90 СОЛИ КОНУНИ АДИБОН
26 октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии ин созмони адабӣ маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим маҷлисро оғоз бахшида, зикр намуд, ки дар тӯли 90 сол Иттифоқи нависандагонро 9 нафар роҳбарӣ кардаанд. Дар давраи роҳбарии ҳамаашон корҳои муҳимми ташкиливу эҷодӣ анҷом ёфтаанд. Иттифоқ рушд намуд, мустаҳкам шуд, адибони нав ба нав ба майдони адабиёт омаданд ва асарҳои тоза эҷод гардиданд. Қаробати мардум ба адабиёт ва адибон афзуд.
Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар мавзуи «Дастовардҳои Иттифоқи нависандагон ва адибони тоҷик» маърузаи пурмуҳтаво ироа дошт ва сипас дар атрофи он дар қисмати музокираҳо баён гардиданд.
Шоири халқии Тоҷикистон, котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар минтақаи Кӯлоб Ҳақназар Ғоиб гуфт, ки шуъба соли 1989 таъсис ёфт ва адибони маъруф Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Искандари Хатлонӣ, Муҳаммад Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Хайрандеш ва дигарон дастпарварон ва пешбурдагони кори он ба ҳисоб мераванд.
– Пеш аз Истиқлол агарчи шуъбаҳои хатлонӣ ва кӯлобии ИНТ таъсис дода шуда буданд, аз ҷоизаҳои адабӣ дар сатҳи вилоят хабаре набуд. Айни ҳол дар вилояти Хатлон се ҷоиза ба номи Носири Хусрав дар бахши насри бадеӣ, ба номи Шамсиддини Шоҳин дар бахши назм ва ба номи Соҳиб Табаров дар бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ таъсис ёфт, ки ҳамасола ба адибону пажӯҳишгарони адабиёт тақдим мешавад. Ба ҷуз инҳо дар маркази шаҳри Бохтар, дар бинои бошукӯҳи «Қасри фарҳанг» барои шуъбаи хатлонии Иттифоқи нависандагон утоқҳои муҷаҳҳаз ҷудо карда шудаанд, ки маҳфилҳои адабӣ ва дигар чорабиниҳои адибон дар онҳо баргузор мешаванд, – гуфт Шоири халқии Тоҷикистон, котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар минтақаи Бохтар Озар Салим.
Намояндаи шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагон, шоир, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Хушомади Алидод дар бораи фаъолияти шуъба маълумот дода, аз ҷумла гуфт:
– Адибони Бадахшон низ дар баробари адибони дигар минтақаҳои кишварамон дар раванди пешбурди адабиёти асил замоне дар канор набуданд. Метавон аз Нодир Шанбезода (раиси вақти ИНТ) Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Ширин Бунёд, Тилло Пӯлодӣ, Ато Мирхоҷа, Раънои Мубориз ва ғайра ёдовар шуд. Шуъбаи бадахшонии ИНТ зодаи даврони Истиқлоли ҷумҳуриямон буда, соли 1994 бо ташаббуси Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд таъсис ёфтааст. Аъзои шуъбаи бадахшонӣ, адибони шинохта – Ато Мирхоҷа, Раънои Мубориз, Наҷмиддини Шоҳинбод, Муҳиддини Пайшанбе, Рӯдобаи Мукаррам имрӯз адибони муваффақанд. Имрӯзҳо дар шуъба Лаълҷубаи Мирзоҳасан (котиби масъул), Лутфишоҳи Додо, Шоҳтолиби Шоҳқосим, Бӯрибеки Худойбахш, Қурбони Аламшо, Майрамбек Тойчӣ, Қудрат Шаҳчавлихон, Кӯйбек Шарифзода, Шарифбек Азизӣ, Пайшанбе Шоҳзода, Гулнисои Ато, Ҷангибек Улфатшо ба қаламкашони наврасу ҷавони вилоят машварату маслиҳат медиҳанд.
Намояндаи шуъбаи суғбаи суғдии ИНТ, нависанда Матлубаи Ёрмирзо зикр кард, ки соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд 70-солагии таъсиси ин шуъба ҷашн гирифта шуд ва дар он роҳбарияти ИНТ иштирок доштанд. Дар он чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон, котиби масъули шуъбаи суғдии ИНТ Аҳмадҷон Раҳматзод дар бораи дастовардҳои шуъба маълумоти кофӣ дод.
