Ватан — ҷону тан

 Ватан — ҷону тан

Вақте талошҳои ватанх оҳию меҳанпарастии аҷдодамонро дар саҳифаҳои таърих мехонем, оё андешае ба сарамон меояд, ки мо ҳам бояд саҳифаи дурахшоне ба он зам намоем? Зеро омадану рафтани моро бояд маъние бошад. Шояд парешон ҳарф мезанам, аммо мақсадам танҳо як чиз аст. Мехоҳам ҳама ҳиссиёту садоқати худро нисбати сарзамини азизам, Тоҷикистони ба ҷон баробарам баён созам.

Сафар карданро бисёр дӯст медорам. Мошинсавор ба шаҳру ноҳияҳои вилояту ҷумҳурӣ рафтан бароям басо маъқул аст. Ҳиссиёти хуше вуҷудамро фаро мегирад. Табиати зебою нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯсу барфпӯш, раҳи ҳамвору шаффофи Хуҷанд-Душанбе дар дилам эҳсоси ширинеро бедор мекунанд. Чӣ хубе, ин ҳама зебоӣ аз ман аст, барои ман аст! Чанде пеш вақте ба шаҳри Душанбе рафта будам, ҳамсафарони хуб ҳамроҳам буданд. Суҳбатамон аз ину он ҷараён гирифт, ки дар омади гап пурсидам:

— Ватан барои шумо чист?

Толмас Душабоев гуфт:

— Ватан барои ман ҷону тан аст. Вай писараш Исомиддинро барои дохилшавӣ ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ мебурд. Орзу дорад, ки фарзандашро ҳимоятгари арзандаи Ватан бубинад.

Шукрулло Турсунов, ки ронандаи мо буд, илова кард.

– Ватан хонаи ман аст. Чӣ тавре ки бе хона зиста намешавад, бе Ватан ҳам зистан номумкин мебошад.

Абдурашид Атаҷонов, ки дар қисми ҳарбии 2849, қӯшунҳои сарҳадӣ, дар шаҳри Турсунзода хизмат карда буд, гуфт:

— Ватан модари ягонаи ман аст! Суҳбати моро нафаси тозае зам шуд. Аз он суҳбат ҳамин қадар ба ҳаяҷон омадам, ки тасмим гирифтам, ҳатман маводе менависам. Мо – ҳамсафарон тасодуфан дар як мошин қарор доштем ва моро тайи ин соатҳо фақат як чиз пайванд кард: эҳсоси ширини ватандӯстӣ. Фикри ҳамаи мо гуногун буд, аммо эҳсоси мо яксон. Абдурашид гуфт, ки хизмат ба Ватан инсонро ҳаматарафа обутоб медодааст. Ин марҳилаест, ки ҷавонон худашонро бештар мешиносанд. Шароити хизмат хуб, дӯстони зиёде дорад ва ба қадри волидайну пайвандон ва Ватани азизаш зиёдтар мерасад…

Барои тамошо ба Осорхонаи миллии кишвар ба шаҳри Душанбе рафтам. Ба назарам чунин намуд, ки таърих аз гузаштаҳо бо нигоҳи борикбинона сӯям менигарад. Таърих пешорӯйи ман буд, гузаштаву асламро бозгӯӣ мекард. Фосилаи тӯлониро дар худ ғунҷоиш дода, имрӯзамро раҳнамунӣ мекард ва ояндаро башорати меҳр медод. Дар лавҳаҳои он ҷо тарзи зиндагии давраҳои гуногунро дидан мумкин аст. Эҳсос мекардам, ки зиндагӣ бо маҷрои худаш дар тапиш аст. Гузаштагони мо зистанд, вазифаашонро сарбаландона иҷро карданд ва чархи таърихро ба дастони мо вогузор намуда рафтанд. Акнун ба мо вобаста аст, ки рисолати таърихиамонро чӣ гуна ба сомон мерасонем.. Дар он ҷо бо Ардашер шинос шудам. Вай ҳамроҳи модаркалонаш Ниёзбегим Мирзоева ба осорхона омада буд. Дӯстдори таърих будани ӯ маълум буд. Аз гуфтору рафтори кӯдаконааш аён буд, ки ба омӯзиши таърихи Ватан меҳри беандоза дорад. Бо ҳаяҷону эҳсосоти зиёд ҳарф мезад, аммо дили кӯчаки саршори муҳаббаташ ҳамоно тез-тез метапид. Охир, вай наметавонад ҳамаи эҳсосашро баён бикунад. Гуфтам: муҳим ин, ки ин шавқ дар дилаш ҷӯш мезанад. Вай орзу дорад, ки дар оянда ҳуқуқшинос бишавад.

Оре, ҳама ба маҷрои зиндагии худ оҳиста-оҳиста равонанд. Ҳар яке мақсаду умеде дорад. Ҳамагон ояндаи хушбахтонаву пурсаодат ва тинҷиву оромиро орзу намуда, меҳнат мекунанд.

