Ғамро ба ханда мекушт. Ёде аз Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ

 Ғамро ба ханда мекушт. Ёде аз Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ

Ба муносибати 70-солагии Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ

Овони наврасию мактабхонӣ ҳан­гоми мутолиаи ҳаҷвияҳои нависан­дагон Фазлиддин Муҳаммадиев, Саид Аҳмад ва ё тамошои филмҳои мазҳакавӣ дар иҷрои актёрҳои асил Чарли Чаплин, Юрий Никулин, Евге­ний Леонов ва дигарон, ки ба ҳаҷви нозук ва ҳаракату қиёфабозии таъ­сирбахш маро мафтуну хушҳол ме­карданд, ҳавасам меомад. Он айём дар тасаввури банда эшон инсонҳои хушбахтеро мемонданд, ки умрашон ба хандаю ширинкориҳои намакин мегузарад. Ба одамон хушҳолӣ мебах­шанду худ низ ҷаҳон-ҷаҳон ҳаловат мебаранд. Ин кор ба онҳо осон даст медиҳад ва дасти ғаму андуҳ ҳаргиз ба домани ин инсонҳои хушбахт наме­расад. Аммо… баъдҳо дар баробари камубеш ба фаҳми заҳмати сангини эҷодкорӣ рафтан ва ба зиндагиномаи ҳунармандон ошно гаштан дарёфтам, ки санъаткори асил бо чӣ ранҷҳо ба одамон хушҳолӣ мебахшидааст. То нафареро хандонидан худ шабҳо дар сари мизу рӯи саҳна хуни дил мехӯрдааст. Воқеан ҳам душвор аст дили руҳафтодаеро бардоштан, ба қалби аз ноомадии кору душвории зиндагӣ тангу тор рӯшноӣ бахшидан. Барои анҷом додани ин амали сангин санъаткор бояд соҳиби дили дардош­но, дидаи ҳақбин, нигоҳи бавусъат ба зиндагӣ, неруи бузурги ҳақталошӣ ва ҳамзамон соҳиби табъи баланди ҳаҷв­нигорӣ бошад. Охир, то насӯзӣ, сохтан наметавонӣ. Нависандаи шинохта Фозил Искандар мегӯяд: «Ба пиндори ман, барои соҳиби табъи зариф шудан бояд ба умқи маъюсию руҳафтодагӣ бирасӣ ва ба қаъри тираи он назар андохта, бовар ҳосил бикунӣ, ки дар он ҷо низ ҳеҷ чиз нест. Сипас оҳиста ба қафо баргаштан лозим. Ана ҳамин пайи дар роҳи бозгашт гузошта ҳаҷви ҳақиқист».

Дар дунёи ҳунар, аз ҷумла ада­биёти муосири тоҷик, ангуштшу­моранд чунин санъаткорони асил, соҳибони табъи волои зариф. Зеро ба андешаи банда, ҳаҷвнигорӣ муш­килтарин шохаи наср аст. Вай аз нави­санда дар баробари вусъати тахайю­лоти бадеӣ, ҳунари хуби забондонию дақиқназарӣ, ҳамчунин табъи баланди зарофатсанҷӣ мехоҳад. Шахсони базлахону зарофатгӯй зиёданд, аммо аз байни онҳо аҳён-аҳён ҳаҷвнигор мебарояд. Зеро на ҳар кас метавонад фоҷиаю мазҳакаи зиндагиро дар худ баробар ҳазм карда, сипас дар ҷомаи ҳикояи ҳаҷвӣ пешкаш намояд.

Ман ин андешаҳоро вобаста ба ёди ҳаҷвнигори шинохтаамон шодра­вон Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ рӯи коғаз меорам. Зеро аминам, ки вай бо навиштаҳои хеш ба насри муосира­мон як накҳати тару тоза овард. Ба ҳаҷву танзи нозукаш, андаке бошад ҳам, боғи адабиётро перостатар гардонд. Умри кӯтоҳ дид Аҳмадшоҳ, ҳамагӣ чилу нуҳ сол! Дар ин муддат ҳафт китоби хурду бузургҳаҷми ӯ аз чоп баромад: «Гап байни худамон», «Каҷ дору марез», «Дасти ману до­мани шумо», «Зинда будан кам аст», «Арус аз Тошканд», «Холаи Маҳтоб» ва «Дарро задам, девор кафид». Ҳар гоҳе ҳаҷвияҳои Аҳмадшоҳро аз нав мехонам, боварам дучанд мегардад, ки асло пеши худ намебофт вай ҳико­яро. Ҳарчанд мегӯянд, беҳтарин асари бадеӣ аз тахайюли муаллиф бармехе­зад, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ бештарин ҳикояҳояшро, алалхусус солҳои охир, дар заминаи воқеаҳои ҳаётӣ ва шах­сони мушаххас менавишт, аз суҳбату гуфтори атрофиён сужа мебофт, аз воқеаю рӯйдодҳои барои дигарон камарзиш мавзуъҳоеро меёфту дар ҷомаи ҳаҷву танз пешкаш мекард, ки кас дар ҳайрат мемонад. Вай ба ҳама барору нобарории зиндагӣ аз даричаи ҳаҷв менигарист ва яқин дарёфта буд, ки ҳақиқат дар ҳаҷв тавлид мешавад ва дар ҷомаи ҳаҷву танз метавон беи­бо сухани рост гуфт. Хаёлам, олуда ба ҳаҷв нафас мекашид, аз як ҷузъиёти зиндагӣ метавонист чизи хондание бинависад.

Боре ҳамроҳ ба назди дӯсти до­драсамон рафтем. Мебоист ҳарсе ба маъракае мерафтем. Рӯз гашт мекард. Дар дафтари кори дӯстамон се-чор нафар менишастанд. Моро хуш қабул карданд. Як ҷавони чусту чолок ноаён берун рафта, баъд аз муддате халтача дар даст баргашт ва дар кунҷ, болои мизи пастак, аз санбӯсаю ҳасиб ва меваҳо дастархон ороста, як шиша шароб низ гузошт. Суҳбат дар гирди хон гармтар идома ёфт. Чун мо иро­дати хестан кардем, дӯстамон хоҳиш намуд, то мурофиаро гузаронидани ӯ мунтазир бошем. Азбаски ҳаво сард буд, нагузошт дар берун ӯро интизор шавем. Хулоса, ҳамроҳи Аҳмадшоҳ ду курсии дар зери девор қатор гузо­штаро соҳибӣ карда нишастем. Дар ҷараёни мурофиа маълум гашт, ки ҳамон ҷавон бо кадом як рафтори қаллобӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешудааст. Ҳангоми пурсиш додрас ҷиҳати собит кардани гуноҳи ӯ тезу тунд мегуфт, ҳатто ба сараш арбада мекард. Ин манзараро дида Аҳмадшоҳ оҳиста аз ман пурсид: «Оё ҳозир ҳамин ҷавон дастархон наоро­ста буд?» Ман ба аломати ризо сар ҷунбондам. «Пас чаро дӯсти додра­самон ба сари ун бечора беибо дӯғу пӯписа мекунад… Охир, ин кор аз сари адолат нест», – табассум дар лаб гуфт Аҳмадшоҳ. Дар он табассуми малеҳи ҳаҷвнигори чирадаст як ҷаҳон маънӣ нуҳуфта буд. Ёд дорам, баъдҳо он воқеа дар шакли як ҳаҷвияи хонданӣ рӯи чоп омад.

Адиби маъруфи тоҷик Саттор Тур­сун боре аз Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ ёд карда, навиштааст: «Ёдаш гиромӣ бод, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ… нахан­дида ҳам, аз таҳти дил механдид. Қариб надидаам касеро, ки ба касбаш ин қадар муносиб бошад».

Воқеан амиқ дарёфтааст хулқу хислат ва ҳунари ҳаҷвнигории Аҳ­мадшоҳро устод Саттор Турсун. «На­хандида аз таҳти дил хандидан…» Ба ростӣ, ҳунари воло ва ҳамзамон душвор аст ин кор! Умуман, софдило­на дар ханда шудан кори ҳар кас нест. Чунки ин гуна ханда ҳамеша аз қалби поку бериё, дидаи ҳақнавоз бармеояд. Нависандаи руҳшинос Фёдор До­стоевский барҳақ нигоштааст: «Агар мехоҳед ба як нафар баҳо диҳед, аз дилу нияташ бохабар шавед, ба чӣ тарз сукут варзидан, чӣ гуна ҳарф задан ё гиря кардани ӯ ва ҳатто ба кадом андоза аз ниятҳои нек ба шавқ омаданаш таваҷҷуҳ нанамоед. Беҳта­раш, ҳангоми хандидан ӯро назора кунед. Агар хандаи зебо дорад, – пас, инсони хуб аст».

Хандаи зебою беғаш дошт Аҳмад­шоҳ Маҳмадшоҳ! Ҳар куҷое пайдо мешуд, деги хандаю ҳаҷв меҷӯшид. Ҳеҷ гоҳ сохта намехандид. Аз ин ҷост, ки ҳаҷвияҳояш низ самими­анд, саршор аз зарофат, танзи нишонрас ва малоҳатанд. Умуман, тули ҳамнишинию ҳамкорӣ боре нашунидаам, ки Аҳмадшоҳ касеро ғайбат карда бошад. Агар айби ка­серо гуфтан хоҳад, ягон рафтори ноҷои ӯро латифамонанд чунон бамаврид меовард, ки сомеон ҳайрон мемонданд: ҳаҷвнигор ӯро сифат мекунад ё маломат? Чун­ки ба ҳама хайрхоҳ буд ӯ. Шояд устод Саттор Турсун «ба касбаш ин қадар муносиб» гуфта, ҳамин хислати Аҳмадшоҳро дар назар дошта бошад. Зеро қобилияти ай­бро дар ҷомаи ҳаҷви малеҳ гуфтан дошт Аҳмадшоҳ ва аз уҳдаи ин кор ба хубӣ мебаромад. Дар ҳалқаи ҳамкорон, маҳфилу нишастҳо ва раҳораҳ барои ҳаҷвияҳояш мавзуъ меҷуст ва хушбахтиаш дар он буд, ки ба осонӣ меёфт. Чунки баистеъдод буд ҳаҷвнигори шинохтаи мо. Вай бо ҳаҷвияҳояш собит сохт, ки агар нависанда жарфнигоҳ аст (воқеан, ин муҳимтарин унсури эҷодкорист), ме­тавонад ҳатто дар доираи ҳамкорону ҳамнишинон силсилаҳикояву қисса ва романҳои марғуб нависад. Дар чанд маҷмуаи ҳикояҳо муаллиф таҳти ун­вони «Ҳикояҳои даҳанакӣ» аз сират ва зиндагии ибратомӯзи адибони шинох­таамон Қутбӣ Киром, Саттор Турсун, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Ҳайрат Шанбезода, Ҳоҷӣ Мурод, Гурез Сафар ва дигарон ҳикояҳои ҷолиб мекунад, ки хонанда ҳангоми мутолиаи онҳо ба дунёи рангин, ҳозирҷавобию нук­тасанҷӣ ва табъи латифи адибони дӯстдоштаи хеш ошно мегардад ва боз як паҳлуи истеъдоди эшонро кашф мекунад. Бояд зикр намуд, Аҳ­мадшоҳ Маҳмадшоҳ ин жанри хурди адабӣ, яъне ҳикояҳои даҳонакиро, ки аз эҷодиёти классиконамон Саъдию Убайди Зоконӣ, Восифию Ҷомӣ об мехӯрад, ба тарзи нав зинда кард.

Азбаски банда ба Аҳмадшоҳ дар як деҳа ба дунё омада, ба воя расидаем, дар ҳаҷвияҳои ӯ симои бисёр ҳам­деҳагони хешро мебинам. Нависанда баъзан ба номи аслиашон овардааст онҳоро. Ҳарчанд ин нафарон ба заро­фатгӯию табъи латифашон дар деҳа ном баровардаанд, Аҳмадшоҳ ба сеҳри килки хеш ин қареҳаи эшонро дар назари хонанда дучанд афзуда­аст. Дар баробари, ин вай бисёр мақо­лу зарбулмасал ва калимаҳои хоси минтақаи моро, ки ҳарчанд дар забони классикиамон вомехӯранду ба мурури замон аз истифода баромадаанд, дар ҳикояҳояш ба кор бурда, ба онҳо умри дубора бахшид. Бояд зикр намоем, ки забони ҳикояҳои Аҳмадшоҳ Маҳ­мадшоҳ хеле пухта аст. Азбаски ҳаҷв ихчамӣ мехоҳад, вай мекӯшид дар ҳикояҳояш ба қадри имкон ягон чизи барзиёд набошад. Ва ба ин муваффақ ҳам шудааст.

