Номаи табрикии ИНТ ба Назруллоҳи Назар
Муҳтарам Назруллоҳи Назар!
Шумо беш аз ним аср аст, ки дар як риштаи хоса ва пурмасъулияти адабиёт заҳмат мекашед, робитаҳои адабии тоҷикон ва ҷаҳони арабро, ки анъанаҳои хеле дерин ва ғанӣ дорад, эҳё менамоед ва такмил медиҳед. Шавқу завқ ва кўшиши омўхтани забони арабӣ Шуморо аз овони наврасӣ машғул дошта, боис шуд, ки бо ташвиқи устоди омўзишгоҳиатон Ҳабиб Гадоев ба бахши забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро муваффақона хатм намоед ва то имрўз забонҳои модарӣ ва арабӣ мавриди кор ва эҷоди Шумо ҳастанд.
Шумо аз айёми донишҷўӣ расман ба кори тарҷумонӣ ҷалб шуда, баъдан дар идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишварҳои Ироқ ва Миср, дар Ҷамъиятӣ дўстӣ ва робитаҳои мадании Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Шуро оид ба умури дини назди Шурои Вазирони Тоҷикистон, Кумитаи ҳамдилии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё ва Африқо, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои масъул фаъолият доштед ва ба сифати сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб сарбаландона адои вазифа намудаед. Соли 2007 хидматҳои арзандаи Шумо аз ҷониби роҳбарияти ҷумҳурӣ бо ордени Шараф – дараҷаи II қадрдонӣ карда шуд.
Фаъолияти меҳнатии Шумо пайваста ба такмили дониш ва таҷрибаатон дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ ва расмӣ мусоидат менамуд ва бештар аз 30 номгўй асарҳои тарҷумавие, ки шахсан бо эҳтимом ва иштироки Шумо ба табъ расидаанд, натиҷаи кўшиш ва ҳиммати касбии Шумо ҳастанд. Доираи тарҷумаҳои Шумо аз назари ҳам мавзуъ, ҳам фарогирии давраҳо ва ҷуғрофиёи адабиёт хеле васеъ аст. Тарҷумаҳои Шумо чи аз забони тоҷикӣ ба арабӣ ва чи аз арабӣ ба забони тоҷикӣ ҳамеша аз ҷониби мутахассисон ва хонандагон хуш пазируфта мешаванд ва дар тавсеаи донишу биниши ҷомеаи имрўза нақши муҳим доранд. Ба шарофати тарҷумаҳои Шумо хонандагони араб бо осори адибони гузашта ва имрўзаи тоҷик, аз ҷумла Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Қутбӣ Киром, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар, Гулрухсор, Низом Қосим, Доро Наҷот, Фарзона ва дигарон ошно шудаанд. Зери назар ва бо муққадимаи Шумо чоп шудани китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар Димишқ, инчунин зери назар ва бо таҳрири матни арабӣ аз ҷониби Шумо дар Қоҳира ба нашр расидани асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” (дар 4 ҷилд) дар кори шиносонидани тоҷикон ва муаррифии таърих ва фарҳанги миллати мо ба мардуми арабизабон нақши бориз бозиданд.
Ҳамқалами азиз, имрўзҳо Шумо ба синни мубораки 75-солагӣ мерасед, корҳои арзишманди зиёдро анҷом додаед ва нақшаҳои эҷодии хеле муҳимми дигарро дар дил мепарваред. Барои амалӣ шудани ҳамаи орзуҳоятон ба Шумо тандурустии бардавом, рўзгори осуда, умри дарози пурбаракат орзумандем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон