба хубӣ инъикос додааст.

Дар замони муосир низ шеъри тоҷик ҳамон рисолати азалии худро анҷом медиҳад ва дар арсаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ пешгому илҳомбахш аст. Дар ду шумораи ахири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” тибқи риволи гузашта, намунаҳое аз назми муосир пешкаши хонандагон гардидааст. Дар шумораи №36-и рӯзнома се ғазали Оминаи Ҳамроҳ ба табъ расидааст, ки шоири ҷавон дар доираи ҷаҳонбинии кӯчаки хеш қасд дорад, дунёи ботинашро боз намояд. Ин шоир дар ибтидои роҳи эҷодӣ аз “ғариқи саҳваму маҳви хато” суҳбат мекунад ва қасд дорад ба ҷурми хатои нокарда сайри афкорашро ба дасти хеш ба бунбаст бикашонад. Бо эълони саҳву хато вориди адабиёт шудан барои як шоири ҷавон чандон фоли хушоянде нест, чунки адабиёти мо ба афкори созандаи насли ҷавон умеди калон дорад.

Дар шумораи №35-и рӯзнома намунаи ашъори Сурайё Ҳакимова ва Бузургмеҳри Баҳодур нашр гардидааст. Аз Сурайё се ғазал ва чор пора шеъри кӯтоҳ ё ҳойку чоп шуда, ки дар онҳо эҳсосоти маҳрамонаи шоир, ки олами ботинии ӯро мунъакис мекунанд, ба намоиш гузошта шудааст. Ғазалҳои интихобкардаи Сурайё ғазали хубу хонданӣ ҳастанд ва завқи зебоипарастиро тарғиб мекунанд.

Дар ин миён дар шеърҳои Бузургмеҳри Баҳодур масъалаҳои ҷиддитари ҳаёт бештар матраҳ гардидааст. Бахусус, дар шеъри тамсилии кӯтоҳ, ки «Тарс» ном дорад, шоири ҷавон ҳикмати зиндагиро ба таври шоирона ба тасвир кашидааст. Ҳамин тавр фазосозӣ дар шеърҳои “Чароғи деҳа хомӯш аст”, “Сояи марг” ва “Дар мотами гулҳо” моҳирона сурат гирифта, паёми шоир равшану гиро ба гӯши мухотаб мерасад. Вижагии шеъри Бузургмеҳри Баҳодур дар он аст, ки масоили иҷтимоиро дар шеър ба хубӣ ҳазм намуда, дар либоси шоирона пешниҳоди хонанда мекунад. Вижагии дигари шеъри Бузургмеҳри Баҳодур қудрати дарки мавзуъ ва баёни шоирона аст. Ин шева баёнгари маҳорати адабии шоир аст. Сурудаҳои Бузургмеҳри Баҳодур аз назари кашфи мавзуъ, тарзи баён ва шӯру ангеза ба шеъри устод Лоиқ Шералӣ шабоҳати зиёд дорад.

– Бо ин васф, шеъри тамоми шоирони ҷавони муосири тоҷик дорои як ваҷҳи муштарак аст – тасаллути пессимизм бар зеҳну шуури шоирон. Ин шева таърихи куҳан дорад ва баъдан ба як одат ва ё рукни шеър табдил ёфтааст. Акнун замони он фаро расидааст, ки ин ниқоб аз чеҳраи шеъри ҷавони тоҷик бардошта шавад, то назми мо мисли шеъри Рӯдакӣ дубора оламгир гардад.

Дигар хабарҳо