Дар деҳаи мо Маҳтоб ном пи­разане мезист, ки ба номуросокориаш нисбат ба беадолатиҳо вирди забонҳо буд. Як зани мактабнадида, аммо аз таҷрибаи рӯзгор зиёд баҳра бардо­шта, талхию ширинии ҳаётро чашида, пастию баландии зиндагиро ба сари баланд паймуда буд вай. Аҳмадшоҳ чанд сол қабл силсилаҳикоёте аз лаҳзаҳои умри ин зани озода таълиф намуда, таҳти унвони «Холаи Маҳтоб» дар шакли китобча ба табъ расонд. Аз тарафи хонандагон хуш пазируфта шуд ин китоб, аммо боиси ранҷиши фарзандону наберагони кампир гар­дид. Рӯзҳое, ки ман дар деҳа будам, ҳанӯз оташи ғазаби ворисони холаи Маҳтоб паст нашуда буд. Баъди ба шаҳр баргаштан ба Аҳмадшоҳ аз боиси ранҷиш гаштани китоби наваш гуфтам.

– Аз чӣ ранҷидаанд? – пурсид вай.

– Масалан, ҳамон ҷумлаи «Холаи Маҳтоб набераашро аз кӯча ҷеғ ме­занад: «Акобир, ҳо-о Акобир! Зудтар биё, ки шӯрбои… ҳамсоя пухт!» ба из­зати нафси Акобир расидааст, ки ман магар ба шӯрбои ҳамсоя зор будам?!

Аҳмадшоҳ чанд лаҳза ба сукут рафта, гуфт:

– Дарро задам, девор кафид. Садқаи чунин момои хушгил шавад Акобири ҳафтафаҳм…

Сипас, тибқи одат (агар аз чизе дилаш мегирифт, бо ягон нақли ханда­овар худу дигаронро хушҳол мекард), аз рӯзгори ҳамсояи холаи Маҳтоб – амаки Икром чунин қисса кард: Ҳамсо­яи камбизоати амаки Икром мехоҳад ду рӯз тӯй дода, дасти писарбачаашро ҳалол бикунад. Вақти маслиҳат ба ӯ мефаҳмонанд, ки хароҷоти зиёд чӣ лозим, беҳтараш се-чор мӯйсафедро сарҷамъ бикуну маъракаро гузарон. Розӣ намешавад. Ақаллан як рӯз ба халқ бояд нон диҳам, мегӯяд мард. Аз ин якравии ҳамсоя амаки Икром шӯрида мегӯяд: Ҳӯй, бача, кӯрпата дида, пота дароз кун. Халқ ба нони ту барин камбағал зор нест. Баъд ин ки ту магар СССР ҳастӣ, ки ба халқ нон медиҳӣ…

Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ натанҳо дар навиштани ҳаҷвияҳо, балки ҳи­кояҳои дигар низ дасти расо дошт. Дар оғози солҳои навад додари на­висанда – Адҳамшоҳ ғӯрамарг шуд. Дар маъракаҳои мотам мардуми деҳа аз «марги додар насӯхтан»-и Аҳмад­шоҳ, ки тибқи таомули деҳа бояд тоқию ҷома пӯшида, миёнашро ме­баст, дар даст асо ба пешвози баҳри таъзияомадагон аз дарду алам овоз меандохт, даҳони ғайбат кушоданд. «Сараш луч, рӯзи дароз дар лабаш сигарет дар кунҷе менишаст», — ме­гуфтанд ҳамсоягон. Аммо… ба қарибӣ чанд ҳикояи хурди нависандаро ба ёди додари ҷавонмаргаш хонда, ба андеша рафтам: ҳамдеҳагон аз куҷо медонистанд, ки он рӯзҳо чӣ ғаму ан­дуҳи бузургеро дар худ фурӯ бурдааст Аҳмадшоҳ.

Ҳоло чанд пора аз он ҳикояҳо.

Боре як одами ношинос ба суроғи ман омада, бастаеро ба дастам доду гуфт: Ин сигаретҳоро панҷ сол қабл Адҳамшоҳ ба шумо фиристода буд. Вале ман сари вақт оварда натаво­нистам, – маҳбус будам…

Тамокукаширо кайҳо партофта бошам ҳам, аз он ду-сето кашидам…

***

Баъди вафоти ту падарам хароб шуданд, аз чашмонашон беист об ме­равад, вақти хоб хуррак намезананд ва – аҷибтар аз ҳама – аз зоидани гурба шодӣ мекунанд. Ҳол он ки он кас гурбаро чашми дидан надоштанд ва ману ту на як бору ду бор шоҳиди ла­гадмарги гурбачаҳои навзод будем…

***

Боре гуфтам, ки ба марги Адҳам­шоҳ даҳ сол шуд.

– Даҳ солу як рӯз, – дарҳол ис­лоҳ кард модарам…

***

Баъди нуҳ соли вафоти ту чаш­ми занат… Не, торик нашудааст. Баръакс, равшан шуд.

***

Баҳори кадом сол якбора се гова­монро сел бурд. Бо вуҷуди ин падарам чандон парво накарданд. Фориғболии он кас модарамро дилтанг кард.

– Наход ба говҳоятон дилатон насӯзад? – гуфт ӯ таънаомез.

– Дил бошад, ки сӯзад, – даст афшонданд падарам.

– Дилатон нест? – ҳайрон шуданд ҳозирон.

– Ҳа… – оҳи бадард кашиданд он кас . – Об шуда, аз чашмонам рехта буд. Рӯзи марги Адҳамшоҳ…

Зиёд дидаам, ки Аҳмадшоҳ мекӯ­шид ҳама андуҳи хешро ба ханда бикушад. Ман инро бештар тули чанд соле, ки ба бемории сактаи мағз гирифтор шуда, ранҷ мекашид, эҳсос кардам. Дар бемористон буд, ба аёдаташ рафтем. Вазнин буд аҳволаш, бар замми ин тангдастӣ, камчинии доруворӣ… Бо вуҷуди ин… моро хандондан мехост.

Воқеан, дар хусуси ҷанги шаҳрван­дӣ Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ чанд чизи хуб ҳам навишт:

– Барои чӣ дина ба имтиҳонсупорӣ наомадӣ?

– БТР вайрон шуд.

***

Агар силоҳашро истисно кунем, вай ба ҳақиқат хеле монанд буд.

Вақте ки духтурон пас аз ташхис гирифтори бемории қанд шудани ӯро собит сохтанд, баъзан аз бедавоии ин бемории вазнин гап кушода мегуфт: Аз падарам ба бародаронам хонаю дар ва ҳар гуна ашё мерос монд. Ба ман танҳо ҳамин бемории қандашон расид.

Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, ба қавли устоди насри ҷаҳонӣ Эрнест Ҳемин­гуэй: «Ҳаёт аслан фоҷиаест, ки оқи­баташ қаблан муқаррар шудааст», гуфта буд, — яъне зудгузар будани ин дунёи фониро сари вақт дарк намуда, пайваста дар ҳаҷвияҳояш инсонҳоеро, ки бо чоплусию муғамби­рӣ ва дурӯғзанӣ мехоҳанд зиндагиро фиреб диҳанду шиори зисташон – ман мезиям, то бихӯрамро амалӣ гардонанд, мазаммат мекард. Вай маънии ҳаётро танҳо дар одамгарӣ медид ва барои талқини ин андешаи муҳим сидқан қалам меронд, заҳ­мат мекашид. Вижагиҳои эҷодиёти ӯ, мақомаш дар адабиёти муосири тоҷик, хоса ҳаҷвнигорӣ, то имрӯз аз ҷониби адабиётшиносону мунаққидон таҳқиқ нашудааст. Мо умед дорем, ки ин кор рӯзе ба анҷом мерасад, зеро навиштаҳои Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳи зиндаёд лоиқи омӯзиш ва таҳқиқанд.

Равшан Махсумзод

Дигар хабарҳо