Сарбози бовафои адабиёт
Ба муносибати 120-солагии Муҳиддин Аминзода
Даврае, ки Муҳиддин Аминзода ба майдони адабиёт қадам ниҳод, давраи пуршиддати мубориза барои мустаҳкам намудани ҳокимияти ҷавони советӣ дар Тоҷикистон буд. Дар назди адабиёти нави тоҷик вазифаҳои бузурги ҷамъиятию давлатӣ ва сиёсию эстетикӣ меистоданд. Лозим буд, ки адабиёт боқимондаҳои дунёи феодалӣ ва амалиёти зиддихалқии миллатчиёни буржуазиро фош ва рад намуда, ҳаёти сотсиалистӣ ва ғояҳои озодихоҳӣ ва истиқлолияти миллиро тасдиқ ва тарғиб намояд ва бо ҳамин тариқ халқи меҳнаткашро ба кори неку созанда сафарбар кунад.
Барои мисол байте аз мухаммаси «Донистам» меорем, ки қаҳрамони лирикиаш зани озод аст.
Ҳуқуқи худ ба даст оварда дар майдони инсонӣ,
Ба мо ҳам рӯшноӣ дар ҷаҳон будаст, донистам.
Як хусусияти услубии ашъори Аминзода, ки аз таронавӣ ва мусиқӣ будани онҳо иборат аст, аз ибтидои фаъолияти адабиаш зоҳир шуда, минбаъд такмил ёфтааст ва яке аз сабабҳои дар байни халқ паҳн гардидани шеърҳои вай шудааст. Он шеъру таронаҳо ҳанӯз умумӣ, дар шаклҳои куҳнаи назм ба майдон омада ва асосан панду насиҳатӣ буданд. Вале тадриҷан, вобаста ба вусъати ҷаҳонбинӣ ва дахолати шоир ба воқеаҳои рӯзгор мазмуни иҷтимоии ашъори ӯ низ амиқтар мегардад ва шакли онҳо такмил меёбад. Халқияти услуби шеърҳо ва мусиқавияти онҳо бештар зуҳур мекунанд ва симои хосси эҷодии шоир намоён мешавад.
Мо дар симои Муҳиддин Аминзода таронасарои ҳақиқии ҳаётро мебинем. Дар шеъру таронаҳои ӯ ҳаёти осудаҳолонаи халқи тоҷик ва образи ҷавонони нав, меҳнат ва муборизаи онҳо дар роҳи хизмати халқу Ватан инъикос ёфтааст. Шоир хоҳ аз номи худ, хоҳ аз номи колхозчию коргар ва хоҳ аз номи аҳли ҳунар сухан ронад, ҳамеша хурсандии онҳоро аз истиқлолияти миллӣ ва меҳнати озод, ҳаёти осудаҳолона ва ҷавонии бахтёр тараннум кардааст. Вобаста ба ин, забон ва тарзи баён, услуб ва воситаҳои тасвир хеле оммафаҳм мегарданд, гоҳо шеърҳо таронаҳои халқиро мемонанд. Муносибати софдилона ба меҳнати ҷамъиятӣ яке аз хусусиятҳои қаҳрамонони мусбат ва муайянкунандаи сифати образи одамони нав дар адабиёти муосири тоҷик мебошад. Ин хусусият ба қаҳрамонони лирикии ашъори Аминзода ҳам хос аст. Чунончи, дар шеъри «Пахта» (1934), ки оҳанги халқӣ дорад, чунин сатрҳоро мехонем:
Хоҳӣ, ки ба рӯзгор ёрат бошам,
Ёри дилу ҷону дӯстдорат бошам,
Барвақт биёву кам зи ман пахта начин,
Ман варна ки бегонақаторатбошам.
Шоир оид ба ин ё он масъала сухан ронда, ба тасвири баъзе лавҳаҳои конкрети ҳаёт ва инъикоси амалиёти одамони нав низ муваффақ гардидааст. Дар шеъри «Гуландом» (1933), ки ба колхозчидухтари озод бахшида шудааст, шоир бо усули муқоисаи ҳаёт ва шароитҳои гуногуни таърихӣ-феодалӣ ва сотсиалистӣ моҳияти ҳаёти советӣ ва озодию хушбахтии занонро тасвир карда, гузаштаи феодалиро рад ва зиндагонии сотсиалистиро тасдиқ намудааст. Дар шеъри «Баҳори дилнишин» (1939) шоир ҷашнҳоро тараннум карда, сохти сотсиалистиро сарчашмаи ҳаёти ҷовидонӣ ва некуаҳволии халқ номидааст:
Дар он замон, ки қоматам зи бори ғам хамида буд,
Шудӣ ту такягоҳи ман, ба узвҳо мадори ман.
Ғубори тира умрҳо намуда буд хирааш,
Расида аз ту равшанӣ ба чашми интизори ман.
Ба гулшани диёри ман шукуфт рӯзгори ман,
Шудаст бахт ёри ман, ту бахти ман, ту ёри ман.
Қаҳрамони лирикии шоир муносибати худро бо дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию мадании Тоҷикистон бо руҳбаландӣ баён мекунад.
Яке аз мавзуъҳои муҳимми эҷодиёти Муҳиддин Аминзода мавзуи ватандӯстӣ мебошад. Ватандӯстӣ, ки яке аз ҷиҳатҳои асосии мундариҷаи ғоявии ашъори шоирро ташкил медиҳад, дар як қатор шеъру суруд ва бадеҳаҳои шоир бо шаклҳои гуногун ифода ёфтааст. Шоир гоҳо бо роҳи тасвири ободӣ ва меҳнати фидокоронаи мардум, гоҳо ба туфайли тасвири ҳушёрии сарҳадчиён ва тайёрии тамоми халқ ба ҳимояи Ватан аз ҳуҷуми ногаҳонии душманон ҳиссиёти ватандӯстии худро ба қалам додааст.
Муҳиддин Аминзода барои изҳори ғояҳои ватандӯстӣ усул ва воситаҳои зиёдро истифода кардааст. Масалан, дар шеъри «Фатҳ» шоир бо усули қиёси далелҳо ва ба зиндагонии бадбахтонаи феодалӣ муқобил гузоштани ҳаёти сотсиалистӣ садоқати халқро ба Ватан чунин овардааст:
Бар хоки поки мо кафи душман куҷо расад?
Дар ҳифзи мулки худ ҳама якҷон расидаем.
Ин рӯзгори бошараф аз даст кай диҳем?
Мо ин ҳаётро магар осон расидаем!
Ин бахтро, ки навъи башар норасида буд,
Бо инқилоби фаълаву деҳқон расидаем!
Қаҳрамони лирикии шеърҳои Аминзода ҳимояи Ватанро шаъну шараф, муқаддас ва пурифтихор медонад ва ин фазилати ӯ минбаъд ҳам инкишоф меёбад. Хусусан, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ вобаста ба вазифаҳое, ки дар назди халқи советӣ меистоданд, ғояҳои ватандӯстӣ мазмуни асосии эҷодиёти Аминзодаро ташкил медиҳанд ва хислатҳои мусбати қаҳрамони лирикии ашъори ӯ ҳаматарафа равшан мегардад.
Муҳиддин Аминзода дар ҳалли мавзуъҳои муҳим, мавзуи дӯстии халқҳои советӣ ва бародарии меҳнаткашони ҷаҳон, сулҳу амният ва мубориза бар зидди оташдиҳандагони ҷанги нав, ки дар адабиёти замони ҳозираи тоҷик мавқеи муҳим дорад, бо усули хосси худ наздик мешавад ва дӯстии халқҳоро пеш аз ҳама дар мисоли кумаку ёрии бародаронаи ба ҳамдигар расондаашон мебинад. Ба ин маънӣ, шоир муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва мадании торафт афзудаистодаи миллатҳоро сарчашмаи дӯстӣ, ягонагии маънавию сиёсӣ, қувваи дӯстӣ, ба вуҷудоваранда ва мустаҳкамкунандаи ваҳдату бародарии халқҳо шуморидааст. Шеърҳои «Москва», «Ба булбули Ӯзбекистон», «Дӯстӣ, бародарӣ», Ба дӯстон — москвагиҳо», «Раҳмат ба халқи рус» ва дигарҳо дар ин бора шаҳодат медиҳанд. Хусусан, шеъри охирин, ки ба халқи рус бахшида шудааст, аз ҷиҳати мундариҷаи ғоявии худ яке аз беҳтарин шеърҳои ба ин мавзуъ бахшидаи шоир мебошад. Дар ин шеър беҳтарин сифатҳои халқи рус дар мисоли муносибати халқхои русу тоҷик нишон дода шудааст:
Раҳмат ба халқи рус, ки шуд дастгири мо,
Дар шоми ғам дамонд ба мо субҳи ҷовидон!
Охир расид бар ҳадаф оҳи чу тири мо,
Озод гашт кишвари зебои тоҷикон.
Муҳиддин Аминзода дар солҳои 20-ум ва 30-юм як қатор шеърҳои ҳаҷвӣ гуфта, баъзе иллатҳои ҳаёти моро мазаммат карда бошад ҳам, характери сиёсии ҳаҷви ӯ асосан аз давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ қувват мегирад. Дар ин давра амалиёти зиддихалқии роҳбарони фашизм, рафтору кирдори ваҳшиёнаи генералу офитсерҳои фашистӣ, барбод рафтани «плани барқвор» ва ба вазъияти ногувор афтодани саркардагони армияи Гитлер мавриди танқиди ашъори ҳаҷвии Аминзода қарор гирифтааст. Агар шоир дар шеъри «Зимистон» шикастхӯрии лашкари фашизмро дар остонаи Москва мазоҳу масхара карда бошад, дар манзумаи «Моҷарои валенки» азобу гуруснагӣ ва ба ҳамдигар бо чашмони нобоварӣ назар афкандани иттифоқчиёни фашизми Германия, дар шеърҳои «Саги азхудрафта» ва «22-юми июн» бевосита худи Гитлер, нақшаҳои беасос ва хаёлҳои хоми вай ҳаҷв гардидаанд. «Рубоиёти гурезогурез» ва шеъри «Асп ва генерал» низ дар назди Донбасс, Дон ва Орёл шикаст хӯрдани лашкари яккачини фашистон ва аз тарсу ҳарос худро гум кардани генералҳои гитлериро масхара мекунанд.
Дар солҳои пас аз ҷанг фаъолияти ҳаҷвнависии Муҳиддин Аминзода хеле инкишоф ёфт. Таъсис гардидани журнали «Хорпуштак» ва дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ташкил шудани гӯшаи ҳаҷвии «Анбӯр», алалхусус мубориза бар зидди «назарияи беконфликтӣ» дар соҳаи адабиёт ва санъат, тасвирҳои ғайриреалӣ ва пардоздиҳӣ сабабҳои муҳимме буданд, ки ҳаҷвнависиро дар Тоҷикистон инкишоф доданд. Хусусан, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Самад Ғанӣ, Ҳоҷӣ Содиқ дар роҳи тараққӣ додани жанри ҳаҷв хизматҳои намоён карданд. Доираи мавзуи ҳаҷвиёти Муҳиддин Аминзода вусъат ёфт, масъалаҳои танқидбоб дар осори ӯ бештар ва дандони ашъораш тезтар гардиданд. Шоир ба масъалаҳои мухталифи зиндагӣ ба таври ҷиддӣ дахолат карда, нуқсонҳоро аз нуқтаи назари манфиати халқ танқид мекунад.
Муҳиддин Аминзода яке аз тарҷумонҳои бомаҳорат ва пухтакор мебошад. Фаъолияти тарҷумонии ӯ хеле серсоҳа аст. Вай бисёр шеъру достонҳои шоирони классик ва муосири республикаҳои бародарӣ, суханварони гузашта ва муосири рус, бисёр асарҳои драмавӣ ва матни операҳо, инчунин қиссаҳои нависандагони русро ба забони тоҷикӣ гардондааст.. Дар байни онҳо бисёр шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонӣ ҳастанд. Тарҷумаи «Борис Годунов» ва «Лӯлиҳо»-и А. С. Пушкин, «Фарҳод ва Ширин»-и Навоӣ, эпоси гурҷии «Довуди Сосунӣ», як қатор асарҳои Лермонтов, Шевчанко, Нозим Ҳикмат, китоби шеърҳои Фузулӣ ва Махдумқулӣ, достони А. Твардовский «Мамлакати Муравия», Ж. Мулдағалиев «Суруд намемирад», шеърҳои Ғафур Ғулом, шеъру достонҳои Аширмат Назаров ва дигарҳо ба қалами Аминзода мансубанд.
Муҳиддин Аминзода барои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ матни даҳ операро ба тоҷикӣ гардондааст, ки дар байни онҳо асарҳои классикии санъати операвии рус ва дигар халқҳо ҳастанд. Операҳои Чайковский «Евгений Онегин» ва «Модкаи қаромашшоқ», «Аруси шоҳ»-и Ҳамза аз ҳамин ҷумлаанд.
Барои театрҳои драмавӣ ва драмавию мусиқии Тоҷикистон ҳаждаҳ асари драмавӣ-мазҳакавӣ ва мусиқию драмавиро тарҷума кардааст, ки «Оршин Мол-олон»-и Узинер Ҳоҷибеков, «Любов Яровая»-и Тренев, «Хонлар»-и Самад Вурғун, «Бой ва хизматгор»-и Ҳамза, «Алишер Навоӣ»-и Уйғун ва Иззат Султон, «Нурхон» ва «Гулсара»-и Комил Яшин, «Тоҳир ва Зуҳро»-и Собир Абдулло ва дигарҳо аз ҳамин қабиланд. Ҳаҷми умумии асарҳои манзуми ба тоҷикӣ тарҷумакардаи Муҳиддин Аминзода ба 150000 мисраъ мерасад.
Атохон Сайфуллоев
Фишурдаи мақола аз маҷаллаи «Садои Шарқ», 1978
Раҳим Ҷалил
Ба Аминзодаи шастсола
Рафиқи қадрдони ман, Муҳиддин,
Муборак бод шасти умри ширин!
Ба шастат омадӣ бо шасти афзун,
Наафтода ба шасте ҳеҷ, эмин.
Агарчи қоматат андак хамидаст,
Намехамбад вале табъи ту аз ин.
Ба боғи табъи ту доим шукуфон
Гули бисёр аз ашъори рангин.
Якеро ҳаҷви ту талх асту тунд аст,
Дигарро шаҳду шаккарвор лекин.
Қимоб аз таънаҳоят танбалонанд,
Ба ту доранд, бешак, коҳилон кин.
Ба ҳафтоду ду миллат тарҷумонӣ,
Ба тилмочи замон таҳсин-таҳсин!
Зи ту руҳи Навоӣ шоду масрур,
Мададгорат шуда арвоҳи Пушкин.
Агар уммеди ту садсола умр аст,
Дусад соли дигар бин умр, омин.