Аз осори адибони озар. Ҳ. Аббосзода. Зане дар бандар

Ба муносибати рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон

 

Саҳаргоҳи тирамоҳ халиҷи Боку ғарқи хоби ширин буд. Нурҳои нозуку хираи офтоб нав аз синаи баҳр баромада, рӯи шишарезаҳои шаффоф медурахшиданд. Дар бандаре киштии сафеде меистод. Одамони корҷомапӯш танҳо ё гурӯҳ-гурӯҳ ҷониби киштӣ шитобида, ба воситаи зина болои он мебаромаданд. Ана ҷавони тануманди гамдумгун, мӯи сараш сип- сиёҳи ғулӣ рӯи киштӣ чанд қадам ниҳода, ба суккон омад, сипас ба бандар чашм давонду занеро, ки дар тан пероҳани сиёҳтоб дошт, ёфт ва сӯяш даст афшонд.

Зан, лабонаш моили табассум, ба ӯ бо дастафшонӣ ҷавоб гардонд, вале дар қиёфааш осори хушнудӣ ҳувайдо набуд. Ӯ ҷавон ҳам не, ба домони чилу се ё чилу панҷ расидааст. Ин зан чанд сол пеш ҳар саҳар бандар меомад, то киштии сафе­дро, ки гурӯҳи нави коргаронро ба Санги нафт мебурд, гуселонад. Сипас солҳои зиёд вай ба ин бандар қадам наниҳод, зеро шахсе, ки ҳамеша гуселаш мекард, акнун набуд. Ва ҳоло зан гузаштаро ба хотир оварда, ҳис кард, ки дилаш дар қафаси сина аз дард фишурда мешавад, гуп-гуп мезанад. Ба чашмони маҳзуни ӯ, ки ба ҷавони сиёҳпӯш дӯхта шуда буданд, ашк давид…

Вақте ки Мамед ба коргоҳи Санги нафт, — ӯ он ҷо пармагар буд, — роҳӣ мешуд, Зайнаб, албатта, ба гуселаш мебаромад. Ва аз бандар бо табассум дастонашро алвонҷ медод ва медид, ки нигоҳи пурмеҳру гармашро аз рӯйи тобони ӯ канда наметавонад. Онҳо ми­сли ҳама навхонадоршудагон хушбахт буданд. Зайнаб шавҳарашро мегусе­лониду зуд ба боғчаи кӯдакон, ки он ҷо мураббӣ буд, мешитофт ва сари вақт ба кор мерасид.

Даврони рухсатии ҳомиладорӣ фаро расид. Акнун Зайнаб ба ҷойи кораш на­шитобида, бафурсат киштии сафедро мегуселонду дар хиёбону гулгаштҳои соҳил сайр мекард: духтур ба вай фар­муда буд, ки дар ҳавои тоза бештар би­гардад. Баъди як ҳафтаи кор истироҳати навбатии Мамед оғоз меёфт, ки рӯзҳои беҳтарини ҳаёти Зайнаб ба шумор ме­рафтанд… Як саҳарии тираи аввали зимистон аз самти шимол боди сард вазида, оби Хазарро ба ҷунбиш овард. Мамед дар бандар бо занаш хайрухуш­кунон гуфт: «Имрӯз дар гулгашт саёҳат накун, шамол сахт аст. Тезтар хона бирав». Зайнаб ба мавҷҳои пурхашм ва кафколуду сафедтоби баҳр назар афканда, андешаманд пичиррос зад: «Аҷаб тӯфони сахте! Худатро эҳтиёт би­кун, Мамед…» Шавҳараш даст афшонд: «Ин ҳам тӯфон шуду? Хайр, азизакам. Ба кору бори хона аз ҳад зиёд начасп, ки хаста мешавӣ…» Вай аз нардбон сабук- сабук гом зада, болои киштӣ, ки аз зарби мавҷҳо гаҳворасон меҷунбид ва омодаи ҳаракат буд, баромад.

То бегоҳ авзои ҳаво бадтар гашт. Тундбоди Хазар қатраҳои боронро хашм­гинона ба тиреза мезад. Тамоми шаб Зайнаб дар интизори занги Санги нафт нахобид, аммо Мамед, аз чӣ сабабе, те­лефон накард ва ӯро ба гирдбоди ташви­шу изтироб афканд. Вай нағз медонист, ки Мамед ба кандани чоҳи нав шуруъ кард ва дар чунин ҳавои нобоб аз байни баҳр баромадану ба шаҳраки коргарни­шинон, ки он ҷо телефон дорад, рафтан осон нест, хатари ҷон дорад. Зайнаб гурӯҳи пармагарони рӯи ин ҷазираи оҳа­нинро дар иҳотаи мавҷҳои пурталотум пеши назар оварда, дар худ печид.

Рӯзи дигар ҳам садое наомад. Рӯзи сеюм фаро расид. Баъди пешин, ду­русттараш наздикии соати чор Зуҳро, хоҳари Зайнаб, омад. Вай донишҷӯи соли охирини шуъбаи кимиёи университет аст ва дар хобгоҳ мезияд, аммо ҳангоми набудани Мамед апаашро ҳамроҳӣ меку­над. Хоҳиши Мамед. Мард акнун аз танҳо мондани ҳамсараш метарсид.

Дар сари дастархон Зуҳро якзайл аз таҳсил, кору ташвишҳои донишгоҳаш ҳарф мезаду Зайнаб мисли он ки ба даҳон об гирифта бошад, хомӯш ни­шаста, ба уллоси тундбод гӯш медод. Шамол торафт суст мегашт, вале ин маънои онро надошт, ки тӯфони баҳр хомӯш шуда бошад.

Пас аз сарфи хӯрок Зуҳро Зайнабро ба хонаи хобаш фиристод, ки истироҳат би­кунад, худаш яке аз сурудҳои машҳурро замзамакунон ба шустани зарфҳо сар­гарм шуд. Ана дар ҳамин лаҳза занг садо дод ва Зуҳро чолокона тарафи телефон, ки болои мизи даҳлез меистод, шитофт ва гӯширо бардошт. Вай умедвор буд, ки овози Мамедро мешунавад, аммо садои тамоман ношинос омад.

– Ин хонаи Худоуғлиҳост?

– Бале, – ҷавоб дод Зуҳро ва баногоҳ аз чизе ҳаросида, бо овози паст пурсид:

– Ба шумо кӣ лозим?

– Шумо завҷаи Мамед ҳастед?

– Не, хоҳари занаш… Ӯро ҷеғ занам?

– Лозим не, – гуфт ношинос. – Балки ин айни муддаост…

Ӯ даме хомӯш монд, сипас афзуд: – Медонед чӣ, ман роҳбари минтақае, ки дар он Мамед кор мекунад… Бояд ба шумо хабар расонам, ки … Гап задан ниҳоят мушкил, вале…

Ӯ боз хомӯш истод, баъдтар саросема суханашро идома дод:

– Дирӯз ҳангоми тӯфон чанд тан рафиқони мо ҳалок гаштанд, аз ҷумла Мамед Худоуғлӣ ҳам. Барои наҷоти онҳо тамоми чораҳо дида шуданд, лекин афсус… Мо медонем, ки ҳамсари Мамед ҳомила аст, шояд ҳоло аз бадбахтӣ ӯро наогоҳонидан беҳтар, – нафаскашии башиддату бо азоб ҳарф задани мард аз гӯшак ҳис мешуд. – Худам ҳам ба Шумо чӣ маслиҳат доданамро намедонам, мо сарҳисобамонро гум кардем. Маро мешунавед?

– Бале, – аранге овоз баровард Зуҳро.

Духтарак ончунон ба ҳаяҷон омада буд, ки дигар калимае ба забон оварда наметавонист. Оҳиста гӯширо ба ҷояш ниҳод ва ба хомӯшии вазнини хона гӯш дод. – Шояд Зайнаб кайҳо хобидаасту аз гуфтугӯи онҳо чизеро пайхас накар­дааст. Охир, ӯ ду шабонарӯз боз мижа таҳ накардааст ва эҳтимол ҳоло ба ғанаб рафтааст…

Зуҳро ба ошхона баргашта, лаҳзае пеши тиреза истод ва якбора лабонашро газид. Саропояшро ларза фаро гирифт. Ва дилашро панҷаи шахшӯли эҳсосоти мудҳиш фишурд. Ӯ оҳиста ба курсӣ ни­шаст ва бо панҷаҳояш рӯяшро пӯшида, худро нигоҳ доштан хост.

– Зуҳро, чӣ ҳодиса рӯй додааст?

Духтарак сар бардошта дид, ки Зайнаб ба паҳлударии ошхона такя зада, рангаш аз биму ҳарос кандааст.

– Ҳозир занг заданд… – бе рабт гуфт Зуҳро, – занг заданду гуфтанд, ки …

– Хайр? Кӣ занг зад? – чашмони Зай­наб калонтар кушода шуданд. – Мамед? Дурусттар гап зан, охир!

Зуҳро лаб таги дандон ниҳод. Ҳоло ба Зайнаб асли воқеаро рӯйрост гуфтан та­моман мумкин набуд, зеро бешак аз паи ин бадбахтӣ шикасти дигаре сар мезад.

– Аз хобгоҳ духтарон занг заданд, – гуфт ӯ ашки чашмонашро поккунон ва дар як лаҳза дурӯғаке бофт. – Мина сӯхтааст…

Чойҷӯш чаппа шудааст…

Мина дугонаи нағзи Зуҳрост ва дар хонаи шафати ӯ зиндагӣ мекунад. Зайнаб кайҳо боз ӯро мешиносад.

– Бечора, – аранге пичиррос зад Зай­наб ва дастонашро бемадорона ҷунбонд. – Ҳама ҷояш обила кардааст?

– Намедонам… Апа, ту камтарак танҳо меистӣ? Ман як сари қадам рафта биоям…

– Албатта, бирав.

Зуҳро палтояшро пӯшида, ҳадаҳа аз дар баромада буд, ки шамоли сардакак сару рӯяшро лесид. Вай ҷониби хо­наи Аҳлия давид. Ин фикр ҳанӯз дар ошхона ба сараш зада буд. Аҳлия духтури таваллудхона аст ва Зуҳроро нағз мешиносад, балки мудом як ҳисси хайрхоҳона ба ӯ зоҳир мекунад.

– Даҳшат, даҳшат! – пайваста хитоб мекард Аҳлия, вақте ки Зуҳро ба ӯ воқеаро мегуфт.

Ӯ низ ба сари ҳамин ақида омад, ки алҳол ба Зайнаб хабар додани фоҷиаи шавҳараш хатарнок аст.

– Лекин пинҳон доштани роз ҳам номумкин, – гуфт Зуҳро. – Охир имрӯз не, пагоҳ тамоми шаҳр аз ин ҳодиса воқиф мешавад. Шиносу ҳамсояҳо ба Зайнаб занг мезананд, барои изҳори ҳамдардӣ дарашро мекушоянд…

– Рост. Офтобро ба доман пӯшида намешавад, – пи­чиррос зад Аҳлия ва ба андеша рафт. – Медонӣ, чӣ кор ме­кунем? Ёфтам роҳашро.

Ҳамон бегоҳ Аҳлия гӯё сари роҳ хо­наи Зайнаб даромад ва саломатиашро пурсид, ҳолаташро санҷид ва маслиҳат дод, ки худи пагоҳ ба таваллудхона равад.

– Магар вақташ расидааст? – ҳай­ратомез пурсид Зайнаб.

– Рӯзҳои пеш аз таваллуд ту назди мо бошӣ, боз беҳтар.

– Чӣ илоҷ?! – Зайнаб дудила гашт. – Лекин ман интизори занги Мамед ҳастам.

– Агар ӯ телефон кунад, Зуҳро ба ту хабар мерасонад. Ба таваллудхона рафтанат зарур, Зайнаб. Пагоҳ соати нуҳ интизорат мешавам.

Онҳо ба мақсад расиданд. Аммо дар табобатхона ҳам Зайнаб аз ташви­шу изтироб оромӣ надошт, интизори телефон буд. Ва як рӯз пас Зуҳро хабар овард, ки Мамед афтода пояш шикаста­асту ҳоло дар шифохонаи он ҷост. Зай­наб ғамгинона нолид, вале бо вуҷуди ин дилаш каме таскин ёфт, ки ба ҳар сурат аз ҳоли Мамед огоҳ гашт.

Ӯ намедонист ва хабар ҳам надошт, ки самти шимоли баҳри Хазар тӯфон яхпораҳои бузургро оварда ба «пой»-ҳои манораи фӯлодини коргоҳи бригадаи Ма­мед зада, онҳоро шикастаасту чархболи тез ба ҷои ҳодиса расида ҳам ба одамон ёрие расонида натавонистааст. Фалокат ногаҳон рӯй дода…

Ҳафтае пас Зайнаб писар зоид. Ва баъдаш, вақте ки тифлак дар оғӯш хона омад, аз ҳақиқати талх огоҳ шуд.

Ба писарак Мамед ном ниҳоданд. Ин дархости худи Зайнаб буд. Бевазани ҷавон тамоми муҳаббати нокомашро ба тифлаш бахшид. Вай душвориҳо мека­шид, вале дар ин хусус пеши касе лаб намекушод. Тамоми умр азоби Зайнаб он буд, ки шавҳари шодравонаш қабр надорад, то ӯ ба зиёрат бираваду болои оромгоҳаш гулдаста гузорад… Ҳар сол вай дар зодрӯз ва рӯзи марги Мамед гулдастаи зебое гирифта, ба гулгашти соҳил меомад. Ва дар бандари шинос даме истода, сипас боҳасрат ба баҳри пурмавҷ мепартофт, – ин ягона коре буд, ки поси хотири шавҳари марҳумашро ба ҷо меовард.

Боре ҳангоми дудаста гулҳоро ба баҳр ҳаво додан, писараш, ки панҷ-шашсола буд, гиря оғозид. Вай аз дасти Зайнаб маҳкам дошта, фарёд зад: «Бидеҳ! Ба ман бидеҳ! Чаро ин хел гулҳои зеборо мепартоӣ. Бидеҳ». Вай карахт шуд, дар ҳайрат афтод, чӣ хел ба кӯдак фаҳмо­над, ки барои чӣ гулҳоро бояд ба баҳр афканад.

Баъзан ӯ ба хулосае меомад, ки умри ширинашро маҳз барои ба камол расони­дани фарзанди ягона беҳуда дар танҳоӣ мегузаронад. Дар чунин лаҳзаҳои ғаму дилтангӣ иродаи матин ва ишқи покаш ба ӯ таскинбахшу мададгор мегашт.

Солҳо ба назараш хеле оҳиста сипарӣ мешуданд. Писараш ба балоғат расида, ғамхору қуввати дилаш шуд. Вай ягон маротиба сухани модарро ба замин на­мепартофт. Руҳи падари раҳматиашро, ки ҳеҷ гоҳ ӯро надидааст, пос медошт.

Мамед баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи нафту кимиё дохил шудан хост. Охир, худи модараш Зайнаб ҳикоят мекард, ки тамоми мардони қавми Худо­уғлиҳо нафткаш будаанд. Бобокалони Мамед-усто Худоуғлӣ, ки қариб сад сол муқаддам нахустин чоҳи нафткашии Собунчакро кофтааст, аз хуруҷи зарбаи гази ногаҳон баромада ҳалок гашт.

– Не, не, ту ин касбро интихоб накун! – бо дарду ҳарос фиғон кашид Зайнаб, вақте писар хоҳиши инженери нафт шу­данашро ба ӯ гуфт:

– Охир, худат мегуфтӣ-ку, Худоуғлиҳо ҳамеша нафткаш буданд…

– Бало ба пасашон, – овози Зайнаб моломоли ҳаяҷону изтиробу дард буд: – Магар шарт аст, ки ҳамаи як сулола як касбро мерос бигиранд? Магар ду талафот бас нест? Мамед, аз ту хоҳишу илтимос дорам, агар дар дилат ба ман заррае раҳму шафқати фарзандӣ дошта бошӣ, ин андешаро аз сарат партову ба дигар донишгоҳ бирав…

Мамед ончунон модарашро эҳтиром мекард, ки хоҳиши ӯро рад карда натаво­нист. Ӯ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд.