Ба гуфтаи адабиётшинос ва тарҷумон Абдураҳмон Абдуманнон, нисбат ба 70 соли замони шуравӣ дар 30 соли замони Истиқлол қариб чор баробар бештар романҳои таърихӣ чоп шуданд. Худшиносӣ, руҷӯъ ба таърих ва шахсиятҳои таърихӣ адибонамонр ба ин жанр бисёртар ҷалб кард.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким аз овони роҳбарияш дар ИНТ ёдовар шуда, дар вазъияти ноором талоши адибонро барои ҳифзи муҳити солими адабӣ бозгӯӣ кард ва иброз намуд:
– Дар ҳоли ҳозир низ раҳбарӣ ва кор кардан дар Иттифоқи нависандагон кори сода нест. Зеро ҳамаамон аз авзои ҷаҳон бохабар ҳастем ва медонем, ки то чи андоза созмонҳои эҷодӣ вазифаҳояшонро дар кишварҳои дигар иҷро мекунанд. Бинобар ин, талабот бениҳоят бузург аст. Хушбахтона, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон Иттифоқи нависандагонашро бо ҳамон яклухтӣ ва комилӣ бегазанд нигоҳ дошт. Аъзои Иттифоқ, мухсусан, чеҳраҳои дурахшонаш ягонагии ин созмонро бештар ва беҳтар аз ҳама ғаразҳои шахсии худ медонистанд. Пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз ин боргоҳи адибон барои идомаи фаъолияташ мусоидат кард. Хушбахтона, давлату ҳукумати мо арзиши адабиётро хеле хуб медонанду қадр мекунанд. Барои адибони бачаҳо низ аз ҷониби Пешвои миллат ҷоиза ва мукофот роҳандозӣ гардид. Ҳамин тавр, ба адибонамон дар замони соҳибистиқлолӣ ғамҳориҳои зиёд зоҳир карда шуд. Бинобар ин, агар дастовардҳои даврони Истиқлолро боз ҳам беҳтар инъикос кунем, асарҳои хубу арзишманд ба миён меоянд».
Тавре ки Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад изҳор дошт, 90 сол пеш таъсис додани Иттифоқи нависандагон барои миллат ва ҷумҳурии мо падидаи бузург буд. Аз ҳамон вақт ҷумҳуриямон ба Иттифоқи нависандагон ниёзи зиёд дошт. Падидаи бузурги дигар ин буд, ки Иттифоқи нависандагон аз оғоз ба кашфи истеъдодҳо камар баст ва ин истеъдодҳо зина ба зина ба таълифи асарҳои замонавӣ шуруъ намуданд. Аз соли 1934 агар ба ҳисоб гирем, аъзои Иттифоқи нависандагон бо роҳнамоии устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар ҳама жанрҳои назму наср асарҳо навиштанд. Дар ҳамин айём бо вуҷуди ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, кашокашҳо, сиёҳкуниву сафедкуниҳо шоҳкорҳои адабии мо, намунаҳои беҳтарини роман, ҳикоя, повест, достон, силсилашеърҳо ба вуҷуд омаданд”.
Раиси ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоир Рӯдобаи Мукаррам зимни суханронияш гуфт, аз даврае, ки Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт, нақши адибон дар таҳкими он назаррас буд. Аз ҳамон даврон Муъмин Қаноат, Қурбон Восеъ, Гулназар Келдӣ ва дигарон дар ниҳоди мазкур фаъолияти пурбор доштанд.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода дар атрофи маърузаи маҷлис фикрашро баён намуд ва изҳор кард, ки дар ин гуна ҷашнҳо низ вақте сухан аз адабиёт меравад, бояд сараву носараро ҷудо кунем.
Нависанда Абдурофеъ Рабизода ва шоир Бузургмеҳри Баҳодур низ андешаҳояшонро дар маҷлис баён доштанд.
Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбе адибонро ба муносибати 90-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муборакбод гуфта, таъкид кард, ки чун ҳамеша Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди адабиёти замони Истиқлол ва дастгирии аҳли адаб талош меварзад.
Низом Қосим қарори маҷлиси садорати ИНТ-ро ба ҳозирон ироа кард. Дар ин қарор, аз ҷумла, зикр шудааст, ки Иттифоқи нависандагон сафарбар намудани неруҳои эҷодиии аъзои худро барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муқовимат ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, тақвияти зиракиву ҳушёрӣ дар замири ҷавонон, ҳифзи суннату фарҳанги миллӣ, пешгирии гаравидан ба равияҳои экстримистӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, кӯшиш барои тасвири пурвусъати замони муосир ва инсони бунёдкори ватандӯст, инъикоси мубрами ахлоқиву маънавӣ, даъвати аҳли ҷомеа ба ваҳдату сулҳу субот ва гирифтани пеши роҳи ҷараёнҳои ифротӣ, риояи танзими ҷашну маросимҳо, мубориза ба муқобили хурофот ва тундгароии динӣ идома медиҳад ва ба офаридани асарҳои мондагор дар ин мавзуъҳо мусоидат менамояд.
Дар охир ба адибони маъруф Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмон Абдуманнон ва Абдурофеъ Рабизода нишони «90-солагии Иттифоқи нависандагон» тақдим гардид. Ҳамчунин адибон Абдусаттори Раҳмон, Абдуллоҳи Раҳнамо, Муҳаммадулло Табарӣ, Сироҷиддин Икромӣ, Рӯдобаи Мукаррам, Матлубаи Мирзоюнус ва Бузургмеҳри Баҳодур бо нишони “Сухан” ва ифтихорномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН