Суханваре бо шеваю баёни хоса
Ба муносибати 70-солагии нависандаи маъруф БАҲМАНЁР
Баҳманёр аз ҷумлаи нависандагонест, ки аз ибтидои фаъолияти эҷодиаш ба муҳити адабии солҳои ҳаштоди тоҷик бо сабку шеваи наву тоза, бо диду назари вижа, бо як ҷаҳони зебою рангини ба худаш хос ба майдони адабиёт ворид гардид. Ба қавли устод А. Сатторзода, “дар насри Баҳманёр ҳама чиз – воқеа, қаҳрамон, забон ва тарзи баён, биниш, равиши тасвир, замону макон нодир, ғайриодӣ, ғайримуқаррарӣ, ғайримаъмулӣ, ғайримунтазира, фавқулода, аҷиб, ҳайратангез, нотакрор ва нав мебошанд”.
Бояд гуфт, ки хонандагон аз мутолиаи нахустин ҳикояҳои Баҳманёр эҳсос менамуданд, ки нигоҳи вай ба воқеиятҳои зиндагӣ, ба рафтору кирдор, ахлоқу одоб ва фазилатҳои инсонии одами муосир комилан дигаргуна аст. Шеваи нигориш ва баёни бадеии ӯ зоҳиран шоирона, вале ботинан реша дар фалсафаи зиндагӣ ва ҳастии инсон дорад. Нависанда дар яке аз мусоҳибаҳояш ба коргоҳи эҷодии худ ишора намуда, таъкид месозад, ки дар адабиёти дунё нависандагоне мисоли Фолкнер ва Маркес ҳастанд, ки шаҳрҳо ва маконҳои хоси худро дар навиштаҳояшон офариданд, ки онҳо воқеан, нотакроранд. Аз ин дидгоҳ ман ҳам Сармадеҳи худро сохтам. Лекин агар ман ба он фурӯ равам, дигар берун намеоям, чунки дар он ҷо ҳазору як фоҷиа мешавад ва гуфтаниҳову шуниданиҳо дорад. Аз ин хотир, агар ман ин деҳаро то охир созам ва ба мардум намоям, як хушбахтист.
Воқеан, Сармадеҳи Баҳманёр натанҳо як макони хоси адабию ҳунарист, балки он оинаест, ки дар вусъати худ неку бади одамон, таҳаввулу таҷаддуди зиндагиро бо рангҳои гуногун ба ҷилва меорад. Дар тасвири нависанда рангҳои зиндагии сокинони ин деҳаи ормонӣ бо қиссаю саргузаштҳои ҷолиб, ривояту устура ва афсонаҳои мароқангез омезиш ёфта, дар пеши назари хонанда як ҷаҳони омӯзанда ва ибратангезро ба ҷилва меорад. Дар ривояти ин афсонаҳою саргузашҳои хотирмон худи ровии асосӣ – Баҳманёр нақши калидӣ бозидааст.
Дар қиссаву ҳикояҳои Баҳманёр дидгоҳи маконӣ нақши муҳим дорад. Дар тасвири ӯ, ба истилоҳоти М. Бахтин, ҳамаи ҷузъиёти хронотон арзиши муҳимми адабию бадеӣ касб менамояд. Деҳа, роҳ, кӯҳ, пул, хона, бом, хирманҷой, дарё ва ғайра дар тасвири нависанда ба қисмат ва сарнавишти инсонҳо пайванд хӯрда, маънӣ ва моҳияти фалсафию маънавӣ касб мекунанд, ки ин яке аз вижагиҳои тасвир дар сабки реализми ҷодуист.
Ин фазилатҳои нотакрори нависандагии Баҳманёрро хонандагон ва аҳли назар ҳанӯз аз ибтидои масири эҷодии ӯ, аз маҷмуаҳои “Ишқи сайёд (1984) ва “Аспи обӣ (1988) ба мушоҳида гирифта буданд. “Дуди ҳасрат” (1994) паҳлуҳои боз ҳам тозатари ҳунари нависандагии Баҳманёрро ошкор сохт. Махсусан, дар қиссаҳои “Дуди ҳасрат” ва “Заринаи Зарнигор” обуранги шоиронаи насри нависанда ба пуррагӣ ба ҷилва омад, ки он маҳбубият ва маъруфияти муаллифро дар байни алоқамандони эҷодиёташ ба маротиб афзуд. Мутолиа ва мушоҳидаи асарҳои нависанда, ба қавли А. Набавӣ, собит месозад, ки ӯ инсони одӣ, мардуми деҳотро натанҳо хуб мешиносад, балки муҳаббати хосе ба онҳо дорад.
Дар романҳои “Сармаддеҳ” ва “Шоҳаншоҳ” бунёди деҳаи ормонии Сармаддеҳ хеле вусъат меёбад. Тадриҷан ин деҳаи нотакрор ба як муҳити хоси ахлоқию маънавӣ табдил меёбад, ки бошандагони он бо боварҳо, одобу русум ва суннати хос зиндагӣ мекунанд. Таносуби қавии инсон ва макони бадеӣ дар асарҳои Баҳманёр дар консепсияи адабию бадеии ӯ арзиши муҳим ва меҳварӣ касб мекунад. Ин нуктаро қисса ва ҳикояҳои “Аспи обӣ”, “Зан ва ғӯл”, “Дуди ҳасрат”, “Бевазан” ва ғайра собит менамоянд. Дар ин асарҳо оҳанги тасвири устураӣ ё кӯшишҳои бобарори устурасозии нависандаро мушоҳида мекунем. Маҳз ҳамин дидгоҳи асотирӣ хонандаро бовар мекунонанд, ки аз аспи обӣ ду насл мегиранд, ғӯли кӯҳистон ба зани деҳотӣ ошиқ мешавад, гӯри инсони аз зиндагӣ норозӣ дуд мекунад ва ғайра. Дар ин маврид, чунонки муҳаққиқи насри аҳди Шуравӣ Ғ. Ғамзатов таъкид мекунад, “дар тафаккури бадеии нависанда таҷрибаҳои таърихӣ, асотирӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии инсон ба ҳам омезиш меёбад”.
Ин падидаро мо ҳам дар нақлу ривоятҳои ноқил- муаллиф, ҳам дар тасвирҳои мустақими нависанда ва ҳам дар рафтору кирдор ва гуфтори бошандагони Сармаддеҳ ба мушоҳида мегирем. Қаҳрамонони асарҳои Баҳманёр бо вуҷуди муштаракоти назарраси ахлоқию маънавӣ, тафовутҳо ва вижагиҳои хосси фардию шахсӣ доранд, ки ҳангоми мутолиаи асарҳои нависанда дар зеҳну хотири хонанда абадан нақш мебанданд. Инҳо кампири Осуда, кампири Майса, Бобокӯчак, Холдори Чилдурӯғ, Фариштамоҳ, Оростаи Сиёҳ, Шопури Моҳигир, Усто Шоҳаки Ранда ва дигарон мебошанд. Ин афрод дили пур аз ишқу муҳаббат доранд. Онҳо ҳамдигарро дӯст медоранд ва ҳамеша дар ҳама маврид шарики ғаму шодии ҳамдигар, мададгору дастгири ҳамдеҳагонанд. Аз ин ҷиҳат, метавон таъкид кард, ки натанҳо худи Сармаддеҳ деҳаи ормонист, балки бошандагони он ҳам одамони софу поку беолоиш, инсонҳои воқеан ормонӣ ҳастанд.
Бозтоби фазилатҳои инсонии Фармони Мурод дар ҳикояи “Туфанги думила”, Дамдор дар ҳикояи “Шикордузд”, Холдори Чилдурӯғ дар ҳикояи “Ғӯли кӯҳӣ”, Яздони Малла дар ҳикояи “Орзуи шикаста” мисоли равшани гуфтаҳои болост. Нависанда дар маҷрои нақл хислатҳои баду неки ашхоси номбурдаро хеле равшан, зимни тасвири рафтору гуфтори онҳо нишон медиҳад. Дар ин ҳангом шеваи нигориш оҳанги танзу ҳаҷвро касб мекунад, ки ин яке аз вижагиҳои муҳимми сабки нависандагии Баҳманёр маҳсуб меёбад. Ин ҷиҳати сабки нигориши ҳунарӣ дар ҳикояҳои хурди нависанда, ки бо унвонҳои сарво ва сарвоякҳои чун мушту чун ангушт ба хонанда пешкаш мегардиданд, боз ҳам равшантар ба мушоҳида мерасад.
Қиссаю ҳикояҳои “Санг ва сабӯ”, “Тобути маро кӣ мебардорад”, “Вақти гули бобуна”, “Дуди ҳасрат”, “Хукхона” ва ғайра дорои ҷанбаҳои амиқи ахлоқию иҷтимоӣ ва маънавию фалсафианд. Ин қабил асарҳои Баҳманёр заминаҳо, пояҳо ва пуштвонаҳои устувори ҳаётӣ ва мардумӣ доранд. Воқеаву ҳодисаҳо, манзараҳои табиию иҷтимоӣ, шахсиятҳои достонӣ, образу характерҳои офаридаи нависанда ба зиндагӣ, ахлоқ, маънавият, суннат ва ормонҳои мардуми тоҷики деҳотӣ сахт пайванд мехӯрад. Ин қабил падидаҳои ҷолибро дар ҳар як деҳаи кӯҳистони Тоҷиикистон дидану ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Муҳтавои ҳикояи “Чилдурӯғ дар танӯр” ва қиссаи “Дуди ҳасрат” нуктаҳои боло ва хоса ҷанбаҳои амиқи мардумӣ ва миллӣ доштани насри бадеии нависандаро ба хубӣ собит месозанд. Дар ин қабил асарҳо Баҳманёр натанҳо ба боварҳо ва пиндорҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, балки онҳоро дар либоси наву муосир ба таркиби нақл ворид карда, аз нав дар урфу зиндагии мардум эҳё месозад, ки ин яке аз рисолатҳои муҳимми адабиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Баҳманёр дар баробари таҷрибаҳои нодири адабию эҷодие, ки дар анвои хурди наср анҷом дод, инчунин шеваҳои нигориши романи ҷадидро дар насри муосири тоҷик таҷриба намуд.
Дар романи “Шоҳаншоҳ” ҳодисаю воқеаҳо дар ду қабати замонӣ – гузашта ва ҳозира ҷараён мегирад. Руҷуъҳои таърихӣ дар ин роман аз лиҳози моҳияту маъно ба воқеиятҳои зиндагии имрӯзаи қаҳрамони асар иртибот пайдо мекунад, ки ин ягонагии композитсионии романро таъмин сохтааст. Тасвири чеҳраи шоҳаншоҳи худкома Аршак, ки “дасти оҳанин ва дили сангин” дорад, нишон додани моҳияти зиндагии инсон ва гирифтани подоши амал таваҷҷуҳи хонандаро ба тазодҳои зиндагии иҷтимоии инсон ҷалб мекунад. Аз ин ҷиҳат ҳам, дар баёни воқеиятҳои рӯзмарра ва ҳам тасвири ҳодисаҳои таърихӣ ҳадафи нависанда таъкиди он аст, ки ҳар амали инсон, хоҳ бад бошад ва хоҳ нек, дар зиндагӣ мукофоти сазовори худро дорад ва онро ҳатман хоҳад гирифт. Ин нукта, ки дар фарҳанги мардум ва фалсафаи миллии мо ҷойгоҳи хос дорад, дар романи “Шоҳаншоҳ”-и Баҳманёр асоси консепсияи бадеии муаллифро шакл дода аст.
Ин асари нависанда бо сохтори навҷӯёна, тарҳи мавзуъ, хатҳои гуногуни сужет ва маҷрои нақл, пайванду иртиботи гузаштаю ҳозира ва ғайра воқеан дар насри муосири тоҷик падидаи ҷолиб мебошад. Нависанда дар кушодани рамзу розҳои зиндагии иҷтимоӣ ва инфиродии инсон аз зарфиятҳои адабию ҳунарии сабкҳои маъруфи вуқуъгаро ва сурреалистӣ кор мегирад, ки он далели тасаллути комили ӯ ба равандҳои ҷадиди насри муосири адабиёти ҷаҳон мебошад.
Бояд гуфт, ки сабк натанҳо унсури муҳимми шаклии асари адабист, балки вай натиҷаи воқеии пайванду ҳамбастагӣ он бо мазмуни асари ҳунарӣ низ мебошад. Агар аз ин дидгоҳ ба вижагиҳои сабкии насри Баҳманёр назар андазем, ба равшанӣ эҳсос мешавад, ки ӯ нависандаи соҳибсабк аст. Сабки фардии Баҳманёр ҳам ҷанбаҳои миллӣ ва ҳам ҷанбаҳои фаромиллӣ дорад. Ин усули тасвири бадеӣ дар заминаи аз худ кардани суннатҳои насрнависии классикии форсии тоҷикӣ бо омезиши шеваҳои мудерни нигориши бадеӣ, ки дар адабиёти халқҳои гуногуни Шарқу Ғарб нуфуз дорад ва имрӯз таҷриба мешавад, фароҳам омадааст.
Насри Баҳманёр аз нигоҳи корбурди забон ва сарватҳои он ҳам аз вижагиҳои хос бархурдор аст. Мутолиаи қиссаю ҳикоя ва романҳои нависанда собит месозад, ки вай дар ҳамаи қабатҳои лексикии забони тоҷикӣ тасаллути комил дорад. Дар маҷрои тасвир Баҳманёр дар баробари корбасти вожаҳои зебои забони адабию забони гуфтугӯии мардумӣ, инчунин, боҷуръатона кӯшишҳои вожасозию иборапардозӣ мекунад, ки хеле табиӣ ва зебою хотирмон ба ҷилва омадаанд.
Падидаи дигари ҳунарӣ дар сабки нависандагии Баҳманёр эҳёи тозаи санъати саҷъ ва баёни мусаҷҷаъ аст, ки мо дар “Гулистон”-и Саъдӣ ва осори дигари насри классикӣ мушоҳида мекунем. Саҷъ дар каломи адабии Баҳманёр дар омехтагӣ бо санъати таҷнис ба зуҳур меояд ва ба ҳамин хотир насри ӯро бисёре аз муҳаққиқон насри шоирона унвон карданд, ки ин безамина нест.
Ба эътибори ин ҳама муҳассаноти адабию эҷодӣ ва ҳунарию нигорандагӣ метавон таъкид кард, ки Баҳманёр яке аз чеҳраҳои пешгоми адабиёти тоҷикии давраи истиқлол буд. Дар тули умри кӯтоҳаш рисолати адабию эҷодиашро дар назди адабиёт ва қарзҳои шаҳрвандию фарзандиашро дар назди халқ ва миллати тоҷик бо сарбаландӣ иҷро кард.
Шамсиддин Солеҳ,
адабиётшинос