Шеъри шакаррези туркман

 Шеъри шакаррези туркман

Ба  муносибати рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон

Имсол бо қарори ЮНЕСКО 300-солагии шоир ва мутафак­кири маъруфи туркман Мах­думқулии Фироқӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад. Бо фармони Президенти Туркманистон соли 2024 «Соли Махдумқулӣ» эълон шудааст. Осори Махдумқулиро, ки аз шоирони классики тоҷик Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҷало­лиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон илҳом гирифтааст, тоҷи­кон низ хондаву хуб дар хотир доранд. Шеърҳои фалсафии ӯ дорои бадеияти баланд ва инъ­икоскунандаи тобишҳои зиндагии бошарафона мебошанд.

Имрӯз, ки дар байни Тоҷи­кистону Туркманистон дӯстӣ ва муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ ба роҳ монда шуда, робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ рӯз аз рӯз иншикоф ёфта, паҳлуҳои нави он татбиқ мегарданд, меро­си бадеии ҷовидонаи Махдумқу­лии Фироқӣ барои халқи тоҷик боз ҳам аҳаммияти муҳим касб хоҳад кард.

Махдумқулӣ соли 1724 дар деҳаи Ҳоҷиговшани соҳили дарёи Атрик таваллуд ёфтааст. Устоди нахустини Махдумқулӣ падараш Давлатмамад буд, ки бо тахаллуси Озодӣ шеър мена­вишт ва ҳамчун шоири ғазалса­рои туркман ном баровардааст. «Вазъи Озод» ном достони ӯ, ки қариб шаш ҳазор мисраъро дар бар мегирад, то замони мо омада расидааст. Ин достон дар замони пешин ба дараҷаи зарурӣ омӯхта нашудааст. Давлатманд танҳо шоир не, балки ҳамчун пешвои аҳли тақво ва маърифат шинохта мешуд.

Махдумқулӣ таълими ибти­доиро дар деҳа гирифт. Баъд дар мадрасаи «Шерғозихон»-и шаҳри Хиваи куҳна, ки аз мар­казҳои фарҳанг ва илму фанни бузурги Осиёи Миёна буд, се сол илмҳои муҳимро азхуд карда, забонҳои форсию арабиро му­каммал меомӯзад.

Мавсуф аз 9-солагияш шеър мегуфт. Ӯ дар давраҳои аз ҳама вазнин ва ноороми таърихи халқи туркман зиндагӣ карда, дар ҳаёти оилавӣ низ ба муш­килҳо мувоҷеҳ буд. Бародаронаш Абдулло ва Муҳаммадсафо, ки бо сардории Човдурхон ҳамчун вакил ба Афғонистон фири­стода шуда буданд, аз тарафи душманон кушта гардиданд. Ҳамаи вазнинии оила ба зиммаи Махдумқулӣ афтид. Ӯ дар баро­бари мударрисӣ касби меросии падару бобоёнашро давом дода, ҳунарҳои оҳангарию заргариро азхуд мекунад. Махдумқулӣ духтари холааш Менглиро, ки аз кӯдакӣ якҷоя ба воя расида буданд, дӯст медошт. Вале танг­дастиаш сабаб шуд, ки Менглиро ба дигар кас диҳанд. Менглӣ бо гиряву нола ба хонадони сарват­манде афтод.

Ба қавли муҳаққиқони осори ӯ сабаби тахаллуси Фироқиро гирифтани Махдумқулӣ дар фироқи дӯстдоштааш Менглӣ сӯхтани ӯ будааст, ки шеърҳои индавраинаи шоир аз беҳта­рин ва пурсӯзтарин шеърҳои ошиқонаи ӯ ба шумор мераванд. Махдумқулӣ бар хилофи хоҳиши дил ба Оққиз ном зан хонадор мешавад. Аз ӯ соҳиби ду фарза­нд мегардад, вале онҳо дар ҷа­вонӣ аз ҷаҳон мегузаранд. Шоир дигар фарзанд надошт. Шояд аз ин сабаб бошад, ки дар бисёр шеърҳои Махдумқулӣ оҳангҳои ғаму алам устувор аст:

Ман булбули мастаму зи гулзор ҷудо,

Гул гашт хазону монда ночор ҷудо.

Шоир дар суроғи ёр дунёро мечархад, аз Каъбаву Шому Ироқ, аз наҳри Ҷайҳуну аз саҳрои Садро суроғи ӯро мегирад, хун гиря мекунад:

Махдумқулӣ зор монда, нолон монда,

Дар банди ҷигар, ки доғи сӯзон монда,

Аз дарду фироқи ёри худ, Менглиҷон

Дар сина ҳазор доғи пинҳон монда.

Сатрҳое, ки дар боло овар­дем, ба ҳаёти шахсии шоир дахл дошта, шояд наметаво­нанд раванди шеъри шоирро ба пуррагӣ фаро бигиранд. Зеро Махдумқулӣ бештар аз ин ҳамчун шоири озодандешу инсондӯст ва тарбиятгари одамон шинохта шудааст.

Махдумқулӣ дар Бухоро таъ­лим гирифта, роҳии Афғонистон мешавад ва баъд аз ин озими Ҳиндустон гардида, як солу се моҳ дар онҷо ба сар мебарад. Дар вақти баргаштан аз Фарғона дидан намуда, сипас ба шаҳри Туркистони Қазоқистон меравад. Баъди ин сафарҳои тулонӣ ба Хоразм омада, дар мадрасаи Шерғозии Хива таҳсилро идома медиҳад. Баъди хатми мадраса ба ватани худ, ба водии дарёи Атрик, ба Деҳистон бармегардад. Пас аз муддатҳо зистан дар зо­дгоҳ дубора ба сафар мебарояд ва шаҳрҳои Озарбойҷон, Эрон ва қисми шарқии Туркияро саёҳат мекунад. Ин ҷаҳонгардиҳо ӯро бо бисёр арзишҳои фалсафиву ма­данию ирфонӣ ошно мегардонад.

Эҷодиёти шоирро оҳангҳои халқӣ фаро гирифтаанд. Онҳо ба ҳам омезиш ёфта, бо бадеияти баланду таъсирбахш гардида­анд. Мавзуи асосии ин шеърҳоро таърихи халқи туркман, имрӯ­зу фардои он, расму оинҳою анъанаҳои мардум ҳодисаҳои муҳимми иҷтимоию сиёсии ҳа­мон давра, дарду ҳасратҳои рӯзгор ташкил медиҳанд. Дар ин шеърҳо шоир ҳамчун ва­танпарвари фидоӣ, ки мардуми худро дӯст медорад, бо дарду ҳасратҳои мардум месӯзад ва ба­рои истиқлоли вай ғам мехӯрад, намоён мешавад. Мавзуи Ватан ва халқ дар шеъру достонҳои Махдумқулӣ зиёд ба чашм ме­расад.

Ӯ дар навбати аввал шоири халқи туркман аст. Дар асарҳои вай меҳру муҳаббати бузург ни­сбат ба халқи худ, ба хешутабор ва қабилаҳо равшан ҳис карда мешавад. Ин тавр эҳсосоту эҳти­ром дар як қатор офаридаҳои бадеии ӯ, хусусан, дар “Ояндаи туркман”, “Макун тарки ватан” ном шеърҳояш акси худро ёф­таанд:

Сарзамин сабз аст аз Баҳри Хазар

То ба Ҷайҳун аз шамоли туркман.

Нури чашмонам – гули хушбӯю тар,

Чашмаю кӯҳу ҷиболи туркман!

Дар байни Ҷайҳун ва баҳри Хазар дашти калону биёбони бепоён аст. Аз қадим туркманҳо ин ҷойро ба худ манзилу ма­кон интихоб кардаанд. Дар ду мисраи аввали ин шеър ақидаи ба туркман тааллуқ доштани шамоли дар дашт вазанда ифо­да ёфтааст. Шоир мисли шамол озод ва мустақил буданро тарғиб мекунад.

Одами маҳрумгашта аз ватан

Дар ғарибӣ мекунад онро суроғ.

Ҳар касе гум кард роҳи хештан,

Мекунад онро зи гардунҳо суроғ.

                          ***

Биё, эй дил, туро андарз гӯям,

Макун тарки ватан, эй хомхӯям.

Ӯ дар шеърҳояш қабилаҳои парокандаи туркманро ба мут­таҳид шудан даъват намуда, ни­зоъҳои байни онҳоро бартараф кардан мехоҳад, зери як парчам дидан мехоҳад:

Агар мо аҳд барбастем, ёрон, зери ин анҷум,

Бихушконида Нилро, об мехурдем аз Қулзум.

Текию йомуду гоклен, алилию язир, чун хум,

Биҷӯшида, ҳама бояд шавем авлоди ҳамдигар.

Намехоҳад Фироқӣ зистан дар хорӣ баъд аз ин,

Ба бахти некфарзандони худ ҳастем мо зомин.

Бимон дасти мадад доим диҳад йомуд бар гоклен,

Худоё, баҳри мо бинмо ато доҳии ботинбин!

Махдумқулӣ, ки халқашро дӯст медошт ва шабу рӯз ғами онҳоро мехӯрд, ба мисли чанде аз клас­сикони адабиёти Шарқ хушрӯзӣ ва саодати ҳаммиллатонашро аз дилу ҷон мехост.

Ато фармо ба мо, мурғи Ҳумо, мурғи саодатро,

Ки мискин туркман дигар нарезад ашк чун дарё.

Шеърҳои Махдумқулӣ, ки бо ҳиссиёти орифона, латифу шо­ирона эҷод шудаанд, одамонро ба рафтори нек даъват мекунанд. Дар онҳо гоҳ фалсафаи ҳастӣ, гоҳ арзиши инсоният мутафаккирона ифода меёбанд. Дар онҳо шоир дидаю аз сар гузарондаҳояшро ба қалам дода, ба хулосаҳои амиқ мерасад. Махдумқулӣ зар­булмасалу мақолҳои мардумӣ ва ҳикматҳои образноки онро хуб медонад ва дар шеърҳояш истифода мебарад. Дар айни ҳол худаш низ ҳикматҳои сода ва амиқро меофарад, ки аз онҳо чанд мисол овардан бамаврид аст:

Эй бародар, симу зар ёбӣ агар, аз худ марав,

Ин ҳама беҳудагӣ бар ҷони нодон душман аст…

Аз ватан дурӣ гузидан? Марг дорад бартарӣ,

Дар ғарибӣ ҳар қадам баҳри ғарибон душман аст.

                                 ***

Гар ту марди бихрадӣ, бо мардуми доно нишин,

Гӯямат ин нукта: ҷоҳил ёри нодон мешавад…

Боядат бе фарқ буд қавлу амал аз якдигар,

Беамал ҳар кӣ сухан гӯяд, пушаймон мешавад…

                               ***

Чавонӣ боғи гул, пирӣ хазон аст,

Чу ояд пирӣ, одам нотавон аст.

Дар шеърҳои Махдумқулӣ фалсафаи ахлоқ пурқувват буда, панду насиҳат таври қавӣ ва устувору таъсирбахш мебошад. Махдумқулӣ дар боби одаму одамгарӣ, инсофу адолат, некию бадӣ, мардию номардӣ, ҳиммату саховат, хирадмандию нодонӣ, вафою бевафоӣ, садоқату хиёнат ниҳону ошкор ба ҳикмату ан­дарзҳои Саъдии бузургвор такя менамояд. Сатрҳои ҳикматбори шеърҳои поин шаҳодати ин гуф­таҳоянд:

Сирри дилро магӯ ба ҳар номард,

Ки кунад фош сирри пинҳонат.