… Зайнаб аз бандар ба ҷавони тану­манди сиёҳпӯш, ки нусхаи падараш буд, бо меҳр менигарист. Мамед табассум­кунон аз болои киштии сафед ҷониби ӯ даст меафшонд. Воқеан, Мамед хоҳи­ши модарашро ба ҷо овард, анъанаи аҷдодиро вайрон карду ба Донишгоҳи нафткашӣ нарафт. Вале баъди хатми До­нишгоҳи тиббӣ ҳангоми тақсимот хоҳиш намуд, ки ӯро ба беморхонаи Санги нафт роҳхат диҳанд. Ана ин барои Зайнаб ғайричашмдошт буд…

Инак, Мамед ба ҷои кораш сафар дорад. Пас аз бонги кӯтоҳи рухсат киштӣ оҳиста аз девораи бандар ҷудо шуда, ҳуштаки бардавоми баланд кашиду сӯи воридгоҳи халиҷ шино кард. Зайнаб ба киштӣ, ки дар синаи баҳр ба самти Санги нафт мерафт, менигарист. Дар чашмони ӯ ба ҷои ғаму андӯҳ шарораи ифтихор барқ мезад.

Тарҷумаи Абдулҳамид Самад

 

 

Мирмаҳдӣ Оғоӯғлу

                                                   Почтаи электронӣ

(Ҳикоя)

Дари сафеди пластикии почта баланд садо бароварда, кушодаву пӯшида шуд. Шахси воридгашта, пойафзоли пурчангу хокашро дар латтаи остона тоза карда, назди пештахта омад. Ӯ бо калидҳои «Тойота Прадо»-яш ба пештахтаи каҳрабоиранг тақ-тақ зад ва баъд сар бардошта, ба атроф нигарист. Ҷадвали навъҳои хизматрасонӣ ва нархномаҳои хизмати алоқаро, ки дар девор овезон буданд, бепар­воёна аз назар гузаронд. Аз чеҳраи ҳайронаш маълум буд, ки мазмуни навиштаҳоро тамоман намефаҳмад. Вақте ки бори дуюм пештахтаро кӯфт, аз дари дарун сари коргари почта Чапай намоён шуд. Ӯ бо пушти дастон лабони аз палов равғаниа­шро пок карда, ба паси пештахта омад ва боадабона ба меҳмони соҳибэҳтиром салом карда, ба му­лоимкурсӣ нишаст.

Меҳмон – Бӯронлӣ яке аз шахсо­ни муътабари деҳаи Остонлӣ буд. Натанҳо дар деҳаи худаш, балки дар деҳаҳои дурдаст ҳам одаме ёфт намешуд, ки ин шахси сарватмандро нашиносад. Дар Остонлӣ ва деҳаҳои ҳамсоя беш аз панҷсад гектар замин, рамае иборат аз ҳазор гӯсфанд, фер­мае бо сӣ гов, дар ноҳия панҷ мағоза, ҷои мошиншӯӣ ва се қаҳвахона дошт ӯ. Ғайр аз ду квартира дар Боку ва маркази ноҳия соҳиби ҳавлие буд, ки бо вуҷуди дар канори деҳаи ҳамсоя ҷойгир буданаш дар он гирду атроф ҳамто надошт.

Ҳавлиро Бӯронлӣ дар замини аҷдодиаш сохта буд. Қаблан дар он ҷо кулбаяки якошёнаи гилие ҷойгир буд, ки панҷ сол пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд гардида, ҳангоми боди шимолӣ ба ҷануб таъзим мекарду ҳангоми боди ҷанубӣ ба шимол. Дар ҳамон кулба таваллуд шудаву камол ёфта буд вай.

Замоне, ки дар ин кулбаи гилӣ мезист, касе Бӯронлиаш наменомид. Он вақтҳо аҳли деҳа чун Чингиз ме­шинохтандаш. Баъди хизмати аскарӣ дигар шуд зиндагиаш. Ба хона ҷавоб шуда, чанд вақт чун дигар рафиқо­наш бекор гашт. Ягона кор дар деҳа муаллимӣ дар мактаби маҳаллӣ буд, вай бошад маълумоти дурусти миё­на ҳам надошт. Ҳатто дастпарварони донишгоҳ, ба умеди он ки дар мактаб ягон ҷо холӣ мешаваду онҳоро ба кор мегиранд, вақташонро беҳуда мегузаронданд.

