Номаи табрикии ИНТ ба Султонмурод Ҳоҷибоев

 Номаи табрикии ИНТ ба Султонмурод Ҳоҷибоев

Муҳтарам Султонмурод Ҳоҷибоев!

Дар сафи адибони ўзбекзабони Тоҷикистон, ки барои бачаҳо шеъру ҳикояву афсонаю достон эҷод мекунанд, Шумо яке аз сермаҳсултарин адиб ба шумор меравед. Ҳанўз замоне ки дар омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Хуҷанд таҳсил мекардед, нахустин шеъри Шумо эҷод шуда буд ва то имрўз қалами Шумо сабз аст. Ҳар шеъри Шуморо нахуст бачаҳо хондаву шу­нидаву азёд кардаанд, зеро бист сол дар мактаб аз фанни забон ва адабиёт дарс гуфтаед ва минбаъд ҳам як қадами Шумо дар мактаб буду ҳаст.

Ҳар китоби Шумо барои хурдсолон як ҷаҳон суруру шодӣ овардааст. «Мен Ойга чиқиб тушдим» («Ман ба Моҳ баромадам»), «Қувноқ Алифбо» («Алифбои дил­кушо»), «Дунё гулларӣ» («Гулҳои дунё»), «Тўптерак» («Сафедорзор»),«Алифбои шавқовар», «Бобои ман дар куҷо?», «Бойчечак», «Чил пою чил попўш» ва ғайра борҳо нашр шудаанд.

Шеъри Шуморо дар хрестоматияи «Барои гурўҳи калонсоли кўдакистон», «Хрестоматияи адабиёти бачагон» ва китобҳои дарсӣ низ бачаҳо мехонанд. Воқеан, китоби «Алифбои шавқовар» дар озмуни на­шриёти «Юлдузча» (Тошканд) сазовори ҷойи аввал гардидааст. Дар озмуни рўзномаи «Совет Тожикис­тони» – «Шеърҳои беҳтарини сол» чандин маротиба ғолиб омадаед. Барандаи Ҷоизаи ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳам ҳастед. Ин ҳама аз шоири асили бачаҳо ва мавриди писанди атфол қарор гирифтани эҷо­диёти Шумост. Бисёр асарҳоятон ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд ва худ низ дар тарҷумаи асарҳои адибони тоҷик ба забони ўзбекӣ саҳми арзанда доред.

Султонмурод Ҳоҷибоеви азиз!

Шумо ба синни мубораки 80 қадам гузоштед. Ин санаи фархундаро аҳли адаб ва ҳаводорони эҷодиёти Шумо муборакбод гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ ва комёбиҳои тоза ба тозаи эҷодӣ таманно мекунанд.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо