Абдураҳмони Абдуманнон: Маънавиёт шаҳсутуни ҷомеа аст
(Мусоҳибаи Салими Зарафшонфар бо Абдураҳмони Абдуманнон)
– Устод, ҳафтодупанҷсолагиатонро бо чӣ рӯҳия истиқбол мегиред?
– Бо андешаву пиндорҳо дар он хусус, ки чӣ кардаму чӣ бояд кунам. Албатта, фурсат каму кор бисёр. Аз ҷумлаи мақсадҳое, ки ба нақша гирифтаам, аввал бояд як васияти муаллим Муҳаммадҷон Шакуриро баҷо орам. Ду рӯз пеш аз вафоташ дар бемористони Ибни Сино ӯ ба ман гуфт: «Абдураҳмон, аз шумо хоҳише дорам. Китоби маро оид ба Садриддин Айнӣ дар таҳрири худатон аз нав ба чоп омода созед». Ман ҷавоб додам: «Муаллим, чӣ хел мешавад, ки асари шумо барин сухансанҷро ман таҳрир кунам?» Ӯ исрор варзид: «Не нагӯед, шумо метавонед». Ман маҷбур шудам ваъда диҳам, ки агар имкон ёбам, ин корро мекунам. Дуюм, мехостам ёддоштҳоямро дар бораи аҳли илму адаб нависам. Тақдир маро бо одамони бузург рӯ ба рӯ кардааст. Ҷуз Шакурӣ ҳамчунин бо аллома Бобоҷон Ғафуров, устодон Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҳошим, Мирсаид Миршакар, Тӯрақул Зеҳнӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон. Ман як навъ қарзи худ медонам, ки дар бораи шахсияти инсонӣ ва осору рӯзгори онҳо ҳар чиро, ки медонам ва ҳар чиро, ки дар дилам ҳаст, рӯйи коғаз биёварам.
– Шумо аз ҷумлаи адабиётшиносони маъруфи тоҷик ҳастед, дар муассисаҳои илмиву адабӣ солиёни зиёд заҳмат кашидед, рисолаи номзадӣ ҳимоя намудеду бо вуҷуди иқтидори зеҳние, ки доштед, аз дунболи ҳимояи рисолаи докторӣ нашудед. Чаро?
– Ман дар шашсолагӣ ба мактаб рафтаму дар шонздаҳсолагӣ донишҷӯ шудам. Баъд аз он ки Донишгоҳи давлатии ба номи Ленинро бо дипломи аъло хатм намудам, бо маслиҳати устодонам Акбар Зореъ ва Худоӣ Шариф ҳуҷҷатҳоямро ба аспирантура супурдам. Лекин баъди ба аспирантура дохил шудан маро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Як сол хизмат кардам. Омадам ва баъд таҳсилро дар Маскав анҷом додам. Ҳанӯз бистушашсола набудам, ки рисолаи номзадиамро ҳимоя намудам. Як мақолаи Сайидҷалол Сайидов оид ба ман дар “Комсомоли Тоҷикистон” чоп шуд, ки муаллиф дар он ҳамчун ҷавонтарин олими Тоҷикистон муаррифиам кардааст. Яъне дар дил ҳавас ва орзуи ҷиддан бо илм машғул шуданро доштам. Аммо сабабҳое пеши рӯ омада, маро маҷбур карданд, ки аз пайи рӯзгор шавам. Соли 1975, баъди чоп шудани мақолаам «Реализм ва мероси адабӣ», Атахон Сайфуллоев, ки он вақт сармуҳаррири «Энсиклопедияи советии тоҷик» буд, маро ба кор даъват намуд. Он ҷо аввал дар редаксияи «Таърихи КПСС, СССР ва Тоҷикистон» кор кардам. Лекин як моҷаро сар зад. Бояд дар ҷилди аввали энсиклопедия тарҷумаи ҳоли муфассали Леонид Илич Брежневро ҷой медодем. Ин мавод аз редаксияи ман мерафт. Вақте нусхаи пешакии мақоларо барои хондану ғалатгирӣ кардан аз матбаа оварданд, ман дидам, ки барои расми Брежнев як саҳифаи пурра ҷой мондаанд. Мувофиқи низомнома як саҳифа фақат барои расми классикони марксизму ленинизм, яъне Карл Маркс, Фридрих Энгелс, Владимир Илич Ленин ҷудо карда мешуд. Ман саҳифаи пурраро хат зада, барои сурати 6 ба 9-и Брежнев, тавре ки дар низомнома оид ба шахсони маъруфи сиёсӣ муқаррар кардаанд, ҷо муайян намудам. Як нусхаи ҷилди саҳифабандишуда ба Атахон Сайфуллоев ва як нусхааш ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мерасад. Мудири шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Кумитаи Марказӣ Искандар Қаландаров Сайфуллоевро ба наздаш ҷеғ зада, хуб ҷанҷол кардааст. Сайфуллоев омада, ҳамаи қаҳру ғазабашро ба сари ман рехт ва пӯписа кард: «Пагоҳ худатон ба Кумитаи Марказӣ раведу ҷавобашро гӯед». Рӯзи дигар ман ба он ҷо роҳ гирифтам ва назди Қаландаров даромадам. Вай пурсид: «Шумо кӣ?» Ҷавоб додам: «Ман Абдураҳмон Абдуманнонов, аз Энсиклопедия». Гуфт: «Билети партиявиатонро биёреду супоред! Чаро ин хел кардед?» Ман гуфтам: «Низомномаро Кумитаи Марказӣ тасдиқ кардагӣ, ман аз рӯйи низомнома амал намудам». Қаландаров ба ғазаб омад: «Донотарошӣ накунед, билетатонро оварда супоред!» Гуфтам: «Ман узви ҳизб нестам». Қаландаровро тааҷҷуб фаро гирифт: «Чӣ хел шудааст, ки як ғайриҳизбиро мудири редаксияи «Таърихи КПСС» мондаанд?» Ман китф дарҳам кашидам: «Намедонам, лекин узви комсомол ҳастам». Ҳамин тавр маро аз он редаксия барканор намуда, мудири редаксияи «Таърихи умумӣ, археология ва этнография» таъйин карданд. Дар муассисаи мазкур се сол ифои вазифа намудам. Ин муддат дар матбуот пайваста мақолаҳоям чоп мешуданд. Як вақт Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ барои ишғоли ҷойи корҳои озод озмун эълон кард. Ман ҳам дар қатори дигар довтал абон ҳуҷҷатҳоямро супурдам. Ман на бо сарвари институт Абдуқодир Маниёзов шинухез доштам ва на бо муаллим Муҳаммадҷон Шукуров. Онҳо маро аз рӯйи мақолаҳоям мешинохтанду гоҳи вохӯриҳои тасодуфӣ салому алайк мекарданд. Ман аз озмун гузаштам. Лекин кор кардан намонданд. Намонданд ба ин маъно, ки ба масъалаҳои ғайр ҷалбам намуданд, аз ин сабаб натавонистам ба навиштани рисолаи докторӣ машғул шавам. Баъди як ҳафтаи кор муаллим Шукуров маро наздаш ҷеғ зад ва ба як бастаи калони коғаз, ки дар даст дошт, ишора карда гуфт: «Ин қисми назми ҷилди якуми китоби «Таърихи адабиёти советии тоҷик» аст. Онро Холиқ Мирзозода навиштаанд, шумо таҳрирашро ба уҳда гиред». Ман онро ба хона бурда, чанд рӯз хондам, дидам, ки бо таҳрир кор буд намешавад. Хулоса баровардам, ки навиштаи мазкурро фақат ҳамчун мавод истифода кардан мумкин, дар он на дастовардҳои ҳамонрӯзаи таҳқиқи адабиёт тадқиқ шудаанд, на робитаҳои адабие, ки баъди инқилоб шурӯъ гардидаанд. Ғайр аз ин, нигоҳи яктарафа ба бисёр шоирони солҳои бист, масалан, Пайрав, устод Айнӣ, ҷой дошт. Норасоиҳои асар зиёд буданд. Баъди муддате, ки ман онро хуб аз назар гузарондам, ба институт овардам ва ба Шакурӣ гуфтам: «Ин навишта таърих нашудааст». Пасон сабабҳоро номбар кардам. Муаллим як табассум намуду гуфт: «Рафтем назди Маниёзов». Бо ҳам ба ҳуҷраи кори Абдуқодир Маниёзов даромадем. Вай гуфт: «Мо пешакӣ медонистем, бинобар ин бо устод Шукуров маслиҳат ҳам шуда буд, ки корро шумо давом медиҳед. Ҳоло баред онрову комил кунед, то таърих шавад». Ҳамин тавр, ман ба омӯзишу нигориши таърихи мазкур се сол шуғл варзидам. Баъди ин муовини мудири шуъба таъйинам намуданд. Тақрибан ҳашт сол дар як ҳуҷра бо муаллим нишаста, адои вазифа кардам. Корҳои бисёр ба уҳдаи ман меафтиданд. Он солҳо дар Маскав дар як сол ду бор сессияи Шӯрои Олии СССР баргузор мегашт ва баъди анҷоми ҳар сессия маводи он дар давоми як моҳ ба понздаҳ забони дигар ҷумҳуриҳо, аз ҷумла ба тоҷикӣ, тарҷума ва чоп мешуд. Пештар таҳрири ин маводро Маниёзов иҷро менамуд, тақрибан бист кас маводро ба тоҷикӣ мегардонд, як нафар таҳрир карда, ба як услуб медаровард. Баъд Маниёзов маро ба ин кор уҳдадор намуд. Он гоҳ зарур меомад, ки ман ба Маскав равам. Тарҷумаву таҳрири ин гуна матолиб ва ташвишҳои дигари ғайриилмӣ вақти маро зиёд мегирифтанд. Натиҷа ҳамин шуд, ки баъдан маро муовини директор оид ба илм таъйин карданд. Акнун бештари рӯзгорам ба корҳои ташкилӣ сарф мегашт. Соли 1991 баъди анҷумани навбатӣ маро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳафт сол ин ҷо, дар замони ҷангу бенизомиҳо, ки бисёриҳо рафта буданд, бори Иттифоқ ба гардани чанд нафари мо монд. Баъдан моҳи марти соли 1998 маро барои кор ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ даъват карданд. Он ҷо муддате ба сифати мудири шуъбаи иттилоот, ки баъдан ба шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ табдил ёфт, фаъолият намудам, баъдтар маро ба шуъбаи фарҳанг гузарониданд. Хулоса, ҳашт сол он ҷо кор кардам. Пас аз он боз панҷ соли дигар дар Кумитаи телевизион ва радио муовини аввали раис будам. Дар он ҷо ҳам кори илмӣ кардан намешуд. Рости гап, илм он манзалати пештараашро надошту надорад, аз ин рӯ, дигар ҳаваси навиштани рисола накардам. Ҳар чи мехостам, дар китобҳо андак-андак гуфтаам.
– Чун шеърро аз замони кӯдакӣ дӯст медоштед, пажуҳишҳоятон низ ба он марбутанд, дар маҷмӯаи «Пиндорҳо ва ингорҳо» чанд шеъри худро ҷой додаед, аммо ба эҷоди шеър муттасил шуғл наварзидед. Чӣ монеа вуҷуд дошт?
– Шавқи шеърнависиро аз давраи бачагӣ ба дил мепарваридам. Бародарам дар мактабамон муаллими забон ва адабиёт буд. Маҳз ӯ дар вуҷудам меҳри шеъру адабиётро ҷой кард. Замоне ки донишҷӯ будем, дар маҳфили адибони ҷавони факултаи таъриху филология, баъд филологияи тоҷик, иштирок мекардам, лекин ягон бор шеър нахондаам. Дар он маҳфилҳо Гулназар, Сайидалӣ Маъмур, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Абдуфаттоҳ Кулолӣ фаъол буданд. Ман ду-се дафтар шеъргуна доштам, ки онҳоро ба касе нишон надодаам. Дар хобгоҳи донишҷӯён ҷаъбаи амонатдорӣ, ба русӣ гӯем, камера хранения, амал мекард. Вақте маро ба аскарӣ даъват намуданд, як ҷомадон либос, дафтарҳои шеър ва қайдҳои зиёде аз Бартолду Бертелс барин олимонро ба он ҷо супурдам. Аз хизмати аскарӣ омадам, ки хобгоҳи мо ба бинои таълимӣ табдил дода шудааст. На амонатдорӣ боқӣ мондаасту на амонатҳои ман. Аз ҷиҳати дигар, он замон айни шуҳрати устод Лоиқ буд, Гулрухсору Гулназар ба майдони адабиёт ворид шуданд. Ман ба худ андешидам, ки эҳтимол баробари онҳо шеър навишта натавонам. Барои ҳамин ба ин ҷода бо ҷиддият қадам намондам.
– Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар мақолаи “Зинаҳои камолот”, ки ба ҳафтодсолагиатон бахшида шудааст, тазаккур медиҳад, ки Шумо дар лоҳизбӣ кардани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳиссаи чашмрас гузоштаед. Ин андеша чӣ гуна пайдо гашт ва чӣ гуна татбиқ ёфт?
– Солҳои баъди пошхӯрии давлати Шӯравӣ ҳизбҳои бисёре пайдо шуданд. Агар ба чашми таҳқиқ нигаред, бештари он ҳизбҳо маҳаллӣ, манфиатӣ, гурӯҳӣ буданд. Ҳизбе, ки воқеан ҳам ғами ҷомеаро хӯрад, вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, ман, Гулназар ва Абдулҳамид соли 1992 пешниҳод кардем, ки иттифоқи эҷодӣ бояд ба чунин ҳизбҳо напайвандад ва дар мавқеи миллату халқ, дар мавқеи манфиати ҷомеа бошад. Пешниҳодро бештари адибон дастгирӣ намуданд. Дар ойинномаи Иттифоқи Тоҷикистон ин нукта зикр ёфт.
– Шумо яке аз лоҳутишиносони варзидаед. Доир ба он ки гӯиё Лоҳутиро Бобоҷон Ғафуров аз Тоҷикистон бадар кардааст, дар миёни аҳли ҷомеа сару садоҳое буданду ҳастанд. Шумо барои инкори чунин андешаҳо дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” матлабе ба чоп расонидед. Сабаби Ғафуровро гунаҳгор кардани баъзеҳо дар ин масъала чӣ бошад?
– Ман суҳбати Бобоҷон Ғафуровро дар мақолаам овардаам ва ин қарзе буд, ки иҷро намудам. Гуфтаҳои Ғафуровро қайд карда, монда будам, он мақоларо аз рӯйи дафтари ёддоштҳоям навиштам. Тавре ки шумо хондаед, Ғафуров барои рондан не, барои рафтани Лоҳутӣ аз Душанбе нақше дошт. Ин тадбир фақат ба хотири амнияти Абулқосим Лоҳутӣ сурат гирифтааст. Агар устод Лоҳутӣ дар Душанбе мемонд, бадхоҳону душманонаш метавонистанд ӯро ба балое гирифтор намоянд. Дувум, хоҳиши ҳамсари Лоҳутӣ Силсилабону ба назар гирифта шудааст. Вай, ки дар Маскав мезист, ба Ғафуров занг зада мегӯяд, ки бе Абулқосим оила бесаробон аст, ӯро ба оила баргардонанд.
Солҳои баъди суқути Шӯравӣ сиёҳ кардани роҳбарони ҳизби коммунистии ҷумҳурӣ ба расмият даромад. Ба Ғафуров ҳам айб мондан даркор буд. Пайдоиши филми Давлат Худойназаров «Устод», ки муаллиф дар он ба аллома Бобоҷон Ғафуров вобаста ба сарнавишти Лоҳутӣ гуноҳгузорӣ мекунад, таъсири ҳамин рӯҳия аст.
– Дар мақолаи “Ранҷбурдаш раҳ ба ганҷ бурд” менигоред, ки шоири машҳур Ғаффор Мирзо солҳои шастуми садаи мозӣ барои хат задани номи Лоҳутӣ аз адабиёти нави тоҷик даъват ба амал овард. Ин ҳодисаи шигифтангез чӣ тавр сурат гирифт?
– Абулқосим Лоҳутӣ нафақат адиби навгарову навгӯ, балки инчунин таҷассуми адабиёти гузаштаи мо буд. Ман борҳо навиштаам, ки ӯ як ҳалқаи пайванди классикон, адабиёти гузаштаи мо бо адабиёти муосир аст. Инкори гузашта, инкори сарватҳои маънавии худӣ як хусусияти хислати одамӣ мебошад. Устод Ғаффор Мирзо аз шоирони соҳибистеъдоди охири солҳои панҷоҳ ба ин тараф аст. Назари манфӣ ба мероси адабии гузашта, ки дар паҳнои адабиёти умумишӯравӣ баъзеҳо ба он гаравиш доштанд, хоси Ғаффор Мирзо низ буд. Ин зумра ғояи реализми сотсиалистиро ба таври худ фаҳмида, ба ифроту тафрит роҳ медоданд. Ғаффор Мирзо ҷанбаи анъанавии осори Лоҳутиро ба назар гирифта, даъват намуд, ки номи ӯ аз адабиёти мо бардошта шавад ва эҷодиёташро тоҷикон нахонанду наомӯзанд.
Агар ба хотир дошта бошед, Ғаффор Мирзо дар миёнаи солҳои ҳаштодуми асри сипаришуда зидди ғазалсаройӣ ҳам садо баланд карда буд. Як бору ду бор не, чанд навбат ин масъаларо ба миён гузошт. Ман аз ҷумлаи касоне будам, ки ба ҳимояи ғазал бархостанд. Охирин бор соли 1986 мақолае бо номи “Мадду ҷазри ғазал» навиштам. Муаллим Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳам он солҳо ба Ғаффор Мирзо дар мақолаи худ ҷавоби сахт дод. Ӯ изҳор намуд, ки нависанда ё шоире, ки ба гузашта дуруст баҳо дода натавонист, гузаштаро нашинохт, имрӯзу ояндаро низ шинохта наметавонад.
Ғазалситезӣ дар Эрон ҳам реша давонда буд. Яке аз адибон ва муаррихони машҳури эронӣ Аҳмади Касравӣ навишта, ки бояд девони Ҳофизро сӯзонем. Ва ақида дошт, ки фақат Абулқосим Фирдавсӣ мардумро ба бедорӣ даъват намудааст, баъди Фирдавсӣ дигар ҳама шоирон бо ашъори сӯфиёнаашон, ки саршори маз- мунҳои дунёпарҳезиву зиндагибезориву ғамзадагиву бечорагиянд, миллатро хоболуду ғафлатзада карданд.
Аммо устод Лоҳутӣ дар аксари ғазалҳояш ҳам шоири инқилобӣ, мубориз, зиндагисоз, башардӯст, ватанпарвар буд, ки дар ин маврид ҳоҷати баҳс нест.
Дар замони Шӯравӣ як вақт байни устод Турсунзода ва Самад Вурғун ҳам аз хусуси ғазал мубоҳиса ба амал омада буд. Турсунзода зидди ғазал баромад. Аммо нагуфт, ки ғазал нанависед, балки гуфт, аз ғазал суиистифода накунед. Худи устод дар охирҳои умраш бисёр ғазалҳои нағз эҷод намуд.
– Имрӯз ғазал, баракс, ба жанри афзалиятноки назми мо мубаддал гаштааст. Аз нигоҳи Шумо, ин зуҳурот мусбат аст ё манфӣ?
– Дар ҳар мавзуъ ғазал гуфтан метавон. Аммо ғазал мавзуъҳои хос, қолаби хос, доираи луғати хос дорад. Як хонум бо номи Шидфар дар Маскав оид ба поэтикаи «Қуръон» рисолаи докторӣ ҳимоя карда буд. Вай дар рисолааш навишта, ки ҳар жанр дар шеър, махсусан дар шеъри арабӣ, доираи луғавии худашро шомил аст. Вожаҳое ба монанди «тароқотуруқ»- ро, ки дар маснавӣ истифода мешаванд, дар ғазал истифода кардан ҷоиз нест.
– Чунон ки ёддоштҳоятонро хондам, Шумо аз Бобоҷон Ғафуров шахсан некӣ дидаву танбеҳ низ шунидаед, аммо инро рӯйи коғаз наовардаед. Аҷиб аст, ки он чӣ танбеҳе буд?
– Дар замони аспирантӣ моро ба атрофи шаҳри Волоколамск барои картошкачинӣ мебурданд. Рӯзе як рафиқи ҳамватанамон ширакайф шуда, ба ман баҳудаю беҳуда часпидан гирифт. Оқибат ман адабашро додам. Саҳар хестем, ки ӯ нест, ба Маскав рафта, аз ташхиси тиббӣ гузашта, оид ба маҷруҳ шуданаш санад гирифтааст. Пас ба номи Бобоҷон Ғафуров ариза навиштааст. Аз картошкачинӣ баргаштем, ки ёрдамчии Ғафуров Анатолий Гребнёв гуфт: «Директор туро мунтазиранд, ягон касро лат кардӣ?» Фардои он рӯз ҳамин Анатолий ҷеғ зад, ки назди Калон даро. Ба ҳузури Бобоҷон Ғафуров рафтам. Аз назди дар пешвозам гирифт. Ӯ ҳамин хел одат дошт, ки ҳар нафари ба қабул омадаро, новобаста ба мақому мансабаш, аз назди дар пешвоз мегирифт, баъди адои гуфтугузор то назди дар гусел менамуд. Чунин назокати рафтор хосаш буд. Мо салому алайк кардем, шиштем. Соли сеюми аспирантураам идома меёфт. Ғафуров аз ҳар боб суҳбат намуд, чӣ тавр ҷараён доштани кору рӯзгор, навиштани рисолаи илмиро пурсид. Аз занозании дар мавсими картошкачинӣ рӯйдода ҳатто ёд наовард. Ба худ андешидам, ки Анатолий маро тарсондаасту халос. Танҳо вақти гусел Бобоҷон Ғафуров гуфт: «Абдураҳмон, мо – тоҷикон он қадар бисёр нестем, ба ҷойи ҷангу ҷанҷол якдигарро дастгирӣ кунед». Ҳамин бас буд барои ман.
– Дар як мақола навиштаед, ки чун устод Муъмин Қаноат ба ҷанбаи ҳамосасаройӣ гаравид, ҷанбаи лирикии осораш осеб дид. Ин нуктаро равшантар шарҳ медодед.
– Ба асарҳои калонҳаҷм, ба достон машғул шудани устод Қаноат сабабҳои бисёр дорад. Агар асари калонҳаҷм ба муносибати ҷашнҳои калони давлатӣ, мисли ҷашни Ғалаба, ҷашни сисолагӣ ё чилсолагии инқилоби Октябр навишта мешуду ба ҷоизае пешниҳод мегардид, мушарраф гаштани муаллиф ба он осонтар буд. Ман намегӯям, ки Муъмин Қаноат барои мукофотгирӣ достони “Сурӯши Сталинград” ё “Тоҷикистон – исми ман”-ро махсусан ба муносибати 50-солагии Тоҷикистон навишта. Аммо чунин зуҳурот дар он айём вуҷуд дошт. Шеърҳои аввалини лирикии устод чӣ қадар ҳунармандона буданд, мисли “Марав, қуи сафеди ман”. Вай ба забони шеъри он замон суфтагӣ бахшид, шеърияти шеърро афзуд. Маҳорати суханварии Муъмин Қаноат бештар дар лирика зоҳир мегардид. Ман фикр мекунам, ки лирика дар достони “Мавҷҳои бародарӣ” бисёр баланд аст. Дар “Сурӯши Сталинград” аллакай қариб нест. Дар достони «Падар» ҷо-ҷо ҳаст. Дар дигар достонҳо муаллим аллакай бо назари пурвусъат ба воқеият менигарист.
– Шояд завқу илҳом ва шавқу мароми устод Муъмин Қаноат ба достоннигорӣ бештар созгор ва ин ба манфиати адабиёти мо буд. Масалан, устод Лоиқ достон эҷод накардааст. Ҳоло чун сухан аз шодравон Лоиқ рафт, пурсише дорам. Як идда аз зиёиёни муосир андешаеро ба омма талқин менамоянд, ки Лоиқро ҳукумати Тоҷикистони шӯравӣ сохтааст, вагарна ӯ ба ин манзалат ва маҳбубият намерасид. Магар шоири бузургро сохтан метавон?
– Ҳукумати шӯравии Тоҷикистон агар сохтанӣ мешуд, ягон каси дигарро аз маҳалли дигар месохт. Дуюм ин, ки шоиреро дар ин сатҳ сохтан ҳеҷ имкон надорад. Агар устод Лоиқро сохта бошад, аввал истеъдоди нодираш, баъд омӯзиши ҳаматарафааш, сеюм, шуҷоати инсониву адабиаш сохтааст. Осори классикии тоҷику форс, адабиёти ҷаҳонро бисёр мехонд. Дар рӯйи мизаш чандин китоби луғат ҳамеша ҷой дошт. «Сохта шудани Лоиқ» гапест, ки ё аз бахилӣ ё аз ҳасад ё аз вируси маҳалгароӣ, ки то ҳанӯз ваксина надорад, сарчашма мегирад.
Маҷмуаи “Фарёди бефарёдрас” кай навишта шуд? Баъди пошхӯрии давлати Шӯравӣ. Агар устод Лоиқ сохтаи шӯравӣ мебуд, нафаси шоирияш дар гулӯ банд мешуду чунин ашъори дардноки миллатмеҳварро он айём нигоштан наметавонист. Ман чанд бор дар мақолаҳоям навиштаам, ки яке аз омилҳои Лоиқ шудани Лоиқ шуҷоат ва ҷасорати адабияш буд. Ӯ натанҳо худаш ин хислатро зоҳир мекард, балки ба адибони дигар низ талқин менамуд. Таъсири шуҷоат ва ҷасорати адабии Лоиқ фақат дар шеър не, балки дар наср, умуман дар адабиёти мо бармало эҳсос карда мешавад.
– Устод Гулназар, ки Шумо бо ӯ дӯстии дерина доштед, дар шеъри муосири тоҷик анвои гуногунро таҷриба намуд. Аз нигоҳи Шумо, зиндаёд дар ин ҷода то куҷо муваффақ шуд?
– Ба наздикӣ ман дуҷилдаи Гулназарро ба муносибати тазкираи назми тоҷик, ки ба забони русӣ дар Маскав ба чоп омода мешавад, аз нав хондам. Вақте осори шоиреро яклухт мехонед, таассуроти дигар ҳосил мешавад. Дуруст гуфтед, устод Гулназар як умр дар шеър таҷриба кард. Ғазал, мусаммати мураббаъ, чаҳорпора, хусравониҳо эҷод намуд. Баъд шеърҳои арӯзи озод навишт. Баъдтарҳо ба шеъри сафед даст зад. Аз миёни ашъори солҳои охир иншокардааш якеро мисол мегирем:
Дар сари роҳ
бар тиҳигоҳи кафи дасти гадо
оби борон мечакид.
Аз сари мижгони ман
бо ашки хунин
Тоҷикистон мечакид.
Шеъри хурд аст, лекин як олам маънӣ дорад.
Ман баъди мутолиаи дуҷилдаи Гулназар ба хулоса омадам, ки воқеан ҳам ӯ дар шеъри тоҷик бисёр таҷриба карда, муваффақ шудааст. Дар паёме, ки ба муносибати шастсолагии Гулназар навиштаам, ман изҳор намуда будам, ки шеърҳоятон хубанд, ғазалҳоятон ҳам хубанд, аммо дар рубоиву дубайтӣ истеъдоди шумо бештар зоҳир шудааст. Дар ҳақиқат вақте Гулназар фақат шеърҳои суннатӣ менавишт, рубоиву дубайтиҳояш беҳтар буданд. Баъд дидем, ки вай дар тамоми навъҳои шеърие, ки таҷриба кард, комёб гашт. Гулназар шоири асил буд. Ман фикр мекунам, ки бояд меросаш ҷамъ оварда, мавриди таҳқиқ қарор дода шавад.
– Ҳангоме навиштаҳои таҳлиливу танқидии пешинаатонро варақ мезанем , дар онҳо ҷуръатмандӣ ва ҳақиқатҷӯиро аён мебинем. Ҷуз таърифу тавсиф Шумо норасоиҳои осори Мирсаид Миршакар, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Ғаффор Мирзо, Қутбӣ Киром, Алӣ Бобоҷон, Бурҳон Фаррух, Ҷумъа Қувват, Султон Шоҳзода, Амонбек Шоҳзода, Муҳиддин Фарҳат, Сайидалӣ Маъмур, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҷамолиддин Каримзода, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Гулназар ва дигару дигаронро нишон додаед, ҳатто устодон Лоиқу Бозор аз интиқодатон барканор намондаанд. Онҳо аз Шумо намеранҷиданд?
– На, ман ягон бор аз ягон нафари онҳо эътирозу норизоӣ нашунидаам. Чунки дар мақолаҳоям ҳаддалимкон инсофу воқеъбиниро риоя мекардам. Масалан, дар мақолаи “Пасту баланди достони имрӯз” оид ба достонҳои Ғаффор Мирзо суханони сахт гуфтаам. Лекин наранҷид, баръакс ӯ наздам ба Иттифоқи нависандагон меомад, як-ду соат бо ҳам менишастем, суҳбатҳои гарму самимӣ мекардем. Ғаффор Мирзо аслан сигоркаш набуд, аммо ғарқи гуфтугузор шавқаш бедор гашта, бо ман як қуттӣ сигорро мекашид. Аз устод Мирзо Турсунзода бисёр ёдовар мешуд. Боре гуфт: «Ман баччагӣ карда, зидди Турсунзода навиштам».
Умуман, дар замони Шӯравӣ нақди адабӣ нақши муҳим мебозид. Баҳсу мунозираҳо барпо мешуданд. Нақди солим ба пешравии адабиёт таҳрик медиҳад.
– Иддае шоирони калонсолу ҷавонсоли мо бо баҳрабардорӣ аз ҳолу ҳаво, забону баён, вожаву ибораҳои хоси шоирони эронӣ шеър иншо менамоянд. Ин барои адабиёти мо судманд аст?
– Ҳоло ман ба осори муаллим Шакурӣ рӯ меорам, ки низ ба ин падида таваҷҷуҳ кардааст. Бубинед, ӯ чӣ менависад: «Мо бояд аз форсии Эрону Афғонистон айнан нусха набардорем. Форсии тоҷикии худро бо форсии Эрону Афғонистон иваз накунем, балки маҳз форсии тоҷикии Мовароуннаҳри таърихиро ривоҷ дода, нигаҳдошти асолати сухан ва матонати классикии онро биомӯзем”.
Аслан дар шеър байни забони тоҷикии имрӯзаву форсии имрӯза тафовути бисёр кам аст. Лекин дар мавриди луғат ва истифодаи вожаву таркибҳо набояд кӯркӯрона тақлид кард.
– Эҷодиёти насли тозаи носирони тоҷик дар охирҳои айёми Шӯравӣ – Баҳманёр, Муаззама, Сайф, Муҳаммадзамон, Сайдарро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ман меандешам, ки муносибати нав ба воқеият ва ба тасвири воқеият аз ҳикояи «Савори аспи сафед»-и Муаззама оғоз ёфт. Баъд Сайфу Баҳманёру Муҳаммадзамон ҳар кадомашон хусусияти услубии худашонро дар ҳамин ҷода пайдо намуданд. Ба Сайдар умр вафо накард, дигар ӯ ҳунарашро инкишоф додан натавонист. Дар ин байн Сайф бештар ба сюрреализми Ғарб таваҷҷуҳ карду онро дар эҷодиёташ истифода бурд. Муҳаммадзамон ҳам адабиёти Амрикои Лотиниву Аврупоро бисёр омӯхт ва устокорона мавриди истифода қарор дод. Хусусан дар романи таърихиаш, ки «Девори Хуросон” ном дошт. Он аз тамоми асарҳои дигари таърихии замони истиқлол фарқ мекунад, ҳам тасвираш, ҳам забонаш, ҳам диди нависанда. Баҳманёр як падидаи комилан махсус дар адабиёти мо аст. Ӯ адабиёти ҷаҳонро фаро гирифта, як услубу сабки худашро дар ин роҳ пайдо кард. Забони асарҳои Баҳманёр аз забони нависандагони боқимонда фарқ дорад. Забонаш суфтаву пухта, бе сактаву лакнат аст. Баъзан мебинед, ки дар роман, қисса ё ҳикоя образи нафаре, ки гӯиё нависанда маҳз ӯро ба тасвир гирифтан хостааст, ноқис мебарояд. Дар Баҳманёр нест ин чиз. Ҳатто образҳои лаҳзавии ӯ хислату шахсияти худашонро дороянд. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки ба Баҳманёр ҷавр шуд. На ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гирифт, на унвони Нависандаи халқӣ. Ҳол он ки ба ҳардуяш сазовортарин буд. Умуман гӯем, Баҳманёр, Сайф, Муаззама, Муҳаммад- замон дар адабиёти мо нақши худашонро гузоштанд.
– Ба назаратон, романи муосири тоҷик аз романи шӯравии тоҷик сифатан пеш рафт ё на?
– Дар сӣ соли истиқлолият нисбат ба даврони Шӯравӣ тақрибан се баробар зиёдтар роман нашр шуд. Лекин миқдор на ҳама вақт нишондиҳандаи сифат аст. Талаботе, ки ба роман дар давраи Шӯравӣ вуҷуд дошт, ин замон вуҷуд надорад. Романҳоро дар Иттифоқи нависандагон муҳокима карда, аз чашми сӯзан мегузаронданд. Масалан, муҳокимаи романҳои Ҷалол Икромӣ, “Се рӯзи як баҳор”-и Саттор Турсун бо тафсилоташ дар ёди ман мондааст. Муҳокимаҳо на ҳамеша ба дилхоҳи муаллифон сурат мегирифтанд. Чунки аҳли ҷамъомад ҳусни асарро зикр менамуданд, лекин норасоиҳои онро низ дақиқ нишон медоданд. Баъзе романҳо ё повестҳоро шадидан танқид мекарданд. Яъне муаллифон баъди чунин муҳокимаҳо водор мешуданд, ки асарҳояшонро дубора таҳрир кунанд, такмил диҳанд. Аз ин адабиёт бурд менамуд.
Сатҳи пешинаи роман, устухонбандӣ, бадеияти он, фикр мекунам, имрӯз поён рафтааст. Романҳои ҳозира аз лиҳози сифат ба сатҳи романҳои Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев навишта нашудаанд. Аммо романҳои хуб, хусусан дар мавзӯи таърих, арзи ҳастӣ карданд. Романҳое, ки аҳаммияти маърифатӣ доранд. Яъне аҳаммияти маъри- фатиашон аз аҳаммияти бадеияшон болотар аст. Лекин барои бедор кардани маърифати таърихии ҷомеаи имрӯза ин гуна романҳо заруранд.
– Оё бо роҳе обрӯву эътибор ва таъсиреро, ки адабиёт ба омма дар замони Шӯравӣ дошт, барқарор намудан имкон дорад?
– Барои расидан ба ин мақсад омили ягона баланд бардоштани маърифати мардум ақаллан то сатҳи давраи Шӯравӣ аст. Ман маърифати воқеиро ин ҷо дар назар дорам, ки аз таҷаммуи ахлоқ, дониш, адолати иҷтимоӣ ва таъмини арзиши инсонии ҳар фарди ҷомеа бояд иборат бошад. Мутаассифона, мо алҳол дар ҷомеаи худ чунин ҳолатро намебинем. Барои даст ёфтан ба ин ҳолат эҳёи миллии маънавибунёде зарур аст, ки дар он, ба қавли муаллим Шакурӣ, «баробар фаъолият кардани омилҳои маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ шарти ҳатмист, вале… маънавиёт аз омилҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ муқаддамтар бояд бошад». Агар дар ҷомеа омили иқтисодӣ боло гирад, моддиёт, пул ва дороӣ аҳаммияти мутлақ пайдо мекунанд, ҳадафи зиндагӣ хӯрдан ва дороиафзоӣ мешавад. Ва агар омили сиёсӣ боло гирад, давлат на таъмини рушди миллат, балки ҳокимияти гурӯҳеву табақаеро дар мадди аввал мегузорад. Дар натиҷа маънавиёт андак-андак рӯ ба нестӣ мениҳад ва он вақт аз эътибори адабиёт фикр кардан ҳам лозим намешавад. Маънавиёт шаҳсутуни ҷомеа аст. Аз ин сабаб, хушбахтона, имрӯз роҳбарияти ҷумҳуриамон чораҳоеро роҳандозӣ менамояд, ки шояд ва бояд ба болобурди маърифати аҳли ҷомеа мусоидат кунанд. Он гоҳ таъсир ва нуфузи адабиёт низ баланд хоҳад шуд.
– Устод, барои суҳбати гарм изҳори ташаккур менамоям. Орзумандам, ки дар рӯзгоратон ҳамеша рӯҳияи ҷашнӣ ҳукмфармо ва дар корҳои илмиятон комёбӣ ҳамроҳ бошад!