Номаи шодбошии ИНТ ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ
Адиби арҷманд, устод Гулрухсор Сафӣ!
Шумо дар навҷавонӣ ҳамчун узви фаъоли маҳфили адабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) ному шуҳрат ёфтед ва намунаҳои ашъоратон дар нашрияҳо муттасил ба табъ мерасиданд.
Аз соли 1970 то 1981 ба сифати муҳаррир дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» фаъолияти пурбору назаррас доштед ва дар пурмуҳтавотару хонданитар шудани ин нашрияҳо саҳми шоиста гузоштед. Аз соли 1981 то 1986 ҳамчун котиби Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сипас муддате ҳамчун раиси Хазинаи маданияти Тоҷикистон дар рушду нумуи фарҳангу адаби миллиямон хидматҳои шоён кардед.
Баъдан то соли 2002 раисии Фарҳангистони байналмилалии «АвруОсиё»-и Русияро ба зимма доштед ва баъдан Фарҳангистони байналмилалии шеъри ҷаҳонро таъсис додед, ки то ҳол таҳти роҳбариятон фаъолият дорад. Ашъори Шумо аз оғоз таровату тозагии хос дошт ва таваҷҷуҳи хонандагонро ҷалб мекард. Аз нахустин навиштаҳоятон, ки дар рӯзномаи маҳаллии «Қаротегини советӣ» чоп мешуданд, истеъдоду қареҳаи хуби шоириятон аён буд.
Маҷмуаи аввали шеърҳоятон – «Бунафша», ки соли 1970 бо пешгуфтори устод Боқӣ Раҳимзода ба табъ расид, бароятон роҳхати расмӣ ба дунёи адабиёт буд ва Шуморо чун гӯяндаи баистеъдоди шеърҳои пуршӯру пурҳарорат муаррифӣ кард. Устодони сухан шеърҳоятонро хуш пазируфтанд ва бо ҳамин дар муддати кӯтоҳ соҳиби шуҳрату мақом ва эътибор гардидед. Пухтагии сухану шеърияти шаффоф, шуҷоати камназири адабӣ ва эҳсосоти латифи хосатон баъдан дар маҷмуаҳои дигари ашъоратон «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984), «Оинаи рӯз» (1984), «Оташи суғд» (1986), «Руҳи Бохтар» (1987) ва «Қасидаи кӯҳистон» (1988), ки дар замони шуравӣ чоп шудаанд, дурахшиши бештар ёфтанд ва ба Шумо маҳбубияту маъруфияти бештар оварданд.
Дар даврони Истиқлол фаъолияти эҷодии Шумо аз ҷиҳати мавзуъ, дарунмоя, тарзи баён ва услуби нигориш вусъати бештар ёфт. Маҷмуаҳои ашъори «Тахти сангин» (1992), «Зодрӯзи дард» (1995), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Паймонаи ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009), «Шуъла дар санг» (2010), «Сад оҳи як нафас» (2012), «Дигар ишқ» (2014), «Чароғи сурхи танҳоӣ» (2017), «Лабчанг» (2018) ва ғайра вусъат дида, ҳунари баланди шоирӣ ва навовариву тозагӯиятонро ба хубӣ нишон медиҳанд.
Шумо дар ин маҷмуаҳо аз ғазалу рубоиву дубайтӣ то шеъри нимоиву сапедро таҷриба карда, дар ҳар яке аз ин қолабҳои суннативу нав тавфиқи комил ёфтаед ва дар руҳия гирифтани онҳо саҳми чашмрас гузоштаед.
Маҷмуаҳои «Сипар» (1990), «Гулчини ашъори Гулрухсор» (1993), гузида ва девони ашъоратон, ки солҳои гуногун ба хатти ниёгон дар Эрону Афғонистон интишор ёфтанд, аз ҷониби ҳамзабонон мавриди истиқболи гарм қарор гирифтанд ва номатонро дар радифи шоирони маъруфи қаламрави адабиёти муосири форсӣ гузоштанд.
Шеърҳоятон ба забонҳои зиёди мухталиф тарҷума ва дар нашрияҳои бонуфузу китобҳои алоҳида нашр шудаанд. Худ низ намунаҳои осори адибони машҳури ҷаҳон О. Бергголтс, Г. Лорка, Г. Мистрал, М. Булгаков, А. Камю, М. Бойҷиев, М. Лермонтов, Р. Казакова, Т. Кузовлева, А.Дементйев, Файз Аҳмади Файз, Йордан Милев, С. Капутикян ва дигаронро ба забони тоҷикӣ бо чирадастӣ тарҷума ва пешкаши хонандагони тоҷик кардаед.
Шумо дар жанри достон низ табъозмоӣ карда, як силсила достонҳои хубу хондание офаридаед, ки «Сипар» (1983), «Руҳи урён ё ҳафт суруди носурудаи Робия» (1986), «Жакон» (1990), «Сиёҳу сафед» (1993), «Ману шаб» (1990), «Озарахш» (2006), «Мурофиаи баҳор» (2006), «Таърих гувоҳ аст» (2011), «Муждаи арғушти як ҷуфти парасту» (2012), «Қандил» (2014) ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.
Дар эҷоди асарҳои мансур низ ҳунарманду қавидаст эътироф шудааед. Романи «Занони сабзбаҳор», ки соли 1988 эҷод шуд, ба яке аз китобҳои пурхонандтарин табдил ёфт ва номи Шуморо чун аввалин зани романнависи Осиёи Миёна дар таърихи адабиёт сабт кард. Асари «Зан ва ҷанг», романи «Сакарот» ва китоби «Рӯзномаи берӯз» низ гувоҳи тавонмандиятон дар эҷоди насри бадеӣ мебошанд.
Барои кӯдакон низ як силсила ашъору намоишномаҳои ҷолибе чун намоишномаҳои «Зилзила», «Ба мо бовар кунед», «Озода» ва «Ғори аҷинаҳо» эҷод кардаед ва онҳо дар саҳнаҳои театрҳои кишвар манзури тамошобинони наврас шудаанд.
Дар арсаи таҳқиқу пажуҳиш низ корҳои шоистае анҷом додаед, ки натиҷааш «Фолклори водии Қаротегин» (1984), «Шинохти рубоиёти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ» (2000), «Китоби гӯё» ва дувоздаҳ барномаи таҳқиқии радиоии «Атри Ҷӯи Мӯлиён» (2011) мебошад.
Ба унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон (соли 1999) қадрдонӣ шудан ва соҳиби Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1976), Комсомоли ленинии умумииттифоқ (1978), Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2003) ва Ҷоизаи адабии ба номи Ҳелмут Ҳаммет (ИМА, 1994) гардиданатон далели баландии мақоми Шумо дар арсаи фарҳангу адаб аст.
Ҷашни фархундаи 75-солагиятонро бо самимият шодбош гуфта, ба Шумо сиҳатмандии бардавом ва сарсабзии мустадом орзумандем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон