Ҷашни 70-солагии шоир Тағойназари Бақо

Ба муносибати 70-солагии шоир Тағойназари Бақо рӯзи 17-уми феврал дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Ин маҳфилро Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифтитоҳ карда, дар бораи вежагиҳои ҳунарии соҳибҷашн сухан ронд. Ба гуфтаи ӯ, шеърҳои Тағойназари Бақо ба ашъори Бозор Собир ҳамхонӣ дошта, бори маънии зиёд доранд. Бурди шоир корбурди вожаҳои заминӣ мебошад.
Дар идома профессор Аламхон Кӯчарзода ба ашъори Тағойназари Бақо чашмандоз намуда, аз бозёфтҳои шоиронаи мавсуф ёдоварӣ ва эҷоди варо шеъри ҳолат арзёбӣ кард.
Ҳамчунин дар ин маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, адибон Давлати Раҳмониён, Равшан Махсумзод, Сафар Амирхон, Иззатбек Идизода, Бузургмеҳри Ҳаким ва дигарон ибрози андеша намуданд.
Тағойназари Бақо муаллифи китобҳои ашъори «Чашмаи сангӣ» (1999), «Суруди сапедадам» (2002), «Шабдизи ғурур» (2005) ва «Пайки Пушинг» (2021) мебошад. Мавсуф омӯзгори пуртаҷрибаву варзида низ буда, бештари умри пурбаракаташро сарфи таълиму тарбияти хонандагон кардааст. Аз кори шоирӣ низ лаҳзае фориғ нашуда, ҳамеша бо садоқат хома рондааст.