Масири камолот

 Масири камолот

Омўзиш ва нақду баррасии эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Ўрун Кўҳзод собит месозад, ки воқеан, насри тоҷикии садаи ХХ баъди солҳои шастум ба таҳаввулоти ҷиддии ҳам мазмунӣ ва ҳам шаклию сабкӣ дучор гардидааст. Ҷустуҷўҳо ва кашфиётҳои адабии П. Толис ва махсусан, Ф. Муҳаммадиев ба тамоилҳои асосии насри тоҷикии он солҳо таъсири амиқ гузошта, барои зуҳури падидаҳои тозае дар наср, мисли насри равонковӣ, насри андеша ва насри иҷтимоӣ роҳ кушод. Устод Кўҳзод, ки аз ҷумлаи шогирдон ва дастпарварони бевоситаи мактаби адабии Ф. Муҳаммадиев мебошад, аз ибтидо, дар рушду такомули ин тамоили тозаи адабӣ то имрўз саҳми шоистаи худро мегузорад. Маҳз тавассути эҷодиёти адиб тамоили тозае дар насри психологии тоҷикӣ ба миён омад, ки онро аксари муҳаққиқон ва мунаққидони адабиёти муосири тоҷикӣ бо номи «насри андеша» ёд мекунанд. Ин падида дар эҷодиёти нависанда, дар ҳикояҳо ва махсусан қиссаҳои «Кини Хумор», «Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз», «Тақвими роҳгум» ва романи «Бандии озод» такмил ёфта, то ба дараҷаи хусусияти асосии сабки бадеӣ ва фардии нависанда расидааст.

Бояд гуфт, ки марҳалаҳои асосии камолоти адабӣ ва эҷодии Кўҳзод ба давраҳое рост меояд, ки дигаргуниҳои муҳиму назаррас ба амал меомаданд. Нависанда соли 1937 дар деҳаи Ғазаи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, давраи кўдакӣ ва наврасии худро дар муҳити деҳа, дар байни одамони ба истилоҳ «деҳотӣ», ки завқу салиқа ва ахлоқу русуми хоссеро доранд, мегузаронад. Баъдан, ў барои таҳсил озими шаҳрҳои Панҷакенту Душанбе мегардад ва дар давраҳои таҳсил дар Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент ва Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ба муҳити рўзгори шаҳрӣ ва устодони воқеии адабиёт меафтад, ки он аз муҳити деҳа ба куллӣ фарқ дошт. Ҳамаи инҳо ба фароҳам омадани ҷаҳони маънавӣ ва такмили ҷаҳонфаҳмию ҷаҳоншиносии нависанда нақши худро мегузоштанд.

Дар як мусоҳибаи рўзномаӣ нависанда дар бораи давраи наврасӣ ва ҷавонии худ ишора карда, таъкид менамояд: «Воқеаҳои хурду калони рўзгор дар ин дунёи васеъ баъзан, дар хотири кас, вобаста ба табиат ва муҳит ва ҳолати даврони кўдакӣ, сурат мегирад». Дар идомаи ин суҳбат устод Кўҳзод ҳангоми ҷавоб гуфтан ба суолҳои рўзноманигор аз ишқу алоқаи худ  аз даврони таҳсил дар мактаби деҳа ба китобхонӣ ёдовар шуда, иброз медорад, ки мо дар он солҳо достонҳои «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ, «Муш ва гурба»-и Убайди Зоконӣ ва «Чор дарвеш»-ро бо ҳавас ва ишқу алоқаи хос метолиа мекардем. «Дар он давра, — таъкид мекунад адиб, — «ҳаваси хондан буд, ҳаваси навиштан набуд». Ин шавқу ҳавас дар Кўҳзод баъдтар, шояд дар замони дар омўзишгоҳи педагогӣ таҳсил намуданаш пайдо шуда бошад. Тибқи иттилои худи нависанда, воқеан, ин омўзишгоҳ омўзгорони «комилсавод ва масъулиятшинос дошт», ки онҳо «бағоят ҳалол дарс медоданд». Табиист, ки ҳамаи ин омўзишҳо, бардоштҳо ва муроқибаю мушоҳидаҳои овони ҷавонӣ дар эҷодиёти нависанда ва махсусан, дар қиссаю ҳикояҳои аввалини ў нақши худро гузоштанд.

Тасвири манзараҳо ва саҳнаҳои ҷолибе, ки дар ҳикояҳои маҷмўаҳои «Сареву савдое» ва «Як сару сад хаёл» мебинем, маҳз натиҷаи бардоштҳои муаллиф аз он даврон мебошад. Дар ҳикояҳои «Тўи нав», «Модар ва Азроил», «Шаби чаҳордаҳ», «Ҳосили умр», «Баррача», «Каси якка дар кўҳ» ва қиссаҳои «Роҳи ағба» ва «Писанддара» эҳсосот ва бардоштҳои давраи ҷавонии нависанда бо як завқу муҳаббати хос ба қалам дода мешавад. Хонанда ҳангоми мутолиаи ин қабил асарҳои заминаҳои устувори тарҷимаиҳолидошта, иштироку ҳаракат ва нақши бадеии образи муаллифро ба равшанӣ эҳсос менамояд.

Марҳалаи дигар ва муҳимми рўзгори фардӣ ва эҷодии нависанда аз замонҳои дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ (1960-1961), маҷаллаи «Хорпуштак» (1964-1968), рўзномаи «Маориф ва маданият» (1968-1979) ва идораҳои дигар коркардани ў оғоз меёбад. Дар ин давраҳо нависанда, ки ба муҳити илмию адабии ҷумҳурӣ ворид гардида буд, дар масири эҷодӣ низ гомҳои устувор мегузорад. Махсусан, ҳамкории ў бо Ф. Муҳаммадиев маҳз аз ҳамин давра, яъне аз замони дар маҷаллаи «Хорпуштак» кор карданаш оғоз мегардад. Ў. Кўҳзод, ки аз ибтидо дар навиштаҳояш оҳанги ҳаҷвӣ эҳсос мегардид, таваҷҷуҳи устод Ф. Муҳаммадиевро ба худ ҷалб намуда буд. Маҳз ба хотири сабки хосси ҳаҷвнигорияш Кўҳзодро ба маҷаллаи «Хорпуштак», ки нашрияи ҳаҷвию танқидии замон буд, сардабири ҳамонвақтаи он Ф. Муҳаммадиев ба кор даъват менамояд. Кўҳзод дар ҳамон мусоҳибае, ки болотар зикр гардид, аз нақшу мақоми Ф. Муҳам- мадиев дар рўзгори эҷодии хеш ёдовар мешавад. Ў таъкид менамояд, ки «ба нахустин ҳикояи ман муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев қалам заданд. Ин ҳикоя «Мунаққид ва матбахӣ» ном дошт, он кас бо номи «Мунаққид ва ошпаз» дар маҷаллаи «Хорпуштак» чоп карданд». Ин шояд дарси аввалини мактаби нависандагӣ буд, ки Кўҳзод аз устоди худ гирифта буд. Тақризи Ф. Муҳаммадиев «Тири адиб набояд хок хўрад»-ро ки ба як ҳикояи Б. Ғанӣ ва як ҳикояи Кўҳзод иртибот дорад, метавон дарси дуюми устод ба шогирдаш ҳисобид. Зеро дар ин тақриз ҳикояи «Роҳ»-и Кўҳзодро Ф. Муҳаммадиев ба таври ҷиддӣ ҳаматарафа нақду баррасӣ намуда, камбудиҳои онро нишон додааст. Устод Ф. Муҳаммадиев таъкид менамояд, ки «ба таълифоти онҳо (яъне, Б. Ғанӣ ва Кўҳзод) эрод гирифтан барои ман баро- бари худтанқидкунист». Аз ин маълум мегардад, ки Ф. Муҳаммадиев масъалаи тарбияю роҳнамоии ин ду адиби он солҳо хеле ҷавонро бо камоли масъулият бар дўш гирифта будааст ва инро худи Кўҳзод ҳам борҳо таъкид карда, аз нақши устод Ф. Муҳаммадиев дар камолоти эҷодии худ ёдовар шудааст.

Маҳсули эҷодии ин давраи нависанда бештар ҳикояҳои хурди ҳаҷвӣ буда, бо номҳои «Ришханд», «Малофаҳо», «Хомпазҳо», «Ҳикоёт аз таърихи адабиёт», «Гардам аз одамҳот» ва ғайра ба дасти хонандагон расидааст. Дар маҷмўъ, аз соли 1960 то соли 1972, яъне бештар аз даҳ соли аввали фаъолияти меҳнатию ҷустуҷўҳои нависандаро метавон давраи омўзиш ва камолот дар роҳи эҷодӣ номид. Соли 1972 маҷмуаи аввалини ҳикояҳои Кўҳзод бо номи «Сареву савдое» аз чоп мебарояд, ки он воқеан, дар ҳаёти адабию эҷодии ў ҳодисаи ҷолиб буд. Баъдан, худи ҳамон сол қиссаи «Роҳи ағба» низ ба нашр мерасад, ки ин қадами ҷиддитари нависандаи ҷавон ба арсаи адабиёт маҳсуб мегардад. Мунаққид Ҷ. Бақозода дар тақризи худ ба қиссаи «Писанддара»-и нависандаи дар он солҳо ҷавон таваҷҷуҳ намуда, ҳусну қубҳи онро дар тақризи муфассали худ нишон дода, аз ҷумла чунин таъкид кардааст: «Ман боварӣ дорам, ки асар («Писанддара») хонандаро дар бораи қисмати инсон, имрўзу фардои он, мавқеи ҷамъиятии он ба фикр кардан водор менамояд».

Дар ин қисса, ки дар эҷодиёти Кўҳзод воқеан, асари марҳалавист, нависанда нақши шахс дар ҷомеа, муносибати байни одамон, пайвастагии ахлоқу одоб бо меҳнат ва муҳити иҷтимоӣ ва то кадом дараҷа ба норасоиҳои зиндагӣ созиш кардани инсонҳоро аз назари Даврону Диловар, ки аз симоҳои марказии ҳастанд, баррасӣ менамояд. Чунки онҳо ҷавонони муосиру таҳсилкарда буда, ба зиндагӣ назари хосси худро доранд. Муаллифи тақризи зикргардида Ҷ. Бақозода — омезиш ёфтани образи муаллифро «бо қаҳрамонони асосӣ»-и қисса таъкид намуда, онро камбудии асар ҳисобидааст, ки бо эшон наметавон ҳамфикр шуд. Чунки дар ҳар асари бадеӣ, аз ҷумла асарҳои насрӣ, фикру андешаи нависанда ва ё ҳузури образи ў дар ин ё он шакл ба назар мерасад ва ин як қонунияти маъмули эҷоди бадеӣ маҳсуб меёбад.

Солҳои ҳафтодум, тақрибан ҳудуди даҳ сол Кўҳзод дар рўзномаи «Маориф ва маданият», ки дар он солҳо яке аз наш рияҳои бонуфузи адабию фарҳангӣ ва серхонандаи ҷумҳурӣ буд, дар вазифаи муовини сардабир фаъолият мекунад. Маҳз дар ҳамин давра (соли 1975) ўро ба узвияти Иттифоқи нависандагон мепазиранд, ки он маънои ба ҳайси як адиби соҳибистеъдоду соҳибкасб ба камол расидани Кўҳзодро дошт. Ин марҳала дар ҳаёти эҷодии нависанда аз ҳар ҷиҳат пурбор ва рангин ҳисоб меёбад. Соли 1976 қиссаи дигари нависанда бо номи «Кини Хумор» ба нашр мерасад, ки он дар фароҳам омадани сабку шеваи нависандагии муаллиф роли калон бозидааст. Унсурҳои тасвири рўҳию равонии қаҳрамон ва андешапарварии шахсиятҳои мавриди тасвир, ки ду унсури муҳимми сабки нависандагии Кўҳзод аст, маҳз дар ҳамин қисса пурра зуҳур ёфтааст. Унвони аввалаи ин қисса «Андешаҳо дар танҳоӣ» буд, ки он ба нуфузу ҷойгоҳи андешаю андешаронӣ дар ҷаҳони бадеии асар ишора мекард. А. Абдуллоев ба нашри аввали ин қисса тақриз навишта, зимни нақду баррасии он мақоми асари мазкурро дар эҷодиёти нависанда чунин шарҳ дода буд: «Ин повести Кўҳзод пас аз повестҳои вай «Роҳи ағба», «Писанддара», тавлид шуда, аз ҷиҳати заминаи тадқиқи бадеӣ як андоза давоми мукаммал ва обутобёфтаи онҳо бошад ҳам, вале шакли нисбатан нав дорад ва ин чиз аз баъзе ҷиҳатҳо тафовути байни онҳоро муайян кардааст».

Қиссаи «Кини Хумор» воқеан дар муҳити адабии солҳои ҳафтоди садаи ХХ тоҷик падидаи муҳим ва ҷолиб буд. Аксари мунаққидони ҳамон давра ба ин ё он баҳона дар бораи ин асар назари хешро баён кардаанд. Аз ҷумла, устод М. Шакурӣ ҳангоми баррасии вазъи насри тоҷикӣ дар ҳамон солҳо қиссаи «Кини Хумор»-ро баррасӣ намуда, ба чунин хулоса мерасад: «Насри Кўҳзод психологӣ, насри андешаҳост. Нависанда ва қаҳрамонони ў рўйдодҳои зиндагиро бо ҳиссиёт ба андеша гирифта, маънию мазмуни онро ҳаматарафа санҷидан ме- хоҳанд ва хонандаро маҷбур мекунанд, ки низ баробари онҳо фикр кунад, барои фаҳмидани моҳияти он ҳодисаҳо кўшиш намояд».

Аз ин бардошти мунаққид метавон ба хулосае расид, ки қиссаи мазкур дар фароҳам омадани сабки нависандагӣ, шеваҳои таҳқиқи ҳодисаҳои зиндагӣ ва умуман, тафаккуру биниши бадеии нависанда нақши калон бозидааст. Ҳам Исфандиёр ва ҳам Хумору атрофиёнаш дар насри тоҷикии он солҳо падидаҳои тозаю нотакрор, одамони бо фикру андеша ва дар ҷомеаю зиндагӣ мақому ҷойгоҳи хосдошта ба ҳисоб мерафтанд. Ба назари мо, қиссаи мазкур аз нигоҳи касб кардани таҷрибаи эҷодӣ дар тасвири образи зиёиён барои ба вуҷуд омадани қиссаи «Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз» (1977) роҳро боз намуд. Ин асар дар бораи рўзгори асосгузори адабиёти навини тоҷикӣ устод С. Айнӣ мебошад ва он ҳамчун армуғони эҷодии Кўҳзод ба ҷашни 100-солагии устод С. Айнӣ таълиф ва мунташир гардид. Асари мазкур дар шаклгирии биниши хоси бадеии Кўҳзод нақши махсус дорад. Зеро маҳз дар ҳамин қисса таҷрибаи ба баррасии бадеӣ кашидани шахсиятҳо ва ҳодисаҳои таърихӣ то ба дараҷаи яке аз вижагиҳои хосси сабки нигориши ў табдил ёфт. Қаблан дар ҳикояҳои нависанда ва махсусан, дар «Ҳикоёт аз таърихи адабиёт» нависанда ба маводи таърих рў оварда буд ва аз он шахсиятҳо ва ҳодисаю воқеаҳои ибрат- бахшу омўзандаро ба тасвир гирифта, ба хонандаи муосир пешниҳод мекард. Аммо мавзўи қиссаи «Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз» ба рўҳу равони Кўҳзод хеле наздик ва шахсиятҳою ҳаводиси он рўзгор ошно буд. Вай аз тариқи асарҳои С. Айнӣ ва махсусан, «Ёддоштҳо»-и ў маълумоти бештаре дар даст дошт.

Дар ин асар нависанда пеши худ мақсад гузоштааст, ки симои бадеии С. Айнӣ, шахси таърихӣ, зиёӣ, равшанфикр ва маорифпарвару муборизро ба қалам медиҳад. Ба ин хотир, муаллиф як рўзи бисёр душвори зиндагии С. Айнӣ, рўзи пурташвиш, рўзеро, ки ў гирифтори таъқиби одамони амир мегардад, интихоб мекунад.

Дар ин қисса сабки тасвири психологии Кўҳзод хеле инкишоф меёбад ва ў тавассути ин шеваи нигориш бо камоли ҳунари нависандагӣ дунёи ботинӣ, афкору андеша ва туғёну эҳсосоти қалбии С. Айниро ба хонанда нишон медиҳад. Ба қавли А. Набавӣ: «Қиссаи «Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз» дар эҷодиёти Кўҳзод таҷрибаи аввалин ва ҷиддии ба насри равоншинохтӣ кашидани мавзўи таърихӣ ба шумор меояд».

Аз соли 1979 ба баъд Кўҳзод дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерку публитсистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», муҳаррири нашриёти «Адиб», сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ», мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор мекунад. Дар баробари ин, фаъолияти эҷодии нависанда ҳам босамару пурбортар мегардад. Ба ибораи дигар, дар ин давра Кўҳзод ба ҳайси яке аз насрнависони маъруфу шинохта, устоди насри муосири тоҷик фаъолият менамояд. Акнун чашмандози ў ба воқеаҳои зиндагӣ, тазодҳои рўзгори муосирин ва муҳимтарину доғтарин масъалаҳои замон амиқтару фарогиртар мегардад, ки натиҷаи равшани он ба таълиф расидани романи «Ҳам кўҳи баланд, ҳам шаҳри азим» аст. Ин асар соли 1983 ба дасти хонандагон расид, ки дар он масъалаи пайванди замонҳо ва наслҳо ба миён гузошта шуд. Бояд гуфт, ки ин мавзўъ дар солҳои 70-80 садаи ХХ дар адабиёти Шўравӣ ва махсусан, насри он хеле муҳим ва актуалӣ маҳсуб мешуд. Нависандагони маъруфе, мисли Ч. Айтматов, Н. Думбадзе, А. Олимҷонов, Г. Матевосян, О. Ёқубов ин муаммои печидаи иртиботи наслҳоро дар заминаи воқеияти зиндагии халқҳоя- шон ба таҳқиқи бадеӣ гирифта буданд. Ин асар дар он солҳо натанҳо дар боло рафтани сатҳи бадеию маърифатии насри муосири тоҷикӣ нақши муҳим бозид, балки дар инкишофи сабки таҳлилию танқидии муаллиф низ дараҷаи камолот маҳсуб мегардид. Асари мазкур воқеан, боиси шуҳрат ёфтани нависанда, дар қаламрави ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ гардид. Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 1980 қиссаҳои «Роҳи ағба», «Писанддара» ва «Кини Хумор» таҳти унвони «Реванш» дар Маскав ба забони русӣ нашр гардид. Баъдан соли 1984 қиссаи «Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз» ва романи «Ҳам кўҳи баланд, ҳам шаҳри азим» бо номи «И высокая гора, и большой город» ба забони русӣ дар Маскав ба чоп расид. Ба забони русӣ ба нашр расидану дастраси хонандагони сершумори Иттиҳоди Шўравӣ гардидани асарҳои асосии Кўҳзод на танҳо мақому ҷойгоҳи ўро дар адабиёти тоҷик баланд бардошт, балки барои афзудани нуфузи насри бадеии тоҷикӣ дар қаламрави адабиёти сермиллати халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ ҳам хидмати сазовор намуд.

Самти дигари фаъолияти адабию эҷодии Кўҳзод тарҷумаи бадеӣ мебошад. Нависанда аз ибтидои масири эҷодии худ дар баробари омўзиши осори адабии муосиру классикии тоҷикӣ ба ошноӣ ва мутолиаи адибони бузурги ҷаҳонӣ машғул гардида, дар байни онҳо махсусан, дар байни адибони ҳамзамони худ бо онҳое иртиботи адабию эҷодӣ барқарор намуд, ки ҳам аз нигоҳи равонӣ ва ҳам аз нигоҳи сабку тамоили эҷодӣ ба ў наздиканд.

Бояд таъкид кард, ки танҳо дар ҳолати пайдо намудани чунин қаробатҳо як адиб метавонад асари адиби дигарро бобарор ва дар сатҳи зарурӣ тарҷума намояд. Кўҳзод аз ибтидои фаъолияти адабию рўзноманигориаш бо асарҳои адиби бузурги турк Азиз Несин, ки ҷанбаи устувори ҳаҷвӣ дорад, ишқу алоқа пайдо намуда буд. Ў ҳанўз соли 1965 ҳикояи ҳаҷвии А. Несин «Барои бахтам аз ту миннатдорам»-ро тарҷума карда буд. Баъдан ҳикояҳои дигари ин адиб «Ватан гул кунад», «Маҷлиси падару модарон», «Шеърҳо ҳам навишт», «Дўстдорони адабиёт»-ро тарҷума намуда, дар шиносонидани ин нависандаи бузурги турк ба хонандаи тоҷик саҳми сазовор гузошт. Тарҷумаи асарҳои адибони ҳаҷвнигор аз тарафи Кўҳзод далели равшанӣ аз ибтидои фаъолияти адабии худ ба тасвирҳои танзомез майл доштани ўро нишон медиҳад. Далели дигари ин андеша ба асарҳои ҳаҷвнигори маъруфи рус Л. Ленч рў овардани Кўҳзод дар солҳои шастуми асри гузашта, яъне дар оғози фаъолияти адабиаш мебошад. Соли 1967 Кўҳзод ду ҳикояи ҳаҷвии Л. Ленч «Заҳрпечаки боқимонда» ва «Барака ёбед, Зосяро гўед»-ро ба тоҷикӣ тарҷума менамояд.

Дар устувор гардидани ҷанбаҳои таҳлилӣ ва психологии эҷодиёти Кўҳзод нақши эҷодиёти адиби маъруфи японӣ Я. Кавабата, нависандаи бузурги Амрикои Лотинӣ Г. Г. Маркес ва махсусан, адиби ҳикоянависи бузурги рус А. П. Чеховро наметавон нодида гирифт. Аз тарафи ў ба тоҷикӣ тарҷума гардидани қиссаи «Дашт»-и А. Чехов, ҳикояҳои Я. Кавабата ва махсусан, романи маъруфи Г. Г. Маркес «Хазони умри одамхудо» ба тафаккури бадеӣ, сабку шеваи тасвир ва умуман фароҳам омадани ҷаҳони бадеии асарҳои нависанда бетаъсир набуданд. Маҳз баъди чунин таҷрибаҳои эҷодию адабӣ Кўҳзод тавонист, ки мисли романи «Ҳайҷо» як асари серпаҳлу, гуногунмавзўъ ва бузургнақшаеро ба вуҷуд оварад. Ин асар воқеан, як қуллаи асосӣ дар эҷодиёти Кўҳзод мебошад. Романи мазкур, достонҳои «Гуреза», «Се роҳакӣ аз ҳизб» маҳсули эҷодиёти нависанда дар замони истиқлол аст.

Чунонки мебинем, дар масири адабию эҷодии Кўҳзод ё умуман, дар эҷодиёти ў чанд асаре ҳаст, ки марҳалаҳои амиқгардии биниши бадеӣ ва тафаккури адабию эстетикии адибро муайян месозанд. Ин асарҳо маҷмўаи ҳикояҳои «Як сару сад хаёл», қиссаҳои «Кини Хумор», «Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз» ва романҳои «Бандии озод» ва «Ҳайҷо» мебошанд. Вақте ки кас ин асарҳоро бо назари таҳқиқ мутолиа мекунад, ба хубӣ тозагӣ, навҷўӣ ва вижагиҳои хосси адабию эстетикии онҳоро эҳсос менамояд.

Ба ибораи дигар, Кўҳзод ба ҳайси адиби ҷўянда, дар баробари дарку тасвири амиқу ҳаматарафаи ашхос ва ҳодисаю воқеаҳои зиндагии ҳамзамонон сабку шеваҳои тасвири онҳо, омилу воситаҳои таҳлилӣ, равонию бадеии асарҳояшонро такмил менамояд ва дар баробари ин таҷрибаи адабию эҷодиашро ғановат мебахшад. Ин сабку усули кори адабӣ хосси адибони ҷўянда, навовар ва асил мебошад. Дар маҷмўъ, ҷаҳони бадеии Кўҳзод чанд хусусияти хос дорад, ки зикри онҳо барои ворид гардидан ба ин дунёи рангин мусоидат менамояд.

Пеш аз ҳама муҳимтарин хусусияти биниши бадеӣ ё назари ҷўяндаи нависанда ифодаи оҳангҳои публитсистӣ ва танзомез мебошад. Ҳаҷви Кўҳзод бо баёни публитсистӣ як қолаби хосси дарку тасвири воқеияти зиндагиро ба бор меорад. Махсусан, дар ҳикояҳои хурди ҳаҷвии ў хонанда ба осонӣ эҳсос менамояд, ки воқеаи мавриди тасвирро адиб бо чашми худ дидааст ва ё онро дер боз мушоҳида мекунад. Мисоли равшани ин муҳтавои ҳикояҳои «Мунаққид ва ошпаз», «Хомтамаъ», «Ғукҳои беодоб», «Рўзи шефҳо», «Рўи одам гарм», «Вақт қимат» ва ғайра мебошад. Дар ин ҳикояҳо ҳодисаю воқеаҳои муқаррарии рўзгор, ки дар зиндагӣ ҳар нафар онҳоро борҳо дидаю мушоҳида намудааст, ба қалам дода шудаанд. Вале нависанда дар бунёди ин ҳодисаҳои муқаррарии рўзгор чизҳоеро ба мушоҳида гирифтааст, ки аз як ҷиҳат хандаовар ва аз ҷиҳат дигар, касро ба андеша мебарад. Аз ҷумла, дар ҳикояи «Вақт қимат» масъалаи истифодаи бо- самари вақт ба миён гузошта мешавад. Дар гуфтугўи сардори сех бо Раҷаб дар бораи истифодаи босамари вақт суҳбат мешавад ва ин мавзўъ дар суҳбати котиби комсомол, мудири коргоҳ, директор ва ғайра баррасӣ мегардад. Аммо мухотаби ҳама Раҷаб мебошад ва ў баъди ин қадар суҳбатҳо дар бораи истифодаи босамари вақт ба соат менигарад, ки вақти корӣ тамом шудааст. Ва ё дар ҳикояи «Ҳаводорон» як ҳодисаи муқаррарии мухлиси футбол будани муаллим, шогирдон ва методист нақл мешавад. Вале нависанда аз ин як ҳодисаи муқаррарӣ як ҳикояи танзомезе офаридааст, ки он ҳам боварибахш ва ҳам хандаовар аст. Ҳамин тарзи ба ҳам омехтани оҳанги публитсистӣ ва танзро дар ҳикояҳои «Такмили ихтисос», «Конспект», «Маърака», «Қайд кунед сад фоиз», «Навбати шумо кай?» ва силсила ҳикояҳои хурди «Гардам аз одамҳот» ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.

Вижагии дигари ҷаҳони бадеии Кўҳзод ин равонковӣ ва андешапарварӣ мебошад, ки он дар симои ботинӣ, рафтор, муносибат ва ахлоқу афкори қаҳрамонони қиссаҳои «Кини Хумор», «Тақвими роҳгум» ва махсусан, дар романи «Бандии озод» равшан бозтоб мегардад. Ин ҷиҳати тафаккури адабии Кўҳзодро адабиётшинос Н. Салимов ҳангоми нақду баррасии романи «Бандии озод» пай бурда, менависад: «Мутолиаи роман боз як бори дигар касро ба чунин хулоса меорад, ки дар биниши бадеии Кўҳзод ғолибан мабдаи таҳқиқӣ нуфуз дошта, диққати нависандаро нисбат ба воқеияти мавриди тасвир, андешаву муҳокимаҳое, ки аз он ангезиш меёбад, бештар ба худ кашидааст. Яъне, воқеият қаблан чун маншаи фикр аҳаммият пайдо мекунад. Ин қабил шеваи тасвир ба мазмуну сохтори роман таъсири худро гузошта, барои тадқиқи масъалаҳои ҳаёти муосирон замина фароҳам месозад. Аз ҷумла, дар бунёди сужет як воқеаи ҷудогона не, балки чанд воқеа аз ягон ҷиҳат ба ҳам алоқаманд гардида, хатти сужети асарро муайян месозад».

Омилҳои мазкур дар қиссаи «Кини Хумор» василаи амиқрафти ҷанбаи таҳлилӣ, идроки мукаммали тазодҳои рўзгори ҳамзамонон, таҳаввулотҳои рўҳию равонии қаҳрамонони асар гардидаанд. Оҳангҳои публитсистӣ дар эҷодиёти Кўҳзод барои бозтоби равшану пурҷилои образҳои меофаридааш мусоидат мекунад. Ин ҷиҳати биниши бадеии нависандаро устод М. Шакурӣ дуруст пай бурда, навишта буданд: «Аҳаммияти ҷанбаи публитсистии тадқиқоти Кўҳзодро алоҳида қайд кардан лозим аст. Оҳанги буррои публитсистӣ, он мулоҳизарониҳои публисистии ҳаяҷономез, ки гоҳ аз забони муаллиф ва гоҳ аз забони қаҳрамонон омадаанд, на фақат барои амиқтар намудор кардани моҳияти рўйдодҳо ёрмандӣ мекунанд, балки мабдаи фаъолонаи тадқиқи нависанда ва рўҳи граждании асарро қувват медиҳанд». Ҳамин хусусияти образофаринӣ ва баррасии бадеии нависандаро дар қиссаю романҳои дигари ў низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Хусусияти дигар ва, ба андешаи мо, муҳимми биниши бадеӣ ё тафаккури адабии Кўҳзод ин назари таърихӣ ё таърихияти тасвири ҳодисаю воқеаҳои дуру наздик дар асарҳои ў мебошад. Чунонки зикр гардид, ин гароиши адабӣ дар эҷодиёти нависанда дар «Ҳикоёт аз таърихи адабиёт» ва қиссаи «Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз» зуҳур намуда, баъдан дар романи «Ҳайҷо» ба пуррагӣ шакл мегирад. Моҳияти назари таърихӣ дар эҷодиёти Кўҳзод натанҳо аз интихобу тасвири воқеаҳо ва ашхоси таърихӣ иборат аст, балки моҳияти он ибратгирӣ, омўхтан ва ё сабақбардорӣ аз таърих аст.

Ба таври куллӣ, эҷодиёти Кўҳзод дар насри муосири тоҷик як саҳифаи муҳим ва асосӣ буда, муаллиф бо публитсистикаи нишонрас, ҳикояву қисса ва романҳои ҷолибаш тамоилҳои асосии насри равонковиро дар адабиёти имрўзаи мо ба марҳалаи тоза расонидааст. Вай бо мавзўю масъалаҳои тоза, сабку шеваҳои нотакрору ҷолиби баёни бадеӣ, ҷанбаҳои ҳунарӣ насри муосири тоҷикиро хеле рангин, пурғановат ва ҷолиб мегардонад, ки онро метавон ба ҳайси рисолати воқеии як адиби ҳунарманду соҳибистеъдод ба шумор овард.

Шамсиддин СОЛЕҲ

Дигар хабарҳо