Ҷуз ишқи Ватан дар дили мо чизи дигар нест

Андешаҳо перомуни шеъри ватанхоҳонаи Нусратулло Бобоев

Муҳаббати Ватан аз худшиносӣ  сарчашма мегирад ва худшиносии  миллӣ дар адабиёти тоҷик, чунонки  Рустам Ваҳҳобзода қайд мекунад:  “Яке аз муҳимтарин мавзуъҳо ва ҳамчунин муҳимтарин рисолати адабиёти  воломақоми форсии тоҷикӣ мебошад,  ки аз нахустин даврони пайдоиши он то кунун, сарфи назар аз афкору  ақоид, сиёсатҳои иҷтимоӣ, инқилобҳои таърихӣ, султаҳои фарҳангӣ ва буҳронҳои маънавии гуногун меҳварияти худро дар матни афкори  адабӣ ё худ фалсафаи адабиёт ҳифз  намудааст”.

Ин аст, ки имрӯз дар замони  соҳибистиқлолӣ шоирону нависандагон ҳисси худшиносӣ ва ифтихори  миллиро бештар дар ниҳоди худ сабз  намуда, дар тавсифи марзу бум бо  муҳаббати зиёд сухан мегӯянд. Ба  қавли устод Худоӣ Шариф: «Мавзуи  Ватан аз баҳсҳои доимии шеъру адаб  аст ва ҳарчанд дар тули асру замонҳо  маънои он ба тағйиру таҳаввуле дучор  шудааст, моҳияти он – дӯст доштани  Ватан ва муҳофизати он кам тағйир  ёфтааст. Роҳҳои баёни ин мавзуъ  хеле гуногун мебошанд ва шоирони  мо ҳам ҳар яке онро бо роҳу равиши  хос, баробари донишу салиқаи сухани худ гуфтаанд”.

Нусратулло Бобоев (Тилло) аз  зумраи шоиронест, ки дар ашъори ӯ тараннуми Ватан ва худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи бештар дорад.  Шоири ватансаро бо диду нигоҳи тоза  ба олами шеъру адабиёт ворид шуда,  ба ҳадди камол расида, дар шеърҳои хеш ҳаёту зиндагиро бо ҳама бурду бохт инъикос мекунад ва ба риштаи  тасвир мекашад. Шеъри дилнишини  шоир бо забони баёни рангин ва дар қолабҳои гуногун пешниҳод мешавад,  ки аз маҳорати нигорандагии вай дарак медиҳад.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар пешгуфтори китоби Нусратулло  Бобоев “Лолаи боми Ватан” (Душанбе,  2021) қайд мекунад, ки: “Сухани Нусратулло монанди сухани касе нест, басе ҷонсӯзу ҷонсозу равонгудоз, басе муҳаббатомӯзу муҳаббатафрӯз”.  Воқеан ҳам чунин аст, шеърҳои ватанхоҳонаи шоир ҷонсӯзу ҷонсозтаранд.

Ҷуз ишқи Ватан дар дили  мо чизи дигар нест,
Мо ошиқи номи Ватан астем,  ҳамин бас.

Ҷозиба ва ҷилваи шеъри ватанхоҳонаи шоир дар он аст, ки эҳсоси  гарми ватандӯстӣ калима ба калима,  таркиб ба таркиб баёни зебо пайдо мекунад:

Ассалом, эй замини бобоӣ,
Зодгоҳи саодатам, Ворух!
Модари чашмбарраҳи фарзанд,
Чашмасори муҳаббатам, Ворух!

Аслан, ҳамеша шоирон дар тараннуми Ватану ватандӯстӣ аз ҷузъ ба кулл мераванд ва бо тасвироти  нозуку хаёлпарвар моро ба хурдтарин  ҷузъиёти ватандорӣ ошно месозанд.  Мафҳуми Ватан барои Нусратулло аз  остонаи хонаи падар, аз зодгоҳ – Ворухи азизаш оғоз меёбад. Вақте шоир “Ворух мегӯяд, дар оинахонаи шеъраш  ҳама рустои худро мебинанд, гузару  маҳаллаву ошёни ҷонпайванди худро,  марзу буми аҷдодии худро ҷузъи азизи  Ватанро, ки оинадори кулли Ватан  аст”, — мегӯяд Фарзона. Вақте шоир  “Оҳ, бар ҳар манзари Ворух дилам гум  мезанад” мегӯяд, аз муҳаббати Тоҷикистони азизаш сухан оғоз мекунад:

Оҳ, бар ҳар манзари Ворух дилам гум мезанад,
Аз сараш то охири Ворух  дилам гум мезанад.

Шеъри ӯ тарғибгари ғояҳои дӯстию  ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ормонҳои миллии халқи тоҷик аст ва ободиву  озодии Тоҷикистонро таҷассум менамояд. Шоир ба ситоиши сулҳу дӯстӣ, арҷгузорӣ ба Истиқлол, Ваҳдати миллӣ, тараннуми баҳору Наврӯз таваҷҷуҳи бештар дорад ва бо маҳорати  хос ин ҳамаро хеле самимӣ ба риштаи тасвир мекашад:

Наврӯзи нав омад ба диёри куҳанам,
Аммо мани бебаҳор дур  аз Ватанам.

Дурии Ватан, тараннуми сарзамини аҷдодӣ дар ҳама анвои шеъри  шоир ҳузури ҳамешагӣ дорад. Қисмати зиёди ашъоре, ки ба васфи Ватан  бахшида шудаанд, ба гиромидошту  арҷгузории Тоҷикистони муқаддаси мо ихтисос доранд:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Модари раҳинтизорам!
Ман туро аз дурҳо бо ҳасрату оҳ
Ёд хоҳам кард.
Аз барат рафтан намехоҳам, 
Вале, афсӯс, маҷбурам,
Баски дуриихтиёрам, дор маъзурам.

Аъшори шоири ватансаро хонандаро бар ин андеша муътақид  месозад, ки дӯст доштани Ватан аз  имон ва садоқат аст. Ватан танҳо марзе нест, ки мо имрӯз дар он зиндагӣ  мекунем, Ватан маҷмуи арзишҳои  маънавии гузашта аст, ки аз ниёгон  ба мо расидааст ва арҷгузорӣ ба ин  мерос вазифаи муқаддаси мост. Дар  шеъри “Дарди ишқ” мо ҳамин ғоя ва  муҳаббати шоирро дарк мекунем.  Шоир дарди ишқи хешро ишқи Ватан ном мениҳад:

Дарде азобам медиҳад шабҳо,
Аз шиддати ин дард хобам нест,
Эй вой, тобам нест…
Бемориям сахт асту сангин аст,
Музмин шуда дигар.
Ташхисгарҳо номи дардамро
Гуфтанд бо лабханд:
– Ин “Тоҷикистон” аст.

Аслан, рисолати адабиёт ва ҳунар бозтобу тараннуми симои ҳақиқии  миллат, сарзамин ва шахсиятҳои  барҷастаи маънавӣ мебошад. Гиромидошт ва ҳимояти ҳамин арзишҳо дар шеъри Нусратулло Бобоев бо  ифтихори баланд ва нангу номуси миллӣ ифода ёфтаанд:

Гузаштанҳо зи ҳад бигзашт, бас дигар гузашти мо!
Набояд дӯзахие по гузорад бар биҳишти мо! 

Ватан бо табиати зебову нозанин,  кӯҳсори сарбаафлок, боғу бӯстони  пурнеъмат, чашмаҳои ҷӯшону дарёҳои хурӯшонаш шоирро илҳоми тоза ба тоза медиҳад.  Шоир меҳру муҳаббати хешро ба василаи каломи дилошӯбу пуртаъсир тасвир менамояд:

Мо ҳама аз Тоҷикистонем,
Реша-реша, барг-баргу шоха-шоха
Аз дарахти ишқбори Ориёнем.

Зимнан гуфтанист, ки тараннуми Ватан, ҳифзи марзу бум ва худшиносии миллӣ дар шеърҳои шоир ҳамҷоя  бо маҳорати баланди эҷодкориву ҳунарӣ офарида шудаанд. Тахайюли  шоир фароху пурғунҷоиш буда, Ватан  бо ҳама бузургию шаҳомати худ дар  шеъри вай маъво гирифтааст, ки мегӯяд:

Ба ғайри ишқи Ватан набвадам ҳавои дигар,
Ки ғайри он ҳама ишқе ҳавасту ҳавас аст.

Мусаллам аст, ки дар замони  Истиқлол Ватан дар ашъори шоирони  муосир моҳиятан хусусияти миллӣ  касб намуд ва ба зодгоҳу диёри мушаххас иртибот пайдо кард. Тахайюли ғайриинтизори шоир дар шеъри “Саломи видоъ” муассирии шеърро таъмин намудааст. Шоир ҳангоми са- фар ба Ватани азизи хеш чун модари  азиз муроҷиат мекунад ва дуои сафар мепурсад:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Боз як фарзанди ту азми сафар дорад,
Рӯй бар шаҳри дигар дорад.

Бӯса кун пешонияшрову дуо деҳ,
То ба манзил дар расад ӯ.
Бе шикасту рехт, бе осебу озор.

Як дуо деҳ,
То Худо бошад мададгораш.

Дар ашъори шоир тасвири деҳаи азизаш – Ворух манзараҳои он, кӯҳу чашмасор, марғзору лолазори Ватан дар алоқамандӣ бо масоили иҷтимоиву таърихӣ ба манзари тасвир кашида  шуда, мафҳуми Ватан ва диёру зодгоҳ  дар онҳо пора-пора ва ҷузъ-ҷузъ ташреҳ меёбанд:

Мешунавам зи чор сӯ ҳанги хари маҳалгаро,
Дарди сарам, ба ростӣ, аз асари маҳалгаро.
Вусъати диди ӯ ҳамон тангии чашми сӯзан аст,
Кулли ҷаҳон маҳаллаест дар назари маҳалгаро.

Чуноне ки зикраш рафт, Ватан дар шеъри Нусратулло Бобоев мафҳумҳои густурдатарро дар бар мегирад, ки аз забон, таърих, тамаддун оғоз гирифта, ба табиат, рӯду кӯҳистон, дашту саҳрову одамон интиқол  меёбад. Мулоҳизаи ватанхоҳонаи  шоир бо дарки эҳсоси масъулият аст.  Сухани шоир ифтихори хушку холӣ  нест:

Эй Тоҷикистонам!
Дарди ту бо ман то даруни гӯр хоҳад рафт,
Дарди туро ман то даҳони гӯр хоҳам гуфт,
Бо дардҳоят андаруни гӯр хоҳам хуфт.

Ҷолиб он аст, ки сабки баён дар  шеърҳои шоир печида ба ибҳому маҷозу таркибот нест, забони шеъри ӯ сода аст, аммо дар ин содагӣ маъниву тасвирҳои ҷолиб ва хотирмон бозтоби зебои хешро пайдо кардаанд. Шеърҳояш бо он, ки зодаи тахайюли ӯянд, аз ҳақиқати иҷтимоӣ холӣ нестанд. Бозтоби ҳақиқати зиндагӣ дар нигоштаҳои  ватанхоҳонаи шоири хушбаён бештар  ба назар мерасад. Чуноне ки Муҳаммадалии Аҷамӣ қайд мекунад: “Ҷараёни андеша, фикр ва тафаккури шоир агар бар калимот, тасвир, ранг, маъно,  ибҳом, маҷоз… мусаллат бошад, ин  ҷараён метавонад дар вуҷуди шеър,  дар тамоми шеър худнамоӣ кунад”.  Ҷараёни фикр, тафаккур ва ҳунари тасвиргарии шоир дар шеърҳо равшан  ҳувайдост. Андеша ва баёни равон  дар шеъри Нусратулло “бе сактаву  ҳамвору хушобу мубаррост”. Воқеан,  истифодаи забон дар шеъри шоир  ҳунармандона сурат гирифтааст.  Шоир истифодаи дурусти вожаҳоро  медонад, вусъати истифодаи калимот  дар шеъраш аз огоҳии комили вай  дарак медиҳад. Дар шеъраш забони  зиндаи мардум ҳузури фаровон дорад, чунончи:

Аз дилат гар то Самарқанд аст роҳе,
Дар дилат гар аз  Бухоро ҳаст оҳе,
Кардаӣ бар Сӯх агар боре нигоҳе,
Дарди моро баъд мефаҳмӣ.

Дар шеърҳои маҷмуаи ашъори шоир мо садоқат ба суннатҳои деринаи адабиётро эҳсос мекунем, аслҷӯиву аслпарастии ӯ дар ҳунари шоир ва  имконоти шеър шоистаи тавсиф аст.  Равиши баён дар шеър аз нигоҳи хос  ва муҳаббати шоир ба мавзуи Ватан  дарак медиҳад. Истиқлоли назари  шоир дар ин радиф низ сутуданист.  Ӯ ба мавзуъҳои умдаи миллат ва  сарзамин дидгоҳ ва хулосаҳои хешро  баён месозад ва ин нуқтаву назарҳо  ба афкори кулл мубаддал мешавад, зеро ҳарфи дили хонанда аст.

Бо итминон метавон гуфт, ки шеърҳои дар мавзӯи Ватан ва ифтихори миллӣ сурудаи шоири хушзавқ  ва боистеъдод Нусратулло Бобоев  аз меҳру муҳаббати беандоза нисбат  ба Ватани азиз оғоз шуда, шоир аз  дӯстдориву муҳаббати беканораш  нисбат ба меҳани азизаш илҳоми тоза ба тоза мегирад. Дарки моҳият ва асли афкори шеърҳои ватанхоҳонаи ӯ  бозгӯи он аст, ки ба шеърҳои шоир нигоҳи дақиқ ва ҳисси баланди шоирона  таъсири мондагор мегузорад. Нигоҳи  хос, бозёфтҳо ва бардоштҳои нав ба  шеъри ӯ руҳ мебахшанд. Шоир дар заминаи баёни масоили иҷтиомӣ низ ба  тараннуми ишқи Ватан мепардозад, ки аз тасвир ва ҷанбаҳои ҳунарӣ шодоб аст. Муносибати мантиқӣ ба муҳтавои  баёншаванда, ки бо эҳсоси баланд  пайванд дорад, хеле ҷолиб аст. Нигаҳ  доштани фасоҳати калому балоғати  сухан аз зарфияти ҳунарии шоир  башорат медиҳад. Муҳимтар аз ҳама  тараннуми Ватан, марзу бум, миллат  ва худшиносии миллӣ дар шеъраш  самимист ва лабрези эҳсосу андеша.

Сурайё Ҳакимова,
номзади илмҳои филологӣ

Дигар хабарҳо