Донои роз

 Донои роз

Сурури рафта боз ояд, ки н-ояд,

Насиме аз Ҳиҷоз ояд, ки н-ояд,

Сар омад рӯзгори ин фақире,

Дигар донои роз ояд, ки н-ояд!

Аз ашъори шуаро мо одатан байтҳоеро бештар мепазирем, ки ба дарди худамон бихӯранд. Устод Осимӣ ин байтҳои алломаи Шарқ Муҳаммад Иқболро солҳои охири умрашон батакрор мехонданд ва бешак, худашон низ он «донои роз» буданд, ки имрӯз, сад дареғ, рӯзгорашон ба сар омада…

Соли 1995, моҳи август, устод дар Дания буданд. 75-умин солгарди умрашон дар ҳамон кишвар дар ҳалқаи дӯстони фозили хориҷӣ гузашт. Баъди бозгаштанашон ба Тоҷикистон кумитаи тадорукоти ҷашни эшон таъсис ёфт ва моҳи октябр ба ин муносибат бояд тантанае барпо мешуд. Вале устод қатъиян муқобил баромаданд ва бо шӯхӣ гуфтанд, ки кумита, беҳтар мешуд, ба 80-солагиашон омодагиро оғоз кунад. Ба рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар бораи эшон ба шодбошашон мақолае чоп карданӣ буданд, навиштаҳои худро дар бораи дигарон пешниҳод карданд. Аҷиб…, инсонҳои бузург аз таъриф мегурезанд, аз худнамоиву худхоҳӣ парҳез мекунанд.

Дар сурату сират ва зиндагии ҳар кас акси андешаи ӯ намудор аст. Сурату сирати устод Осимӣ покизаву зебо буд. Боре ҳам устодро бо либоси номувофиқ надидаем. Ҳама чизи табиӣ ва одиро дӯст медоштанд. Аз ҳама гуна сохтакорӣ канораҷӯӣ мекарданд. Чашмонашон меҳрубон, овозашон нарм, чеҳраашон нуронӣ, ҳаракоташон мавзун ва хулқашон хуш буд. Ҳама корро бо ҳавсалаи том мекарданд. Ҳамеша шитоб доштанд. Гӯё метарсиданд, ки корҳои муҳиммеро нокарда мемонанд…

Устодро «пири хирад» мегуфтанд, лекин пирии эшонро касе надидааст. Рост мегӯянд, ки инсон то даме ки худро ҷавон эҳсос мекунад, пир намешавад. То охирин нафас қомати устод хам назад, дар чашму рӯяшон осори пирӣ пайдо нашуд, боре аз заъфу нотавонӣ лаб ба шикоят боз накарданд. Вуҷудашон пур аз неруи зиндагӣ, пур аз шавқу ҳавасу орзу, пур аз ишқ буд. Устод инсони хушбин буданд. Дар зулмот нури сапед меҷустанд , ба фардои нек бовар доштанд, дилҳои ғамгинро таскин мебахшиданд, ба дардмандону ранҷурону корафтодагон дасти ёрӣ дароз мекарданд. Мароми зиндагиашон ин буд, ки «шод будан ҳунар аст, шод кардан ҳунари волотар». Кӯшиш мекарданд, ки дар бораи касе ҳарфи бад нагӯянд, зеро хуб медонистанд, ки ҳаркӣ дигаронро бад гӯяд, бадии худро собит мекунад.

Устод инсони хушбахт буданд. Зеро дар хона сулҳу оромиш доштанд, дар ҷомеаву коргоҳ ҳама эҳтиром мекарданд. Худованд агар ба марде марҳамати хешро арзонӣ доштанӣ бошад, ҳамсари устод барин занеро насибаш мегардонад: нармдил, хушфеъл, меҳмоннавоз, босаховат, ғамхор, оқила… Бунёди оилаи устод бар муҳаббату дилсӯзӣ буд, дар фазои ин хона фақат овози нарму ҳарфҳои ширин ба гӯш мерасид, касе аз меҳрубонии худ дар ин ҷо намерамид, касе аз ширингуфторӣ шарм намедошт. Ин хислатҳо кайҳо ба ҳукми анъанаву одат даромадаву табиӣ менамуданд. Воқеан ҳам, аз хонае, ки садои ханда биёяд, даре ба биҳишт боз аст… Ҳосили умри устод ба ҷуз китобҳое, ки навиштаанд ва шогирдоне, ки тарбия кардаанд, 8 фарзанди некномашон аст, ки аз фазилатҳои падар баҳраваранд, хулқи хуби падарро мерос гирифта, аз дарахти маърифати эшон мева хӯрдаанд. Бинобар ин, осуда метавонем буд, ки китобҳо, аксҳо, мактубҳо ва ҳар чизи нодире, ки дар бойгонии шахсии устод буд, бо дастони меҳрубони онҳо нигаҳбонӣ мешаванд.

