СУХОЯН СЕРГЕЙ

 СУХОЯН СЕРГЕЙ

СЕРГЕЙ СУХОЯН 14 феврали соли 1932 дар кишвари Кубани Русия ба ҷаҳон омада, солҳои тӯлонист, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дорад. Соли 1955 факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷи­кистонро хатм карда, аз ҳамон вақт дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва нашрияҳои ҷумҳурӣ кор мекунад. Солҳои 1995-1997 муҳаррири шӯъбаи назм, 2001-2004 котиби масъули маҷаллаи адабӣ-бадеии «Помир» будааст.

Ду маҷмӯаи ашъори Сергей Сухоян дар нашриёти «Дониш» ва «Адиб» ба чоп расидаанд. Китоби ҳикояву очеркҳои Ҳ.Файзиев «Дар ҷанг ва баъди ҷанг» («На войне и после войны», 1988), маҷмӯаи ҳикоёти ҳаҷвии А.Маҳмадшоҳ «Фиреби назар» («Обман зрения», 2001) дар тарҷумаи ӯ нашр шудаанд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

26 апрели соли 2017 вафот кард.

Дигар хабарҳо