ّАз ашъори Исмоил Зарифӣ

 Шоири шинохта Исмоил Зарифӣ 70-сола шуд

* * *

Софии арзу само аз ваҳдат аст,
Ханда бар лабҳои мо аз ваҳдат аст.

Осмони поку доим беғубор,
Тори дилҳо хушнаво аз ваҳдат аст.

Чашмаҳои оби ширин чун асал
Дилпазиру дилрабо аз ваҳдат аст.

Чашми серу хони пурнозу наъим,
Боғҳои пурсафо аз ваҳдат аст.

Шаҳру деҳу хонаи ободи мо
Пурфурӯғу пурҷило аз ваҳдат аст.

Баҳри мо ваҳдат чу як дорушшифост,
Дардҳоро сад даво аз ваҳдат аст.

Бемуҳобо, зиндагии чун шакар,
Сидқу ихлосу вафо аз ваҳдат аст.

Тоҷикистони азизам, шод бош,
Бар сарат нуру зиё аз ваҳдат аст.

 

Истиқлоли тоҷик

Чу бинам тифлаки хушҳоли тоҷик,
Намоям шукри Истиқлоли тоҷик.

Ҳаминам бас, ки соҳибмеҳанам ман,
Тафохур мекунам з-иқболи тоҷик.

Чу ҳар боре бихонам шеъри Ҳофиз,
Назар дӯзам фақат бар фоли тоҷик.

Давоми Оли Сомони бузургам,
Давоми ман бувад аз оли тоҷик.

Аҷоиб мардуми меҳмоннавоз аст,
Биё, бингар, ту истиқболи тоҷик.

Пайи парвози роҳи орзуҳо
Қавӣ бошад ҳамеша боли тоҷик.

Зафарэҷоду ҳам собитқадам гашт,
Чу субҳ испед шуд аъмоли тоҷик.

* * *

Чун замин ту яктоӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Дилкашу дилороӣ, эй зан, эй зани тоҷик!

Кокулони хушбӯят накҳати суман дорад,
Гулбуни сумансоӣ, эй зан, эй зани тоҷик!

Он қадар ту волоӣ, аз парӣ ту болоӣ,
Бар фаришта ҳамтоӣ, эй зан, эй зани тоҷик!

Дида аз тамошоят ҳеҷ гаҳ нагардад сер,
Нури чашми биноӣ, эй зан, эй зани тоҷик!

Оташи фурӯзонӣ, кони лутфу эҳсонӣ,
Ту фузун зи дунёӣ, эй зан, эй зани тоҷик.

Дар ниҳоди ту пинҳон сад китоби маъниҳост,
Шаҳкитоби маъноӣ, эй зан, эй зани тоҷик!

Дар ҷаҳони муштоқӣ, дар вафо аҷаб тоқӣ,
Моми Пури Синоӣ, эй зан, эй зани тоҷик!

Ҳар ҳуруфи ту бошад раҳкушои роҳи ман,
Олими тавоноӣ, эй зан, эй зани тоҷик!

Ҷуз ту кас намебошад посдори суннатҳо,
Раҳнаварди фардоӣ, эй зан, эй зани тоҷик!

 

      Маро чун тоҷикистонӣ садо кун

Маро, эй дӯст, хатлонӣ садо кун!
Ба меҳри дил бадахшонӣ садо кун!

Зи Дарвозам, зи Хоруғам, зи Ванҷам,
Биёву ҳамчу вахёнӣ садо кун!

Ба ҷонам дӯст дорам Бохтарро,
Маро фарзанди ёвонӣ садо кун!

Чаманпарвардаи ин обу хокам,
Маро аз насли Сомонӣ садо кун!

Агарчанде ки ман аз Левакандам,
Ба поси сидқ рӯмонӣ садо кун.

Хуҷандиям, ҳисориям, зи Аштам,
Ба маҳфил ҳамчу раштонӣ садо кун!

Зи Дарбандам, валекин дар набандам,
Маро шери найистонӣ садо кун!

Зи Киштӯдам, зи Ворӯи латифам,
Табассум созу рухшонӣ садо кун!

Наям ман ёри нонӣ аз бароят,
Шафиқу ҳамдами ҷонӣ садо кун!

Манам пазмони рӯи беғуборат,
Ту ҳам моро ба пазмонӣ садо кун!

Зи Масчоҳам, ба Фалғар реша дорам,
Дилат хоҳад, зарафшонӣ садо кун!

Маро аз Исфара, ё Истаравшан,
Ба ҳар номе, ки медонӣ, садо кун!

Чу меборад ба сар борони меҳрат,
Маро бо шеъри боронӣ садо кун!

Душанбе қиблаи армони ман шуд,
Маро чун тоҷикистонӣ садо кун!

Дигар хабарҳо