Ҷумъабой Азизқулов: 90 сол дар назарам 90 рӯз ҳам наметобад

 Ҷумъабой Азизқулов: 90 сол дар назарам 90 рӯз ҳам наметобад

Ба муносибати 90-солагии адабиётшинос ва тарҷумон

Ин мусоҳиба чанд рӯз қабл аз фавти адабиётшинос, муҳаққиқ, му­наққид, мутарҷим ва олими шинохта Ҷумъабой Азизқулов сурат гирифта буд. Дар ин мусоҳиба роҷеъ ба ада­биётшиносӣ, ҳунари тарҷумонӣ ва шахсияту осори Ҷумъабой Азизқу­лов сухан рафтааст.

– Устод, нақши волидонро дар ташаккули шахсияти худ чӣ андоза меҳисобед?

– Падару модарам деҳқононе хок­пош беш набуданд. Лек барои соҳиб­маърифат гардонидани фарзандони худ тамоми шароитро муҳайё месох­танд.

Ва агар нақши ҳамсарро дар ташак­кули шахсияти эҷодии ман дар назар дошта бошед, ӯ эҷодкор ҳам набуд, бо эҷод пайвандӣ ҳам надошт. Ҳамсарам як бонуи кӯҳистонӣ буд (руҳаш шод!). Аз раванди фаъолияти ман чизе фаҳм намекард. Аммо бисёр ҳалим буд ва агарчи интеллигент набуд, соҳибхона­зане бафарҳанг буд. Хеле дар раванди фаъолияти ман мусоидат мекард.

– Риштаи пайванди худро бо шахсиятҳои варзидаи илму адаб чӣ гуна дарёфтед ва аз ин пештар, та­ваҷҷуҳи Шумо ба адабиёти классик ва адабиёти муосир чӣ тавр буд?

– Омӯзиши адабиёти классикӣ аз оғози таҳсил дар донишгоҳ васеътар шуд. Дар ёд дорам, вақте кори дипло­миамро аз “Бӯстон”-и Саъдӣ навиштам, муаллим Ҳусейнзода хонда, хеле шод гаштанд ва маро ба ин самт роҳнамоӣ кардаву оварда ҳам ин бузургвор бу­данд.

Вале ҳине ба Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт омадам, дар қисмати ада­биёти муосир фаъолиятамро ба роҳ мондам. Муддате ин ҷо будам. Баъд ба Маскав барои такмили ихтисос ва ҳимояи рисолаи номзадӣ рахти сафар бастам. Муаллим Шукуров, ки роҳбари илмӣ буданд, гуфтанд, мавзуе барои ҳимоя пешниҳод кунед.

Аз адабиёти муосир “Ҳаёт ва эҷо­диёти Ҳамдӣ”-ро пешниҳод кардам, ки дар омади гап, он замону ин замон дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамдишинос набуду то ба ҳол нест.

Вале муаллим Шукуров гуфтанд:

– Ҳамдӣ ҷонро дар ҷавонӣ ба ҳақ супурд, эҷодиёташ кам аст, натиҷае ба бор намедиҳад.

Хулоса, баъдан дар мавзуи “Синдбоднома”-и Заҳирии Самарқан­дӣ” соли 1974 рисолаи номзадӣ ҳимоя кардам.

– Шумо Айнишинос низ ҳастед. Устод Айнӣ, ба гуфти худашон, “чорчӯбаи назм тангӣ карду” ба наср гузаштанд. Гуфта мета­вонед, ки ин шарофат бо кадом бартариятҳо маҳз ба устод Айнӣ насиб гардид?

– Хусусият ва бартарии устод Айнӣ ин аст, ки фарзанди замон буданд ва равиши замонро хеле хуб ҳис мекар­данд. Хуб дарк намуда буданд, ки он чи замона талаб дорад, дар доираи назм ғунҷонда намешавад, ё мебояд “Шоҳнома”-е дигар навишт ва ё роҳ дигар кард.

– Мегӯянд, дар таълифи ада­биёти тоҷик, махсусан адабиёти даврони муосир нақши адибону нависандагони бурунмарзӣ хеле афзун аст. Шумо дар ин боб чӣ гуфтанӣ доред?

– Бале, илму адаби замони шуравии тоҷикро Ҳукумати Советӣ ба қолаб даровард. Хидмати ин ҳукумат дар ра­ванди рушди адабиёти кулли мамолики шуравӣ нозудуданист. Аммо нақши фарзонафарзандони замон ҳам хеле афзун аст. Агар мо худ чизе намебу­дем, ҳеҷ шахсе ва ҳеҷ ҳукумате аз мо чизе сохта наметавонист.

– Солҳо шогирдии Муҳаммад Осимиро кардед ва шарафи ҳам­нишинии эшонро доред. Нақши ӯро ҳамчун роҳбар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Ба андешаи банда, шуҳрат ва мавқеву маърифати академик Осимӣ беҳисоб буду ҳаст. Зиндаёд бо мамо­ниати зиёде аз ҷониби аъзои академия ба курсии роҳбарии Академияи илмҳо нишаста буд, вале бо мурури замон ҳама дарёфтанд, ки Осимӣ роҳбари сазовор ва арзандаи ин муассисаи илмӣ мебошад. Вай марди кордону тараққихоҳе буд.

Академик Осимӣ ғамхору пушти­бони забон ва фарҳанги миллӣ буд. Ин ҷиҳати фаъолияташ дар кори Кумитаи истилоҳот, ки раисиашро ба уҳда дошту банда низ узви раёсати он будам, хеле зиёд эҳсос мегардид. Устод ягонагии забони форсиро дар се кишвари ҳамзабону шарикфарҳанг ҷонибдорӣ мекард.

Шабу рӯз дар фикр ва ғами фарҳан­ги миллат буд.

– Дар бораи Ҷумъа Одина чӣ на­зар доред?

– Ҷумъабой ғурури баланд дошт ва назди ҳеҷ кас сар хам намекард. Яъне мисли падараш буд.

Китоби нотамоми Ҷумъа Одина “Искандари Мақдунӣ” баъди зиндагиро падруд гуфтани муаллифаш дар яке аз шумораҳои маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуду маро дар ҳайрат гузошт. Зеро, аз гуфти худаш, аз замоне ки доир ба ин ҷаҳонгир асаре навиштан дар майнааш мечархидааст, фурсати зиёде нагузашта буд. Вай ин корро бо ҳама моҷароҳои вобаста ба романи «Гузашти айём» рухдода, мутародиф пеш мебурдааст. Вале сар карду ба поён расонда натавонист. Ҳол он ки Убайд Раҷаб мегуфт, ки Ҷумъа Оди­на эпопеяи «Искандари Мақдунӣ»-ро нияти дар 5 китоб ба поён расондан доштааст. Зинда мебуд… Гар замона ба оқилон умр медод, адабиёт ба кайҳон мерасид…

– Фаъолияти Шумо аз муҳаққиқӣ ба мутарҷимӣ пайванд мехӯрад. Чӣ Шуморо ба ин савқ дод?

– Дар замони Шуравӣ нашриётҳо барои тарҷума музди хуб медоданд ва сабаби ҷон коҳонида, ба ин кор машғул шудани тарҷумонҳои шинохтаву адибо­ни бонуфуз ҳам ҳамин буд.

Ман, ки аз ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта ба тарҷумонӣ машғул ҳастам, дар доираҳои табъу нашр эътироф гардида будам ва ҳам аз идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳам нашриётҳои «Ирфон», «Маориф» ва баъдтар «Адиб» барои тарҷума бе­малол китоб мегирифтам, зеро он вақт нашриёт ба ҳар кас китоб намедод. Тарҷумаи “асарҳои табъи дил” машғу­лияти иловагии писандидаам буд.

Дар он солҳо асар, ки ба дасти шоистагон барои тарҷума мерасид, ба сифати баланд тарҷумаву баргар­дон мешуд ва хонанда базавқ мехонд. Бубинед, асарҳои тарҷумавии солҳои 50-80-ум чӣ гуна хонанда доранд.

– Ба навиштани тақриз, нақ­ду баррасӣ ҳам пардохта будед, фаъолияти матншиносиатон ҳам густарда аст. Буданд ҳолатҳое, ки назари Шумо мавриди қабули ин­тиқодшудагон қарор намегирифт?

– Албатта. Аммо ҳама вақт мекӯ­шидам, то норасоиву нуктаҳои маҳини бархаторафтаро баргирифта, далел­нок кунам, ки худро дар назди интиқод­шуда муҳофизат карда тавонам.

Чун пурсидед, воқеаеро ба шумо ҳи­коят кунам: соли 1986 дар шумораҳои 10 ва 11-и маҷаллаи «Садои Шарқ» романи «Фирдавсӣ»-и устод Улуғзода ба чоп расид. Хондам, эродҳои зиёде пайдо шуд. Назди муаллимам Муҳам­мадҷон Шукуров рафта, ибрози андеша кардам.

Он кас гуфтанд:

– Оре, эродҳоят ҷиддӣ будаанд, ба худи нависанда гӯй.

Гуфтам:

– Мегӯянд, ки он кас мағруру назар­баланданд, мабодо боиси ранҷишашон шавад.

Гуфтанд:

– Не, ба гапи маъқул гӯш медиҳанд.

Аз хонаи муаллим Шукуров занг зада, матлабро баён кардам. Улуғзода гуфтанд:

– Хуб шудааст, фардо соати шаши бегоҳ, вале на бештар аз як соат вақт дорам.

Дар соати ваъдагӣ ҳозир шудам. Дар ибтидои суҳбат пай бурдам, ки аз рӯи одоб ба гапам гӯш дода исто­даанд. Лекин ду-се эроди қавитар ба миён омада буд, ки сар боло карданду гуфтанд:

– Сабр кунед.

Бархостанд, дафтар оварданд, айнак ба чашм гузоштанду ба забон омаданд:

– Аз ибтидо сар кунед.

