Қадаме устувор дар роҳи ҳифзи давлати дунявӣ
Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки рӯзи 9-уми марти соли ҷорӣ баргузор шуд, равандҳои байналмилалӣ, вазъияти минтақавӣ ва масъалаҳои дохилии кишвар ба таври дақиқ ва муфассал таҳлилу баррасӣ шуда, як силсила андешаҳо ва дастуру супоришҳои муҳим пешниҳод гаштанд. Барои дарки моҳият ва аҳаммияти ин мулоқоти таърихӣ бояд, пеш аз ҳама, ба шароити баргузорӣ ва зарурати дар ин сатҳи олии давлатӣ ташкил кардани он таваҷҷуҳ намуд. Тавре ки аз мазмуни суханронӣ дар ин чорабинӣ бармеояд, дидгоҳи Роҳбари давлат дар ин самт бар пояи таҳлили фарогири се сатҳи масъалаҳо, яъне байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ устувор гаштааст.
Дар мавриди арзёбии вазъияти ҷаҳони муосир Пешвои миллат ба таври дақиқ таъкид менамоянд, ки «солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст… вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст». Таваҷҷуҳ ба ин хулосаи Пешвои миллат аз ин назар муҳим аст, ки чунин арзёбии вазъияти ҷаҳонӣ аз тарафи Президенти кишвар, Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ва сиёсатмадори бисёр ботаҷрибаи сатҳи байналмилалӣ ироа мешавад. Яъне дар он ҳам расмият, ҳам масъулият ва ҳам салоҳият ҷой дорад.
Тадқиқоти илмӣ, таҳлилҳои коршиносӣ ва иттилоотии ҷорӣ низ нишон медиҳанд, ки чунин арзёбии вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон комилан дуруст мебошад. Ба таври мисол, дар ҳамин шабу рӯз ҳудуди 80 кишвари ҷаҳон даргири ихтилофу низоъҳои гуногун буда, дар ҳудуди 23 кишвар задухӯрдҳои мусаллаҳ ё нооромиҳои дохилӣ идома доранд.
Сатҳи дуюми таҳлилӣ барои шинохти вазъияти имрӯза ва дарки аҳаммияти ин мулоқот арзёбии масъалаҳои минтақавӣ мебошад, ки дар ин мулоқот ба таври муфассал ироа шуд. Ин арзёбӣ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки мураккабшавии вазъияти ҷаҳонӣ ба фазои сиёсию идеологӣ, равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъияти амниятию геополитикии минтақаи мо – Осиёи Марказӣ низ бетаъсир намемонад. Хоса дар кишвари ҳамсояи мо фаъол шудани гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва пойгоҳ ёфтани ташкилотҳои террористӣ ва эҳтимоли таҳдиди онҳо ба минтақа боиси нигаронии тамоми давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аммо сатҳи сеюми арзёбӣ вазъияти дохилии худи Тоҷикистон аст, ки қисмати асосии суханронии Пешвои миллат дар ин мулоқотро ташкил намудааст. Дар арзёбии масъалаҳои дохилӣ дар мулоқот, пеш аз ҳама, таъкид гашт, ки «солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст» ва «…таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст». Ва ниҳоят, чунин хулоса гирифта шуд, ки «барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт». Чунин арзёбии Пешвои миллат аз ин масъалаҳои дохилии кишвар низ аз расмият, салоҳият ва масъулияти баланд бархурдор аст.
Ҳамин тавр, бо назардошти ин се сатҳи масъалаҳо метавон гуфт, ки мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шароити ҳассоси таърихӣ ва дар заминаи муракабшавии як силсила масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дохиликишварӣ баргузор гашт. Ин ҳолат бори дигар аҳаммият ва зарурати ин чорабинии муҳимми давлатиро нишон медиҳад.
Зимни таҳлили масъалаҳои арзишӣ ва идеологии дохилӣ Пешвои миллат як силсила маълумот ва омори ниҳоят муҳимро дар бораи сатҳи густариши хурофот, идеологияи ифротгароӣ ва рӯ овардани иддае аз шаҳрвандони кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ ироа намуданд, ки ҳар яки он бояд мавриди омӯзиш ва андешаи ҷиддӣ қарор гирад. Дар ин самт, аз ҷумла қайд шуд, ки «дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст» ё «дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд». Ҳамчунин, чунин омори такондиҳанда пешниҳод гашт, ки «…зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд»…
Ин маълумоти босалоҳият нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат миқёси густариши хурофоту ифротгароӣ дар ҷомеаи мо ба сатҳи ташвишовар ва ҳатто таҳдидовар расидааст. Дар ин самт бояд дар назар гирифт, ки тафаккур ва барномаҳои гурӯҳҳои ифротгароии насли нав дигар натанҳо ба суботу амнияти кишвар ё тартиботи ҷамъиятӣ, балки ба арзишҳои асосии миллӣ, фарҳангу ҳувияти миллӣ ва ба истиқлоли давлативу давлатдории миллии мо таҳдид доранд. Ба ибораи дигар, мо ҳоло натанҳо бо таҳдиди физикии амниятӣ, балки бо таҳдиди ҷиддии арзишию тамаддунӣ низ рӯбарӯ мебошем. Зеро гурӯҳҳои ифротии нав моҳияти фаромиллӣ гирифта, ҳатто харитаҳои хилофати ояндаи худро кашидаву эълон кардаанд, ки дар онҳо ҳатто номи давлати миллии мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Яъне консепсияи фикрию амалии онҳо худи мавҷудияти давлатҳои миллии мустақилро эътироф накарда, онҳоро тобеъ ва як бахши хилофати ормонии худ мепиндорад. Аз ин рӯ, омадани ин навъи тафаккур, пеш аз ҳама, ба худи истиқлол ва мавҷудияти давлатҳои миллии минтақа таҳдиди мустақим меофарад.
Дар баробари ин, гурӯҳҳои ифротгарои насли нав хусусияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ дошта, хусусан ба тамаддуни ориёӣ ва таъриху фарҳанги миллии мо нигоҳи душманона дорад. Низомномаҳои таъсисӣ, китобу мақолаҳои таблиғӣ ва навору мавъизаҳои фаъолони ин гурӯҳҳо ошкоро нишон медиҳанд, ки онҳо нисбат ба таъриху фарҳанг, расму оинҳо, арзишу ифтихорот, ҷашну маросимҳо ва ҳатто номҳои миллии мо ҳукмҳои шадиди динӣ дошта, онро маҳкум ва мардуд медонанд. Солҳои охир ин гурӯҳҳо ҳатто нисбат ба адабиёти бузурги форсию тоҷикӣ, ки саропо ирфону маънавияту тарбият буда, яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, ҳукмҳои ифротӣ содир намуда, талош доранд, ки мардумро аз он дур намоянд. Ин аст, ки густариши чунин ҷаҳонбинии ифротӣ ба фарҳангу арзишҳо ва умуман, ба ҳастии миллии мо таҳдид менамояд.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки имрӯз таҳдиди тафаккури ифротгароӣ ва гурӯҳҳои террористӣ басе васеътар аз таҳдиди физикию амниятӣ буда, акнун сухан аз занҷираи таҳдиде меравад, ки аввал ба арзишҳои миллӣ, сипас ба фарҳанги миллӣ, баъдан ба ҳувият ва ҳастии миллат ва дар ниҳоят, ба давлатдории миллӣ таҳдид меофарад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки мақсади асосӣ ва ниҳоии мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин натанҳо мубориза бо ин падидаҳои номатлуб, балки таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи давлатдории миллии мо мебошад. Зеро дар чунин шароити мураккаби таърихӣ масъалаи давлат ва ҳифзи он барои тоҷикон аҳаммияти махсусан муҳимми ҳаётӣ дорад.
Дар бахши дигари мулоқот масъалаи афзоиши тамоюли шаҳрвандон ба сафари ҳаҷ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла чунин омори ҳушдордиҳандае ироа гашт, ки «танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст» ва «маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст…, ки барои кишвари мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад». Албатта, дар ин мулоқот низ таъкид гашт, ки давлат зидди сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ набуда, баръакси он, барои сафари шаҳрвандон ба ин маросим шароити мусоид фароҳам намудааст. Аммо як силсила масъалаҳои пешомада нишон медиҳанд, ки тарзи муносибати шаҳрвандон ба адои ин рукни динӣ акнун ба як мушкилаи ҷиддии иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ табдил гаштааст. Мушкила ва пайомадҳое, ки давлат ногузир бояд ба он дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳ менамуд.
Аз ҷумла, аксари шаҳрвандони мо маъно ва шартҳои адои ҳаҷро дуруст нафаҳмида, бо сарфи тамоми дороиву захираҳо ва ҳатто гирифтани қарзҳои бонкӣ ба сафари ҳаҷ мераванд. Ин дар ҳолест, ки ислом барои ҳаҷ шартҳоеро муайян намудааст, ки анҷоми он танҳо ба инсони доранда имконпазир аст. Яъне, агар фарди мусулмон тамоми эҳтиёҷоти зиндагии худ, аҳли оила ва наздиконашро таъмин намуда, масъалаи зиндагӣ, таълиму тарбия, табобат ва рушди онҳоро ҳал карда бошад, закотро супоридаву қарздор набошад ва баъд аз он маблағи озоди зиёдатӣ дар ихтиёр дошта бошад, он вақт адои ҳаҷ барояш лозим мешавад. Аммо ҳоло мушоҳида мегардад, ки аксари ҳаҷравандагони мо бар хилофи ин дастур амал мекунанд.
Сониян, ба болои хароҷоти ҳаҷ акнун хароҷоти бузурги маъракаҳои пас аз ҳаҷ изофа шудааст, ки аз пешвозгириву зиёфату ҳоҷиталбону эшонталбон ва ҳадяи тасбеҳу тоқию ҷонамозу ашёи дигар иборат мебошанд. Ин дар ҳолест, ки аксари ин ҳадяҳо ба ислому ҳаҷ ҳеҷ иртиботе надошта, ҳама истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой буда, аз ҳамин бозорҳои Тоҷикистон харида шудаанд. Яъне, фиреби рӯирости мардум аз тарафи аксари ҳоҷиён аз ҳамон лаҳзаҳои аввали бозгашти онҳо оғоз мешавад.
Дар канори ин, акнун ҳаҷравӣ ва умра шакли мусобиқавӣ гирифта, ҳама талош доранд, ки ба мақоми ҳоҷӣ ноил гарданд. То ҷое, ки дар ин муддати кӯтоҳи пас аз истиқлол аз 10 миллион аҳолии кишвар қариб ним миллионаш ҳоҷӣ шудааст. Ҷиддитар аз ин, мушоҳида нишон медиҳад, ки ҳоҷиёни мо пас аз бозгашт ба тарғибгарони фаъоли мафкураи динию хурофотӣ ва сару либоси бегона табдил шуда, оила, муҳит ва атрофиёни худро ба ин самт гароиш медиҳанд. Ҳамин тавр, онҳо ба арзишҳои миллию дунявии ҷомеа таҳдид эҷод мекунанд.
Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо давлат маҷбур аст, ки ба ин ҳолат вокуниш нишон дода, ин равандро танзим намояд. Зеро пайомадҳои манфии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва сиёсии он дар ҳоли афзоиш мебошанд.
Барои ислоҳи ин вазъият дар мулоқот таъкид гашт, ки ин зарфияти калони мавҷуда ба самти рушду созандагӣ, хайру эҳсонкорӣ ва огоҳию маънавият равона карда шавад. Зеро бо он маблағҳои бузурге, ки шаҳрвандон барои ҳаҷ сарф менамоянд, солона даҳҳо мактабу бемористон ё роҳу пулу чоҳҳои об сохтан мумкин аст, ки боиси ободии бештари кишвар ва беҳбуди ҳаёти худи шаҳрвандон мегардад. Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҳазор ятимон, маъюбон, беморони барҷоймонда ва хонаводаҳои камбизоат мавҷуданд, ки кумак ба онҳо аз диди иҷтимоӣ бисёр муфид буда, аз назари динӣ низ савоби бузург ба ҳисоб меравад.
Илова бар ин, Пешвои миллат ба дидгоҳҳои баланди маънавию ирфонии бузургони фарҳанги исломӣ ва миллӣ ишора намуданд, ки онҳо Худоро на дар як хонаи сангин ва ризоияти ӯро на дар адои ҳаҷ, балки Худоро дар дил ва ризоияти ӯро дар анҷоми корҳои нек ва покизагии ахлоқи муъмин медиданд. Мутаассифона, ин таълимоти баланди ахлоқии гузаштагон аз тарафи аксари шаҳрвандони кишвар қариб фаромӯш шудааст. Ин аст, ки Пешвои миллат аз суханони бузургон иқтибосҳо оварда, хоса бар ин сухани баланд таъкид намуданд, ки:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст.
Дар ин қисмат Роҳбари давлат масъаларо аз диди сирфан инсонӣ ба миён гузошта, ба шаҳрвандон, хоса ба сели ҳаҷравон хитоб намуданд, ки “магар дуруст аст, ки бародар, хоҳар, фарзандон ё ҳамсояву ҳамдеҳаи мо гурусна бошанду мо маблағи зиёдро сарф намуда, ба хонаи Худо равем?» Аз ин рӯ, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дин ва ходимони динӣ супориш дода шуд, ки ин ҷанбаҳои масъалаи ҳаҷро ба мардум дуруст фаҳмонанд.
Ва дар ниҳоят, бояд ба ин масъала низ таваҷҷуҳ шавад, ки давлат ва ҷомеаи мо дар баробари вазъияти пешомада, яъне дар баробари густариши босуръати ҷаҳлу хурофот, таассуб ва ифротгароии динӣ чӣ иқдому зарфиятҳоро пеш мегузорад? Аз мазмуни мулоқот ва маҷмуаи таҳлилҳое, ки дар атрофи ин масъала анҷом шудаанд, метавон гуфт, ки маҳз тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, саводу тафаккури илмии муосир, низоми давлатдории дунявӣ, ҳифзи мазҳаби ҳанафӣ, такмили низоми идории соҳа, таҳкими муборизаи ҷиддии қонунӣ ва қудратӣ метавонанд пеши роҳи густариши ин омилҳои харобиоварро бигиранд.
Фарҳангу арзишҳои миллӣ, ки, пеш аз ҳама, таърих, забон, расму оинҳо, арзишҳои номусӣ, илму ҳунар, андешаву адабиёту ифтихорҳо, қаҳрамонҳо, худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва давлатдории миллиро дар бар мегиранд, муҳимтарин ва боэътимодтарин сипари мо дар баробари таҳдидҳои зикршуда ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, дар шароити пешомада муҳимтарин вазифаи тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ таъмин намудани авлавият ва бартарияти фарҳангу арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳолате, ки ҳар тоҷик худро пеш аз ҳама тоҷик шуморида, бо фарҳангу арзишҳои миллии худ ифтихор дошта бошад. Зеро дар сурати авлавият ёфтани арзишҳои бегона ва ба ҳошия рафтани арзишҳои миллӣ, тавозуни ҳаётии миллат шикаста шуда, сарнавишти таърихии миллат бар хилофи манфиатҳои миллӣ ҷараён мегирад. Аз ин рӯ, дар тафаккури аҳолӣ ва дар фазои сиёсию ҳуқуқӣ дар авлавияти муайянкунанда қарор доштани фарҳангу арзишҳои миллӣ аҳаммияти калони сиёсӣ ва давлатӣ пайдо мекунад.
Тафаккури илмиву муосир бошад, ҳамчун сипари дигари миллӣ, насли ҷавони кишварро аз гароиш ба хурофоту ҷаҳолат ва ифротгароии динӣ бозмедорад. Зеро инсони босавод ва дорои ҷаҳонбинии ақлониву дунявӣ ҳаргиз тобеъ ё гирифтори ин андешаву гароишҳо намешавад. Дар ин самт низоми миллии маориф нақши ҳаётӣ дорад, зеро маҳз аз тариқи маорифи муосиру босалоҳият ҷаҳонбинии илмии бунёдии насли ояндаи кишварро шакл додан мумкин аст.
Низоми давлатдории дунявӣ низ ҳамчун омили таъминкунандаи суботу амният ва кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аҳаммияти хеле ҷиддӣ дорад. Аммо муҳимтар аз ин, ин навъи низоми давлатӣ фазои сиёсию ҷамъиятии ҷомеаро аз таъсири хурофоту таассубу ифрот эмин дошта, имкон намедиҳад, ки арзишҳои мазҳабӣ авлавият ёбанд ё ихтилофҳои динию мазҳабӣ ба майдони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ворид шаванд. Ин ҳолат яке аз шароитҳои зарурӣ барои таъмин намудани авлавияти арзишҳои миллӣ ва ҳифзи тавозуни ҳаётии миллӣ мебошад.
Ҳамин тавр, дар бораи нақши созандаи мазҳаби ҳанафӣ, аҳаммияти низоми самараноки идоракунии соҳа ва муборизаи ҷиддии ҳуқуқӣ ва амниятӣ дар пешгирии рушди хурофоту таассубу ифрот бештар сухан гуфтан мумкин аст.
Хулоса, аз мазмуни суханронии бисёр ҷиддӣ ва пуризтироби Пешвои миллат дар ин мулоқот метавон дарёфт, ки имрӯз ҷомеаи мо бо занҷираи ҷиддии таҳдидҳо рӯбарӯ шудааст, ки аввал ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, сипас ба ҳувияту ҳастии миллат ва дар ниҳоят, ба истиқлолу мавҷудияти давлати миллӣ таҳдид эҷод мекунад. Яъне, дар ин баҳс сухан танҳо дар бораи мубориза бо хурофоту ҷаҳолату ифрот намеравад, балки дар ниҳоят сухан дар бораи ҳифзи фарҳанги миллӣ, ҳимояти ҳастии миллат ва таъмини бақои давлат меравад.
Ин аст, ки шароити пешомада дар назди хизматчиёни давлатӣ, аҳли илму зиё ва ходимони дини кишвар вазифаю масъулиятҳои ниҳоят бузургеро мегузорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар ҷамъбасти мулоқот Пешвои миллат маҳз ба ин қишрҳои ҷомеа муроҷиат намуда, чунин таъкид доштанд: «Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарону мутахассисони соҳаи дин, ходимони дин, ки дар назди мардум ва Худову расул эҳсоси масъулият доранд, кормандони Академияи миллии илмҳо ва дигар донишмандоне, ки масоили диниро хуб медонанд, муроҷиат мекунам, ки бо мардум кор кунед, роҳи дурусти диёнату маърифатро нишон диҳед, то ки одамон сиёҳро аз сафед ва зиёнро аз фоида фарқ карда тавонанд». Пас, вазъияти зикршуда ва вазифаҳое, ки дар мулоқот ба миён гузошта шуданд, аз ин қишрҳои ҷомеа талаб мекунад, ки дар баробари масъулияту рисолати касбии худ рисолати миллии худро низ фаромӯш накунанд. Зеро рисолати миллии ҳамаи мо эҳсоси масъулият дар баробари сарнавишти давлату миллат, огоҳсозии мардум аз таҳдиду хатарҳои мавҷуда ва саҳмгузории ҷиддӣ дар ҳалли ин масъалаҳо мебошад. Зеро бетарафӣ дар ин масъалаҳо ба зиёни тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла худи ходимони илму фарҳангу дин мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат дар ин бора таъкид намуданд: «… нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем».
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки рӯзи 9-уми марти соли ҷорӣ баргузор шуд, навъе ҳушдори ҷиддӣ ба тамоми ҷомеа барои якдилона ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, ҳувияти миллӣ ва давлатдории миллӣ буд. Аз ин назар, мулоқоти мазкур дар сарнавишти давлатдории миллии мо як рӯйдоди муҳимми миллӣ ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Абдуллоҳи Раҳнамо