ҚОДИРДУХТ БАРНО

 ҚОДИРДУХТ БАРНО

БАРНОИ ҚОДИРДУХТ 27 феврали соли 1975 дар шаҳри Истаравшан ба ҷаҳон омадааст. Соли 1992 мактаби миёнаи №49 ноҳияро бо медали нуқра хатм намуда, ҳамон сол донишҷӯи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, соли 1997 бо дипломи сурх ба поёнаш расондааст.

Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти эҷодиро дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» (1998) шурӯъ намуда, баъдан дар маҷаллаҳои «Фирӯза», «Бонувони Тоҷикистон», Телевизиони Тоҷикистон, рӯзномаи «Чумҳурият», Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Радиои «Озодӣ» идома додааст. Ҳоло сармуҳаррири маҷаллаи «Истиқбол» мебошад.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Ман охирин фариштаам» (2002), «Ниёзи рӯҳ» (2005), ду китоби мусоҳибаи «Равзанаи дидор» (2008, 2010) ва филмномаи «Умеди охирин» аст.

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон дар соҳаи рӯзноманигорӣ.

Аз соли 2002 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо