Нависанда ва драматурги тоҷик Нур Табар даргузашт

 Нависанда ва драматурги тоҷик Нур Табар даргузашт

14-уми августи соли 2022 нависандаи шинохтаи тоҷик, драматург ва публитсист, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Нур Табар (Нурмуҳаммад Табаров) дар синни 81-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.

Нур Табар 15 июли соли 1941 дар деҳаи Ғешии ноҳияи Ваҳдат ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 1970 шуъбаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба итмом расонда, солҳои тӯлонӣ корманди матбуот, аз ҷумла, ходими адабӣ, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон, муҳаррири рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана», муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», котиби масъули ҳафтаномаи «Сухан», муҳаррири ҳафтаномаи «Навиди бозаргон», ҷонишини муҳаррири моҳномаҳои «Фарҳанг»-у «Тоҷикистон» будааст. Чанд сол вазифаҳои мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ва мудири шуъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ҷонишин ва раиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино» ва сардори раёсати равобити байналмилалии Вазорати фарҳангро бар уҳда доштааст. Сармуҳаррири маҷаллаи адабии русии ИНТ «Помир» (2011-2015) буд.

Аз соли 1960 ба эҷоди бадеӣ шуғл варзида, то имрӯз осори мансуру драмавии ӯ дар маҷмуаҳои «Роҳҳои дуру наздик» (1977), «Ин баҳор чӣ меорад?» (1983), «Дарёи нур» (ҳамроҳи Раҷаб Мардон; 1985), «Дар чорсӯ» (1986), «Чорсӯ» (2000) ва ғ. дастраси хонандагон гардидаанд.

Драмаи «Дар чорсӯ» (1985) дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии академии драмаи ба номи Мулло Нафаси Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон, театрҳои Кӯлобу Хуҷанд саҳнагузорӣ шудааст.

Пйесаи «Мусичаро напаррон» (1987), драмаҳои таърихии «Қисмат (1997), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»; 2001), «Санги осиё» (2003) ва фоҷиаи хурди «Тарс» (1998) дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Фонус», «Помир» ва «Тамир» (нашрияи Созмони «Золотой век»-и Ҷумҳурии Қазоқистон) ба табъ расидаанд. Драмаи «Жернова» («Санги осиё») дар маҷмуаи осори адибони Осиёи Марказӣ «Все мы, Азия, твои дети!» (2003) ҷой дода шудааст.

Драмаҳои «Шикори аҷинаҳо» (ҳамроҳи Т. Аҳмадхонов ва С. Юрев), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»; 2001), «Вагони охирин» (2001), фоҷианомаҳои «Тарс» (1998) ва «Хӯсаҳо» (2003) дар театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Вл. Маяковскийи кишвар пешкаши умум гардидаанд.

Соли 1999 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Толиб Шаҳидӣ «Амир Исмоил»-ро аз рӯи либреттои Нур Табар ва Низом Қосим ба саҳна гузоштааст.

Драмаи мусиқӣ-этнографии ӯ «Духтари ҳамсоя» (ҳамроҳи Ҳ. Абдураззоқов ва М. Миров) соли 2001 дар Озмуни умумиҷаҳонии театрҳо сазовори баҳои шоистаи ширкатварон гардидааст.

Асарҳои А. Чехов «Се хоҳарон», И. Франко «Кафшҳои Абулқосим» (ҳамроҳи Л. Сотник), А. Чхеидзе «Вақте ки шаҳр хуфта буд», М. Шатров «Лавҳаҳои инқилобӣ», «Ба пеш, ба пеш!», А. Абдулин «Вопасин падаршоҳ», Ҳ. Синкер «Аждар Мартин», Т. Зулфиқоров «Шабпарак хоб дид», С. Хонзодян «Манзили сӯхта», шеърҳои мансури И. Тургенев, романи Г. Марков «Шарбати замин» (ҳамроҳи М. Шаҳобиддинов), «Панднома»-и Абайро ба тоҷикӣ гардондааст.

Солҳои 1987-1990 вакили парлумони кишвар буда, соли 2002 узви Шурои машваратии Академияи фарҳанги мамолики Осиёи Марказӣ интихоб шудааст. Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон буд. Заҳмату хидматҳояш бо Ҷоизаи журналистии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ гардидаанд.

Бо медали Ҷумҳурии Қазоқистон «Остона» мукофотонида шудааст. Узви Иттиҳодияи ходимони театр ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1983) мебошад.

Ҳикояҳою очеркҳо, публитсистика, тарҷумаҳо ва драмаҳои адиб дар хазинаи маънавиёту адаби тоҷик мондагор мебошанд. Ёди неку дурахшонаш дар хотироти ҳамқаламон, хонандагон ва мухлисони сухан абадӣ боқӣ хоҳад монд.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо