Дасти расои драматург
Ба муносибати 90-солагии драматург Абдусалом Атобоев
Имсол дар қатори аҳли адаби кишвар намояндагони театри тоҷик низ, 90-солагии драматург Абдусалом Атобоевро ҷашн мегиранд. Мавсуф аз зумраи маъруфтарин чеҳраҳои адабии кишвар дар равияи драматургия маҳсуб мегардад. Аммо, то расидан ба ин сатҳ, ӯро лозим омад, ки мисли дигар қаламкашон аз нигоштани очерку ҳикоя оғоз намояд. Чанде аз онҳо дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Гулистон», «Машъал» ва маҷмуаҳои дастаҷамъӣ нашр шудаанд. Осори мансураш дар китобҳои «Вохӯрӣ бо падар» (1976) ва «Шиносоӣ» (1978) ба табъ расиданд.
Тавре зикр шуд, муваффақияти бештарро Абдусалом Атобоев дар драматургия ба даст овард. Дар ин равия вижагиҳои ба худ хос ҳам дорад. Намоишномаҳои «Суруди нотамом» (1971), «Иллоанта» (1972), «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (1975), «Телеграмма ба Ленин» ва «Қиёми Лоҳутӣ» (ҳар се дар ҳамқаламӣ бо Ғанӣ Абдулло, 1976), «Имтиҳон» (1977), «Қиссаи аввалин» (1978) гувоҳи гуфтаҳои болоанд. Дар раванди ташаккули маҳорати ҳунарии адиб ҳамкорӣ бо дастаҳои театрии кишвар мавқеи муҳим дорад.
Тавре маълум аст, театр ҳамеша ба намоишномаҳои пурмуҳтаво ниёз дорад. Аз ин рӯ, Атобоев ҳеҷ гоҳе дар таҳияи асарҳояш ба мушкиле рӯ ба рӯ нашуда, баръакс дастаҳои театрии мо дар рафти таҳияи асарҳои драматург сатҳи худро муайян сохтаанд. Шоҳкориҳои дар ҳамдастӣ ба адиб офаридаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмуд Воҳидов саҳифаи ҷолиберо дар ҳолномаи Абдусалом Атобоев ва ин дастаи ҳунарӣ ташкил медиҳанд.
Нахустин қадами намоён ва муваффақиятомези Театри ҷавонон дар бозтоби ҳунарии сафҳаҳои таърихи миллӣ, рӯи саҳна овардани намоиши «Робиаи Балхӣ» буд. Намоиши мазкур аз рӯи асари «Суруди нотамом»-и Абдусалом Атобоев, ба мавзуи сарнавишти талхфарҷоми Робиаи Балхӣ – яке аз бонувони соҳибистеъдод ва бономи шеъри тоҷикӣ ихтисос ёфтааст. Робиа дар радифи бузургони сухан ва муосиронаш Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Дақиқӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Мунтасир, Абулқосими Фирдавсӣ нақше муассир дар бунён ниҳодани адабиёти форсии тоҷикӣ гузоштааст.
А. Атобоев ба равиши пешомадони худ, дар нигоштани намоишномаи «Суруди нотамом» аз ривоятҳову достонҳои фаровони мавҷуд дар рисолаҳои илмиву адабии қарнҳои миёна ва низ осори шифоҳии мардум кор гирифтааст. Ӯ бо таъбир намудани ин ривоятҳову достонҳо дар чаҳорчӯби қонунҳои ҳунари саҳна, муваффақ ба ироаи ҳақиқати таърихӣ ба забони ҳунари бадеъ гардидааст. Бад-ин гуна, намоишномаи мазкур руҳи ин ривоятҳо ва фазои таърихии рӯзгори Робиаро ламс намудаву нигоҳ доштааст. Бозтоби фақат чанд лаҳза аз рӯзгори фоҷиабор ва дар баробари ин, қаҳрамононаи Робиа, тасаввуре комил аз сарнавишту зиндагии ӯ ва дар ҳошияи он, бардоште аз паҳлуҳои манфии ҷомеаи феодалиро дар зеҳни бинандаи намоиш ҳосил менамояд. Истифодаи мутаносиб аз ашъори Робиа, дар канори ривоятҳо ва сарчашмаҳои зикршуда, бар камоли асари ҳунарии мазкур афзуда, ҷиҳате мусоид барои тақвияти иртиботи миёни саҳна ва толор гардидааст, зеро розҳои дили ҳассоси Робиаро аз шеъраш боястӣ ҷӯё шуд ва таровиши ормонҳо ва муроди ботинии ӯро аз ниҳонхонаи замираш бозшинохт. Тавре муҳаққиқ Мардон Шарифов таъкид намудааст: «Малоҳат, дидгоҳи латифи ғиноӣ ва жарфнои эҳсосоти Робиа, дар баробари вуруди ғосибона ва беамони воқеияти талх ба дунёи шоиронааш, барҷастатару комилтар намоён мегардад». Дар намоишномаи мазкур драматург на танҳо бархӯрди мустақими хислатҳо, балки дидгоҳҳо ва мавқеиятҳои иҷтимоии намояндагони соҳибмаърифати мардум бо неруҳои зулмонии як давраи комил тасвиру таъбир гардида, аз ин роҳ, ривоҷи қонунманди воқеаҳо ва муаррифии хислатҳо сурат гирифтааст. Кӯшишу талоши Робиа барои даст ёфтан ба саодат ва висоли маҳбубаш бозтоби муборизаи ӯ ҷиҳати ҳуқуқи баробар миёни занону мардон дар ҷомеаи он рӯзгор аст.
А. Атобоев дар офаридани намоишномаи «Суруди нотамом» ба нуқтаи камоли ҳунари драматургия расида буд. Моҷарои воҳид дар асар ба гунае пуршӯру шадид ривоҷ ёфта, бо рӯйдодҳои фаровони дигар ғанӣ гардидааст. Ихтилоф (конфликт)-и асосии намоишномаро мухолифатҳои хурд (микроконфликтҳо)-е, ки дар натиҷаи моҷаробарангезии Сайёра – ҳамсари Ҳорис ва низ бархӯрдҳо ва тафриқаҷӯиҳое, ки миёни аъзои хонаводаи ҳоким сурат мегиранд, шиддат бахшидаанд. Бо вуҷуди аҳволи мазлумонаи занони тоҷик дар қарнҳои миёна, Робиа на қурбонии вазъият ва замони хеш, балки, пеш аз ҳама, мубориз аст; дар такопӯи латифу ошиқонаи дили ӯ мардонагие нуҳуфтааст, ки барои ҳақҷӯӣ ва талаби адлу дод илҳом ва неру мебахшад. Хислати вижаи қаҳрамони офаридаи А. Атобоев дар озодихоҳӣ ва напазируфтани зулм намоён мегардад, дар ҳоле ки талаби ҳаққи инсонӣ дар замони зиндагии Робиа, ҳатто, барои духтарони соҳибимтиёзи табақаи ҳоким амре мамнуъ ба шумор меомад.
Асари мазкур соли 1973 бо коргардонии Шамсӣ Қиёмов рӯи саҳнаи Театри ҷавонон омад. Дар намоиши ҷолиб ва муассири «Робиаи Балхӣ» нақши марказии Робиа барҷастатар тасвир гардида, бархе аз қисматҳои матни намоишнома ба ихтисор расид. Бахши ниҳоии намоишнома низ ба сурати қобили мулоҳизае тағйир ёфта, дар маҷмуъ, театр муваффақ ба офаридани чеҳраи хос аз шахсияти Робиа гардид. Дар навъи таъбири устодонаи Ш.Қиёмов, нақши барҷастаи Робиа на танҳо меҳвари воқеаҳои намоиш буд, балки фаротар аз он, дар радифи аввали тамоми муҳити ҳукмфармо дар Балхи рӯзгори Сомониён ҳузур пайдо мекунад. Драматизми баланди асари мазкур аз роҳи таъбири дуруст ва ба кор гирифтан аз тарзу равиши дақиқ ва мутаносиби саҳна фароҳам омадааст.
Робиа дар иҷрои Р. Қосимова нақше зинда ва наздик ба зеҳну тасаввури тамошогар гардид, ки бо ҳар ҳаракату ишора ва нафасу нигоҳаш набзи ӯро аз жарфнои садсолаҳо ба гӯшу дидаи шефтагони шеъраш мерасонд. Робиаи шуҷоъ бо исрору муқовимати тамом бародараш Ҳорисро барои аз зиндон озод намудани занони мазлум ва додгустарӣ розӣ менамояд. Ӯ, ҳамчунин, ба таъсиси мадрасаи занон муваффақ мегардад. Ба тасвиру таъбири Қосимова, моҳияти хислатҳои Робиа реша дар ҷустуҷӯи ҳақиқату инсоф дорад ва кӯшиши вай дар касби камол шахсияти ӯро қавитар намуда, ангезаи аслӣ барои пешрафти маънавӣ мегардад. Пиндори шаффофу андешаи равшани Робиа, ки дар ин намоиш бозтоб ёфтааст, далел бар покизагии руҳу равони ӯст.
Мардон Шарофов – мунтақиди фаъоли театр дар даҳаи 70-и асри гузашта, пас аз Добролюбов, ки қаҳрамони намоиши «Гирдоби бало»-и А. Островскийро «порае нур дар салтанати зулмонӣ» номида буд, бо сароҳат ҳамин таъбирро зимни арзёбии нақши Р. Қосимова ба кор бурд.
Дар намоиши «Робиаи Балхӣ»-и таҳияшуда бар мабнои асари А. Атобоев фазои воқеаҳо ба сабки меъмории асрҳои миёна фароҳам гардид. Дар ороиши саҳнаҳо Янтобте Мамадқулов ба наҳве густурда аз равишҳои миниатурнигории шарқӣ баҳра бурдааст. Бино бар ин, тарҳи саҳфаи намоиш низ ба сабке воҳид бо мағзу муҳтавои куллии асар таҳия гардид. Аксар амалу рӯйдоди намоиши мазкур дар таркиби меъмории суннатии миллӣ, ки айвон аст, сурат мегиранд ва, ҳамзамон, метавон онро навъе нишони рамзии намоиш донист. Дар нақду баррасиҳои анҷомшуда дар заминаи кори рассоми ин намоиш таъкид бар нуктае мегардид, ки «тоқҳои мавҷуд бар пайкари азими бино, вусъати фазои дохили он, бурузи декоратсионии саҳна на бар ҳасби истифода аз ашё, балки аз роҳи пардозиши меъморӣ ба рассом имкон дод, то тамошогаронро ба гунае мустақим ба муҳити рӯйдодҳо ворид намояд».
Намоиши «Фалокат»-и Атобоев ва хислатҳои қаҳрамонони он – Нодир, Зулфия ва Музаффар низ маҳдуд набуда, аз равиши тасвирӣ фарсахҳо фосила доштанд. Аҳаммияти мавзуи ҷалби духтарони маҳаллӣ барои кор дар муассисаҳои истеҳсолӣ онро хеле таъсирбахш намуда буданд. Хатти ҷолиби сужет ва воқеънигорона будани силсилае аз образҳо (масалан, Баротов – Тағоймурод Розиқов ва Ситора – Соҳибсултон Алиназарова) асарро ҷолиб намуда, дар маҷмуъ, аксари персонажҳои он аз сифатҳои фардӣ ва хос бархӯрдор буданд.
Баъдан, коргардони баном Мирзоватан Миров намоиши «Моҷарои имтиҳон»-ро аз рӯи асари Абдусалом Атобоев таҳия намуд. Қиссаи имтиҳоноти қабули Сокинаву Расул ба донишгоҳи ҳунар ва падид омадани душвориҳову сахтиҳои фаровон дар ин роҳ, сужети аслии намоиши мазкурро ташкил доданд. Бо ин кори хеш ҳунармандон тавонистанд ба намоишномаи дар замони шуравӣ таълифшуда таровату пирояе наве бибахшанд. Ҳалли маъмулии намоишро бандҳои таронаҳое, ки бо ҷасорати хос коргардон афзуда буд, диданӣ намуданд.
Нафаси тозаро ба ин намоиш сирфан ҳунармандони ҷавон бардамиданд. Табу тоби Расул – қаҳрамони ошиқ дар иҷрои Баҳром Обидов вокунишҳои гарми тамошогаронро барангехт. Сарфи назар аз иҷрои то ҳадде хушки нақши Сокина тавассути Р. Расулова, аксар бонувони насли муосир дар сарнавишти ӯ зиндагии худро диданд.
Чуноне аз назари иҷмолии мо ба таҷрибаи ҳамкориву ҳамгироиҳои Абдусалом Атобоев бо Театри ҷавонон бармеояд, тавассути драматургияи адиб театр ба рӯи худ ба сӯи дунёи бекаронаи озмоиши руҳи инсон ва барои тамошогар панҷараи дигареро ба дунёи театр во намуд. Дар мисоли корҳои дидании Театри ҷавонон дар ҳамкорӣ бо драматург Абдусалом Атобоев метавон хулоса кард: кайҳо вақташ расидааст, ки он ба тарзи ҷиддӣ омӯхта шавад. Ин амал имкон медиҳад, ки бо ҷиддан фаро гирифтани ҳамаи асарҳои саҳнавии ӯ (ва агар лозим бошад, дар муқоиса ва таҳлили якҷояву ҳамаҷонибаи тамоми паҳлуҳои эҷодиёташ) ҷиҳати рӯзгор ва осори пурбораш хулосаҳои мукаммал бароварда шаванд.
Драматургияи Абдусалом Атобоев аз публитсистика ва насраш дертар ташаккул ёфта бошад ҳам, бо он дар як ҷараён инкишоф меёбад. Тамоюли умумии воқеънигорӣ ва жарфнигарӣ ба драматургияаш хос буд. Масъалаҳои вобаста ба вазъи ахлоқии ҷомеа меҳвари асосии асарҳои саҳнавии ӯро ташкил медиҳанд. Зиёиён ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва мавқеи шаҳрвандию маънавии онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа мавзуи асосии коргардон гардида, дар асарҳои ӯ таҳаввулоти бузурги равонию маънавии ҷомеа дар даврони охир хеле нишонрас тасвир шудаанд.
Театри тоҷик дар нимаи дувуми асри гузашта бо тамоми манзалат ва камбудию норасоиҳояш дар мисоли эҷодиёти Абдусалом Атобоев мунъакис гардидааст. Ба асарҳои драматург дақиқ донистани қонуниятҳои зиндагӣ, дарки дурусти тамоилҳои инкишофи ҷамъият, таҳаввулоти табиати хислат, фикру зикр ва мафкураю ҷаҳонбинии муосирони мо хос аст. Ӯ, чуноне аз таҳлилҳои болоӣ бармеояд, дар устокорона сохтани низоъҳою тарзи марғуби ҳалли онҳо, моҳирона инкишоф додани воқеаҳо ва ҷамъбастҳои фалсафӣ дасти расо дорад.
Муҳаммадуллоҳ Табарӣ,
театршинос