Асари тозае дар насри муосири тоҷик

Романи нави Нависандаи халқии  Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон мавзуи  муҳимми замони муосир ва таҳлили бадеии ташаккули инсонро дар шароити  дигаргуниҳои куллии иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор додааст ва ба забони фасеҳу шево нигошта шудааст.  Романи «Қасами Гиппократ» аз он  шаҳодат медиҳад, ки нависанда ба таҳлили психологии ҷаҳонбинию мақсадҳо ва тарзи зиндагии як қисми табибони тоҷик пардохтааст. Ӯ зиддияти наслҳоро дар  ҷомеае, ки дар ҳоли таҳаввул ва  дигаргуниҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ  мебошад, дар доираи як оила нишон медиҳад. Қаҳрамонҳо ва  персонажҳои роман ба ғайр аз  Хусравбек, падари ӯ Ашрафбек,  бародараш Анварбек, завҷааш  Мавзунабону, модараш, ҳамкоронаш ва шахсони дигаре ҳастанд, ки барои такмили воқеаҳо, таъйини нақши қаҳрамонҳои асосӣ хидмат кардаанд.

Қаҳрамони асосии асар Хусравбеки духтур аст, ки дар дармонгоҳи хусусӣ кор мекунад ва аз паи ҷамъоварии пулу чизу чора  мебошад ва ҳадафи ӯ аз касби табибӣ  пеш аз ҳама ба манфиати шахсӣ кор  кардан аст. Ӯ дар маҳаллаи Гулбаҳор  ду ҳавлиро харида, онҳоро якҷо мекунад ва аз паи сохтани қасри  дуошёнаи боҳашамат мешавад. Барои  Хусравбек бемор пеш аз ҳама манбаи  даромад мебошад ва аз аввалин  суҳбати ӯ бо бемор маълум мешавад,  ки дар назари ин табиб дороии шахси  муроҷиаткарда, яъне барои табобат  пул доштани ӯ, аҳамият дорад.

Хусравбек дар тасвири нависанда  инсони типи нав, тафаккури ӯ дар  замони иқтисоди бозаргонӣ ташаккул  ёфтааст, соҳиби пулу мол ва мақоми  иҷтимоӣ шудан мақсади дараҷаи аввали ӯ мебошад, на саломатии бемор ва муолиҷаи ӯ.

Нависанда кӯшиш мекунад аз оғози  роман воқеаҳоро тавре пайдарҳам  тасвир намояд, ки хислати қаҳрамони  асар возеҳтар гардад. Ин хислатҳои  қаҳрамони асар ҳангоми муколимааш бо завҷааш ва мизоҷон бештар  намоён мешавад. Чунончи, ҳангоми  навбатдории Хусравбек дар дармонгоҳ, марде бо писари бемораш меояд,  ки ба дарди шадиди шикам гирифтор  аст. Духтур баъд аз муоина мегӯяд, ки  ӯро таъҷилан ҷарроҳӣ кардан зарур  аст, вале қаблан бояд пули доруворро  супорад. Мард машғули мардикорӣ  будааст, чанд рӯз шудааст, ки дар хонаи як нафар сарватманд машғули кор  будааст, вале ҳанӯз музди корашро нагирифтааст. Бинобар ин аз Хусравбек  хоҳиш мекунад, ки писарашро зудтар  ҷарроҳӣ кунад ва пулро баъдтар оварда медиҳад. Духтур ба ин шарти ӯ розӣ  намешавад ва маслиҳат медиҳад, ки  таъҷилан писарашро ба ягон беморхонаи дигар барад, то ки кӯррӯдааш  накафад. Чун Хусравбек мефаҳмад,  ки ин мард ба корҳои сохтмон машғул  аст, пешниҳод мекунад, ки ба ивази  пули дорую дармон 200 то 250 метри  мураббаъи ҳавлиашро бо сафолакҳои  зебо оро диҳад. Мардикор розӣ мешавад ва мегӯяд, ки баъд аз ҳашт-даҳ  рӯз, кори ба зима гирифтаашро анҷом дода, баъдан ба ороиши ҳавлии духтур  машғул хоҳад шуд. Вале Хусравбек ба  ин шарт розӣ намешавад ва аз вазъи  душвори он мард истифода карда, аз  рӯзи дигар оғоз кардани корро талаб мекунад.

Дар тасвири ҳамин лаҳза низ нависанда бетафовутии қаҳрамони асарро  ба сарнавишти одамони бемор ва ба  манфиати худ истифода кардани ӯро  нишон медиҳад, ки ба хонандаи асар  таъсири ногувори он ҳолатро таҷассум  мекунад. Хусравбек ба он падари дар  чорсӯи фикру хаёл монда қотеъона ва  омирона мегӯяд: «– Не, усто, аз пагоҳ  дар ҳавлии ман кор мекунед, агар розӣ  набошед, марҳамат, ҳарчи зудтар писаратонро ба дигар беморхона баред,  ки дер нашавад». Он мард ноилоҷ ба  пешниҳоди духтур розӣ мешавад ва корҳои ҳавлии ӯро иҷро мекунад.

Нависанда ба воситаи идома додани хати сужети асосии роман, ки ба тасвири фаъолияти Хусравбек,  ташвишҳои сохтани қасру ороиши он,  харидани мошинҳои пурқимат вобаста  аст, хислатҳои гурӯҳе аз афроди ҷомеаро ифшо месозад, ки вазифаи асосии  инсонии худро фаромӯш кардаанд.  Онҳо низоми нави иҷтимоиро танҳо  дар доираи манфиатҳои шахсии худ  дарк мекунанд, вазифаи асосиашонро,  ки пештар аз ҳама ғамхорӣ ба инсони  эҳтиёҷманд аст, фаромӯш кардаанд.

Дар ин ҷиҳат хислату рафтори  падари Хусравбек – Ашрафбек, ки дар  замони шӯравӣ ӯ бепадар калон шуда,  бо заҳмат донишгоҳи тиббиро тамом  карда, табиби ҳозиқ шуда буд ва ба  аҳдофи олии инсонӣ ҳамеша содиқ  мондааст, ба хислату кордории писараш муқобил аст. Нависанда ба ин васила ду хислат, ду типи инсонро, ки дар  шароити иҷтимоии гуногун фаъолият  кардаанд, дидгоҳи онҳо ба оламу одам  ва арзишҳо гуногун аст, бо истифода аз  усули муколама ва монолог баён мекунад. Ашрафбек Давлатзода ботинан  азият мекашад, сабаби чунин вазъи ба  амал омадаро ҷустуҷӯ мекунад ва ба  хулоса меояд: «… ҳамин давраи бозаргонӣ рӯҳу дили ӯро харобу хаста кард:  ӯ, ки мудири шуъба буд, вазифадор  карда мешуд, ки ҳамроҳи духтурони  палатаҳо қариб ҳар сол ҳуҷраҳоро аз  ҳисоби худ таъмир кунанд ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин намоянд. Яъне  сардухтур рӯирост мудири шуъба ва  духтуронро ба ҷиноят, ба ришвагирӣ…  ҳидоят мекард». Бинобар ин Ашрафбек Давлатзода бо чунин вазъ  муросо карда натавонист ва кори духтуриро тарк кард.

Падар аз дигар шудани  арзишҳои зиндагӣ, ба разолату пастӣ рӯ овардани  писараш ва табибони ба ӯ  монанд дар азоб аст, бемориаш рӯз ба рӯз аз чунин фикрҳо сахттар мешавад. Вале  фарзандаш, бо вуҷуди муқобил будуни афкору ҷаҳонбиниашон, ба падару модар  меҳрубон аст, ҳамеша дар  паи саломатӣ ва хидмати  онҳост. Дар ин ҷо нависанда  бо вуҷуди тағйири арзишҳои  гузашта, дар оила ҳукмрон  будани баъзе муқаддасоти  миллӣ, махсусан эҳтироми  падару модарро ба воситаи  амалиёти қаҳрамонҳои асар зикр кардааст.

Маъруф Бобоҷон зиддияти ду насл, ду ҷаҳонбинӣ ва  ду тарзи зиндагию фаъолиятро нишон дода, образҳои  барҷаста офаридааст ва дар  ҷараёни тасвири воқеаҳо фаъолияти қаҳрамонҳои асар вусъат ёфта, конфликт дар сужети асар тезутунд мегардад.

Хати сужети дигари асар ба тафаккур ва тарзи зиндагии қаҳрамони дигар бародари Хусравбек –   Анварбек рабт дорад. Анварбек ба насиҳати падар гӯш накарда, аз таҳсил даст мекашад ва ниҳоят  касби ронандагии таксиро пешаи худ  қарор медиҳад ва бо зану фарзандонаш зиндагиаш ҳам то ҳадде таъмин  аст. Вале бо пешниҳоди кадом як шахс  ё қувваи номаълуме азми сафари ҳаҷ  мекунад. Аз тариқи шаҳри Алмаато  ба Маккаи мукаррама меравад, аз он ҷо ба падару аҳли оилааш расми  иҷрои маросими умраро мефиристад.  Баъдан маълум мешавад, ки мақсади  ӯ дигар будааст ва ба гурӯҳҳои ифротӣ,  ба муҷоҳидини Сурия мепайвандад.  Дар натиҷаи корҳои хуби мақомоти  амниятии кишвар аз сафи муҷоҳидон  ҷудо мешавад, вале ба Ватан барнамегардад ва зану фарзандҳояшро  даъват карда, муқими яке аз кишварҳои  Аврупо мешавад. Ин рафтори писари  дуввуми Давлатзода навъе аз фоҷиаи замон аст, ки ҷавонони сода ва  сустиродаро ба роҳҳои ғалат бурда,  иҷрокунандаи ҳадафҳои зиддиинсонии  қувваҳои носолим мегардонад.

Нависанда дар образҳои Ашрафбек  (падар), Хусравбек ва Анварбек тазоди ду бархурд ба зиндагӣ, ду тарзи  муносибат ба Ватанро ба қалам дода,  олами андешаҳои қаҳрамонҳоро дар  муборизаи психологии шадид тасвир  кардааст. Драматизми воқеаҳои асар  ҳангоме шадидтар мешавад, ки нависанда онро ба кулминатсияи тасвир меоварад ва воқеа чунин сурат мегирад:  Хусравбек дар клиника ба амалиёти  ҷарроҳӣ омодагӣ медид. Дар ҳамин  вақт ронандаи таксие маҷрӯҳеро, ки  дар тасодуми автомобил зарбаи сахт  дидааст, ба беморхонаи Хусравбек, ки  ба ҷои ҳодиса наздик будааст, меорад.  Ӯ ба Хусравбек муроҷиат мекунад, ки  бемореро, ки тасодуфан вохӯрда, ба ин  ҷо овардааст ва аҳволаш вазнин аст, зудтар бибинад ва кумак кунад. Дар  байн суханҳои ронанда ва Хусравбек  радду бадал мешаванд ва духтур ба  ронанда мегӯяд: – «Шумо медонед, ки шифохонаи мо хусусӣ. Шумо вай беморро ба шифохонаи «Ёрии таъҷилӣ»  ва ё ба дигар беморхонаи давлатӣ  баред». Ҳамин тавр, барои мутасаддӣ  надоштани маҷрӯҳ, ки ронанда овардааст, таваҷҷуҳ намекунад. Баъди  анҷоми кораш маълум мешавад, ки он  маҷрӯҳи дар тасодум афтода писараш  Парвизбек будааст ва дар натиҷаи бепарвоии падараш вафот кардааст. Ди гар оҳу нолаву фиғон фоидае надошт.  Хусравбеки писаргумкарда аз аъмоли  худ пушаймон, ин фоҷиаро натиҷаи  аз тарафи худи ӯ шикастани қасами  ёдкардааш медонист, ки дар тиб бо  номи «Қасами Гиппократ» машҳур аст  ва ҳангоми хатми донишгоҳи тиббӣ онро ёд карда буд.

Дар фуроварди сухан нависанда  хулосаи пандомӯзро аз он фоҷеа чунин баён мекунад: «Маълум мешавад,  ки дар ин дунё ҳар кор ҳадду мизони  муайян доштааст. Маълум мешавад,  ки қасамро шикастан гуноҳи кабира  будааст. Аз ҳад, ки гузаштию мизони  адлу инсофро фаромӯш кардӣ, ҷазо  мисоли раъду барқи осмонӣ ногузир  меояд. Ҳа, ҷазо аз қазо омад ва ба касофати Хусравбеки ғарраи касбу пулу  молшуда, Худо яккаву ягона писар ва меросхӯри хонадонро гирифт».

Метавон гуфт, ки романи «Қасами  Гиппократ»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон бозёфти тозае  дар насри имрӯзаи тоҷик мебошад,  он аз равнақи эҷодӣ ва боло рафтани  маҳорати тасвирнигории бадеӣ ва  образофаринии нависанда шаҳодат  медиҳад.

Кароматулло ОЛИМЗОДА,
академик

Дигар хабарҳо