МУҲАММАДӢ ҚУРБОН

 МУҲАММАДӢ ҚУРБОН

ҚУРБОНИ МУҲАММАДӢ 20 марти 1938 дар деҳаи Анҷири совхози Баракати ноҳияи Ваҳдат таваллуд ёфтааст. Соли 1968 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, аз ҳамон сол машғули тадриси забону адабиёти тоҷик шудааст.

Аз даврони муҳассили донишгоҳ будан машқи шеъру шоирӣ кардааст. Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои «Мурғобӣ, чӣ мекобӣ?» (1984), «Гули ситора» (1985), «Кокули бом» (1991), «Боғи баҳор» (1992), «Шохаи райҳон» (2001) ва «Маъвои меҳр» (2003) ба табъ расидаанд.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

26 майи соли 2008 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо