Нур буд — нури дидаҳо

 Нур буд — нури дидаҳо

05.08.22, рӯзи ҷумъа. Бо хоҳиши директори Маркази таҳсилоти беруназсинфии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Умед Сафарзода ба истироҳатгоҳи бачаҳои шаҳри Душанбе, ки дар яке аз деҳаҳои хушманзараи ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, рафта будем. Ҳисоби истироҳаткунандагон зиёд, онҳо дар арафаи Соли нави таҳсил гусел мешудаанд. Ҷамъомади ботантанае, банда ҳам дар вохӯрӣ бо онҳо ҳозир. Ҳамроҳам боз нафаре аз Маркази таҳсилоти беруназсинфӣ, шахсияти донишманд, шинос шудем. Номаш Раҷабалӣ, фаҳмидам, ки додарарӯси нависанда, драматурги машҳур Нур Табаров будааст, оромаш намегузоштам, аз аҳволи Нур Табаров пурсон мешудам. Гуфт, ки бемории ӯ вазнин. Дар ташвиш афтодам. Айни намози шом буд. Ба хабаргирии Нур Табаров шитофтам.

Ӯ дар хонаи хоб. Ҳамин қадар рӯзу моҳҳо мегузаштаю вай бемор. Бемордор янга, офарин, таҳсин ба ӯ. Янга мегӯяд:

— Баъзе шабҳо Нур то саҳар аз дард хуфта наметавонист.

Дар лаҳзаҳои ба назди Нур Табаров даромаданам ҳам завҷааш дар болои сари ӯ. Вай хоб, қарибе намешиносиаш, хароб, пӯст дар рӯи устухон, беморӣ ӯро ба ин ҳол оварда. Ку он Нур Табарове, ки бо қаду қомати зебо, чеҳраи нуронӣ ба назарҳо ширин меафтод, нафари хушгап, соҳибсухан, донишманд, маъракаоро. Ҳоло ӯ дар бистари беморӣ гоҳе бахуду гоҳе беёд.

-Отаи Дилбар, отаи Дилбар, чашмота кушо, Кароматулло омадааст, Кароматулло, — янга таконаш дод. Нур Табаров чашм кушод, нигоҳаш ба рӯям.

-Кароматуллоӣ?

-Ҳа, Нур Табарович, ман Кароматулло, омадам, — оби дидагонамро пинҳон кардан мехостам, ки ба рӯям мешорид.

-Ана ҳамин ҳолам, Кароматулло. – Лаҳзае ӯ рӯ ба девор шуд, боз ним гашт, дар лабонаш ханда дамид:

-Ангур овардӣ?

— Ҳа , Нур Табарович , сиҳат шавед, боғи ангурро пешатон мебиёрам, — гуфтам.

-Бачаҳот нағзанд? Тӯйҳояшонро бо ҳам мегузарондем, — гуфт Нур Табаров, ҳушаш беҷо гашт, аз афташ, хаёлаш ба ким-куҷоҳое рафта. Дар забонаш ҳарфҳои фаҳмою нофаҳмо. Чанд бор номи Назаровро ба забон овард. Мани эътиқодманд ба Ҳабибулло Назаров пурсидам:

-Ҳабибулло Назаровро мегӯед? -Меҳрубон Назаров, — ҷавоб гардонд, боз аз худ бехуд. Вале номи Меҳрубон Назаров дар забон. Мешунидам, ки мегуфтаанд:

— Дар ҳоли мавт, агар осон бувад, ягон-ягон дӯсти меҳрубон, шахсияти ба дилу дида наздик ба хотир меомада.

Завҷаи Нур Табаров ёдовар шуд, ки ӯ дар сиҳатиаш ҳам бештар номи Меҳрубон Назаровро ба ёд оварда, тавсифаш мекарда, ки ӯ инсони соҳибилм, бофазлу фазилат буда…

Барои банда, барои Раҷабалии додарарӯси Нур Табаров, барои завҷаи меҳрубонаш маълум гашта, ки Нур Табарови азизу меҳрубон шояд дар дами мавт аст. Ба рӯяш дигар назар афканда натавонистам. Аз хонааш берун шудам, рӯз ба назарам торик шуда.

** *

То ҷон дар бадан будан умед.

Умедам боз ба шифо ёфтани дӯсти азиз Нур Табаров. Лек, дареғ, сад дареғ. Қариби ними шаби 15.08.22, шаби душанбе ба телефонам занг омад. Овози Дилбар, духтари Нур Табаров:

-Акаи Кароматулло, падарам… – гуфту аз оҳу нолаи ҷонгудоз давоми суханашро нашунидам. Марги Нур Табаров барои адабиёт, барои мо, дӯстонаш, талафоти азим. Кош Нур Табаров дар зиндагӣ ҳамеша дар паҳлуи мо мебуд.

Руҳаш шод, охираташ обод! Кароматуллоҳи МИРЗО,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо