50 соли асари мондагор

 50 соли асари мондагор

31 октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 50-солагии нашри романи «Тахти вожгун»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ нишасти илмиву адабӣ баргузор гардид.

Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар оғоз гуфт:

«Аз романҳои сегонаи машҳури Ҷалол Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Духтари оташ» ва «Тахти вожгун» чандин насли хонандагон ва адибони мо баҳраҳо бардоштаанд, ки аз таърихи зиндагии халқи мо дар Аморати Бухоро, инқилоби Бухоро ва барқароршавии Ҳукумати советӣ дар қаламрави Бухоро, хусусан Бухорои шарқӣ қисса мекунанд.»

Нависанда Шодӣ Раҷабзод дар мавзуи «Ҳақиқати замон дар романи «Тахти вожгун»-и Ҷалол Инкромӣ» маъруза пешниҳод намуд.

Дар қисмати музокира адибон Карим Мӯсо, Мирзонасриддин, Абдурауф Муродӣ, Сироҷиддин Икромӣ, Азизи Азиз, Муродалӣ Собир, Маҷид Салим ва Иззатбек Идизода дар атрофи маърузаи ироагашта ва романи «Тахти вожгун» андешаронӣ карданд.

Карим Мӯсо иброз дошт:

«Дар он айём на ҳар кас роман менавишт. Ҷалол Икромӣ ҳамчун нависанда дар офаридани симои зан бемонанд аст. То ҳол ёд надорам, ки ягон образи зан дар баробари Фирӯза бошад. Ин асари сегона бо ташаббуси бевоситаи устод Мирзо Турсунзода пас аз муҳокима дар Иттифоқи нависандагон ба Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шуравӣ пешниҳод шуда буд. Сипас Мирзо Турсунзода ба беморияш нигоҳ накарда, ба Москва рафт ва дар муҳокима асарро гузаронид. Вале худ баъди се-чор моҳ вафот кард.

– Сегонаи Ҷалол Икромӣ сужаҳои ҷолиб ва ба ҳам пайваста дорад. Хонанда низ бештар ба ҳамин ҷанба диққат медиҳад. Фикр мекунам, ки ин романҳо такмили асарҳои Айнӣ ҳастанд. Ҷалол Икромӣ Айниро устоди воқеии худ медонист ва эҷодиёти ӯро барои хеш ҳамчун мактаб қабул карда буд. Худаш бо мурури замон соҳибмактаб гашт. Дар заминаи насри Ҷалол Икромӣ як силсила асарҳои адибони дигар таълиф ёфт, –  изҳор намуд нависанда Абдурауф Муродӣ.

Дар охир таъкид гардид, ки барои ба майдони адабиёт омадани нависандагоне чун Ҷалол Икромӣ саҳми Садриддин Айнӣ бузург аст.

Дигар хабарҳо