Шеъри тоҷик дар Сурия

Шеъри тоҷик дар Сурия

Дар Димишқ маҷмӯаи ашъори панҷ шоири шинохтаи Тоҷикистон ба забони арабӣ таҳти унвони «Ҳамосаи панҷгона» ба табъ расид.

Нашриёти «Амал ал-ҷадида» дар Димишқ – пойтахти Ҷумҳурии Арабии Сурия маҷмӯаи ашъори панҷ шоири халқии шинохтаи Тоҷикистон — Низом Қосим, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона ва Доро Наҷотро дар тарҷума ба забони арабӣ таҳти унвони «Ҳамосаи панҷгона» ба табъ расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар, ки шеърҳоро ба забони арабӣ тарҷума кардааст, хабар дод.

Маҷмӯа зери назар ва бо муқаддимаи шоир ва тарҷумони маъруфи суриягӣ Иброҳим Истанбулӣ чоп шудааст. Аз ҷумла номбурда дар муқаддимаи  худ дар васфи шоирони панҷгонаи тоҷик чунин менигорад: «Панҷ хуршеди фурӯзону панҷ ахтари дурахшони шеъри муосири тоҷик, панҷ шоири халқи Тоҷикистон, ки ҳар яке ҳамосаи ба худ хос дар назм, сабку услуби ба худ хос дар эҷод, фалсафаи ба худ хос дар зиндагӣ ва диди ба худ хос нисбати маҳбубро дорад».

Бояд тазаккур дод, ки Иброҳим Истанбулӣ таблиғгари назми рус дар ҷаҳони араб ба шумор меравад. Вақтҳои охир нисбат ба таъриху фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, чанде пеш тарҷумаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро ба забони арабӣ дар ду ҷилд ба итмом расонидааст.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»: 

Назруллоҳи Назар 30 январи соли 1949 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент дар факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Солҳои 1975—1978 ба сифати корманди аршади Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, 1978—1982 тарҷумони забони арабӣ дар Ироқ, 1982—1987 корманди масъули Шӯрбаи умури динии Шӯрои вазирони ҶШC Тоҷикистон, 1987—2002 котиби масъул ва муовини раиси Кумитаи ҳамдилии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё ва Африқо, 2002—2007 муовини сардор ва сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст.

6 августи соли 2007 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб таъйин шуда, то соли 2013 дар ин вазифа кор кардааст.

Қаблан китоби дигари ӯ бо номи «Авроқун мутафарриқа» («Парокандабаргҳо») дар нашриёти «Шамс»-и Қоҳира бо забони арабӣ ба нашр расидааст. Мутарҷим, мураттиб ва муҳаррири китобҳои зерин аст: «Қаҳрамони кишвари офтобӣ» (Тошканд, 1978), «В стране царицы Савской» (ба забони русӣ, Душанбе,1989), Абӯҳомиди Ғазолӣ — «Насиҳату-л-мулук» (Душанбе, 1989), Абдулазиз ал-Мақолеҳ — «Ҷоми ашк» (маҷмӯаи ашъор, Душанбе, 1990), «Рубоиёт» (тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ, Душанбе, 1992). «Зи рахшанда кавкаб ёздаҳ» (Тарҷумаи ашъори шоирони муосири тоҷик аз забони тоҷикӣ ба арабӣ (Душанбе, 1992), Гулназар — «Диёрам Тоҷикистон» (маҷмӯаи ашъор, тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ, Душанбе, 1998), «Луғати тоҷикӣ ба арабӣ» (Душанбе, 1998), «Ҳафтяки шариф» (матн, тарҷума ва тафсир ҳамроҳи Муҳаммадҷон Умаров, Душанбе, 1999 ва 2006), Суод ас-Сабоҳ — «Хаймаи қудусии сухан» (гулчини ашъор, тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ ҳамроҳи Гулназар, Душанбе, 1998, Маскав 1999), Низор Қаббонӣ — «Садои дард» (ашъори мунтахаб, тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ ҳамроҳи Қутбӣ Киром ва Гулназар, Душанбе, 2002), «Муҳовараи тоҷикӣ-арабӣ» (Душанбе, 1999, 2002), «Се саҳна аз Тоҷикистон» (се асари драмавии Сотим Улуғзода, Меҳмон Бахтӣ, Ҷумъа Қуддус (тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ ҳамроҳи тарҷумони суриягӣ Ғассон Муртазо, Димишқ, 2002), «Гули рухсор ва гули назар» (Маҷмӯаи ашъори Гулрухсору Гулназар).

Рисолаи бунёдии Президенти кишварамон Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (дар 4 ҷилд) дар зери назар ва таҳрири ӯ ба забони арабӣ тарҷума ва ду маротиба (солҳои 2009 ва 2011) дар Қоҳира мунташир гардидааст. Ҳамчунин, маҷмӯаи мақолаҳои Сарвари давлат «Назаре ба мероси Имоми Аъзам» дар зери назари ӯ ба арабӣ тарҷума ва соли 2009 дар Ар-Риёз ба чоп расидааст.

Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар» 

Дигар хабарҳо