Вақте саҳаргоҳон ба осмон назар мекунед, чӣ қадар сипеҳр тозаву пурсафост. Накҳати субҳ мисоли навои хуши тақдир оҳанги зиндагиро дар вуҷуди мо ба танин меорад. Зиндагӣ дар ҷӯш аст. Зиндагӣ бедор аст. Писараке чашмонашро молида-молида аз ҷойхобаш базӯр мехезад. Бо нозу эркагӣ модарашро оғӯш мекунад.

Модар бо табассуми ширин фарзандашро оғӯш карда, аз рӯяш мебӯсад ва таъкид мекунад, ки ба ғафлат намонад, бояд ба мактаб биравад, хонад, дар оянда олими бузург шавад. Сари модар аз муваффақияти фарзанди дилбандаш баланд мегардад. Писарак ба суханҳои модараш гӯш медиҳад ва мегӯяд:

-Агар, ман баҳои 5 гирам, ба ман дучарха мехаред?

Модар фарзандашро дубора мебӯсад.

– Ба падарат мегӯям, ҳатман ба ту дучарха мехаранд.

Мард ҳам аз хоб бедор мешавад. Бо чашмони пӯшида танбалонаву бо меҳр ба болини ҳамсари азизаш даст мерасонад, аммо болинро холӣ дида, ба ёдаш мезанад, ки саҳар шуда.

– Азизам, вақти кор шуд, — мешунавад садои меҳрубононаи занашро. – Ақаллан як бор то сер шудан хоб мерафтам, — эркагӣ мекунад ӯ. Ҷавонзан бо шитоб рӯйи дастархонро оро медиҳад. Вай барои азизонаш наҳорӣ таҳия мекунад. Якеро ба мактаб, дигареро ба кор гусел карда, худ низ аз пайи корҳояш меравад. Дар ҳамаи ҳаракатҳои ӯ муҳаббаташ нисбат ба оилааш эҳсос мегардад. Барои онҳо бо меҳри зиёд хӯрок мепазад. Оромию хушбахтии худро дар будани онҳо мебинад.

 – Азизакам, қаҳва тайёр шуд? – мепурсад шавҳараш. Таркишу бомбаборонҳо ва ҷангҳое, ки дар сарзаминҳои гуногуни ҷаҳон рух медиҳанд ва аксаран баҳонаи чунин ҷангҷӯиҳо бовари ниҳонии баъзе афрод ҳастанд, сари чандин ҳазор инсонҳоро хӯрда, ба орзуву умед ва ҳаёти ширини ҳазорон бегуноҳон хотима гузошт. Ман ҳама вақт ҷангҷӯро чашми дидан надорам. Онҳоро сахт маҳкум мекунам. Ҷангу хунрезӣ, бадбиниву қасосгирӣ ягон вақт воситаи ҳалли муаммо нест. Ҷанг аслан, ки хоси инсони хуб нест. Ҳаётро Худованд ба бандааш медиҳад. Фақат вай ҳукуқ дорад амонаташро бозпас гирад. Аз байн бурдани ҳукми ҷазои олӣ — ҳукми қатл ҳам маҳз ба он хотир аст, ки танҳо Худованд чунин ҳуқуқ дорад.

Дар дунё бемориҳои бисёре ҳастанд. Баъзе намуди бемориҳое ҳастанд, ки табобаташон номумкин буда, табибон баҳри давои онҳо оҷизанд. Бемор солҳои зиёд азоби тоқатфарсо кашида, баъд вафот мекунад. Барои аз азобу дард раҳо кардани чунин беморон табибон пешниҳод карданд, ки ба воситаи сӯзандору зиндагияшонро қатъ бикунанд. Ин танҳо ба хотири аз азоби алим раҳо кардани беморони табобатнашаванда аст. Аммо ба чунин пешниҳод намояндагони се дини ҷаҳонӣ — ҳам буддоӣ, ҳам насронӣ ва ҳам ислом зид баромаданд. Ба он хотир, ки ҷонро фақат Худованд ато мекунад ва танҳо ӯ ҳуқуқи гирифтани онро дорад. Пас, аз рӯйи кадом қонуни шариат террористи худкуш шаҳид маҳсуб меёбад? Қурбонии чунин амалиётҳои нангини террористӣ фақат бегуноҳон ҳастанд, мактабхоне, ки ба дабистон меравад, модаре, ки кӯдакашро ба боғча мебарад, ё кампираке, ки барои гирифтани нафақааш ба бонк равон аст (ёд оред таркишҳоеро, ки дар маҳалҳои серодамтарин ба вуқӯъ пайвастанд, мисли метроҳо).

Тараққиёти босуръати ҷамъияти кунунии мо маънии онро дорад, ки мо бояд ба пеш ҳаракат кунем. Ба ояндаи нек замина гузорем, зеро ҳама вақт бояд ба марҳамати Худованд умед дошта бошем. Ватанамонро обод кунем. Хурофотпарастона ба қафо, ба асрҳои феодалӣ баргаштан маънии ба асорат афтоданро дорад, зеро ҷаҳолат натанҳо чашмро, балки дилро ҳам кӯр мекунад. Инсони кӯрдил ба чӣ қодир аст? Аз он ки дида наметавонад, нафси бетагаш чун аждаҳо туъмаи навбатияшро тамаъ мекунад. Моҳияти дониш парҳезгорист. Парҳез аз рафтору гуфтор ва андешаи бад. Парҳез аз нафси бад. Парҳез аз дилозориву ҷангҷӯйӣ. Беҳуда нагуфтаанд, аз дилозор Худо безор. Парҳез аз дурӯғу кина, аз адовату зино, аз ғайбату бахилӣ. Худованд бузург аст. Вай ниёз ба намозу рӯзаи мо надорад. Намозу рӯзадориро ҳам ба он хотир фармуда, ки иродаи инсон тарбия ёбад. Ришдорӣ худошиносӣ нест ва ё матои сиёҳро ба сару гардан печонидан моро парҳезгор намегардонад. Худованд тозагиро дӯст медорад. Инсон бояд ба одоби муоширату либоспӯшӣ ҳам аҳаммият диҳад. Сиёҳ ранги мотам аст. Вақте Худованд бандагонашро ба шукргузорӣ талқин мекунад, мотамдорӣ ношукрӣ нест?

Вақте руҳи одам аз ранги сиёҳ азият мекашад, ин ношукрӣ ба даргоҳи ӯ нест? Рисолати дин ҳамон вақт ба иҷро мерасад, ки агар пайравонаш инсонҳои имондор бошанд. Руҳу дилашон пок бошад. Рӯйи саҷҷода дилашон аз дидори Худованд ба тапиш ояд. Намозашон шукр ба неъматҳои

Худованд бошад. Нафаре, ки ба бузургии Худованд тан медиҳад, ӯ ҷоҳил намешавад. Ҷаҳолату хурофотӣ моли шайтон аст, васвасаи инсон бадбинии ӯст. Ба он набояд роҳ дод. “Қуръон” хондану аз рӯйи он амал накардан бузургтарин гуноҳ аст. Дар баробарии он, таассуб ҳам гуноҳ аст, зеро Худовандро бояд бо ақл шинохту бо дил дӯст дошт ва касе ҳуқуқ надорад аз номи ӯ ҳукм барорад. Тафаккури нави таълим бояд моҳияти тарбияро дар худ ғунҷоиш диҳад, зеро илм омӯхтану саводнок шудан шахсияти одамро комил мегардонад.

 Вақте Худованд саодати дубораи Истиқлолиятро ба мо арзонӣ дошт, мо бояд онро эҳтиёт бикунем. Сарзамини ҷонпайвандамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро сафару зиндагии муваққатӣ дар давлатҳои хориҷӣ хуб аст, аммо дар ягон гӯшаи дунё дили мо тинҷу ором нахоҳад шуд, зеро оромиши руҳи мо – Тоҷикистон аст. Вақте ҳар яки мо новобаста ба фаъолиятамон – фаррош ё мӯзадӯз, муаллим ё духтур, судя ё милиса, вазифаамонро бо масъулияти инсондӯстӣ ба анҷом расонем, дар Тоҷикистон ягон гӯшаи нообод намемонад. Фақат моро лозим аст, ки софдилона меҳнат бикунем. Як мушоҳидаи худро мегӯям: саҳар вақти корравӣ якчанд занро мебинам, ки нишаста, бозори ғайбатро метафсонанд. Назди ҳавлияшон чиркину норӯфта. Сари роҳ аз чойхона мегузарам. Дар он ҷо ҳам мардҳо аллакай баъди хондани намози бомдод нишастаанд. Вақти бозгашт айнан ҳамон манзара такрор мешавад. Мардҳо дар чойхонаву занҳо дар остонаи ҳавлӣ ва кӯча ҳамоно норӯфтаву чиркин. Ва агар борон борида бошад, ҳама ҷо лойолуд… Ҷавонзани ҳомилае аз бари роҳи чойхона мегузашт. Замин, ки лой буд, пояш лағжида, афтод. Ҳамаи мардҳои дар чойхона нишаста ба ҳоли вай бо овози баланд хандида, масхарааш карданд.

 Новобаста ба волоияти моддиёти заминӣ инсон ба арзишҳои маънавӣ ниёзманд аст. Вақте муҳаббати бузург чун нури илоҳӣ ба зиндагии мо ворид мегардад, зиёдтар эҳсос мекунем, ки дӯстдорӣ чи қудрате дорад, зеро зиндагиро маънӣ меҳр аст. Меҳре, ки неруямон мебахшад, то дар печутобу тазодҳои мухталиф асолати инсонии худро аз даст надиҳем ва имонамонро аз накукорию тавфиқ пурқувват намоем ва ситораи дурахшони зиндагиямонро дида тавонем.

Матлуба Ёрмирзоева, нависанда

Дигар хабарҳо