Аз дурбини ӯ зебост зиндагӣ

 Аз дурбини ӯ зебост зиндагӣ

Дар ҳаёт қаҳрамонҳои гуногунро вохӯрдан мумкин аст. Қаҳрамониҳо низ гуногунанд: барои наҷоти одамон аз хавфу хатар, барои халосии дигарон дар банд андохтани худ. Аммо касе, ки мехоҳем имрӯз дар атрофи корнамоиҳояш ҳарф занем, қаҳрамони синамо аст.

– Суратгир ва наворбардор чун ҷавони ошиқ аст, ки барои исботи ишқ ба баландии чаҳор ҳазор метр мебарояд ва аз қуллаи кӯҳ гули шерчангол (эделвейсро)-ро барои дилдодааш пайдо карда меорад. Ишқе, ки ман ба соҳаи синамо ва ба касби наворгирӣ дорам, аз ишқи ошиқи ҷавон камтар нест. Ва ин ки ман ҳам тавонистам ин масоҳати тулониро тай кунам ва зебоии гули шерчанголро ба бинандаи худ нишон диҳам, далели гуфтаҳоям аст, – нақл мекунад дорандаи унвони фахрии Академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон Заур Дахте.

Ин ягона қаҳрамонии ӯ дар соҳаи синамо нест. Барои ба навор гирифтани лаҳзаҳои парвози Юрий Баранов, қаҳрамони ҷаҳон дар чатрбозӣ дар филми “Фазо хонаи ӯст” Заур Дахте 17 маротиба бо чатр ва дурбини филмбардорӣ худро аз ҳавопаймо партофтааст. Гуфтан мумкин, ки Заур агарчи ҷонашро дӯст медошт, вақти парвоз дилашро тарсу ваҳм фаро намегирифт, чунки барои як инсоне, ки касби худро дӯст медорад, дилдодагӣ ба касби хеш аз тарс болотар аст.

Қаҳрамони мо дар Доғистони Русия ба дунё омада, дар Эрон то синни 13-14-солагӣ бо волидайн зиндагӣ кардааст. Модараш зани одии хонашин ва падараш муҳандиси сохтмон буд. Аввалин шарораҳои шавқ дар дили Заур нисбат ба ҳунари аккосӣ дар даврони зиндагиашон дар Эрон пайдо шуд. Дар ҳамсоягии онҳо марди суратгире зиндагӣ мекард ва Зауру рафиқонаш вақтҳое, ки фориғ аз дарсу бозӣ мешуданд, ба наздаш мерафтанд ва корашро наззора менамуданд. Аввалин расми шогирдонаи ӯ расми модараш аст, ки то ҳол нигоҳ медорад. Баъдан хонаводаи онҳо аз Эрон ба Иттиҳоди Шуравӣ кӯч баст. Заурро ба Хонаи байналмилалии кӯдакони шаҳри Ивановои Русия доданд. Ин парваришгоҳи байналмилалӣ махсус барои фарзандони муҳоҷироне таъсис дода шуда буд, ки аз дигар кишварҳо ба Иттиҳоди Шуравӣ паноҳ меоварданд ё кӯч мебастанд.

Зиндагӣ дар Хонаи байналмилалии кӯдакон барои Заур лаҳзаҳои хуши ҳаёташ ҳастанд. Таълиму тарбия дар он ҷо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд. Кӯдакон имконият доштанд бо забони модариашон илму дониш омӯзанд ва ҳамчунин дигар забонҳоро аз худ намоянд. Дар Хонаи байналмилалии кӯдакон дастаи ҳаваскорон фаъолият мекард, ки касбу ҳунарҳои гуногунро ба бачаҳо меомӯзонд. Заур ин ҷо маҳорати аксгириашро сайқал дод. Аккосӣ шуғли ягонаи писандидааш набуд. Мехост ҳавопаймосоз ё авиаконструктор шавад. Шавқаш зиёд буд , талош мекард, то ин корро ҳам омӯзад. Ба варзиши шабеҳсози парвози ҳавопаймо машғул шуда, дар бисёре аз мусобиқаҳое, ки дар Иттиҳоди Шуравӣ мегузашт, ширкат меварзид. Сохти зарфи сӯхт барои ҳавопаймоҳои варзишӣ ихтирои Заур аст, ки дар солҳои баъд истифодаи он дар ҷумҳуриҳои дигари шуравӣ роиҷ шуд.

Заур соли 1958 ба Душанбе омад ва дар студияи “Тоҷикфилм” ба кор оғоз кард. Маҳорату истеъдодашро дар суратгирӣ дида, ӯро ба Донишкадаи синамои шаҳри Маскав (ВГИК) ба хондан фиристоданд. Заур фосилавӣ таҳсил карда, ҳамзамон дар киностудия фаъолият менамуд. Фидоӣ будан ба кор, натарсидан аз хатарҳо, садоқату вафодорӣ ба ҳамкасбон ӯро муваффақу комёб кард. Коргардони машҳур Борис Кимёгаров аслан ба мутахассисони ватанӣ кам бовар ва таваҷҷуҳ дошт. Дар марказ обрӯ, ки дошт, барои ҷалби мутахассисон аз дигар давлатҳои шуравӣ мушкилӣ намекашид. Аммо вақте бо аксу наворҳои гирифтаи Заур шинос шуд, ба ҳамкорӣ даъваташ намуд. Дар филми машҳури “Рустам ва Суҳроб” нақши Заур Дахте чун наворбардор хеле арзишманд мебошад.

– Дар филмбардорӣ якдигарфаҳмии аҳли гурӯҳ хеле муҳим аст, ҳатто бисёр зарур. Агар коргардон ва умуман аҳли гурӯҳ ба якдигар эҳтиром дошта бошанд, ҳамдигарро дуруст дарк карда тавонанд, кор ба осонӣ пеш меравад ва бидуни ранҷишу озор поён меёбад. Дар ҳолати дигар кор сахт душвор аст, – андеша дорад наворбардори ботаҷриба.

Дар умум, Заур Дахте дар таҳияи беш аз 600 филми мустанад саҳм дорад. Ду филми ӯ ба Малика Собирова – ситораи балети тоҷик ва шуравӣ бахшида шудааст. Филми аввали Заур Дахте “Малика” соли 1966 ҷоизаи ҷашнвораи синамоии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро соҳиб шуд. Баъд аз даргузашти ҳунарпеша Заур филми дуюми худро бо номи “Маликаи мо” ба навор гирифт.

Инчунин, ӯ сужаҳои зиёдеро дар бораи бостоншиносон ва бозёфтҳои онҳо, аз ҷумла муҷассамаи Буддо наворбардорӣ кардааст. Дар сабти филмҳои “Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна”, “Чор нафар аз Чорсанг”, “Паланг зарур аст”, “Шераки ҷасур” ва ғайра чун наворбардор нақши асосӣ дорад. Заур Дахте аз зиндагиномаи шоирони классику муосир мисли Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода филмҳои ҳуҷҷатӣ бардоштааст.

“Ҳоло дар рӯзгори мо аксбардорӣ осонтар шудааст. Аммо он даврон барои суратгирӣ ба устохонаҳои махсуси аккосӣ мерафтем ва чандин ҷузъиёти муқаддамотиро интихоб менамудем. Вале он замону ҳам ин замон кам касеро саодате даст медиҳад, ки мавриди назари худи Заур Дахте бошад. Аксҳои гирифтаи ӯ акс нестанд, асланд, аслҳое, ки чеҳраҳову чашмҳову нигоҳҳову рангҳову манзараву пасманзараҳо… ҳар ҷузъи кучактарин чун ойинаи ботиннамо дар онҳо тулуъ мекунанд. Ҳар сурати офаридаи устод асари мукаммали ҳунарист, ки таҳқиқу пажуҳиши вусъатманд мехоҳад”, – гуфтааст Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ киностудияи “Тоҷикфилм” ба буҳрони шадиди иқтисодӣ дучор гардид. Филмҳо ба навор гирифта намешуданд. Бинои киностудия қариб аз даст рафта буд. Мутахассисони дохилию хориҷӣ аксарият Душанберо тарк карданд. Заур Дахтеро низ дӯсту рафиқонаш аз давлатҳои гуногун барои кору зиндагӣ даъват мекарданд. Аммо Заур ба ватани дуюмаш Тоҷикистон содиқ монд. “Рӯзҳои хушиаш бо ӯ будам, дар рӯзҳои сахт таркаш намекунам, ҳамааш мегузарад, ҳамааш нағз мешавад”, – мегуфт ӯ. Дастгоҳи наворбардориро гузошта, боз дастгоҳи суратгириро ба даст гирифт. Бо маҷаллаву ҳафтаномаҳо ҳамкорӣ менамуд. Рӯзгорашро ба ҳар тарзе пеш мебурд. Харидорони ҳунараш дар ин самт низ кам набуданд.

Аввалин маротиба соли 2003 дар шаҳри Душанбе аксҳояш ба намоиш гузошта шуданд, ки зебоиҳои аҷиб доштанд. Ҳар яке аз лаҳзаи хотирмоне, аз манзараи дилписанде, аз макони дилхоҳе нақл мекарданд. Тамошобинон аз дидани аксҳо лаззати нотакрор мебурданд. Баъдан аксҳои ӯ хати марзро убур карда, ба кишварҳои Чин, Ҳинд, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Амрико, Беларус, Озарбойҷон ва ғайра рафта расиданд. Тавассути аксҳо Заур манзараҳои дилфиреб ва симои мардуми тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд. Калонтарин намоиши аксҳояш соли 2019 дар Осорхонаи миллӣ барпо шуд. Панҷсад акс толори осорхонаро зеб медод. Шумораи тамошобинон зиёд буд.

Барои хидматҳояш дар соҳаи фарҳанг Заур Дахте бо унвони ифтихории Академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ҳамчунин, ӯро бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ намуданд. То ҳол чанд албоми аксҳои Заур Дахте ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расидааст: “Осори фарҳангӣ ва табиати Тоҷикистон”, “Феҳристи осори таърихии Тоҷикистон”, “Тоҷикистон аз нигоҳи Заур Дахте”, “Гулдӯзӣ – ҳунари суннатии тоҷикон”, “Мероси фарҳанги ғайримодӣ дар Тоҷикистон” ва ғайра.

Соли 2014 “Тоҷикистоннома”-и Заур Дахте ба нашр расид, ки аз шаш албоми акс: “Ҳунари ошпазӣ”, “Ҳунари муосири Тоҷикистон”, “Табиати Тоҷикистон”, “Меъмории Тоҷикистон”, “Асбобҳои мусиқии тоҷикӣ” ва “Ҳунарҳои суннатии Тоҷикистон” иборат аст.

“Фаромӯшхотирии мо гоҳе бар зарари худамон аст, – мегӯяд Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор. – Чунин инсонҳо хеле кам дар дунё пайдо мешаванд. Ва агар пайдо ҳам шаванд, умри зиёд намебинанд. Ба бахти мо, Заур Дахте дар остонаи 90-солагӣ қарор дорад. Афроди дорои чунин синну солро дар Шарқ, ки Заур ҳам инсоне аз ин хитта аст, пири хирадманд мегӯянд. Воқеан, Заур Дахте пири хирадманд аст, чунки танҳо хирад аст, ки одамро ҷавон, солим ва қалбашро мамлу аз меҳру муҳаббат ва самимият нигоҳ медорад”.

Суҳбате, ки бо Заур Дахте доштем, дар бемористон сурат гирифт. Бо вуҷуди беморӣ болидаруҳ, зиндадил, кушодачеҳра ба назар мерасид ва бо самимияту хоксорие, ки зебандааш аст, аз суҳбат дил намеканд. Ба аккоси зебонигоҳ ва наворбардори қаҳрамон саломатӣ орзу дорем.

Миҷгона Халилзода

Дигар хабарҳо