Ман саҳифа ба саҳифа андешаҳо­ямро ба миён гузоштам, он кас эроду далелҳои маро сабт карданд, ки як дафтари мактабӣ пур шуд. Даме суҳ­бат ба поён расид, дидам, соат қариби даҳ аст.

Ҷое буд, ки ба осонӣ розӣ намешу­данд, вале дар муқобили далелҳо сар мефуроварданд. Масалан, ба ибораи «ароз кардан» эрод гирифтам, ки аз ҳад лаҳҷагист. Гуфтанд:

– Ин калимаро хуш дорам, тобиши маъноиаш баланд аст.

Гуфтам:

– Шумо итминон доред, ки дар асри Х, дар замони Фирдавсӣ ҳам ин ибора роиҷ буда бошад (шакли дурусти ада­бии ароз – эъроз аст).

– Шуд, – табассум кардаву гуфтанд.

Романи «Фирдавсӣ»-ро соли 1988 нашриёти «Адиб» чоп кард. Дидам, ислоҳ кардаанд (дар маҷалла «ароз мекунад» буд, дар китоб «меситезад» шудааст).

– Боре аз тақризи навиштаи худ пушаймон шудаед?

– Не. Ҳеҷ вақт пушаймон нашудаам.

– Беҳтарин асаре, ки тарҷума кардаед?

– Ярослав Гашек, “Саргузашти сар­бози чолок”. Ин асар беҳтарин асари ҷаҳонӣ ва писандидатарин тарҷумаи банда аст.

– Тасҳеҳу баргардони машҳурта­рин китобҳои олам, ба мисли “Са­маки айёр”, “Саҳеҳ-ал-Бухорӣ”, “Се мушкетёр” ва даҳҳои дигар ба қала­ми Шумо тааллуқ доранд. Ва, аслан, агар аз ин се асари алоҳида бигӯем, се нигоҳ, се жанр, се самтро дар бар гирифтаанд. Мушкилие набуд?

– Бале, аз нигоҳи жанру усули баён се хатти алоҳидаанд, аммо ба оне ки донандаи хуби забон аст, мушкилӣ бошад ҳам, кам аст. Огоҳии хуби забон ва тобишҳову гӯйиши он ба кори му­тарҷиму мусаҳҳеҳ хеле осонӣ меорад.

– Аз адабиёти замони истиқлол чӣ андоза воқиф ҳастед?

– Хуб воқиф нестам. Он чӣ ба дастам мерасад, мутолиа мекунам, аммо дигар қувваи ҷустуҷӯи китобро надорам.

– Дар умри гузашта сахтӣ ка­шидаед?

– Давраи ҷавониам ба беморӣ гу­зашт.

– Бузургтарин дарсе, ки дар тули умр бардоштед?

– Чунон зиндагӣ бинмо, ки аз паси тобутат душманат низ бигиряд.

– Бузургтарин шоир аз назари Шумо?

– Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз…

– Буданд лаҳзаҳое дар зиндагӣ, ки мехоҳед фаромӯшашон кунед?

– Лаҳзаҳое буданд, ки ба тарбияи фарзанд кам камар бастам. Ва имрӯз ду писари ман, гарчанде дар ҷомеа мавқеи хешро ёфтанд, аммо китоб намехонанд… Кош мешуд, ки бар гуза­шта рафтаву меҳри китобро бар қалби фарзандонам сахттар ҷой медодам.

– Дар танҳоиҳо ба чӣ меанде­шед?

– Бар гузашти айём…

–  Дар инсон чиро меписандед?

– Ростгӯиву ростқавлиро.

– Аз чӣ нафрат доред?

– Аз одамони демагог, ки аз худ фозил метарошанд.

–Лаҳзаҳое буданд, ки аз худ ха­ста шуда бошед?

– Аз Худои таоло шукргузору розӣ ҳастам, ки ба банда рӯзгори нағз дод. Ҳар чизе, ки мехостам, ба даст овар­дам, ҳар коре, ки дар тавонам буд, ба сомон расонидам. Буданд ошуфтаҳо­лиҳо, лек бо дидани самараи кор ҳамаи он бартараф мегардид.

Аммо таафссуф мехӯрам, ки имрӯз коре карда наметавонам, қалам бар­дошта наметавонам, китоб хонда наметавонам.

–Орзуе доред, ки то ҳол амалӣ нашудааст?

– Ду орзу: яке мехостам хотиро­тамро гулчин намуда, дар ҳаҷми 4 китоб ёддоштҳо бинависам; ва дигарӣ луғатномаи форсӣ омода созам, ки оригинал бошад; Аммо ҳазорон афсус, ки дигар бар сари мизи корӣ нишаста наметавонам…

– Имрӯз ба чӣ меандешед?

– Имрӯз? Аз бебақоии умр: 90 сол умр дидам, лек чун ба пас менигарам, 90 рӯз наметобад…

Мусоҳиб Меҳрофари Наҷиб

Дигар хабарҳо