Як моҳи пур аз шеъру тарона

Тавре ки ќаблан иттилоъ дода будем, аз 17 то 24-уми март дар кишвар Њамоиши байналмилалии шоирони форсигўи њавзаи Наврўз барпо мегардад.

Иттифоќи нависандагони Тољикистон барои дар сатњи баланд гузаронидани ин Њамоиши бошукўњ њама тадбирњоро андешида истодааст. Ситоди Иттифоќи нависандагон оид ба гузаронидани чорабинињои Њамоиш ташкил ёфт, ки кори худро оѓоз кардааст. Тибќи иттилои раиси ситоди мазкур Акбар Абдулло феълан рўйхати навбатдорони Ситод тартиб дода шудааст, барои сазовор пешвоз гирифтани мењмонон ва гузаронидани чорабинињо заминањо фароњам оварда шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки то замони ташриф овардани мењмонон ба Тољикистон мањфили шеъру таронаи шоирони шинохтаи тољик баргузор хоњад шуд. Ин мањфилњо аз 19-уми феврал то 19 март идома хоњанд ёфт. Тибќи наќшаи тањияшуда дар ин давра мањфилњои шоирон Рустами Вањњоб, Гулназар, Ато Мирхоља, Раънои Мубориз, Нуќраи Суннатниё, Зулфия Атої, Камол Насурулло, Њаќназар Ѓоиб, Озар, Озарахш, Рањмат Назрї, Аскар Њаким ва устодон Мўъмин Ќаноат, Бозор Собир, Низом Ќосим доир хоњанд шуд.

Њамчунин дар назар аст, ки дар доираи Њамоиш шоирони шинохта ва маъруфи адабиёти муосири форсї Муњаммадризо Шафеии Кадканї (дар Донишгоњи миллии Тољикистон), Латиф Нозимї (дар Донишгоњи давлатии омўзгорї), Восифи Бохтарї (дар Китобхонаи миллї) ва Њушанг Ибтињољи Соя (дар Иттифоќи нависандагон) дарсњои мањорати адабї хоњад гузаронд.

Т.Халилї

Дигар хабарҳо