Ҷаҳони ҳар кас ба андозаи вусъати фикри ӯст. Ҷаҳони устод беканор буд, ки ба назарам, се омил дошт. Аввалан, устод ҷаҳонгашта буданд. Ба кишварҳои мухталифи Шарқу Ғарб сафар намуда, аз тамаддуну фарҳанги ин мамолик ба хубӣ огоҳ гардида, аз ин сафарҳо таассуроти зиёде бардошта ва дӯстони донишманди бисёре пайдо карда буданд. Дувум, устод забонҳои зиёдро медонистанд ва ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки калимотро бамавқеъ ба кор баранд, бинобар ин, суханашон таъсирбахш ва боэътимод буд. Боре пурсидам, ки забони русиро аз куҷо ин қадар хуб омӯхтанд. Посух ин буд, ки аз китоб. Омили севум дӯстӣ бо китоб буд. Устод, ки қареҳаи худодод доштанд, китобро муфидтарин ихтирои башар меҳисобиданд ва мегуфтанд, ки китобро ба ҳар қимате бихаред, арзон аст. Аз он ки насли ҷавон китобхону китобдӯст нест, хеле афсӯс мехӯрданд. Мегуфтанд, ки инсони бефарҳанг ба разолату пастӣ қодир аст. Ҷомеа бояд ба китобу фарҳанг дилбаста бошад ва роҳи наҷот низ ҳамин ҷост.

Устод завқи баланд доштанд. Аз ҳунари нотакрори шоирон, сарояндагон, рассомон ба ваҷд меомаданд.

Шеъри зиёд аз ёд медонистанд. Шеърҳои дӯстдоштаашонро батакрор мехонданд, ба атрофиён низ аз ёд мекунониданд. Ҳатто ба он ҳунармандоне, ки ҷаҳонбиниашон ба афкори эшон мувофиқ набуд, меҳрубониву дилсӯзиро дареғ намедоштанд. Саховате бедареғ мисли офтоб доштанд.

Мусиқиро хеле дӯст медоштанд, аммо дилбастагиашон фақат ба мусиқии миллӣ набуд. Аз ҳар кишваре, ки ба сафар мерафтанд, қартаҳои мусиқиву садои ҳунармандони мумтозро бо худ меоварданд. Симфонияву операҳоро хеле бо ҳавас гӯш мекарданд ва бисёр мехостанд, ки тоҷикон низ аз ин муъҷизаи ҳунармандони Аврупо бенасиб набошанд.

Ба фикри устод, тавоноӣ ва некбахтии ҳар миллате вобаста ба иттиҳоду пайвастагии афрод аст. Ин аст, ки тамоми кӯшиши устод ба ваҳдати миллӣ равона буд, барои эшон фарқ надошт, ки тоҷике аз шимол буд ё ҷануб, аз деҳа ё шаҳр, ҳама бандаҳои Худо баробар буданд, танҳо яке ҳунарманд буду дигаре беҳунар, яке фозилу дигаре ҷоҳил. Мегуфтанд, ки ҷоҳил аз лаззати зиндагӣ бебаҳра аст. Зеро намедонад, ки накукорӣ чист ва некии беғараз чӣ кайфияте дорад.

Мегӯянд, ки 10-12 рӯз пеш аз маргашон устод ба боғи Айнӣ рафта, аз боғбон хоҳиш кардаанд, ки ин мавзеъро покиза нигоҳ доранд, зеро ҷои муқаддас аст ва пагоҳ-фардо рӯзҳои ҷашн меҳмонони зиёде ба зиёрати оромгоҳи Айниву Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов мебиёянд. Он рӯз касе намедонист, ки ҳамагӣ чанд рӯз пас худи устод низ ҳамин ҷо ҳамешагӣ маскан мегузинанд ва меҳмонони ҷигархуни аз дуру наздик омада, пеш аз ҳама, ба зиёрати оромгоҳи худашон мешитобанд…

Охирин ҳарфи устодро касе аз наздикон нашунид. Болои сарашон дар девори мактаб, ҷое, ки хуни покашон рехт, қадимтарин панди ниёгони мо сабт шуда буд, ки басо рамзист. «Гуфтори нек, кирдори нек, пиндори нек». Шояд ҳарфи охирини устод барои ворисон ҳамин буд?!

Матлубаи МИРЗОЮНУС

Дигар хабарҳо