БЕ РУШДИ МАОРИФ ПЕШ НАМЕРАВЕМ…

 БЕ РУШДИ МАОРИФ ПЕШ НАМЕРАВЕМ…

Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва дар маҷмўъ ба сокинони ҷумҳурӣ дар соли барои мардуми кишварамон бисёр ҳам муҳим – яъне таҷлили 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азиз ироа шуд. Роҳбари давлат дар оғози Паёми хеш мухтасар дар бораи дастовардҳои мардуми мо дар давоми сӣ сол маълумот дода, хотиррасон карданд, ки ҳама пешравиҳои мо маҳз баъди барқарор шудани сулҳу салоҳ ва суботи сиёсӣ ба даст омад. Ва мо асосан аз оғози соли 2000-ум ба корҳои бунёдкорӣ ва расидан ба се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворию дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии мамлакат оғоз намудем, ки онҳо тадриҷан амалӣ шуда истодаанд.

Ба андешаи банда, аз ҳама нуктаи муҳимме ки дар Паёми имсола таъкид гардид, ин гузаронидани ислоҳот дар соҳаи маориф буд. Ҳамагон хуб медонем, ки ғамхорӣ ба соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ аст ва Пешвои миллат дар паёмҳои пешинаи хеш низ борҳо инро таъкид намуда буданд. Аммо имсол он оҳанги дигар дошт ва дар назди кормандони маориф вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омўх- тани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омўзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад» – таъкид намуданд Президенти кишвар. Ҳамчунин таъкид гашт, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва Ҳукумати мамлакат ба хотири ояндаи давлату миллат ҳамеша ба соҳаи маориф аҳамияти хосса медиҳад. Барои мисол, дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Акнун танҳо сифати таълимро дар мактабҳо беҳ ва ба талаботи замони муосир мувофиқ кардан лозим.

Барои бештар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва барои ҷумҳурии мо зарур ҳар сол беш аз панҷ ҳазор ҷавонони мо барои таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои пешрафтаи олам фиристода мешаванд. Дар давоми сӣ сол 42 ҳазор нафар дар бисту панҷ кишвари олам таҳсил карданд, ки дар оянда метавонанд барои рушди ҷумҳуриамон, хусусан амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар саҳми бориз гузоранд.

Роҳбари давлат дар баробари дастовардҳо дар соҳаи маориф аз камбудиҳои соҳа низ гуфта, ба тарзи тадрис дар макотиби кишвар ва сифати тайёр кардани мутахассисон эрод гирифтанд. Андешаҳое, ки дар хусуси таълиму тадрис дар мактабҳои олию таълимоти ҳамагонӣ иброз шуд, ба он далолат мекунад, ки эшон ҳангоми сафарҳои кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ва вохўриҳояшон бо шогирдону муаллимони макотиби оливу миёна ва аҳли ҷамоат аз мушкилоти соҳаи маориф хуб огоҳ шудаанд. Ҳамчунин солҳои охир дар расонаҳо аз камбудиҳои таълим ва тайёр кардани мутахассисон андешаҳои мухталиф баён мегардид. Чи тавре ки Сардори давлат таъкид карданд, беҳтар ва пурсамар гардонидани корҳои таълиму тадрис, омода кардани мутахассисони ба талоботи замони муосир ҷавобгў пеш аз ҳама ба баланд бардоштани касбияти мураббиёни боғчаи кўдакон, яъне кормандони муассисаҳои томактабӣ ва баъдан муаллимону устодони мактабу омўзишгоҳ ва донишгоҳҳо вобаста аст. Зеро агар омўзгор худаш ба дониш мусаллаҳ набошад, мо ҳазорон мактаби бо технологияи ҳозиразамон муҷаҳхаз бунёд кунем ҳам, натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Асри мо асри рушди гўшношуниди технология аст ва муаллимону устодонро лозим аст, ки ба ҷуз китобҳои дарсӣ мунтазам аз расонаҳои гуногуни электронӣ ва маҷаллаҳои илмию оммавӣ аз навгониҳои дар илмҳои гуногун ба амаломада бохабар бошанд ва ҳангоми таълим аз бардоштҳояшон истифода кунанд.

Пешвои миллат дуруст таъкид карданд, ки ҳама кишварҳои имрўз пешрафтаи ҷаҳон (хусусан Ҷопон) замоне бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ҳиссаи зиёди буҷети давлатии хешро ба соҳаи маориф равон намуда, то имкон даст медод, ба хотири фардои кишварашон мутахассисони пухта тайёр карданд. Имрўз мо натиҷаи он ҳама талошашонро дар амал дида истодаем. То ҳол яке аз самтҳои муҳимми сиёсати дохилии кишвари Ҷопон, ки иқтисодиёташ дар қатори чор-панҷ кишвари мутараққии ҷаҳон пешрафта ҳисобида мешавад, рушди маориф ба ҳисоб меравад. Ҳамон Қонун дар бораи маориф, ки баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Ҷопон қабул гардиду ин кишвари он замон дар ҳолати ногувори иқтисодию иҷтимоӣ қарордоштаро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил дод, то имрўз амал мекунад.

Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳарчанд барои мубориза бар зидди фашистони истилогар дар фронт аскару афсар лозим буд, роҳбарияти Иттиҳоди Шўравӣ муаллимонро аз фронт ҷавоб дод, то мактабҳои миёна бе омўзгор намонанд.

Таъкиди Пешвои миллат дар хусуси боз ҳам бештар аҳамият додан ба омўзиши фанҳои дақиқу табиӣ аз як ҷиҳат ба хотири амалӣ сохтани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръа- ти мамлакат бошад, аз ҷониби дигар вобаста ба он аст, ки имрўз сокинони кишварамон, аз хурд то бузург, хусусан омўзгорону волидайни хонандагон бояд хуб дарк кунанд: асри бисту як қарни технологияи навтарин аст. Баъд аз ин кишваре, ки технологияи нав ба нав ихтироъ намекунаду аз он пурсамар истифода бурда наметавонад, хору залил мешавад. Барои ихтироъкорӣ фанҳои дақиқро бояд хуб омўхту базаи муҳим муҳайё кард. Дигар роҳ вуҷуд надорад. Мо бояд то қадри имкон аз кишвари истеъмолкунанда ба истеҳсолкунанда табдил ёбем. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавон ба бой шудани буҷети давлат ва беҳ шудани вазъи иҷтимоию некуаҳволии мардум умед баст. Ба касе пўшида нест, бисёр молҳое, ки мо имрўз асъор дода аз дигар кишварҳо ворид мекунем, метавонем худамон истеҳсоли онро ба роҳ монем. Барои ин пеш аз ҳама мутахассис ва технологияи нав ва меҳнат кардан лозим аст.

Агар мо мехоҳем, кишварамон боз пешрафтатар ва мардумамон рўзгори босаодат дошта бошад ва дар солҳои наздик ба ҳадафи чоруми стратегии хеш – саноатикунонии мамлакат муваффақ шавем, бояд ба омўзиш (пеш аз ҳама илмҳои дақиқ)-и насли наврасу ҷавон диққати ҷиддӣ диҳем. Кормандони маорифро лозим аст, ки кори тадрисро мутобиқ ба дигаргуниҳои зиёде, ки дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанг рух медиҳанд, ба роҳ монанд. Ва ба андешаи банда, дар ин кор эшонро аҳли ҷомеа ва волидайни хонандагон бояд ёригар бошанд. Зеро кори тарбияву тадрис ҳамагонист ва танҳо дар ҳамон ҳолат мо метавонем натиҷаи дилхоҳ ба даст орем.

«Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омўзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омўзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад» – омадааст дар Паёми Президенти кишварамон. Мардуми мо мақоле дорад: «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ». Имрўз касе, ки ақаллан як-ду забони хориҷӣ (асо- сан англисию русӣ) намедонаду ба он муошират карда наметавонад, кораш ба таври дилхоҳ пеш намеравад. Зеро барои омўхтани илмҳои замони нав забонро бояд донист. Чи тавре Президенти мамлакат мисол оварданд. Як нафар тоҷир агар забони англисӣ ё русиро надонад, чӣ гуна метавонад бо тоҷирони дигар кишварҳо озод гуфтушунид кунаду ба хотири ҳамкориҳои судманд шартно- маҳо бандад…

Имрўз дар мактабҳои мо барои забономўзӣ ҳама шароитҳо муҳайё аст. Давлат барои боз ҳам хубтару беҳтар омўхтани забонҳои русию англисӣ аз хориҷа муаллимони ботаҷрибаро даъват мекунад ҳар сол. Адабиёт, дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, луғатҳои гуногуни барои забономўзӣ зарур зиёданд дар китобхонаю мағозаҳо. Танҳо шавқу рағбат даркор. Муаллимону волидайнро лозим аст, ки ба ҳар роҳ, пеш аз ҳама, дар дили кўдакону наврасон завқи забономўзиро бедор кунанд.

Мо баъди таҷлили сисолагии соҳибистиқлолии кишварамон ба марҳалаи нави тараққиёт қадам гузоштем ва моро лозим аст ҳама аҳлона миёнро маҳкам баста, барои ояндаи дурахшон даст ба кор занем. Дар Паёми имсола ана ҳамин нукта баръало садо дод.

Равшан МАХСУМЗОД

Дигар хабарҳо