Пас аз сарсониҳои бесамар Чин­гиз бо даъвати амакбачаи падараш, ки дар Боку мезист, ба пойтахт рафта, пешаи коргариро ихтиёр на­муд. Баъди як моҳ шомгоҳе савори «газик»-е, ки ба мошини боркаш таб­дилаш дода буданду кафи даст ба­рин доғи сабзаш аз ранги пештарааш дарак медод, баргашт. Саҳарӣ дӯсто­ни бекораш, ки шаб хеле мазоҳаш карда буданд, на худашро диданду на «газик»-ашро ва зиқ шуданд, ки Чингиз аз онҳо хафа шуда рафтааст. Ҳамроҳи ӯ аз деҳа панҷараи оҳании атрофи муҷассамаи ёдгории қурбо­ниёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам ғайб зада буд.

Баъди як ҳафта Чингиз боз дар деҳа пайдо шуд. Ин дафъа пас аз рафтанаш оҳанпораҳои нодаркори ҳавлии идораи колхоз ва қисми ноло­зими қубури оби деҳа ғайб зад. Бори сеюми омаданаш қисми боқимондаи қубури об ва ашёи оҳании боғчаи кӯдакони колхозро бурида бурд. Як бегоҳӣ деҳаро ғурроси «Камаз» пур кард. Чингиз боз барои оҳанпора омада буд. Боре савори мошини са­букрав омад. Акнун, либоси махсуси пур аз чангу занг дар бар, оҳанпора ҷамъ намекард ӯ, балки мошинсавор ба идораҳои зарурӣ рафта, иҷозати кандани маснуоти оҳаниро мегириф­ту рафиқонаш, ки чун коргар кироя­шон карда буд, он ҳамаро ба мошин бор мекарданд.

Ба андозаи кам шудани чизу чораи оҳание, ки дар Остонлӣ ва деҳаҳои ҳамсоя ба назар мераси­данд, сарвату шуҳрати ӯ зиёд мешуд. Ба ин тариқ чанд сол гузашт. Вақте ки дар гирду атроф асбобу анҷоми оҳанӣ намонд, навмед нашуд Чингиз. Ӯ аллакай қитъаи калони киштзор ха­рида, соҳиби мағозаи муфлисгаштае шуда буд.

Боре, дар як чорабинии деҳа, ки намояндагони ҳокимияти иҷроия доир карда буданд, корманди ҷамоат ӯро Чингиз-муаллим не, бо насабаш – Бӯронлӣ ном гирифт. Бо насаб зикр гаштанаш ҳамаро моту мабҳут кард, лекин ба худаш, ки дар раёсат, қатори меҳмонони фахрӣ нишаста, маккорона табассум мекард, бисёр маъқул шуд.

Баъди он ки Чингизро Бӯронлӣ мегуфтагӣ шуданд, рафтору гуфто­раш ҳам ҳаммаънои насабаш тағйир ёфт. Агарчи мағруриву худписан­диаш нафратангез менамуд, ҳама бо ӯ ба ҳурмату эҳтиром муносибат мекарданд. Охир, мардуми деҳаро соҳиби кор карда буд вай: даҳҳо ҳамдеҳагон дар заминаш киштукор менамуданд, рамаашро бонӣ ме­карданд, дар мағозаву қаҳвахона­аш машғули кор буданд. Акнун дар майдони холии паси бинои куҳнаи маъмурии колхоз сехи хишт бунёд кардан мехост. Ҳатто бо ёрии ра­фиқи русаш бо истеҳсолкунандагон дар тамос шуд ва онҳо хоҳиш кар­данд, ки барои дастрас намудани номгӯю акси таҷҳизот почтаи элек­трониашро бифиристад. Чизе на­фаҳмида, лаҳзае гаранг шуда истод, вале барои дар чашми тоҷирони рус аз дунё бехабар нанамудан ваъда кард, ки пагоҳ занг зада, суроғаи электрониашро мегӯяд.

