ҶУМАНОВ АМОНБОЙ

 ҶУМАНОВ АМОНБОЙ

АМОНБОЙ ҶУМАНОВ 5 январи соли 1943 дар деҳаи Якуми Майи деҳшӯрои Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи № 79 ноҳия, соли 1961, дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров таҳсилро идома додааст. Солҳои 1963-1966 хизмати ҳарбиро ба ҷой оварда, баъди адои он ба ҷумҳурӣ баргашта, донишкадаро ба фарҷом расонда, соли 1968 фаъолияти меҳнатияшро ба ҳайси омӯзгор оғоз намудааст. Аввал дар мактаби миёнаи № 31 ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, баъдан дар мактаби миёнаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси омӯзгор, мудири қисми илмӣ ва директор фаъолият бурдааст.

Солҳои 1994-1999 мухбири рӯзномаи «Халқ овози» («Совет Тожикистони») буда, фаъолияташро аз соли 2002 дар рӯзномаи «Устоз» идома додааст.

Аз овони донишҷӯйӣ машғули фаъолияти эҷодӣ буда, офаридаҳояш дар авроқи китобҳои «Қисматдан қочиб бӯлмас» (1994), «Яшашнинг маъноси» (2002) ва ғ. интишор ёфтаанд.

Ба ҳайси методист-омӯзгори дараҷаи олӣ оид ба масоили гуногуни таълиму тарбия дар мактаб мақолаҳо навишта, дар офаридани васоити методӣ ҳиссагузорӣ кардааст. Муаллифи албому рисолаҳои «Ҳаёт ва эҷодиёти Ӯлмас Ҷамол» (2002), «Ҳаёт ва эҷодиёти Сулаймон Эрматов» (2003), «Она диёр мадҳи» (оид ба ҳаёту эҷодиёти нависанда Қосим Мамадҷонов; 2003) мебошад.

Қариб 40 сол аст, ки дар ҷодаи тарҷумаи бадеӣ заҳмат кашида, чандин ҳикояи адибони рус, белорус, қабардину балқар, озарбойҷон, қирғиз, нависандаҳои пешқадами ҷаҳонро ба ӯзбекӣ гардондааст. Як қатор ҳикояҳои Ҳ.Карим, Р.Ҷалил, Ҷ.Икромӣ, А.Шукӯҳӣ, П.Толис, Ф.Муҳаммадиев, Ҷ.Одина, Ҳ.Содиқ, Б.Ортиқ, С.Турсун, И.Файзулло, М.Хоҷаев, Ҷ.Акобиров, С.Салоҳ, Р.Амонов, С.Ғанӣ, Б.Ғанӣ, Д.Эгамов, вақтҳои ахир роману қиссаву ҳикояҳои М.Бахтӣ «Пирамард», А.Самадов «Маҳбус»-у «Рӯдапо», М.Наҷмиддинов «Ширмоҳ», Ӯ.Кӯҳзод «Гудоз», Сорбон «Марди танҳо», Баҳманёр «Дуди ҳасрат», А.Рабиев «Аспи охирин»-ро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

Нашриёти «Чӯлпон»-и Тошканд (1990) афсонаҳои халқи тоҷикро дар тарҷумаи ӯ (ҳамроҳи Ҳ.Ҳомидов) бо номи «Қайсар чумчуқ» («Гунҷишки якрав») дар 150 ҳазор нусха ва пандномаи «Бо кӣ бояд дӯстӣ варзид»-и Ҳусайн Воизи Кошифиро (1992) ба теъдоди зиёде мунташир намудааст. Ҳамчунин, мутарҷими китобҳои дарсии «Тожик халқи таърихи» («Таърихи халқи тоҷик»; ҳамроҳи И.Давлатов), «География» ва «Дин таърихи» («Таърихи дин») мебошад.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо