Ҷомеае, ки ҳама орзуяш мекарданд

Гоҳе дар ҷамъомаду ҳамоиш, вохӯрӣ  ва маҳфилҳои адабию фарҳангӣ ҷавонон пурсон мешаванд, ки чаро мавзуи  ҷанг, азоби гуруснагию оворагии мардум ва маҳрум гардидани иддаи дигар  аз ҷигарбандону пайвандон ва наздикону хешон таваҷҷуҳи шуморо ҷалб  мекунад. Ман дар посух ин ҳақиқати  муқаррарӣ, вале дар айни ҳол талху  сӯзонро, ки дилҳоро хонаи ғам ва ҷигарҳоро ғарқоби хун месозад, пас аз  андешаи тулонӣ як-як баён мекунам ва  бори дигар аз қувваи муассиру созанда  ва ободкори сулҳ дар баробари ҷанг  ёдовар мешавам. Охир, бани башар  дар дарозои таърих пас аз низоъу  кашмакаш, талафоту қурбониҳо, маҳв  сохтани мавҷудоти рӯйи олам, аз ҷумла, бошууртарину шарифтарини он – ҳазрати Одам батадриҷ ангушти пушаймонию надомат газида, аз амалҳои  бадгавҳаронаи хеш шармсору сарафканда рӯйи ниёз ба созишу муросо ва  тинҷию осудагӣ овардаанд. Бо фароҳам  гардидани сулҳу ворастагӣ эшон худхӯриҳои ботиниро шабону рӯзон аз сар  гузаронда, ба худ суол медоданд: чаро  даст ба қатлу куштор, ҷангу хунрезӣ ва  вайронию хонабарандозии ҳамҷинси  хеш задаанд? Талаби манфиатҳои  шахсӣ, гурӯҳӣ, бештару зиёдтар соҳиб  гардидан ба заминҳои ҳамдигар, вазифаю мансабталошӣ, ҳукмронии мутлақ,  «санги худро даҳ ман тарошиданҳо»  ва саранҷом, қавму қабоили дигареро  бо зӯрдастӣ зери тобеияти худ даровардан. Магар кулли ҳамин омилҳо  муҷиби сар задани ҷангу бо ҳам даргир  шудан набуду нест? Пас, нолаю навҳа  ва фиғони тифлону модарон оворагию  сарсонии занону мардон ва солхӯрдагону мӯйсафедон, дар ҷустуҷӯи пораноне  сар ба ҳар кӯй задан, фирор аз зодбуми  аҷдодӣ… ин ҳама бо ҷурму гуноҳ ва  айби кӣ? Барои чӣ? Он, ки имрӯз дар  кадом гӯшаю канори сайёраи замин оҳу афғони тифле боло мешаваду  синаи осмонро мехарошад, киро ба  андешаву муроқибат мебарад? Ман ин  гуна гиряву мӯяи тифлонро дидаам, аз  наздик ҳангоми ҷанги бемаънии дохилӣ,  ки тифл падару модар меҷусту ашки  бари рухсораҳояш хушк нагардида, аз  дарди тавонкоҳи гуруснагӣ нотавону  оҷизу забун каноре, рӯйи замини пурхок  афтида, хобаш мебурд. Модар аз пайи  ҷустуҷӯи фарзандони бузургаш дар  гӯшаи дигар овораю сарсон рӯзро ба  шаб мерасонд. Мардуми ҳасратнасиб  афсурдаву ошуфтаю дар илоҷи хомӯш  кардани оташи ин ҷангу бедод бечора!  Ман дигар садои дилрешкунандаи  нолаи тифлеву модари зорро шунидан намехоҳам! Бонгу ҳоюҳӯй, садои  ваҳмангези таркиши гулӯлаҳо, ғурроси  техникаи вазнину парвози бетанаффуси чархболу тайёраҳои ҷангӣ ва тарсу ҳаросу изтироб. Тарсу ҳаросу изтироби тифлеву модаре, даҳшати дар ин муқовиматҳои руёрӯӣ ва оташкушоиҳо маҳв гардидан. Пурсида мешавад: барои чӣ  ва кадом мақсад? Гуруснагӣ, бемориҳои сироятии гӯшношунид, ифлосию  касифӣ, бӯйи тааффун, дуди оташу  қурбониҳои навбатӣ. Чаро?! Ба хотири  чӣ? Ман дигар нони сабӯсию ҷавин,  зағораю ҷуворимаккагиро истеъмол кардани мардумро дидан намехоҳам.

Озодӣ, ворастагӣ, тулуи хуршеду пайки рӯзи нав одамонро бо хотири  ҷамъу дили беғам ва руҳи барозанда  истиқбол мегиранд. Аммо…Чаро дубора бо бераҳмии тамом дар кадом  гӯшаи олам ҷанг идома меёбад? Чаро,  ба бахти бади мардуми он кишвар  дар навор, дар моварои вайронаҳои  иморату биноҳои валу валангор тифли  танҳои бекасу кӯйро, ки лабҳояш парсинг бастаанд ва сиришки талх аз дида меборад, мебинам?

Оваҳ, оваҳ аз душманони рӯзҳои  неку саодатбор, адувони сулҳу озодӣ, ки бо сарнавишти бани одам бозиҳо анҷом медиҳанд, ҳатто аз барҳадар  рехтани хуни инсон ба қадри донаи ҷав  парвое надоранд. Гуманизму ормонҳои олии инсонӣ куҷо шуданд?

Аз ман мепурсанд: шумо ҷое нигоштаед, ки таъми нони сабӯсӣ турш буду  ба кому вораҳои дандон мехалид, бӯйи  ногуворе дошт. Ҷойи дигар аз нони ҷавин ҳикоят кардаед, ки сахту сангин буд  ин навъи нон ва хӯрданаш ба душвор  даст медод. Нони ҷуворӣ (зағора)  дилро тагу рӯ мекард, истеъмоли он  ба ҷон кандан баробар буд. Ва аз ин  гуна нақлҳо, ки сояи вазнине рӯйи қалб  мегузоштанд, бешумору беохир овардаед дар китобатон. Ин ҳамаро чӣ тавр  эҳсосу дарк ва таҷриба кардаед? Ман  ин ҳамаро дар ҷисму ҷонам таҷриба  кардаам, ба як сухан аз сар гузаронидаам. Азобҳои муҳлики ҷангро дида, садҳо бор мурдаму зинда шудам. Аммо … лаб ба шикваю шикоят накушодам.  Ҳароина, заифнолию шикваситезӣ дар  сириштам вуҷуд надошту ин «дард» бароям бегона буду ҳаст.

Нон! Неъмати волотарине, ки одамон ҳамеша ниёз бар он доранд. Аммо ҳине, ки оташи ҷанг аланга мезанад, магар барзгарро ёд аз киштааш меояд?  Магар вай осудадилу ба майлу хоҳиши  бепоён аз пайи парваридани ниҳоли  гандум мешавад? Дареғо, ки бо шуруи  ҷанги дохилӣ кишту зироат поймоли  ҳайвоноту чорпоён гардид. Таъбирест  хеле маъмул – «гурусна ба шер задааст». Ман он лаҳзаҳои сангинро, ки  шоҳиди ҳол будам, дар навиштаҳои дигарам инъикос кардаам.

Сухан сари хӯшачинии бачагону духтарон ва занону модарон меравад.  Ҳангоме ки гандум пухта мерасид, аз  бенигоҳубинӣ хӯшаҳои пурбор хушк шуда, ба замин мерехтанд. Ва занону бачагон ва духтарон халтаҳо дар даст сӯйи заминҳо мешитобиданд ва хӯшаҳоро чида, ба халтаҳо ҷо карда, ба  хонаҳояшон меоварданд. Ва ин хӯшаҳоро дар офтобрӯя биншаста, бо аҳли  хонадон бо кӯбаи чӯбин мекӯфтанду  донро ҷудо мекарданд. Баъди чанд рӯз гандумро ба осиёб мебурданд. Ва орди андаки аз дони гандуми тозакардашудаи тайёрро оварда, хамир мекарданду  нон мепухтанд. Нони суп-сурхи навакак  аз танӯр кандашуда чӣ таъми ширин ва  гуворое дорад! Аммо ин ҳаловату роҳат  як ё ду рӯз идома меёфту халос. Чанд мушт орде, ки аз хӯшаҳои ҷамъоварда орд шуда баҳри пухтани нон сарф  гардид, тамом мешуд. Дафъатан ғаму ташвиши ҷустани гандуму ҷав ва орду пухтани чанд дона нон, ки ба қавли кампири Оламбибӣ, ба даҳони касе намерасид, фаро мегирифт одамонро.  Рӯзҳои тиратарину машъумтарин паси  сар шуданд?! Оре, бо чӣ ранҷу азобҳо, ки тафсилоти он ҳама ногуфта беҳ!

Вале магар он айёми сангини мудҳишро метавон зуд фаромӯш кард?  На, на! Ана барои чӣ ба инсон хотира  лозим аст. Ба шарофати хотира одам  ҳамвора рӯзҳои талху дар вартаи ҳалокат қарор доштанашро пеши назар  меорад, он мушкилию дармондагӣ ва  рӯ ба раҳми тақдир дар аъроф монданашро таҳлил мекунад, хулоса мебарорад ва бо рӯзҳои неку фирӯзу файзбор  муқоиса ва он рӯзгоронро чун хобҳои  сиёҳу кобусӣ мепиндораду шукрона аз  тақдиру аз тинҷию амониро ба ҷо меорад. Воқеан, аз қадимулайём одамон  аз таҷрибаи зиндагӣ, аз ҳикмате ёдовар  мешуданд. Ҷанг бадбахтист, дар пай  наҳсию касофатӣ, хел-хел бемориҳои  шадиди ҷисмонию гуруснагию бенавоӣ  дорад. Ва бемориҳои вараҷа, исҳоли  хунин, хоришак, варами меъдаву ҷигар,  зарпарвину аз ин табор сирояткунандаро ба бор меорад ин ҷанг. Дар ҳар  деҳу музофот, аз ҷумла, рустои мо низ  дар роҳу дар хонадони мардум овозаҳо мешунидем:

 – Ин бемориҳои гӯшношунид аз  наҳсии ҷанг аст. Кӣ 20-30-соли охир ёд дошт чунин касалиҳоро?

 – Эҳа, аллакай нисфи деҳа мубталои вараҷа, хоришак, варами ишкам,  домана шудааст. Тавба, ғазаби Худоро  бинед, аз дасти бандаҳои ношукр ба ҳамин рӯзҳо расидем.

 – Худо кунад, ки ҷанг зудтар анҷом  ёбаду аз ин офату балоҳо халос шавем,  вагарна ҳоламон забуну хӯрдагиямон заҳр мешавад дар баданамон.

 – Ба болои сӯхта намакоб, азоби  нонковию гуруснагӣ як тараф, боз ин  касалиҳо рӯ заданд. Бечора мардум  дар байни обу оташ монда, сарҳисоби зиндагияшро гум кардааст.

Шоҳиди ҳол будам. Қаҳтӣ низ чун балои осмонӣ зуҳур кард ва одамон дар орузи баҳори нозанин, ки алафу гиёҳҳои кӯҳӣ сар аз хок мекашанду аз  ин неъмати беминнат ҳар гуна ғизову  хӯрданӣ омода мекунанд, ба умед шомашонро ба субҳ мерасонданд.

Самбӯсаю чалпаки алафӣ аз пудинаю ҷағ-ҷағ, мастова аз сиёҳалафу ров  ғизоҳои он замон буданд ва ҳангоми  тутпаз рӯ ба тут меоварданд. Худ аз  худ равған ноёб гардид. Мардум аз  беравғанӣ афшурдаи помидорро бо  оби гарм якҷо ба дег андохта, хӯрок  мепухтанд. Ба замми ин ҳама, собун  тухми анқо гардид. Гоҳ-гоҳ дар бозорҳои деҳу ноҳияҳо собунҳои сиёҳ пайдо шуд, ки бо роҳу василае ба ном  «савдогарон» тайёр карда, ба фурӯш  мебароварданд. Ва бемориҳои сироятии хатарзо аз нопокию ифлосӣ ва паҳн  гардидани микробу вирусҳо сар заданду бар ҷисму ҷони одамон тасаллут  пайдо карданд. Ва мардум пул надошт,  ки аз дорухонаҳо дору бихарад, аз ин  рӯ, ба табобат бо ақлу фаросати худ машғул гардид.

Ёд дорам: дар деҳаҳои гирду атроф  аз дарди ҷонгудози хоришак мардум ба табобат ба василаи олтингӯгирд шуруъ карданд. Табобату муолиҷаи  гӯшношуниде! Охир, олтингӯгирдро,  ки як навъ хокаи зардранг аст, дар  боғзору токзорон барои нест кардани кирму канаю дигар ҳашарот истифода  мекарданд. Ва дарди бедаво ончунон  сокинони деҳу музофотро беқарору  кардаву ҷонашонро ба лаб оварда  буд, ки аз олтингӯгирд истифода менамуданд. Хокаи онро бо об омехта, ба  бадан мемолиданд. Аммо ин “шева”-и  табобат ҳеҷ суде намебахшид. Дардро  чанд муддат таскин медод он ва дубора авҷ гирифта, аз худ дарак медод.  Азоби тоқатфарсо, тасаввурнопазир!  Магар мешавад он тираайёми наҳсу  накбатборро фаромӯш кард? На, на, он кас он азобҳову талхрӯзиҳоро фаромӯш мекунад, ки дар қафаси сина  дил надорад! Имрӯз, мутаассифона, иддае аз кӯтаҳбинони хомандеш он рӯзҳоро ба боди фаромӯшӣ супурда, ҳар гоҳи дар хусуси ҷангу пайомадҳои  барои мардум гарони он сухан равад,  даст афшонда, хафаманду бедимоғ,  изҳор медоранд, ки чӣ лозим коҳи куҳнаро бод додан? Буд-набуд, гузашту  рафт. Ин тарафи корро дидан лозим.  На, ин андешаву пиндор комилан иштибоҳ аст, иштибоҳи маҳз. Мо бояд он айёми сангин, марҳалаҳои имтиҳони сарнавишт ва барои насли имрӯз омӯзандаву ибратангезро пайваста пеши  назар орем. Дар суҳбату вохӯрӣ, ҳамоишу ҷамъомадҳо ба насли наврас ва  ҷавонон хотиррасону талқину таъкид кунем, ки арзиш ва моҳияти худододи  озодию ворастагӣ ва амну амонро дарк  кунанд. Бо ақли расо ва зеҳни гиро  дарку фаҳм кунанд, ки ҷанг чӣ ниқоби  сиёҳ дораду чун душмани ҷони инсон балову офатҳоеро ба зуҳур меорад.

Чӣ ҷойи пинҳон кардан! Аксар  зиёиён дар суҳбату ҳамоишҳо дар  хусуси рӯзгорони гузашта ва айёми  фархундаи имрӯзин ҳақиқати ҳолро  бо суханҳои қолабиву умумӣ хулоса  мекунанд. Чанд шеър дар васфу ситоиши сулҳ, ватан ва накукорӣ қироат мекунанд ва бо ҳамин рисолату қарзи виҷдонии худро тамомшуда меҳисобанд. На, ин шеваи тарбияи меҳандӯстӣ ба суди кор ва фардои ватани ободу шукуфон нест.

Бигузор гуруснагию қаҳтиро аз  мадди назар дур насохта, ба қадри  нони гарм, ки хушбахтона, имрӯз дар  дукону мағозаву бозорҳо фаровон  аст, бирасанд. Ношукриву носипосӣ  накунанд, ки ба як дам хавфи аз каф  берун шудани ин неъмат балои тану ҷон хоҳад буд. Бигузор насли наврас  ба ҷавонон бо истимоъ кардани саргузаштҳои дардолуду аламнок ба қадри  тандурустиву саломатӣ бирасанд, ки ин  неъматест аз неъматҳои олию муъҷизаосои Офаридгор!

Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки бояд ба қадри сулҳу амонӣ  расид, шукронаи ватани ободу зиндагии осуда кард.

Дар воқеъ, пешрафту комёбиҳо ва дастовардҳое, ки тули зиёда аз 30  сол таҳти сарварии Пешвои миллат,  Президенти мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳо ба мардуми Тоҷикистон насиб шудааст  ва дар хусуси ин музаффарияту муваффақиятҳо ҷилд-ҷилд китоб рӯйи  чоп омадааст, ҳосили заҳмату талош  ва ҷонбозиҳои фарзандони баруманди  миллат мебошад.

Шодӣ Раҷабзод

Дигар хабарҳо