Бо ситамкору дузд душман бош,

Ки барад молу ҳолату ҷонат…

Ҳамчунин аз ашъори руҳбах­ши Махдумқулӣ садои шоирони бузурги тоҷик Ҷалолиддини Бал­хӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ ва дигарон равшан шунида мешавад, ки натиҷаи мутолиаи васеи ӯ аз ин осор аст. Ихлоси Махдумқулӣ ба офаридаҳои адибони тоҷику форс ба дараҷаест, ки ҳатто баъзан образ ё худ таркибҳои алоҳидаро аз забони форсӣ исти­фода кардааст.

Дар сурудаҳои шоир матонати ҷавонони туркман низ равшан намоён мегардад. Ин сурудҳо­ро, ки ҷавононро ба ҷасорат ва дӯст доштани халқи худ ҳидоят мекунад, садои виҷдони халқи туркман номидан мумкин аст. Шояд аз ҳамин сабаб ин сурудҳо дар байни халқи туркман шуҳрат доранд. Вақти хондани шеърҳои ватандӯстонаи Махдумқулӣ пеш аз ҳама руҳ, ҷасорат ва хуло­саҳои мантиқии ба дараҷаи ҳикмат расидаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ҳис карда мешавад.

Дар шеърҳои Махдумқулӣ бо номҳои Рустам, Суҳроб, Барзу, Зол, Ҷамшед вомехӯрем, ки аз “Шоҳонама”-и Фирдавсӣ баҳраи фаровон бурдани ӯро тасдиқ ме­кунад. Ҳамчунин шоир калимаҳои “ҳилол”, “вобаста”, “забон”, “дар”, “харчанг”, “урён”, “гирён”, “зинда”, “азал” ва ғайраро, ки имрӯз ҳам дар забони тоҷикӣ истфодаи фа­ровон доранд, дар ашъораш ба кор бурдааст, ки ин албатта аз ихлосу иродаи ӯ ба забону адаби форсист.

Иди Наврӯзи тоҷиконро, ки имрӯз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон иди ҷаҳонӣ гаштааст, дар замони Махдумқулӣ ба забон гирифтани ҷасорати бузург буд. Вале Махдумқулӣ бо вуҷуди он ҳама тангназариҳои замон На­врӯзро ситоиш намуда, чунин сатрҳоро офаридааст:

Ҷон гирифта беҷонҳо, боғу бӯстон пайдо,

Ҳар гиёҳ бо ҳусне мекунад равон пайдо,

Карда сайр, мегарданд, сайргоҳашон пайдо,

Мурғаки даҳанбаста мекунад забон пайдо…

Аз тарафи адибони тоҷик Бобо Ҳоҷӣ, Муҳиддин Фарҳат, Бурҳон Фаррух, Муҳиддин Аминзода, Аслам Адҳам, Ҳақназар Ғоиб, Абдуҷалил Воситзода, Муҳтарам Ҳотам ва дигарон тарҷума шуда­ни шеърҳои ин шоири шӯрида да­лели дӯстии пойдори ин ду ҳалқ ба шумор меравад, ки решаҳои дури таърихӣ доранд. Махдумқу­лии Фироқӣ натанҳо дар байни халқҳои туркзабон, балки дар миёни халқҳои гуногуни олам, аз ҷумла тоҷикон ҳам маҳбубияти хоса дорад.

Шеърҳояш хонандаро бо рас­му оин, таъриху тамаддун ва фарҳангу ҳунари мардуми тур­кман ошно менамоянд.

Сулаймон Эрматов

(Тарҷумони шеърҳо Муҳиддин Аминзода ва Аслам Адҳам)

Дигар хабарҳо