Ҷашни бошукӯҳи шоири баркамол

 Ҷашни бошукӯҳи шоири баркамол

Рӯзи 25-уми декабр дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло маҳфили шеъру суруд баргузор шуд.

Маҳфилро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз бахшида, Камол Насруллоро аз шоирони муваффақи ватансаро арзёбӣ кард.

– Шоирони зиёде дар ситоиши Ватан, Истиқлол ва Ваҳдат шеър гуфтаанд, аммо шеъри Камол Насрулло бо тозагӣ ва перояҳои ҳунарӣ фарқ мекунад. Ӯ, воқеан, яке аз муваффақтарин шоирони муосири тоҷик аст”, – гуфт Низом Қосим.

Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафарзода дар суханронии табрикии худ Камол Насруллоро аз шоироне номид, ки бо ковишҳои тозаи ҳунарӣ дар адабиёти тоҷик аз дигарон фарқ мекунад. – Камол Насрулло мушоҳидакори беҳтарин аст, бинобар ин, дар шеъраш бозёфтҳои тоза зиёд мебошанд. Ӯ шоире аст, ки шеър намесозад, аз пайи шеър намедавад, балки шеър ба суроғаш меояд.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ Камол Насруллоро аз зумраи адибоне ҳисобид, ки номи устодонро пос медорад. – Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода моҳи декабри соли 1977 боз шуд. Он рӯз Камол ҳам дар ҳамин минбар меистод. Ҳамагӣ ду моҳ аз марги устод Турсунзода, ки Камол низ дуои ӯро гирифтааст, гузашта буд. Яке аз онҳое, ки номи чунин устодони бузургро пос медорад ва корашонро идома мебахшад, Камол Насрулло аст, – таъкид намуд Гулрухсор ва пешниҳод кард, ки месазад ба Камол Насрулло барои китобҳои пажуҳишияш унвони академикӣ дода шавад.

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар навбати худ ба он ишора дошт, ки Камол Насрулло дар адабиёти муосири тоҷик бо сабки хос дар дилу дидаи хонандагон ҷой гирифтаааст ва афзуд: – Вақте Камол Насрулло “Тоҷикистонро дигар қисмат макун” гуфт, мардуми мо рӯзҳои душворро паси сар мекард. Шоир дар он лаҳзаҳои ҳассос ҳаммеҳанонро ба бунёди Тоҷикистони воҳид даъват кард. Ва ин даъваташ дар тамоми ашъори баъдинааш садо медиҳад. Дар тамоми шеърҳои ӯ ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ садои баланд дорад.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб зикр кард. Номи Камол Насрулло дар радифи номи шоирони бузурги муосир қарор дорад. Тавре ӯ иброз дошт, Камол фидоии адабиёт аст. Ду китоби тозааш, ки фарогири нақди шеъри муосир мебошад, натиҷаи заҳмати бисёрсолаи ӯст. Чӣ қадар вақт мебояд, ки ҳазорон саҳифа шеър хонӣ ва дар бораи он андеша карда, ба нақд кашӣ… Кӣ ин корро мекунад?! Фақат фидоие чун Камол Насрулло.

Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ, ки қаламкаши ҳамнасли Камол Насрулло мебошад, аз хотираҳои овони ҷавонӣ нақл карда, таъкид дошт, ки Камол Насрулло дуои устодони адабиётро гирифта, ба мартабаҳои баланд расидааст.

Шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур Камол Насруллоро раҳкушову раҳнамои ҷавонадибон номида, чунин овард, ки даҳҳо шоири ҷавон аз устод Камол Насрулло некӣ дидаанд. Он кас ҳамеша ҷавононро дастгирӣ мекунанд.

Як гурӯҳ ҳамдеҳагони вай аз Панҷрӯд ба табрики Камол Насрулло омаданд, ки аз номи онҳо директори Маҷмааи ёдгории “Оромгоҳи устод Рӯдакӣ” Шодимурод Ҷумъаев шоирро табрик гуфта, ӯро вориси арзандаи Рӯдакӣ баршумурд.

Дар маҳфили 75-солагии Камол Насрулло ҳунармандон Саидқул Билолов, Афзалшо Шодиев, Умари Темур, Алишер Қаноатзода, Гулпарӣ Орифзода, Сумбула Ҳасанова аз эҷодиёти шоир сурудҳо хонданд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир яке аз шеърҳои Камол Насруллоро ба сабки хос қироат намуд.

Дигар хабарҳо