Суҳбати телефонӣ субҳи имрӯз доир шуда буд. Даромаду баромада­шро ҳисобукитоб карда, то нисфирӯз банди андеша гашту баъд барои коре ба Боку рафта, аз говсандуқаш ду ҳазор доллар гирифта, сӯи по­чта равон шуд. Бастаи пулро рӯи пештахта гузошта, ҷиддан аз Чапай дархост, ки ҳарчи зудтар масъалаи почтаи электрониашро ҳал кунад. Баъд гуфт, ки ҳоло шитоб дораду боқии маблағро пагоҳ меорад ва аз пайи кораш рафт.

Ҳамин ки ӯ аз дар баромад, Ча­пай бошитоб пулҳоро аз пештахта гирифта, аввал ба қуттӣ гузошт ва баъд аз он бароварда, ба киса зад. Чунон худро гум карда буд, ки ғизои нотамом ҳам аз ёдаш баромад. Ба хонаи дарун даромада, ба ҳисоб кардани саддоллараҳои шараққосӣ машғул гардид. Чапайи синнаш кайҳо аз сӣ гузашта ҳаргиз чунин маблағро надида буд. Ду ҳазор долларро дар даст доштан барояш муъҷизае менамуд. Пулҳоро ҳисоб кард-ҳисоб карду зиқ шуд ӯ. Худро бо Бӯронлӣ, ки бо як азоб мактаби миёнаро хатм карда буд, муқоиса намуда, дилаш ба солҳои сарфи мактабу донишгоҳ кардааш сӯхт. Ду сол боз бо духтараке фотиҳааш карда буданд, лекин хонадор шуда наметавонист, чунки имкони барои арӯс зару зевар харидан надошт. Навадуҳашт манате, ки ҳар моҳ аз кори почта мегирифт, барои сигораш базӯр мерасид. Ин бастаи доллар барояш атои осмонӣ буд. Ба ин ду ҳазор доллар (Бӯронлӣ ваъда кард, ки боз меорад) метавонад барои арӯс зару зевар бихарад ва боз сад- дусадтаашро барои хароҷоти дигар бимонад.

Албатта, Чапай метавонист пулҳои Бӯронлиро, ки почтаи элек­трониро шуъбачаи почта гумон карда буд, бемалол аз худ намояд. Ҳатто як-ду ҳафта, баҳонае карда, фиребаш бидиҳад. Лекин ӯ зуд ё дер албатта чӣ будани почтаи электрони­ро мефаҳмаду медонад, ки кушода­наш ду доллар ҳам намешавад. Он вақт ҷои гурез нахоҳад ёфт Чапай, Бӯронлӣ сахт қасд мегирад ё зада маъюбаш мекунад, ё аз кор меронад.

Чапай баногоҳ ба худ омада дид, ки аз ҳисоб кардани пулҳо ангушто­наш сиёҳ шудаанд. Аз ҳарисиаш шарм дошта, онҳоро ба кисааш монд ва аз бино баромад.

…Бӯронлӣ, пойафзоли пур аз чангу хокашро дар латтаи остона тоза карда, назди пештахта омад. Чапай аз мулоимкурсӣ хеста, бо ӯ са­лом кард, гуфт, ки почтаи электронӣ тайёр аст ва тарзи истифодаи онро дар компутер нишонаш дод. Баъд аз кисааш пулҳоеро, ки дирӯз Бӯронлӣ дода буд, бароварда, бо зикри он, ки барои кушодани почтаи электронӣ на ду ҳазор, балки ҳамагӣ сад доллар сарф кардааст, боқимондаашро баргардонд. Бӯронлӣ аз шодии он, ки ҳалли чунин масъалаи душвор барояш тамоман арзон афтод, ба мушкилосонкунаш боз сад доллар ширинкома дод ва миннатдорӣ карда рафт.

Чапай ҳамёнашро кушода, ин саддоллараро бо онаш, ки аз ди­рӯз ин ҷониб дуздона дар кунҷаке макон карда буд, ҳамроҳ намуд ва, оҳи сабук кашида, ба мулоимкурсӣ такя зад.

Дусад доллар барои ҷашни ару­сиаш захира шуда буд.

Тарҷумаи А. Сурайё

Дигар хабарҳо