АЗ КУМИТАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБӮАБДУЛЛО РӮДАКӢ

Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ дар соли 2022 эълон мекунад. Пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25-уми декабри соли 2021 сурат мегирад.

 Ба озмун асарҳое, ки дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ҳамчун дастоварди баландпояву гаронмояи эҷодӣ сазовори эътирофи ҳамагонӣ шудаанд, пешниҳод мегарданд.

Ба дарёфти Ҷоиза бояд асарҳои адабӣ, мусиқӣ, меъморӣ ва пажўҳишҳои хоссаи адабиёту санъат, ки дар ҳудуди панҷ соли охир то санаи соли мукофотдиҳӣ эҷод ва бунёд гардидаанд, инчунин, филмҳои синамоиву телевизионӣ, намоишномаҳои театриву телевизионӣ, барномаҳои консертии сарояндагиву навозандагиву рақсӣ ва асарҳои публитсистӣ, ки дар ҳудуди се соли охир то санаи соли мукофотдиҳӣ манзури умум гардидаанд, пешниҳод мешаванд. Асарҳои пешбаришаванда бояд як сол пештар аз санаи соли мукофотдиҳӣ ба табъ расида, ё иҷро гардида, ё намоиш ёфта, ё бунёд шуда бошанд.

Дар бахшҳои адабиёт — 1 ҷоиза, театр ва синамо — 1 ҷоиза, мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ — 1 ҷоиза, санъати тасвирӣ ва меъморӣ — 1 ҷоиза, эҷодиёти бадеӣ барои кўдакон ва наврасон (адабиёт, театр, синамо, мусиқӣ, санъати тасвирӣ…) — 1 ҷоиза, журналистика — 1 ҷоиза ва 1 ҷоизаи махсуси байналмилалӣ барои тарҷума, пажўҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ (ба- рои муаллифони хориҷӣ) муқаррар шудааст.

Пешбарии асарҳо аз ҷонибивазоратҳову кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба адабиёту санъат ва журналистика алоқаманданд, инчунин, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои эҷодӣ сурат мегирад. Дигар муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла пажўҳишгоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ҷамъиятҳо, бунёдҳо, нашриётҳо, идораҳои маҷаллаҳову рўзномаҳои соҳаи адабиёту санъат, муассисаҳо ва дастаҳои ҳунарӣ пешбарии асарҳои довталабонро ба воситаи ҳайатҳои мушовара, садорат ва раёсати вазоратҳову кумитаҳову иттифоқҳои марбутаи эҷодӣ анҷом медиҳанд. Аз ҷониби як ташкилот барои довталабии як ҷоиза набояд бештар аз ду асари сазовортарин пешниҳод карда шавад.

Пешбарии асарҳо дар шакли мактуби расмӣ бо имзои сарвар ва пахши муҳри асосии идора, зикри ному насаб ва тахаллуси муаллиф, унвонҳои ифтихорӣ ва илмии ў, ҷоизаҳои пешинааш, номи асари пешниҳодшаванда, санаи интишор ё намоиши аввалини оммавии он эътибор дорад. Дар мактуби пешниҳодӣ арзиши бадеӣ ва муҳтавои асари довталаб бояд ҳаматарафа акс биёбад. Инчунин, бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима шаванд: қарори ҳайати мушовараи вазорат, кумита ва раёсати иттифоқи эҷодии пешбарикунанда, суратмаҷлиси муҳокимаи ҳайати мушовара ё раёсати ташкилот бо нишондоди натиҷаи овоздиҳии пўшида ва суратмаҷлиси шўрои бадеӣ ё илмии он, тақризҳо, нишонии зист, зиндагинома ва 2 дона расми муаллифи довталаб дар ҳаҷми 9×12.

Дар бахшҳои адабиёт ва журналистика аз тарафи ҳар як довталаб 10 нусха асари пешбаригардида дар шакли китоб ё маҷалла бебозгашт ба Кумита супорида мешавад.

Дар бахши театр барномаи сабтшудаи намоишнома, рўйхати нақшофарандагон, матни асар (пйеса, сенарий, либретто), сабти видеоии он (СБ ва БУО) ва дигар василаҳо пешниҳод мегарданд.

Дар бахши синамо сенария ва сабти видеоии филм қабул карда мешавад.

Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ пешниҳоди нотаҳо, сабти овозӣ ва наворҳои ҳунарӣ шарт аст.

Дар бахши санъати тасвирӣ асарҳо дар намуди аслӣ ё нусхабардории онҳо дар шакли албом пешниҳод мешавад. Дар ҳолати пешбарии асарҳои ороишии саҳна ё филмҳо пешниҳоди наққошиҳо ва ангораҳои онҳо зарур аст.

Дар бахши меъморӣ албоми суратҳои гуногунпаҳлуи иншооти бунёдшуда, лоиҳаи комил, аксҳои композитсионӣ ва шарҳи хаттии ғояи асосии он пешниҳод мегардад.

Дар бахшҳои эҷодиёти бадеӣ барои кўдакон ва наврасон, ҷоизаи махсуси байналмилалӣ барои тарҷума, пажўҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ низ мавод ва талабот мувофиқи навъи асар тибқи меъёрҳои зикргардида мебошад.

Дар мавриди пешниҳоди асарҳои эҷодиёти гурўҳӣ (спектаклҳо, филмҳо, ҳайкалҳову муҷассамаҳо ва ғайра) дар хусуси саҳми ҳар як муаллифи асосӣ бояд маълумоти алоҳида оварда шавад ва шумораи номзадҳо набояд беш аз 8 нафар бошад.

Ба ҳайати довталабон дохил кардани шахсон аз рўи аломатҳои маъмурӣ ва машваратӣ мумкин нест.

Як номзад наметавонад дар як вақт бо ду ё зиёда асари худ барои ҷоиза довталабӣ кунад.

Пешниҳоди такрории асарҳои тақдиршуда ё пештар ба ҷоизаи мазкур пешбаригардидаву баррасишуда манъ аст.

Асари нави барҷастаи шахси барандаи собиқи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ, агар падидаи фавқулодаи адабиву ҳунарӣ бошад, танҳо баъди 5 сол аз санаи мукофотгирии аввала ба озмун роҳ дода мешавад.

Барои гирифтани маълумот ва супоридани ҳуҷҷатҳову маводи пешниҳодӣ ба нишонии зерин муроҷиат карда шавад: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 8, қабулгоҳи Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ, телефон: 224-57-49.

Дигар хабарҳо