100-солагии «Одина»-и устод Айнӣ
30 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи ««Одина»-и устод Айнӣ – сароғози жанри қисса дар адабиёти муосири тоҷик» доир гашт. Гардонандаи чорабинӣ муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар суханронии ифтитоҳӣ оид ба ин асар нуктаҳои ҷолиб баён дошт. Номбурда, аз ҷумла, зикр намуд, ки бори аввал соли 1924 ин қисса дар рўзномаи «Овози тоҷик» чоп шуд ва баъди се сол дар шакли китоб ба нашр расид. Адабиётшинос Аламхон Кўчарзода дар мавзуи ««Одина» – аввалин повест дар адабиёти муосири тоҷик» маъруза пешниҳод кард ва ба саволҳои иштирокдорони конфронс посух гуфт. Дар қисмати музокира Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, пажуҳишгар Абдураҳмон Абдуманнон, адибон Юнус Юсуфӣ, Салими Зарафшонфар, Сироҷиддин Икромӣ ва дигарон дар бораи қиссаи «Одина» андешаҳои худро изҳор намуданд. Ба гуфтаи Абдулҳамид Самад, «Одина» хишти аввалини насри реалистии адабиёти муосири мо ба шумор меравад. Дар вақташ Сотим Улуғзода дар китоби худ «Субҳи ҷавонии мо» оварда буд, ки бори аввал ширинии забони тоҷикиро дар «Одина» фаҳмидаам. Абдураҳмони Абдуманнон дар бораи забони асарҳои Садриддин Айнӣ сухан карда, гуфт, ки нусхаҳои интиқодии ҳам «Одина», ҳам «Дохунда» ва мақолаҳои устод барои омўхтани таърихи ташаккули забони меъёри мо муҳимманд. — Маълум аст, ки повести «Одина» таҷрибаи нахустин дар насри бадеии адабиёти муосири мо мебошад. Айнӣ шакл, сурат ва сохти қиссаи навро пешниҳод кард. Забону баён ва тасвирҳои ў ба ҳама фаҳмо мебошанд, — гуфт Юнус Юсуфӣ. Сироҷиддин Икромӣ аз пажуҳишҳои оид ба повести «Одина» суратёфта андеша баён намуда, таъкид кард: — Навиштаҳое, ки ба таври васеъ паҳлуҳои гуногуни повести «Одина»-ро мавриди баррасиву пажуҳиш қарор додаанд, аз Раҳим Ҳошиманд. Дар мақолаҳои «Адабиёти инқилобии тоҷик» , «Якумин қиссаи инқилобии тоҷик – «Одина» аз қимати ин асар ёдовар шудааст. Салими Зарафшонфар пешниҳод кард, ки аз ҷониби Маркази тарҷумаи бадеии ИНТ бори дигар повести «Одина» дар шакли асл, бе ихтисору таҳриф ба дигар забонҳо тарҷума карда шавад. Иштирокдорони конфронс 100-солагии нашри повести «Одина»-ро муҳим арзёбӣ намуданд.