Мазҳари саодат

 Мазҳари саодат

Бахшида ба Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш ва Рӯзи дарҳои кушод доир гардид, ки дар он намояндагони Вазорати фарҳанг, донишҷӯёни мактабҳои оливу миёнаи махсус, муҳассилини мактабҳои миёна, устодон ва хонандагон иштирок намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ.

Пеш аз оғози ҳамоиш дар саҳни бино намоиш-фурӯши китобҳои нашриёти ватанӣ доир гардид.

 Директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумъахон Файзализода иброз намуд, ки «китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи суханҳост. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб — рӯзи бе офтоб аст». Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриёти давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешаванд».

Ҷумъахон Файзализода зикр намуд, ки аз кушодашавии бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳ сол сипарӣ гашт. Бинои нав имконоти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши виртуалӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ доир ба ҳама намуди маҳсулоти чопӣ ва нусхаҳои хаттӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагонро ба хазинаҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин менамояд. Инчунин дар фаъолияти китобхона низоми нисбатан комили автоматикунонии ра- вандҳои китобдорию иттилоотӣ татбиқ мегардад.

 Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев иброз намуд, «китоб роҳнамо ва чашми бинои инсон аст ва ҳар шахсе, ки рӯ ба китоб биёрад, ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расида метавонад. Китоб сармояи ақлу хирад, сарвати бебаҳо, кони ганҷу маърифат ва маҷмуи ахлоқи накӯст, ки инсонро ба роҳи рост, хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ раҳнамун месозад».

Сипас аз ҷониби Вазорати фарҳанги мамлакат як зумра кормандони фаъоли Китобхонаи миллӣ бо ифтихорномаву сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Дигар хабарҳо