ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ШӮРОҲОИ НАЗМ ВА НАҚДИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН
Дар саросари маҷмӯаҳои мазкур нишоне аз шеър, тахайюли шоирӣ, забону баёни равон ва воситаҳои тасвир ба чашм намехӯрад. ҳама ҷо харобии вазну ғалати қофия, бетаносубиву бемантиқӣ, забону баёни кӯчабозорӣ ва имолаву ҳашви фаровон ба назар мерасаду бас.
Ба ин пораҳои харобвазн (харобмазмун низ!) таваҷҷуҳ кунед:
Ту хуни ман, ки ҳастӣ, лоиқи (?) офаринӣ,
Дар чашм ҳусни тоза, дар сина беҳтаринӣ.
Бинӣ, ватансароӣ дар авҷи савти булбул, (?)
Дар чеҳра душманашро бинӣ чу нақши бӯрё (?)
Ту кушо чашми хирад,мардуми ин хона бубин,
Баҳри хона ҳаваси худиву (?) бегона бубин. (?)
Ту, ки санҷида ҳама нашъаи рӯзгоронӣ, (?)
Ҳама пастиву баландии Ватан медонӣ.
Масҷиду (?) мактабҳои мо,
Ин кӯшкҳо, ин қасрҳо.
Ин растаҳои дилкушо,
Ободиҳо (?) монд аз Шумо.
Ҳар супориши (?) Ватан қонун будӣ,
Қалби пурдардаш агарчӣ хун будӣ.
Мехоҳӣ агар донӣ (?) маро, ёри вафодор,
Ҷуз ёди ту бар сар, парирухсор (?), надорам.
Биё, ки як ҳисори тоза бунёд (?) мешавад ин ҷо,
Аҷаб шаҳре ба тарзи тоза обод (?) мешавад ин ҷо,
Ҳама андешаи мардум, ки озод (?) мешавад ин ҷо,
Биё, Усмон, ки дилҳомамнуну (?) шод (?) мешавад ин ҷо,
Шиорам баски ободист, корамро тамошо кун.
Сухани ин гӯянда бештар баёни мардуми безавқи кӯчаву бозорро мемонад, ки нишонае аз бадеият надорад ва, тавре ки дида шуд, дар навиштаҳояш камтарин талаботи кори шоирӣриоят нашудааст.
Эй ҳамватан, ба номат як нома меҳр дорам,
Боз о, ки номаамро бар дасти ту супорам.
Ин номаи тасалло аз қалби ихтиёрам,
Ин нома ҳарфи некист аз қалби ифтихорам.
Агар ду мисраи аввал гапҳои одии такрор бошанд, аз ибораҳои «қалби ихтиёр»-у «қалби ифтихор»-и байти сонӣ маъние ҳосил намешавад.
Бинам, ки дар ватан тухуд бемалол бошӣ,
Бо чеҳраи шукуфта дар арзи ҳол бошӣ, (?)
Эй ҳамватан, дигар туин ҷо камол (?) бошӣ,
Дигар ҷавоби ҳар як пурсу савол бошӣ. (?)
Бин, аз дари идора (?)баромад ёрум,
Ҳам ҷӯраи акамаю ҳам хушдорум.
Мардум меган ҳисор мерад Усмон,
Эй акаи ҷон, ҷӯрата дӯсташ (?) дорум.
Эй муборакчеҳра, эй ҳамҷинси гул,
Эй ба сабти гомат овози дуҳул, (?)
Эй ба барги оразат ислоҳи мул, (?)
Ман чӣ созам, то туро бошад қабул?
Аз мисраъҳои дувуму севум чизе наметавон фаҳмид ва дар мисраи охир қофия ғалат аст!
То ба ин хубӣ ту маъмул гаштаӣ,
Балки зеботар зи ҳар гул гаштаӣ,
Бо кадомин кор машғул гаштаӣ,
Ман чӣ созам, то туро бошад қабул?
Мисраи аввал бемаъниву дувум бисёр содалавҳона аст ва калимаҳои «маъмул»-у «машғул» дар вазн намегунҷанд.
Намунае дигар аз «ашъори» кӯчабозории муаллиф:
Эй очаи ҷон, отаи ҷон, очаи ҷон, (?)
Тарбия намуда даҳ нафар фарзандон.
То дасти мадад шавем дар пиритон,
Мо аз паи кори худ, шумо саргардон. (?!)
Дигар:
Ҳашаркунӣ ривоҷ буд, (?)
Дархури ҳар мизоҷ буд. (?)
Мардуми деҳаҳоро,
Ба ҳашар эҳтиёҷ буд… (?)
Шабҳо тарабхона рафт,
Духтари оқипадар.
Баъди ду-се ҳафта шуд,
Фоҳишаи дар ба дар.
Бар сари саҳна (?) омад,
Нимлучу нимпӯшида. (??)
Нофу шикам (??) намоён,
Ҳам бангу май нӯшида…
Агар ин сатрҳои подарҳаво ба ҳисоботи милисаи минтақавӣ монанд бошад, сатрҳои бештар подарҳавои поин ҷорномаи (рекламаи) мақомоти маҳаллиро ба хотир меорад:
Минфини мо оқилай,
Донову ҳам фозилай.
Дар тақсими нафақа,
Дурандешу одилай.
Маълум аст, ки ин қаламкаш васвосии шеър гуфтан аст, хушомадгӯёни атрофаш ба ин «амали хайр» талқинаш мекунанд, чунки гарди ин «осиё» ба онҳо мерасад ва мудҳиш он аст, ки ин ҳама ба маъниву мантиқ ва ҳадафи шеър коре надоранд!
Бо амри Худо китоб бинвиштам ман, (!)
Хондан варақаш савоб бинвиштам ман. (?!)
То халқ ба рақс ояду хурсанд шавад,
Бо чангу наю рубоб бинвиштам ман.
Бо қалам, бо завқу ҳунару мантиқу маънӣ не, бо чангу наю рубоб навиштани китоб воқеан ихтирои ин китобнавис аст!
Ҳанноти байналмилалиеро бо тамоми ҳастӣ (ва бо вазну мантиқи хароб) васф ва тарғибу ташвиқ карданаш далели дигар бар ин аст:
Бисёр хуш аст Бобаки Занҷонӣ,
Такрор хуш аст Бобаки Занҷонӣ.
Чун пораи нони ӯ чашидем,
ҳар бор хуш аст Бобаки Занҷонӣ.
Эй хайрнадида, хайри ӯ бин,
Сад бор хуш аст Бобаки Занҷонӣ.
ҳарчанд бадии ӯ бигӯянд,
Ин бор хуш аст Бобаки Занҷонӣ.
Дар ҳалқаи одамони пулдор,
Пулдор хуш аст Бобаки Занҷонӣ. (!?)
Усмон ба ту меҳри хоса дорад,
Дидор хуш аст, Бобаки Занҷонӣ.
Акнун, ки симои ин «китобҳои шеър» ва «шоираш» андак аён шуд, ба пешгуфтор рӯ меорем, чунки муаллифи он У. Сабзову китобашро (бе ҳеҷ далел!) ба осмонҳо мебардорад.
Нигориши пешгуфтор барои аҳли завқ ҳамеша кори ҷиддӣ, пурмасъулият аст, бахусус барои маҷмӯаҳои шеър. Пеш аз ҳама, маҷмӯа аз ашъоре бояд мураттаб шуда бошад, ки барои эҷоди пешгуфтор ё дебоча илҳом бубахшад. Яъне он аз сифату кайфияти қаламиҳо бармеояд, на баръакс. Мутаассифона, чандест, ки ин кор тавре «равнақ» ёфта ва ба дасти касоне афтода, ки хокаш бод шудааст.Он чи чунинҳо менависанд, ба муҳтавои китоб рабте надорад ва бо ғаразҳое иншо мешавад. Сухани муаллифро «пухта» муаррифӣ мекунанду маълум мегардад, ки бо чашмпӯшиҳои муҳарриру нигорандаи пешгуфтор шеърҳо бисёр нопухта, аслан ноҳамвор ва тамоман парешонанд. Ашъорро «рангин аст» мегӯянду хонанда ҷилваву рангеро аз онҳо пайдо намекунад.
Аз чунин навиштаҳо, ки нигоранда на бо дарназардошти завқу салиқаи муаллиф, на ноҷӯриҳои хеле зиёди мантиқию услубӣ, харобии вазн, балки танҳо бо дарназардошти мансабу вазифаи «шоир» пешниҳод намудааст, метавон пешгуфтори Султонмуроди Одина «Сухангӯи собитқадам»-ро (ба китоби Усмон Сабзов) намуна овард.
С. Одина, ки ба пешгуфтораш чунин номи бадвоҳима гузоштааст, боре ҳам аз навиштаҳои муаллиф мисол намеорад, вале ҷумлаҳояш саропо аз таърифу тамҷид, саногӯиву тавсифҳои бебунёд иборатанд. Чунончи, ӯ навиштааст, ки: «Муаллифи ин китобро аз даврони (?) мактабхониаш медонам. ҳамон замон ҳам наврасе буд серғайрат, дар талош, ҷустуҷӯ. Солҳои минбаъд дар баробари таҳсил, кор дар мақомоти ҷавонон, назорати халқӣ, дастгоҳи ҳизбӣ, эҷоди қонун дар мақомоти қонунгузор, дар барномаи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, идоракунии давлатӣ, дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, аз эҷоди назму наср (?) даст накашидааст.»
Шояд нигоранда ба хонандагон таъкид карданист, ки муаллиф шахсияти одӣ нест ва навиштаҳояшро шӯхӣ напиндоред? Номгӯи корҳояш, шояд хуб аст, вале кош гуфта мешуд, ки онҳо барои болоравии завқу салиқааш, таъсирбахшу зебо шудани каломаш чӣ мададе расондаанд! На, аз ин чизҳо хабаре нест. Ишораи С. Одина, ки «аз эҷоду назму наср даст накашидааст» чӣ тобишу маъное касб накардааст!?
С. Одина сипас давом медиҳад: «Борҳо шоҳид будем, ки барои иншои меҳрнома, васфи зиндагию танқиди камбудиҳои ҳаёт дучори сарзанишҳо гаштаю кинояю гӯшона шунидааст, аммо дар ҷону вуҷуду хуну батну (?) тафаккураш Худованд ин дарди ширини ифодакунандаи афкору андешаро лоиқ ки дониста буд, зӯран «табобат» накарду (?!) аз қаламу коғаз даст накашид». Маълум аст, ки агар муаллиф ҳунармандонаву зебо, барҷову дилрас меҳрнома бигӯяд, васфи зиндагию танқиди камбудиҳои ҳаётро бикунад, ҳеч хонандаи боҳушу бозавқе «кинояю гӯшона» намекунад! Аммо ҳанӯз ҳам бисёр касон ҷаласаи чанд сол қабл доиршудаи ҳукумати ҷумҳуриро ёд доранд, ки зимни баррасии кори роҳбарии Усмон Сабзов Сарвари давлат ӯро махсус ҳушдор дод, ки дигар «шеър нанависад!», касе ба «шеъри» ӯ муҳтоҷ нест! Кулли адибон медонанд, ки Президенти муҳтарами мо ҳамеша бо завқу истеъдоди олии хеш сараро аз носара ҷудо мекунанд, моли ҳақиқии адабиётро мешиносанд. Муносибати Сарвари давлат ба сухан, адабиёт, ба аҳли сухан, адабиётшиносон ва мунаққидон намунаи олии муносибат ба адабиёт мебошад ва агар У. Сабзов ба он маслиҳати оқилона гӯш медоду фирефтаи мураттибону муҳаррирони безавқу манфиатҷӯи зери дасташ намешуд, ба ин ҳол намеафтод.
Дар ҷойи дигар муаллифи пешгуфтор гуфтааст: «Усмон Сабзов дарди дили худ, эҳсоси яклаҳзаинаашро (?) дар қолаби шеър рӯи коғаз мебарораду (?) ба атрофиён (?) пешкаш мекунад. Мавзӯъҳои интихобкардааш пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ифтихор аз Ватани азиз, Тоҷикистони биҳиштосо, аз Сарвари худододи он, ки ҷомеаро ба ибтидое (?) овард, давлати тоҷиконро поянда сохт, рӯзу шаб, дар роҳи ободии кишвар ва озодии комили он мубориза бурду дар талош аст».
Нависанда бо ин ҷумлаи бесарунӯги умумӣ (ки хабар надорад!) бар он андеша аст, ки муаллифро ситоиш кардааст, вале баръакс аст. «Эҳсоси яклаҳзаина» магар эҳсоси зудгузар, бебунёд нест? «ӯ дарди ҷомеаро беибо ба риштаи назм мекашад» гуфтан ба чӣ далел аст? Калимаву ибораҳое чун «дарди ҷомеа», «ба риштаи назм кашидан», боз «беибо» анҷом додани ин амал ҷуз дағдағаву воҳимаи беасос чист?
Ва боз ӯ навиштааст: «Гоҳо гилагузориҳо дорад, аммо ин гила (гилагузориҳо?) аз ношукрии дӯстону наздикон (?), нотавонбину ҳасудон аст, ки чашми дидани ободии диёр, талоши фарзандони баори онро надоранд».
Аммо навиштаҳои шоир аз ин даста аҳаммияти адабӣ ва тарбиявӣ касб накардаанд. Мавзӯъҳои маҳалгароӣ, бахилӣ, муҳоҷират, ҷанги шаҳрвандӣ, иттиҳод… ҳеҷ бозтоби бадеӣнадоранд, суханони обшуставу забонзадаву маълуманд, мулоҳизаҳои содалавҳонаи кӯчагианд.
Эй бародарҷон ба роҳи рост рав,
Мисли як(?) инсон, ба роҳи рост рав…
Ту напар бар осмон, дар ин замин
Мисли Усмонаш (?) ба роҳи рост рав.
Баъди чунин ҳазёнҳои рӯирост Султонмуроди Одина якбора «мефармояд»: «Сухани муаллиф пухта, гуфтаҳояш дар қолаби шеъри анъанавӣ суфта, лутфаш бо саноеи бадеӣомехта, ҳарфаш нишонрасу номусовар (?). Ибораи «Лутфаш бо саноеи бадеӣ омехта» аз кадом китобҳои пешин бардошта шудааст? ҳарчанд, нависанда иртиботи ин таърифро ба китоб собит накардааст, ақаллан «ороста…» менавишт, ҷумлааш беғалат мешуд.
Дар бораи он ки чӣ гуна ашъоре метавонад диққати ҳаводорони сухани нобро ба худ бикашад, низ нависандаи пешгуфтор мулоҳиза ронда, эълон мекунад, ки «Усмон Сабзов ҳаёти ҳамарӯзаи (?) ҷомеаро мавзӯи ашъори худ қарор додаву дар ҳавзаи адабии ҳисор (шояд) ва ҷумҳурӣ (шубҳанок аст!) дер боз (шубҳаноктар!) бо ашъори рангини худ (исбот мехоҳад!) диққати ҳаводорони сухани (на камтар аз ин!) нобро (дар ин китоб осораш нест!) ба худ кашида». Оё С. Одинаи мафтуни «сухани ноб»-и Сабзов роҷеъ ба эҷодиёти муаллиф назарпурсие анҷом додааст, ки аз номи доираи васеи завқмандони шеър ҳукм мекунад? Дар таърихи адабиётшиносию нақди адабии замони мо кӣ ёд дорад, ки донишманд ё адиби воқеие холисона дар хусуси навиштаҳои Усмон Сабзов чизе гуфтааст? Дар куҷо ҳаводорони ашъори ноб роҷеъ ба Усмон Сабзов чизе хондаанд?
Азбаски китобҳои мавриди назар дар замони раиси ноҳияи ҳисор будани У.Сабзов чоп шудаанд, нависандаи пешгуфтор мавриди муносиб ҷуста, суханро ба таърихи доираи адабии ҳисор мекашад ва шоирии раиси ноҳияро бо шоирии Тоҳири Чағонӣ (XVIII-IX), ҳошим Султон, Абдол Султон (XV), ки воқеан дуи охир аз ҳеч гуна нуфузи шоирӣ бархурдор набуданд, қиёс кардааст. Вале ин ҷо Тоҳири Чағонӣ, ки ҳамасри устод Рӯдакӣ ва дорои ҷойгоҳи арзандаи адабӣ, соҳибқареҳа ва шоири хуб будааст, чӣ гуноҳ дорад? Аз сӯи дигар, ин падида на махсуси доираи адабии ҳисор, балки дар Бухоро, қӯқанд, Самарқанд, Шероз (Шоҳ Шуҷоиддинро ба хотир меорем, ки ҳокими Шероз ва ҳамзамони ҳофиз буд) низ роиҷ будааст. С. Одина номи Мирзо Турсунзодаро зикр намуда, номҳои дигар эҷодкорони муосири ноҳияро (аксаран тасодуфӣ!) ба он мечаспонад ва дар бораи давоми анъанаи дерини адабӣ сухан ба миён меорад. Дар баробари номи устод Мирзо Турсунзода чидани номи чеҳраҳои дигар ва ба хидмати ин шоири миллию ҷаҳонии тоҷикон баробар шумурдани корҳои эшон бисёр безавқонаву беинсофона аст. Аз пешгуфтор мехонем: «Дар қарнҳои охир адибони пухтакор устод Мирзо Турсунзода, Собири Шоҳонӣ, Фатҳуллои Азиз, ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ, Саидалии Саид ва дигарон (?) он анъанаро давом додаанд». Кадом анъанаро? Оё анъанаи ҳокимиву шоириро? Пешгуфторнавис фикрашро давом медиҳад: «Усмон Сабзов, ки алъон раиси (раисии!) ноҳияи ҳисорро ба уҳда дорад, давомдиҳандаи ин анъанот аст».
С. Одина натанҳо оид ба «пухтаву суфта» будани навиштаҳои Усмон Сабзов бебунёд ҳарф мезанад, балки худ дар пешгуфтораш, ки аз бист ҷумла иборат аст, ба пухтагиву суфтагии баён заррае диққат намедиҳад. Мисол: «ӯ сидқан (?) бо тамоми вуҷуд (?) шеър мегӯяд ва хонандаи нозукбин аз он (ин?) маҷмӯа, ки шеърҳои солҳои охир (!) эҷодкардаи ӯро дар бар мегирад, аз маҳорат, ҳунар ва меҳру муҳаббати ӯро (ӯ!) нисбати (нисбат ба!) сухан, Ватан, диёр, сарвар (Сарвар?) дарёфт карда метавонад (?!)». Маҳорат дар шоирӣ сухани дилчаспу шоирона овардан, риояи комили авзон, дурусту омӯзанда овардани маънову лафз нест магар? Вақте ки дар навиштаҳои муаллиф ба ғалатҳои зиёди вазн, таносуб, мантиқ, музахрафоту ҳазёнҳои рӯирост вомехӯред, магар бовар мекунед ба таърифҳои осмониву беасоси ин сарсуханнависи нохондакитоб?
Нависандаи ин пешгуфтор содалавҳона «меҳру муҳаббати» муаллифро нисбат ба Ватан далели шоир буданаш шумурдааст, ки бебунёд аст! Далели муҳаббати ҳақиқии шоир ба Ватан, ба миллат, ба давлат танҳо истеъдод, завқи баланд ва масъулияти ҷиддии ӯст!
Ин мунаққиди навбаромад дар охири пешгуфтораш ҷумлаеро меорад, ки ҳамон сон басо саросема, нопухта иншо шуда, чун саросари ин навиштаи зӯракӣ сару нӯг надорад: «Умедворем, ки ин китоб дари (?) роҳи эҷодии (?) ин адиби хушкаломро васеъ мекушояд (?) ва минбаъд хонандагони ташнаи сухани ноб (?) бо асарҳои тозаи ӯ ошно мешаванд».
Тавре ки дар китоб омадааст, он дар асоси нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии ҳисор (банди 1 қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2013, №337!)чоп шудааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро дар ин нақша китобҳои фарзандони номдори ин диёр — Мирзо Турсунзода, ҳабибулло Назаров, Носирҷон Маъсумӣ… ё навқаламони умедбахши ноҳия роҳ наёфтаву навиштаҷоти хому бенизоми Усмон Сабзов роҳ ёфта? ҷавоб сода аст: чунки ӯ раиси ноҳия буд.
Саволҳо боз ҳам ҳастанд: оё муҳаррири ин «китоб» ҳидаятулло Раҳмонӣ, аз рӯи инсоф, ин китобро хондааст? Агар хонда бошад, чаро бо чунин ҳол ба чопаш иҷоза додааст?
Ба ин гуфтаҳо сарсухани ҳ.Раҳмонӣ ба «китоб»-и дувуми У.Сабзов далел аст. ӯ дар сарсуханаш бо номи баланду фиребандаи «Шеър ва шоир» (!) менависад, ки китобҳои бисёре хондаву китобҳои бисёре навиштааст, лекин, таваҷҷуҳ кунед, танҳо баъди хондани ашъори У.Сабзов фаҳмидааст, ки шеър чисту шоир кист! Оё муғамбирии аён нест, ки шеъри оламгири ҳазорсоларо нодида мегираду ба хотири чизе навиштаҳои хомеро ба осмон мебардорад? «…Боз хондам», — мафтунона менависад ҳ.Раҳмонӣ ва мисол меорад: «Бахт ин ҷо бин, ки сарҳад мекашад, Кӯҳ ин ҷо ҳар замон қад мекашад… Ин дар назари банда шеъре буд аз умқи, бақавли муаллиф, сарҳади андеша. Мушоҳидае буд на аз диди чашм (?), балки аз нигоҳи тафаккур (!), аз шарораи нигоҳе, ки на ба ҳар шоир мансуб аст» (!) Мураттиби муҳтарам, ибораи «сарҳад кашидани бахт» маънии одӣ ҳам надорад ва ибораи «қад кашидани кӯҳ» аз маънии шоирона дур аст, шоир ақаллан мегӯяд, ки кӯҳи ғурур ё кӯҳи ҳиммат қад кашид!
Мураттиби бечора аз ин гуна навиштаҳои хому норавон обу адо шуда, ба ҷустуҷӯи «шоир» меафтад (Ин ҳам муғамбирии рӯирост аст, вагарна масъули бахши ноҳиявии Иттифоқи нависандагон (!) магар раиси ноҳияро намедонаду намешиносад?!) ва дар роҳи ҷустуҷӯ ба ин «шоҳкор» рӯбарӯ мешавад:
Эй ҷумла гурӯҳи мардумозор,
К-андешаи хуш намебарӣ кор.
Андешаи ту пайи зиён аст,
Аз ту бирасад ба халқ озор.
Аввалан, ибораи «ҷумла гурӯҳ» бемаънист, сониян, оё ин суханони одиву обшустаи бетаъсир ба чунин тарғиби мафтунона меарзанд?!
Мавриди зикр аст, ки гилакунӣ, таъназанӣ, айбҷӯиву айбмонӣ аз «мавзӯъҳои» дӯстдоштаи китобҳои бешумори У.Сабзов аст. Гӯё тамоми дунё зидди ӯянд, ҳама ба ӯ ҳасад мебаранд, халал мерасонанд, намемонанд, ки ниятҳои бузургашро амалӣ созад! Мураттибу пешгуфторнависи волаву шайдо ин гуна «шеърҳоро» чунин «оқилона» шарҳу тафсир мекунад: «Шоир ин ҷо мардумро ба сулҳу дӯстӣ таклиф менамояд, балки таъкид менамояд ва дар гуфтани ҳар шеър мавзӯи хосе дорад (!?), ки он ҳатман риоя мешавад (?!)»
Мисолҳои «мавзӯи хоси» У.Сабзов:
Дӯстонам ҷумла номарданд,
Дар дилу дар ҷони ман дарданд.
***
Макри ин бадгавҳарон дидам…
***
Нотавонбине ба ман худро баробар мекунад,
Пӯсташро ин лаъин ҳар лаҳза дигар мекунад.
Лошахоре, бадниҳоде, кундфаҳме, бесавод,
Заҳри море, бофиребе ӯ ба соғар мекунад.
***
Аё эй халқи пурозор, шумо аз ман чӣ мехоҳед?
Аё эй мардуми беор, шумо аз ман чӣ мехоҳед?
Чунин мисолҳо таассуроте бармеангезанд, ки ин «шоир» пайваста бо ҳама дар ҷангу ҷидолу гиребонгирист ва даъвои сарсуханнавис — «шоир мардумро ба сулҳу дӯстӣ таклиф менамояд»-ро ботили ботил мекунанд.
Эй бародар, душманӣ дорад хатар, (!)
Душманӣ бифрӯшурав ёрӣ бихар (!)
Духтаре донӣ, ки бо кас гаштааст,
Зан агар гирӣ варо, ҳастӣ ту хар.
Оё ин ду мисраи аввали обшуставу такрори маъниҳои ҳазорон бор гуфта ва ду мисраи охири ҳақорату орӣ аз назокат намунаи ҳамон «шеъри инсонӣ»-ест, ки ҳ. Раҳмонӣ ҷон коҳонда таъриф мекунад?
қисми бузурги китобҳои У.Сабзовро «шеърҳо» дар бораи Президент ташкил медиҳанд, ки натанҳо аз шеърият нишоне надоранд, балки масхараи шеъранду туҳмат ба васфи шахсияти барҷастаи давлату миллат. Бубинед, ки «шоир» аз ин симои беназири даврон чӣ таассуроте бардоштаву пешкаши хонанда мекунад:
Дар фазои салтанат кори ту мӯл,
Гоҳ дар шаҳриву гоҳ дар дашту чӯл…
Гӯиё ҳастӣ ту Яздонро Расул,
Ман чӣ созам, то туро гардад қабул?
***
Эй подшоҳи кишвар, бошам туро мададгор,
Дар хизмати ту ҳастам, рӯзу шабон ба ҳар кор.
Дар маҷлиси рафиқонморо макун маломат,
Дар маҳфили азизон тунгизанӣ чӣ даркор?
«…Ин як бағал шеъри шоири инсондӯст (!) Усмони Сабз… бағалҳоро аз муҳаббат пур мекарду дилҳоро ҳам. Дарёфтам, ки ин шеър аст… » — менависад ҳ.Раҳмонӣ. Намедонем, «шоири инсондӯст» бағалу дили мураттибу сарсуханнависи китобашро бо чӣ пур кардааст, валеӯ бағали хонандаро бо чормағзи пуч пур карданисту бас.
Тавре ки дидем, «китоб»-ҳои шеъри У. Сабзов сартосар пур аз ҳарфҳои сусту заифи кӯчагианд ва ба ҳеч ваҷҳ шоистаи чоп ва мутолиа нестанд. Вақт аст, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагон, дигар мақомоти марбут чунин ба ном китобҳо аз дуконҳову китобхонаҳо барчида шаванд, то беш аз ин мағзҳоро харобу завқҳоро паст накунанд!
Сафи «Шоир» фузуду шеър кам шуд
Солҳои ахир сафи ҳавасмандони кори шоирию нависандагӣ хеле афзудааст. Дар ин миён шумори онҳое, ки ба каломи манзум иштиёқ доранд, бештар аст. Ҳама даъвои сухангустарӣ мекунанд, аммо оё ҳамаи онҳо воқеан шоиранд ва ба дарки шеър расидаанд? Мутаассифона, на ҳама. Аммо азбаски мардуми одӣ ҳамаи онҳоеро, ки сухани манзум мегӯянд, ба унвони шоир қабул мекунанд, дар бисёр мавридҳо зоғ дар мақоми булбул қарор мегирад ва мисдоқи ин ҳолат вазъи имрӯзии адабиёти мост, ба қавли Ҳофизи бузург:
Зоғ чун шарм надорад, ки ниҳад по бар гул,
Булбулонро сазад, ар домани хоре гиранд.
Ҷои афсӯс аст, ки касеро парвои ин ҳол нест, баръакс бисёр касон аз ин нобасомонӣ суд ҳам бурдаву ба осонӣ соҳибном гаштаанд. Ҳақиқат ин аст, ки дар сафи қаламкашони узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ чунин тасодуфиҳо кам нестанд, ки обрӯи сухан ва адабиёти асилро ба хок яксон кардаанд, бо ин ки дар ҳама ҷо худро шоир ё нависанда, ё узви ИНТ муаррифӣ мекунанд. Бадбахтии дигар он аст, ки гоҳе адибони соҳибному хушзавқ ва гоҳе хомабадастоне, ки ҳанӯз худ ба муаррифӣ ниёз доранд, ба чунин ҳазёнкитобҳо сарсуханҳои беасосу бедалел навишта, қадри суханро батамом мекоҳонанд. Аз ин рӯ, Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуъбаҳои ИНТ-ро вазифадор кард, ки ба баррасии ҷиддии намунаҳои эҷоди чунинҳо бипардозанд ва ба онҳо баҳои холисона бидиҳанд. Шуъбаҳои назм ва нақди адабии ИНТ дар натиҷаи таҳлилу баррасии навиштаҳои чанд тан аз қаламкашон ба хулосаҳои зайл расиданд, ки ба шумо пешкаш мешавад. Қазоват ба хонандаи маънирасу нуктадон вогузор мегардад.
Абдуҳалим Самадов
Асарҳо: 1. «Мӯи парешон», нашриёти «Ҳумо», соли 2003, 53 саҳ. Сарсухан: Султонмуроди Одина.
2. «Борони ришта-ришта», Душанбе, нашриёти «Адиб», соли 2005, 60 саҳ. Сарсухан: Султонмуроди Одина.
Мавзӯи шеърҳо: Тоҷикистон, табиат, зодгоҳ, ошиқонаҳо.
Сохтусози техникии шеърҳо: Камбуди вазн дар навиштаҳояш қариб дида намешавад, радиф ва қофия дар шеърҳои ин эҷодкор дуруст ба кор бурда мешавад. Бо ин ҳама дар навиштаҳои Абдуҳалим Самадов тозагии шеър ба назар намеояд. Бештар умумӣ мегӯяд, мушоҳидаҳояш бисёр камранг аст ва аз бадеияти шеър дур. Чунин аст, ки бозёфтҳои тоза дар шеърҳои ӯ дида намешавад.
Сохти мисраъ дар корҳои ӯ маъмулӣ ва қолабӣ буда, ҷилваҳои адабӣ ва шеърӣ дар онҳо дар сатҳи ибтидоист. Тозагии мушоҳида, шеър, балоғат ва баёнро дар корҳои ӯ наметавон дид:
Баҳори гулбасар меояд аз нав,
Замони пурсамар меояд аз нав.
Насими тозаи боди баҳорӣ
Чу файзе ҳар саҳар меояд аз нав.
(Мӯи парешон, саҳ. 13)
Рӯи ту дар ишқ оғози ман аст,
Ишқи ту, ин боли парвози ман аст.
Раъду барқ, эй ҷилваи фасли баҳор,
Пушти ту фарёди овози ман аст.
(Ҳамон ҷо, саҳ.43)
Дар навиштаи аввал тозагии калом ва шеър ба назар намеояд, байти аввал дар давоми ҳазорсолаҳо он қадар такрор шудааст, ки баёни он ҳеҷ касро ба ҳайрат намеоварад. Ин навишта аз нигоҳи шеърият ҳам ҷаззобияте надорад, зеро бадеияти андеша ва ҳунари баён ва шеър дар он бисёр заиф мебошад. Дар сурати зоҳир ва нигоҳи нахуст чунин ба назар меояд, ки дар шеърҳои Абдуҳалим Самадов, бахусус дар сохтори забон, ҳама чиз дуруст аст. Аммо вақте ба навиштаҳои ӯ дақиқ назар мешавад, камбудҳои фаровонеро метавон дарёфт, ки ҳеҷ рабте ба шеър ва ҳунари шоирӣ надорад.
Омадӣ сӯи Ҳисорам шодмон,
Шуд мунаввар аз қудумат остон.
Чун фаришта ман туро дарёфтам,
Балки ин ҷо омадӣ аз осмон.
Омадӣ, бо ҷамъи ёрон омадӣ,
Бар диёри дӯстдорон омадӣ.
Эй суханвар мард, эй пушти сухан,
Шеър бар лаб, шеърборон омадӣ.
Омадӣ хуш, эй назаргоҳи(?) Худо,
Бо каломи содаи роҳи Худо.
Эй гули маъно, ки хуш бишкуфтаӣ,
Бар Ҳисори дӯстпарвар марҳабо.
Чун баҳорон омадӣ, хуш омадӣ,
Сӯи ёрон омадӣ, хуш омадӣ.
Гулшукуфти ханда рақсад дар лабат,
Хандаборон омадӣ, хуш омадӣ.
(Борони ришта-ришта, саҳ. 27)
Дар ҳунари шеър ва шоирӣ навиштаҳое аз ин дастро беҳудагӯӣ гуфтаанд, зеро таносуби маъно, равиши таркибсозиҳо, такрори маъноҳо, ифодаҳои мубҳам ба хонандаи шеър чизе намедиҳад. Хонандаи огоҳ ва ошно ба шеър дарзамон мисраи «шуд мунаввар аз қудумат остон»-ро наметавонад чун ҳарфи тоза қабул кунад. Зеро он такрори ин мисраи машҳур аст: «Шуд мунаввар аз қудуми дӯстон кошонаам» Таркибҳои «чун фаришта», «эй пушти сухан», «Эй назаргоҳи Худо», «эй гули маъно» ва мисраи «Бо каломи содаи роҳи Худо» аз лиҳози таносуби калимот, маъно, бадеият, балоғати забон ва баён камбуди фаровон доранд. Шоир бояд дар корбурди калима ва таркиб ҳушманд бошад ва бисёр амиқу дақиқ рӯи ҳар калима ва таркиб биандешад.
Хулоса: Абдуҳалим Самадов пизишк аст ва дар робита ба ихтисоси худ матолиб бисёр навиштааст, аммо ин ҷӯшу хурӯшро дар китоби шеърҳои ӯ «Мӯи парешон» ва «Борони ришта-ришта» наметавон дид. Шеърҳояш бештар дар сатҳи гуфтугӯист, чунки сатҳи ҳунараш баланд нест ва ин ҳолат дар шеърҳояш низ ба чашм мехӯрад. Дар як калом шеърҳояш ҷилваҳои бадеӣ ва шеърӣ қариб надоранд.
Кулолӣ (Лоиқов Ҳайитбой)
Асарҳо: 1.»Насими кӯҳдоман», нашриёт: ҶДММ «Матбаа»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 2010, 98 саҳ. 2. «Накҳати гули меҳр», Душанбе, «Ирфон», соли 2012, 58 саҳ. Сарсухан: Усмон Билолӣ 3.»Ҳадди меҳр», Душанбе, «Адиб», соли 2014, 32 саҳ.
Мавзӯъ ва жанр: Ошиқона, сулҳу ваҳдат, васфи Тоҷикистон, ғазал, мухаммас ва чаҳорпора.
Сохтусози техникии шеърҳо: Мутаассифона дар ҳар маҷмӯаи ин шоир наметавон як байти расо ва балиғро пайдо кард. Дарёфти шеъри асил ва хонданӣ аз навиштаҳои Кулолӣ бисёр мушкил аст. Дар шеърҳои ин шоир сактаҳои вазн зиёд ба назар меоянд:
Воҳаҳоят зарфишон, махзани ганҷу ҳунар,
Меҳтаронат баҳиммат, гулрухонат маҳҷабин.
Оби равон нуқрасон ҷорӣ зи рӯду чашма,
Афзуда неъмататро раззоқи ризқофарин.
( Накҳати гули меҳр, саҳ.5)
Ин шеър дар жанри ғазал иншо шудааст, аммо ҳолу ҳавои ғазалро надорад, кундии андеша, ғалати мантиқ, таносуби маъно, заъфи забон дар ин навишта бисёр равшан мушоҳида мешавад.
Намунаи боризи ин назар ҳамин порча аст, ки Кулолӣ бо номи шеър ба хонанда мехоҳад пешниҳод кунад.
Ғалати вазн: дар мисраи дувум «баҳиммат» вазнро халалдор кардааст, дар байти баъдӣ дар ҳар мисраъ вазн риоят нашудааст.
Таносуб: Таносуби маъно ва калимаҳо дар шеър аз рукнҳои бисёр муҳим аст, зеро танҳо таносуби калимаҳо меъёри андешаи як шоирро нишон медиҳад. Таносуби маъно, баён, сохтори даруниву берунӣ дар шеърҳои Кулолӣ бисёр шикаста ва ноустувор мебошад:
Гул ба дасти нокасе афтад, ғам маро дар сина, ҳайф,
Гарди хоки роҳ шуд гул лахт-лахт ӯ пина, ҳайф.
Оҳ, гул шуд хору зору мо ҷигарҳо ғарқи хун,
Бар баҳор инак бигӯ, ки гул бишуд порина, ҳайф.
Ғунча гул ногашта, аммо бармаҳал пажмурда шуд,
Накҳаташ беҳуда рафт, аз сӯзу дарду кина, ҳайф.
Бӯи гул рафт аз димоғу ранги ӯ дар ёд монд,
Андар ин ҷангал бишуд гул дар кафи бузина, ҳайф.
(Насими кӯҳдоман, саҳ.13)
Дар ин навишта, ки ба сахтӣ метавон онро ғазал гуфт, тамоми калимаҳо аз лиҳози таносуби маъно, ҳунари шеърӣ, бадеият, балоғати баён нақс доранд. Аз мисраи нахуст хонанда ба ҳайрат меояд, аммо ин ҳайрат на аз камоли шеър, балки аз парешонии андеша дар он мебошад. «Гул ба дасти нокасе афтад» дар адабиёт маънои тозае нест ва баёни «ғам маро дар сина ҳайф» ҳеҷ рабте ба бахши аввал надорад.
«Ғам маро дар сина ҳайф» ҳеҷ бадеият ва лаззати шеърӣ надорад, бо ин назар маълум нест, ки гӯянда чӣ мехоҳад бигӯяд. Тамоми абёт дар ин ғазал, ки шартан онро ғазал меномем, дар ҳамин фазои берабт ва дур аз ҳунари шеър нигошта шудааст. Равишҳо ва услубҳои гуногунро дар китобҳои ӯ метавон таъбир ва тафсир кард, масалан дар китоби «Ҳадди меҳр» шеърҳои шоир андак равонтар аст, аммо андешаҳои дигаронро бештар ба хотир меоварад. Шоир бар шеъри шоирони пешин мухаммас гуфтааст, ағлаби онҳо ёдовари кори дигар шоирон мебошад. Дар ин фишурда баррасии тамоми онҳо аз маҷол берун аст. Ин китоб низ аз ғалатҳои вазну маъно холӣ нест:
Сари болои ҳар нурофар ин ҷо қуллаи нанг аст,
Бақобахши Ватан бошад, (?)будан сарпарасти хеш…
Хати тақдири худро мекашем(?) бо ранги нуронӣ
Ҷаҳонро мекунем огаҳ зи асли буду ҳасти хеш.
Дили бедори ҳар фарди Ватан сарчашмаи нур аст,
Шароби ваҳдати миллат бинӯшу бош масти хеш.
Кулолӣ мекунад обод Роғунро ба байти хеш,
Ҳарифонро сари зону шинон, бо зӯри шасти хеш.
(Ҳадди меҳр, саҳ. 5)
Ин қаламкаш аслан вазну қофияву маъниро намешиносад.Вазн:
Хуш он рӯзе, ки бо ҷаҳди хирадвориси(?) Сомонӣ
Дуоям мустаҷоб омад, нигар лутфи Раббониро(?).
(Накҳати гули меҳр, саҳ.7)
Шамъ дорад аз гули оташ кулоҳи худгарӣ,
Оқибат ин худнамоӣ сӯхта (?) обаш мекунад.
(Ҳамон, саҳ.55)
Нури шамъи моҳ дорад равшанӣ, аз ин сабаб
Ҳусни хубрӯе (?) ба ҳусни маҳ баробар мекунад.
(Ҳамон ҷо)
Маънию таносуб:
Агар ки субҳи истиқлолиятро ҳуррият хонем,
Бубахшад бист соли он тавоне зиндагониро.
(Ҳамон, саҳ.7)
Қофия:
Шеърхонӣ ин(?) маҳорат, шеър гуфтан дигар аст,
Дил бидодан ошиқиву дил рабудан дигар аст…
Лаҳзаи илҳом ово мерасад бар гӯши дил,
К-аз барои дарки маънӣ дурр суфтан беҳтар аст…
(Ҳамон, саҳ.24)
Дигар:
Домони пур аз ғами фалак хонаи мост,
Таскини дили ғамзада шукронаи мост…
Аз баҳри касон агар муаммо бувад ин,
Эй бехабарон, ин ҳама бо амри Худост.
Чун ҳазрати Одам, ки бурун шуд зи биҳишт,
Дар номаи афлокии ӯ муҳри Худост…
(Ҳамон, саҳ.25 )
Дар навиштаҳои ӯ сирқат аз ашъори гузаштагон низ ба назар мерасад. Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Боди баҳорон вазид,
Мурғ наво офарид,
Лола гиребон дарид,
Ҳусн гули тоза чид.
Кулолӣ нусха мегирад:
Боди баҳорон вазид,
Ғунча гиребон дарид,
Булбули шабзиндадор
Во шудани гул надид.
(Ҳамон, саҳ.52)
Устод Турсунзода гуфта буд:
Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд…
Кулолӣ мегӯяд:
Зи ҳуснат моҳталъат, рӯзи равшан ҳар шаби ман буд,
Агар каҷ мешудӣ аз бӯса кардан лаб, лаби ман буд.
(Ҳамон, саҳ.56)
Хулоса: Он чи дар навиштаҳои Кулолӣ ба чашм намеояд, шеърият, бадеият, ҳусни баён ва гармии андеша аст. Суханаш бештар ба шиор мемонад, то шеър. Заъфи андеша зеҳнҳоро кунд месозад ва ба хонанда пешниҳод кардани чунин навиштаҳо кори бадест.
Наврӯзи Гулзод
Асарҳо: 1. «Ҳисори сухан», Душанбе, «Адиб», соли 2008, 144 саҳ. Пешсухан: Назри Яздонӣ. 2. «Дар ҷавоби дил», Душанбе, «Пажӯҳиш», соли 2009, 79 саҳ. Пешсухан: Ато Мирхоҷа 3. «Кокули оташ», Душанбе, «Пажӯҳиш», соли 2009, 79 саҳ. Пешсухан: Салимшо Ҳалимшо. 4. «Шуълаи меҳр», Душанбе, «Адиб», соли 2010, 134 саҳ. Пешсухан: Наҷибуллоҳи Қайюм.
Мавзӯъ ва жанр: Ошиқона, сулҳу ваҳдат, дин, васфи Тоҷикистон, ғазал, рубоӣ, мухаммас, масоили дунё ва мардум.
Сохтусози техникии шеърҳо: Наврӯзи Гулзод дар кори шеър таҷрибаи лозимро надорад, шеър саросема мегӯяд ва бештар андешаҳояш такрор аст. Аз ин рӯ, дар корҳои ӯ ҳарфи тоза, андешаи ноб, ҳусни калом, балоғати маънӣ, бадеият ва тасвирҳои тозаро ҷустан беҳуда аст. Дар шеърҳои худ андешаҳои шоирони пешинро баён медорад, аз ин рӯ шеърҳояш ёдовари андешаҳои шоирони дигар аст. Шеъраш аз сакта холӣ нест, мушкили ин шоир дар он аст, ки суханро наметавонад нав бикунад, забони шеъраш бисёр куҳна мебошад, дар нав кардани забони шеър ҳисси лозимро надорад. Тамоми шеърҳояш дар ҳамин ҳолу ҳавост, аз тозагиҳои шеъри имрӯз наметавонад кор бигирад.
Он чи дар навиштаҳои ин шоир ба назар намеояд, ҳамон шеър аст, суханаш аз назми маъмулӣ болотар нест:
Чун зи иблис(?) раҳнамоӣ ёфтӣ,
Ҷома бар тан аз касофат бофтӣ.
Не паямбар, не Худо бишнохтӣ,
Аз сари кӯтоҳӣ(?) ҷаннат бохтӣ.
Қимати ҷаннат аз ӯ арзон шуда,
Нақд доду насяро ҷӯён шуда.
Дар гумон аст аз ҳазорон бандае,
Ҷаннату фирдавсро арзандае.
Худ якеву хоҷагонаш бешумор,
З-он яке сарфи назар дар рӯзгор.
Кас надидӣ дар замину дар ҳаво,
Ҳеҷ махлуқе чу Одам беҳаё.
Дар вафо аз одамӣ саг беҳтар(?),
Дар фазилат аз ҳама дарвештар.
Саг на аз кин домани дарвеш дошт,
Не саре хам пеши ҷинси хеш дошт.
(Ҳисори сухан, саҳ.16-17)
Хулоса: Дар тамоми китобҳои Наврӯзи Гулзод ҳамин ҳолу ҳаво мушоҳида мешавад, яъне бехабарӣ ва ноогоҳӣ аз шеъри асил. Ҳамон тавр ки аз порчаи боло ба назар меояд, ҳамон ҳарфҳои куҳна, маъниҳои қадим, назми бисёр заиф ҳадди кори ин шоир аст. Маъниҳое, ки Наврӯзи Гулзод дар шеърҳои худ истифода мекунад, дар осори Аттор, Мавлоно, Ҳофиз ва дигар шоирони бузург дида мешавад. Такрори он ҳама имрӯз дар ҳунари шоирӣ ва шеър барои адабиёт ва хонанда манфиате надорад.
Яъқубов Самардин Эмомович (Самариддин)
Асарҳо:1. «Ҳолати ҳоли ногуфта…», Душанбе, Сурушан, соли 2001, 38 саҳ. Пешсухан: Зиё Абдулло. 2. «Пайғоми нур», Душанбе, «Шарқи озод», 24 саҳ. Пешсухан: Салими Хатлонӣ. 3. «Равзаи меҳр», Душанбе, «Адиб», 43 саҳ. Пешсухан: Салими Хатлонӣ. 4.»Бо сидқ то садоқат», Душанбе, «Адиб», соли 2006, 113 саҳ., пешсухан: Салими Хатлонӣ. 5. «Пайғоми дӯст», Душанбе, «Адиб», соли 2011, пешсухан: Зиё Раҳмон.
Сохтусози техникии шеърҳо: Самариддин дар кори шеър бар таваккал такя дорад ва ҳар он чи пеш омад, хуш омад. Сохтори техникии шеърҳояш бештар суннатист, суханаш равону пухта нест, бадеияти шеър дар каломаш эҳсос намешавад:
Зиндагонӣ сӯхтан будасту бас!
Шуъласон афрӯхтан будасту бас!
Сардро умраш набошад бардавом,
Панди раҳ омӯхтан будасту бас!
(Ҳолати ҳоли ногуфта…, саҳ. 9)
Ин пора такрори ин байт аст:
Кори мо дар зиндагонӣ сӯхтан будасту бас,
Машъале бо номи ишқ афрӯхтан будасту бас.
Ин сатрҳо маълум аст, ки ба шеър ҳеҷ рабт надоранд. Маънои ду мисраи аввал дар шеъри гузашта ва имрӯз фаровон гуфта шудааст, такрори онҳо дар ин сатҳи паст ба адабиёт ва хонанда чизе намедиҳад. Зеро аз лиҳози бадеият ва шеърият дар онҳо тозагие нест. Дар ағлаби китобҳои Самариддин ин фазо равшан ба дида меояд, такрори мавзӯъ, маънои умумӣ, андешаи бебор, забони кунди шеър аз хусусиятҳои сухани ӯст. Намуна:
Дар миёни анҷуман чун дурру гавҳар гаштаӣ,
Сархати ин миллати оригуҳар бинвиштаӣ.
Боз карда аз сари нав сафҳаи таърихи ӯ,
Дар миёни мардуме тухми адолат киштаӣ.
(Пайғоми нур, саҳ. 7)
… Ҳамчу Исо ҳар нафас рӯ сӯи мардум кардаӣ,
Ақлу идрокат фидои чархи гардун кардаӣ.
(Ҳамон ҷо, саҳ. 7)
Ин навишта аз 18 мисраъ иборат аст, аммо аз назари сохтори шеърӣ на ба ғазал монанд аст, на ба маснавӣ ва на ба чаҳорпора. Мантиқ ва таносуби андеша дар сохтори шеърҳои ин шоир камбудҳо дорад:
Тоҷикистон гӯшаи хоки Ватан…
Тифли аз модар ҷудо,
Тоҷикистон бе Бухоро, бе Самарқанд
Як тани аз сар ҷудо…
(Пайғоми нур, саҳ. 15)
Ин шеър тӯлонист ва таъсири примитив аз шеъри «Забони модарӣ»-и Бозор Собир дорад. Аммо дар шеъри Самариддин аз ҳамон оғоз мантиқ риоят намешавад ва андешаи пароканда дар саросари шеър эҳсос мегардад. Тоҷикистон худ як кишвари мустақил буда, парчаму нишони худро соҳиб аст, Тоҷикистон ноҳия нест, ки гӯшае аз Ватан бошад. Дар ҳар сурат мантиқи андеша дар шеър бисёр заиф аст…
Дар пешгуфтори яке аз маҷмӯаҳои Самариддин ба қалами Зиё Раҳмон омадааст: «…Вақте чакидаҳои хомааш бо номи «Пайғоми дӯст» ба дастам расид, ҳамаи навиштаҳояшро бо як завқи том, аз аввал то ба охир хондам. Гӯё ӯ ба тавассути ин маҷмӯаи хеш пайғоме ба ман фиристода буд, ки бо мутолиаи он аз завқи баланди шеъргӯияш истиқбол мекардам. Чунон ки дар чакидаҳои хомааш абёту мисраҳои баланди шоиронаро дарёфтам ва…» Баъд мисол меорад:
Очаҷон гардиши чарх(?) гардиши остини(?) ту буд…
Сад баҳор(?) гулзадаи куртаи нақшини ту буд…
Очаҷон, эй очаҷон(?)…
Зиё Раҳмон боз менависад: «Ё ин, ки хеле шоирона ва муфаззал(чӣ?!) дар ин қитъа ба қиблагоҳи бузургаш «Бо номи падар» овардааст:
Бо номи падар ҳамраҳи ман некписар монд,
Аз доди падар дар дили ман илму ҳунар монд.
Дар мардумаки дида зи бас диданишин буд,
Мероси падар ҳарчӣ маро монд, Самар монд».
Ки сояи хирае аз як шеъри Бозор Собир аст.
Ва фаровонанд чунин мисраъҳо, ки дар авзони гуногун ва бо риояти санъатҳои хосси бадеӣ (маълум нашуд, кадом санъатҳо!) аз ҷониби ин шоир ба дасти тасвир расидаанд ва дар ҳар маврид аз ҳолати эҷодии ӯ бозгӯкунандаву далел омадаанд».
Чунин ба назар мерасад, ки ин қаламкаш аз вазну қофияву маънию мантиқи сухан тамоман бехабар аст. Исботаш пораи зер аст:
Сози эҷодам бувад худ зиндагӣ,
Тори(?) эҷодам бувад худ зиндагӣ.
Зиндагӣ бо орзу чун шаҳд шуд,
(Устод Миршакар:Зиндагиро орзу ширин намуд!)
Нахли пурборам(?) бувад худ зиндагӣ.
Меравад панди ҳакимон беасар,
Гар шавем(?) носипоси(?) зиндагӣ.
Ростиро парчами ҳиммат кунем,
Эй Самар, ин аст хоси(?) зиндагӣ.
Ҳарфҳои комилан бемаънӣ:
Чӣ бигӯям, чӣ нагӯям, ки яқин медонанд,
Дидани даҳр сари шавқи назар меояд(?).
Мард дар хилвати андеша кашад нақши амал,
Ҳама аз амри Худо шаҳду шакар меояд(?).
То ки дар шохаи мо меваи тавҳид расид,
Баҳр бо лутфи ҳақиқат ба гуҳар меояд(?!).
Боз як пораи булъаҷаби дигар:
Аз гуфтаи модар ба дилам меҳри падар пок(?),
Ин суфта ба номи падарам дурру гуҳар пок(?).
Он дурру гуҳар балки ҳама меҳри бародар,
Аз меҳри бародар ба дилам нури назар пок(?!)
Ин қаламкаш агарчи вазну таносубу мантиқро намедонад, хуб панд ҳам медиҳад:
Бар кӯи хомӯшон бирав,
Бо дили(?) пурармон бирав,
Бо дидаи гирён марав(?),
Аллоҳ(?) нигоҳат мекунад.
Бо ёди волидон(?) бирав,
Бо меҳри ҷовидон бирав,
Бо соғару паймон(?) марав,
Аллоҳ(?) нигоҳат мекунад.
Хулоса: Андешаи шоир дар сохтори техникӣ ва шинохтани маъно, балоғати баён заиф ва ланг мебошад. Мантиқ ва таносуб дар шеърҳои ӯ риоят намешавад ва ё ин тарзи корро хуб намедонад. Аз ин ҷост, ки дар аксари шеърҳои Самариддин якдастии андеша, якдастии маъно ва якдастии таносуб миёни калимаҳо дида намешавад. Бадеият ва шеъриятро он гуна ки мебояд ва дар кори шеър он зарур аст, эҳсос намекунад ва мушоҳидаҳояш дар шеър сатҳист.
Зикруллоҳи Файзуллоҳ
Асарҳо: 1.»Шамъи фурӯзон», Душанбе, «Анҷумани Деваштич», соли 2002 . 2.»Рози мусофир», Душанбе, «Адиб», соли 2011, 126 саҳ. Пешсухан: Гулназар.
Мавзӯъ: Тоҷикистон, масоили иҷтимоӣ, муҳаббат, ошиқонаҳо.
Сохтутози техникии шеърҳо: Зикруллоҳ бештар дар қолаби суннатӣ шеър мегӯяд, дар шеърҳояш сактаи вазн ба назар намеояд. Аммо умумӣ мегӯяд, тозакориҳо дар шеърҳояш дида намешавад. Дар андешаҳояш якрангӣ бештар ҷой дорад, суханҳояш камранг буда, аз кайфияти шеър дур аст. Шеърҳои ӯ азмазмунҳои куҳна ва ташбеҳоти куҳна шакл гирифтааст:
Эй парӣ, рӯи ту бошад моҳи тобон дар назар,
Зулфи мушкин печ-печу мори печон дар назар.
Абрувонат чун ҳилолу чашму мижгонат сиёҳ,
Тири мижгон мерасад чун тири пайкон дар назар.
(Рози мусофир, саҳ.61 )
Ҳар гаҳе бинам ба хонам порае нони ҳалол,
Дар назар чун рӯи гарми гулбадан бошад маро.
(Ҳамон ҷо, саҳ.37)
Аксари навиштаҳояш бӯи куҳнагӣ доранд, мисли ин пора:
Биё, эй ёри хандонам, туро ман дӯст медорам,
Зи дурии ту гирёнам, туро ман дӯст медорам.
Дилам торику рӯзи ман сияҳ чун рӯзи боронист,
Бий, хуршеди рахшонам, туро ман дӯст медорам…
(Ҳамон, саҳ.40)
Хулоса: Зикруллоҳи Файзуллоҳ вазнро дар корҳои худ риоят мекунад, аммо аз назари кайфият шеърҳояш заиф мебошад. Таносуб дар шеърҳояш устувор нест, нигоҳаш бештар такрорист, куҳнасарост.
Эшонҷонова Қурбоной (Наргис)
Асарҳо: 1.»Шабнаме дар барги лола», Душанбе, «Ирфон», соли 2002, 74 саҳ. Пешсухан: Олимхон Исматӣ, 2. «Баҳори орзу», Душанбе, «Адиб», соли 2014, 100 саҳ. Асарҳои тақризшаванда: «Шабнам дар барги лола», «Баҳори орзу». Мавзӯъ: Падар, модар, фарзанд, табиат.
Сохтусози техникии шеърҳо: Шеърҳои ин шоир печида ва сардаргум мебошанд. Дар шеърҳояш ҳусни калом дида намешавад, бисёр ибтидоӣ андеша мекунад. Он шеърҳое, ки қаламхӯрда ҳастанд, аз лиҳози вазн камтар камбуд доранд, дар ин ҳолат низ онҳо ҷавобгӯи ҳунари шоирӣ намебошанд. Аммо шеърҳое, ки қалам нахӯрдаанд, пур аз камбуди вазн мебошанд, дар ин даста аз шеърҳо Наргис ба асли шеър ва рӯҳи шеър фикр намекунад. Таносуби маъно, шеърият, санъатҳои бадеъ, балоғати маъно дар шеърҳои ӯ метавон гуфт вуҷуд надорад. Кас ба ҳайрат меояд, ки чӣ гуна бо ин навиштаҳои бепояву бемоя метавон даъвои шоирӣ кард:
Гузошта номи падар ба писари худ,
Гузошта тоҷи давлат ба сари худ.
Ҳамеша ёрат бод давлати дунё
Кардаӣ шод ёру бародари худ.
Нишаста даври хони биоростаат,
Гӯё, ба суҳбатем бо падари худ.
Ояд падарам ба пешвозат дами дар,
Кушодаӣ ту ба сӯяш болу пари худ.
Сад сол зиҳад Давлати ту Равшанҷон,
Эҳё бинамудӣ номи падари худ.
Гардон бинамудӣ ту заминҳои падар.
Рӯёнда зи хок дурру зари худ.
Гаштаст зиёратгоҳ қадамҷои падар,
Рӯҳи падарам шод шуда аз писари худ.
Яздон ба паноҳи худ гирад Давлати ту,
То Давлати худ бигирӣ андар бари худ.
(Шабнам дар барги лола, саҳ.63)
Дар ин навишта ҳама чиз нақс дорад, маъно, баён, ҳусни калом, таносуби сухан, шеърият ва ҳатто ибрози эҳсос. Ҳеҷ кадом аз ин ҳунар ва арконро ӯ натавониста ба хонанда пешкаш бисозад:
Омад баҳор, омад баҳор,
Рафтам ба сайрат, эй диёр.
Дидам гули хушбӯйро,
Гирёну нолон, зор-зор.
Гуфтам, чӣ гум бинмудаӣ,
Аз чӣ чунин н-осудаӣ?
Дар ин ҳавои беғубор,
Оё чаманро дидаӣ?
Гуфто, ки ман ошиқ шудам,
Бар ёри худ мушфиқ шудам…
(Баҳори орзу, саҳ.13)
Дар ин бемантиқӣ сухан аз шеър гуфтан ва суроғи шеър рафтан маъние надорад. Агар аз назари мантиқ, хат-хат ин ғазал таҳлил шавад, чизе аз он намемонад, зеро ки чизе надорад. Гул худ махсуси чаман мебошад ва аз гул суол кардан, ки оё чаманро дидаӣ; ғайримантиқист.
Хулоса: Бофт ва сохти шеърҳо дар кори Наргис устувор нест. Бахусус дар офаридани мазмун ва шинохти шеър истеъдоди лозимро надорад. Аз балоғат ва бадеият суханаш бархурдор намебошад.
Ҷумъаи Махшул
Асарҳо: 1.»Афсонаи гулмоҳӣ», Душанбе, инт. «Нодир», соли 2009, 118 саҳ. Пешсухан: Ширин Бунёд. 2. «Достони Истиқлол», Душанбе, «Меҳвар», соли 2011, 39 саҳ. Пешсухан: Фарзона, Муҳаммад Ғоиб, Назри Яздонӣ. Асарҳои тақризшаванда: «Афсонаи гулмоҳӣ», «Достони Истиқлол».
Мавзӯъ: Ошиқонаҳо, табиат, иҷтимоӣ, Ватан, сулҳ, ваҳдат ва истиқлол.
Сохтутози техникии шеърҳо: Аз ҳолат ва сохти дурусти қофия, радиф ва корбурди калимаҳо огоҳ нест. Аз ин рӯ суханаш дар сурати зоҳир ба қолаби шеър мемонад, аммо аз назари ҳунар камбуди бисёр дорад. Ҳарф парешон мегӯяд, мисраъ ва байтҳояш аз назари маъно ва мантиқ нақс дорад:
Мисраи шеъри тари дилбози ман ногуфта аст,
Маъзарат гар сатри рангинам гаҳе носуфта аст.
Дар гулистони сухан ҷӯёи барги тозаам,
Дар раҳи армон гули мақсуди ман нашкуфта аст.
Ғарқи дарёи хаёлам дар паноҳи мавҷҳо,
Шеъри ман ҳамчун дуре (дурр) андар садафҳо хуфта аст.
То нафас пар мезанад аз шеър ҷӯям шаҳди дил,
Нози дилбар дар миёни сатрҳо пӯшида аст.
Хоки ибратхези шеъри ман аҷаб пурнакҳат аст,
Мухлис (мухлиси) табъи равонам ошқи (ошиқи) шӯрида аст.
Эй ҳасудон, дарки дунёи муҳаббат мушкиласт,
Булҳавас дар нағма, Ҷумъа, оҳи мо нашнида аст.
(Афсонаи гулмоҳӣ, саҳ.55)
Аксари шеърҳои китоби «Афсонаи гулмоҳӣ» ҳамин нақсро дошта, бофти маъно ва андеша дар онҳо баҳам рехтааст. Шеърҳои «Гуфтугӯ бо худ», (саҳ.10), «Мо садои асрҳои рафтаем» (саҳ.30), «Ғазал», (саҳ 55) ва достони «Шоҳи лашкаршикан» мамлу аз ғалатҳои вазн, андеша, таносуби калимаҳо, корбурди санъатҳои бадеъ ва дастури забон аст:
Зи қасду ҷавру истеҳзо ба насли Одаму Ҳаво (Ҳавво)
Басе иншо шуда чун сарнавишт(?) то рӯзгори мо.
Гаҳе дар қиссаҳову нақлу дастурҳои (?) шоҳона,
Гаҳе дар достону байту андарзҳои(?) риндона…
…Ба ҳам пайваст мекард (?) қалбу рӯҳу нашъаи ирфон,
Ва аз он нақш мезад пас мақому ҳастии инсон…
Ин достон саросар нақси вазн дорад, андеша, маъно, таносуби сатрҳо, шеърият ҳам дар ин достон дар сатҳи бисёр паст мебошад. Шоир одитарин равиши андешаро дар кори шеър намедонад, чунин аст, ки навиштаҳояш аз таъсир холист. Шеърро наметавонад дарк кунад, тамоми камбуд дар шеърҳои Ҷумъа Махшул аз ҳамин ҷост. Мутаассифона, ин гуна камбудҳо дар саросари китоби дигари Ҷумъа Махшул «Достони Истиқлол» низ дида мешавад:
Раҳо кун аз дами теғи хиҷолат ботини инсон(?),
Ба водии хаёлаш ҳусн бахш аз ғунчаи ирфон.
Қабои орзу пӯшон Ватан аз нури ин даврон,
Ба олам соири (?) кун дар талоши ишқи олишон,
Нишоти дӯстӣ эҳсон намояд номаи Ваҳдат.
(Достони Истиқлол, саҳ.11)
Хулоса: Он чи касро ба ҳайрат меоварад, вайрон кардани дастурҳои забони модарӣ дар навиштаҳои ин гурӯҳ мебошад. Ин ҳолу ҳаво аз навиштаҳои Ҷумъа Махшул ҳам ба назар меояд. Навиштаҳояш ба шеър ҷавобгӯ нест.
Мирзоҳайдари Умарзод
Асарҳо:1. «Ангорае аз рӯзгори тоҷик», Хуҷанд, «Анис», соли 2012, 109 саҳ. Пешсухан: А. Раҳматзод. 2. «Меҳрпаймон», Хуҷанд, «Меъроҷ», соли 2012, 138 саҳ. Пешсухан: Ҷ. Юсуфӣ. 3. «Эҳёи ифтихор», Хуҷанд, инт. (?), 58 саҳ. Пешсухан: Маликнеъмат Маликзод.
Мавзӯъ: Ваҳдат, Истиқлол, Ватан, ишқ, растагорӣ, талошу мубориза дар роҳи бедорӣ, худогоҳӣ. Асарҳои тақризшуда: «Ангорае аз рӯзгори тоҷик», «Меҳрпаймон».
Сохтусози техникии шеърҳо: Мирзоҳайдари Умарзод бештар дар қолабҳои суннатӣ, ғазал, рубоӣ, маснавӣ, дубайтӣ шеър мегӯяд, нигоҳаш дар эҷоди шеър миёна аст. Корбурди вазн, радиф, қофия дар шеърҳояш дуруст аст, ғалати вазнӣ ҳам кам дорад, аммо маъно ва бадеияти шеъраш куҳна аст. Аз қофия ва радифҳои қадимӣ бештар кор мегирад, нав дидан ва нав гуфтанро намедонад. Замони чунин шеърҳо гузаштааст, аммо ҳанӯз ҳам ин корҳо барои хонандагон пешниҳод мешавад, бо ҳамон тасвирҳои қадимӣ ва андешаҳои куҳнашуда:
Пайваста дар фикри туям, ғунчадаҳони ман биё,
Ман ошиқи шӯридаам, ороми ҷони ман биё!
Лабҳои ёқутии ту чун чашмаи оби ҳаёт,
Ман ташналаб дар соҳилам, ширинлабони ман биё.
Дар гулшани ҳусни ҷаҳон чун ман наёбӣ ошиқе,
Эй ғунчаи зебои ман, бар бӯстони ман биё!
Зулфони мушкини туям бурда зи дил сабру қарор,
Эй ҷони қалби беқарор, ороми ҷони ман, биё!
Рухсори ту рашки қамар, андоми ту рашки чаман,
Бигрез зи (?) ин ҳарду рақиб, химчамиёни ман, биё!
Чашмони бодомии ту сарчашмаи меҳру вафо.
Ман дар ғами ту мубтало, абрукамони ман, биё!
Ҳайдар ба васфат, гулпарӣ, байти наве иншо бикард,
Эй нуктасанҷи қалби ман, нозукбаёни ман, биё!
(Ангорае аз рӯзгори тоҷик, саҳ. 89)
Ин ғазал аз як нигоҳ камбуди вазн дошта бошад, аз нигоҳи дигар тозагии маъно, забон, балоғати андеша, зебоии каломро надорад. Мисраъ, таркиб ва маъно дар сохтори ин ғазал куҳна мебошад ва он ҳеҷ тозагӣ надорад. Мутаассифона, чунин шеърҳои аз назари маъно, забон, баён ва андеша имрӯз бисёр тарғиб мешаванд, навиштаҳое аз ин даст чунон бисёр шуда, ки чун меъёри шеъри имрӯз талаққӣ мешаванд. Аммо бояд арз дошт, ки чунин корҳо наметавонанд меъёри шеъри муосир бошанд, зеро фазои куҳнаи андеша ва маъно наметавонад меъёр шавад. Дар ҳамин фазо ба ин ғазал таваҷҷуҳ шавад:
Эй сиришт аз гавҳару хуршеди тобон рӯи ту,
Наргисат пайкони меҳр асту камон абрӯи ту.
Як замон дидам туро андар миёни боғи гул,
Ғунча аҳмар аз лабу анбарфишон аз бӯи ту.
Ҷумла хубони ҷаҳон аз ҳусни ту оҷиз шуда,
Партави маҳ аз руху ҳиндуи шаб аз мӯи ту.
Ҷоми умрафзо кӣ дида дар миёни барги гул,
Зери лаб ҷоми бақо пинҳон намудан хӯи ту.
Ҳасрате набвад маро дар ин ҷаҳони пардасӯз,
Бӯса гирам аз лабу дасте занам бар мӯи ту.
(Меҳрпаймон, саҳ. 63)
Ин ғазал ҳам тозагӣ надорад, таркиби «дасте занам бар мӯи ту» баргирифта аз устод Лоиқ (Биншин, ки бинам рӯи ту/ Дасте барам бар мӯи ту) ва ғазали М. Аҷамӣ, «дастҳо бар он хами гесӯ задам» мебошад, ки Мирзоҳайдари Умарзод бо андак тағйир онро истифода кардааст, бидуни ишора, ки он аз куҷост.
Хулоса: Мирзоҳайдари Умарзод, фазои шеърҳояшро аз ҳар лиҳоз бояд тозаву нав кунад. Шеър ҳаргиз дар назм хулоса ва таъйид намегардад, балки назм сурати зоҳир аст, аз куҳнасароӣ шеър ҳосил намешавад.
«АЗ ДАРДУ ҒАМ НАХУФТАМ, ҲАЗЁНУ ҲАРЗА ГУФТАМ»
Комиссияи таҳлилу омӯзиши сатҳи касбӣ ва маҳсули эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (тибқи Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2016, рақами 5) дар идомаи кори худ эҷодиёти аъзои дар соли 2014 қабулгардидаро мавриди таҳқиқ қарор дод. Қабули ин гурӯҳ низ бидуни омӯзиши ҷиддии маҷмӯаҳои пешниҳоднамуда сурат гирифта, «эҷодиёт»-и аксарашон ҳатто ба талаботи одитарини асари бадеӣ ҷавоб намедиҳад.
Тақризҳои таълифгардидаро барои доварӣ ба хонандагон пешкаш менамоем.
***
Дар ҳуҷҷатҳои қабул ба узвият таърихи чопи маҷмӯаи охирини Маликаи Аваз – «Ҳангомаи рӯъё» соли 2009 дар нашриёти «Ҳумо» зикр шудааст. Дар худи маҷмӯа бошад, рӯзи ба нашриёт супурдани он 15-уми майи соли 2014 аст. Яъне, маҷмӯа баъд аз ба узвияти ИНТ пазируфта шудани муаллиф аз ҷониби Маркази тарғиби адабиёт интишор ёфтааст ва ин ҳолат талаботи Оинномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро помол мекунад.
Муҳарририи «Ҳангомаи рӯъё» низ шубҳабарангез ба назар мерасад — дар варақи титулии маҷмӯа аввал номи Шаҳрия будааст, баъдан ба сабаби номаълум ба болои он коғазеро бо нигоштаи «Ҳикмат Раҳмат» часпондаанд.
Сарсухани маҷмӯаро таҳти унвони пурвоҳимаи «Шоираи худодод» шахси дар адабиёт номаълуме бо номи «МЭЛС Нуров» навиштаааст, ки номашро ҳам бо аломати вергул аз «Ш. Хуч(ҷ)анд» ҷудо накардааст ва ба ҳамин тариқ, «Ш. Хуҷанд»-ро хонанда чун номи падарии «МЭЛС Нуров» қабул карда метавонад. Саволе ба миён меояд, ки ин «МЭЛС Нуров» кист ва чӣ ҳақ дорад, ки ба китоби ашъор пешгуфтор бинависад? Ҷаноби МЭЛС Нуров менависад, ки «Шоира баёзи (?) ашъори худро, ки раҳ ба дунёи дили ҳаводоронаш аст(,) «Ҳангомаи рӯъё» ном ниҳода, чакидаҳои хомааш чу риштаи борон ба дилу дидаҳои саршори ишқ боридан дорад (?)… таровиши чакидаҳои хомааш аз табъи болидаву саршори ишқу муҳаббат ба замину ҳамзамонон (?) ва дар маҷмӯъ Ватан ва модар (?) инчунин таранумгари ишқу вафои ҷовидонист (чи ҷумлаҳои бесарунӯг!). Малика дар асл ҳам шоираи худодод аст(!). Ашъори саршори меҳру вафои ӯ дунёи рангинест, ки хонандаро бо афсуни (!?) мисраъҳои пур аз маънии баланд (!?) сӯи хеш мехонад».
Хуллас, сарсухан иборат аст аз ибораҳои муғлақу пурвоҳима ва даъвоҳои бедалел дар бораи «маънии баланд» доштани шеърҳои Маликаи Аваз ва «худодод» будани табъи шоирии ӯ. Аммо вақте ки маҷмӯаро мутолиа мекунем, байте пайдо карда наметавонем, ки шоҳиди «хушкалом» ва соҳиби «табъи худодод» будани муаллифи он бошад.
Аз банди аввали шеъри «Таърих гувоҳ аст» (чи шеъри бузурги Лоиқ Шералӣ ҳаст бо ин ном!) пайдост, ки Маликаи Аваз аз алифбои одии шеърсозӣ, яъне риояи вазн ва таносуби сухан фарсахҳо дур аст:
Бо азми накуиву нишот (?) модари тоҷик,
Фарзанди баномусу бавиҷдон (?) бизода.
Дар коми ӯ (?) аз кӯчакӣ бо меҳру муҳаббат,
Пистони пур аз шири сафедаш (?) биниҳода.
Дар ҳамин чаҳор мисраъ ба се ғалат дар вазн («нишот», «бавиҷдон», «ӯ аз кӯчакӣ») роҳ дода шуда ва ҳар ду байт аз услуби шеър ва баёни шоирона ниҳоят дуранд. «Азми накуву нишот» чӣ маънӣ дорад? «Бизода» малоҳати бе ҳамин ҳам камранги суханро билкул аз байн бурдааст. «Азми накуиву нишот» ба кадом шева боиси зода шудани «фарзанди баномусу бавиҷдон» мешудааст? Пистонро модар дар даҳон мегузорад, на дар ком. «Дар коми» фарзанд «аз кӯчакӣ» «пистон ниҳодан» чунин маъно медиҳад, ки модар то охири умр ин амалро қатъ накардааст. Пистон, албатта, шири сафед дорад ва афзудани «шири сафед» ба он дар ин маврид ҳашви қабеҳе беш нест.
Ин навиштаи саропо пурғалат, ноқис ва дилбеҷокунанда бо ҳамин оҳангу шева ба охир мерасад:
Аз рӯзи азал (?) то ба ҳама асру замона (?),
Дар синаи тоҷик ҳаме сулҳу салоҳ аст (?).
Ин некдиливу шарафу азму нишоташ (?),
Дар ҳар сари сабти хати таърих гувоҳ аст (?).
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Маликаи Аваз ҳар андешаеро, ки ба сараш омадааст, бидуни санҷишу мулоҳиза рӯйи коғаз рехта, ба хонанда пешниҳод намудааст. Ӯ на ба маъно кор дорад, на ба услуб, на ба имло, на ба вазну ороиши бадеӣ. Дар гуфтани назми бемаъно корро ба дараҷаи ифрот расонда, аз ҷониби «адабиётшинос»-и гумноме бо номи аҷибу ғариби МЭЛС унвони «шоири худодод»-ро, ки сазовори бузургоне мисли Ҳофиз, Хайём, Саъдӣ ва ҳампоягони онҳост, муфт ба даст овардааст. Аз ҳар як «шеър»-и маҷмӯа барои исботи берангиву бемаъноии нигоштаҳои Маликаи Аваз даста-даста мисол овардан мумкин аст, вале бо чанд далел иктифо мекунем:
Панду ҳикмат донишу илму амал,
Аз замоне то замон (?) омӯхтем.
Ҳарзагӯён ҳарза мегӯянду чанд? (?)
Ҳафт пушти муттакоям тоҷикам (?).
Гар ғаразгӯён (?) ҳаме лофе зананд,
Бисмиллаҳ,(?) сар то ба поям, тоҷикам (?).
Бо садои қалби пурэҳсоси хеш,
Шарҳи ҳуснат месароям, тоҷикам (?!).
Бо заҳмату идрок ба афлок расидем (?),
Чандин хиради насл ба сад дод бидодем (?).
Дар саҳфаи таърихи куҳансозу куҳанбоз (?),
Сар дар ҳадафи гардиши айём ниҳодем (?).
Шаҳри ҳунару шаҳри ҳавасҳоӣ (?), Душанбе,
Дар дидаву қалбам шуда маъвоӣ (?), Душанбе.
Нишоти зиндагӣ дар ақлу дар идроку (?) фарҳанг аст,
Куҷо он пистаи бемағз донад ин муамморо (?).
Агар парвона гирди шамъ сӯзад боли парвозаш,
Куҷо оқил кунад коре, ки сӯзад ҳарду дунёро (?).
Агар эҳсоси олӣ ҳосили доди худовандист (?),
Насозад дарк нодон қадри ин дилҳои шайдоро (?).
Сукути тирагиҳои замона доғ-доғам кард (?),
Кунун ёд оварам сайре зи гулгашти мусаллоро (?).
Дар саҳифаҳои 116-124 рубоӣ ва дубайтиҳо дарҷ ёфтаанд. Кас ба хулосае меояд, ки муаллиф чи будани ин жанрҳоро намедонад, зеро ҳар чизеро, ки дар чаҳор байт гуфтааст, ба ин жанрҳо мансуб дониста, дар ин қисмат ҷой додааст.
Таваҷҷуҳ мекунем ба нахустин «рубоӣ» ё «дубайтӣ»-и ин бахш:
Зан агар бошам, (?) вале аз занмиҷозон нестам,
Пур зи макру ҳиллаву аз шури шайтон (?) нестам.
Рубаҳон (?) имрӯз садри маҷлису воломақом (?),
Гар набидҳам доди эшонро мусулмон нестам (!?).
Ин навишта, агар аз бемантиқиву даъвоҳои бебунёдаш бигзарем, ягон рабте ба рубоиву дубайтӣ надорад. Чизҳое ҳам, ки дар шакли рубоӣ ё дубайтӣ гуфта шудаанд, чун дигар жанрҳо пур аз нуқс буда, ба ибораи худи Маликаи Аваз, ба мазрааи қалбҳо ба ҷуз «сафсатаву ҳарза» дигар чизе кошта наметавонанд.
Дар олами бекаронаи илму адаб,
Чун тӯтиву мурғу кафтарон (?) бисёранд.
Бас сафсатаву (?) ҳарзаву кам нақди асил (?),
Афсӯс ба марзи қалбҳо (?) мекоранд.
Охири матлаби мазкурро бо ду рубоии муаллифи мавриди тақриз ҷамъбаст менамоем ва умед дорем, ки дар оянда «мардуми бефурӯғи ғоратпеша», «хомтабиатони беандеша» ва «дурӯғнависони шоирпеша» илму донишро дигар фиреб намекунанд, «қадри сухану суханварро» намешикананд ва раҳбарон, кӯриву карии худро як сӯ гузошта, намегузоранд, ки «соҳибҳунарон» «ба пушти ҳар дар» хору зор гарданд:
Эй мардуми бефурӯғи ғоратпеша (?),
Эй хомтабиатони беандеша,
Бас фанду фиреб (?) ба илму дониш кардед (?),
Эй қавми дурӯғнависи шоирпеша.
Ин даҳр, ки чун рӯзу шабаш даргузар аст,
Соҳибҳунараш хор ба ҳар пушти дар аст (?).
Қадри сухану суханвараш бишкаста,
Дар ҷамъияте, ки кӯру кар раҳбар аст (?).
Маликаи Аваз дар фанни шеър на саводи кофии назариявӣ дорад, на амалӣ ва, хушбахтона, худ ба ҳазёну ҳарзагӯиаш иқрор гашта, кори моро дар мавриди баровардани хулоса дар ҳақи осори хеш осон намудааст:
Шоми сияҳ ба ёдат имрӯз ҳам саҳар шуд,
Ёди туро ба сина як саҳфае дигар шуд (?).
Аз дарду ғам нахуфтам, ҳазёну ҳарза гуфтам,
Аз шоми тираи ман офоқ ҳам хабар шуд.
***
Абдуқаҳҳори Қосим дар анвоъ ва авзони суннатӣ шеър мегӯяд. Навиштаҳои ӯ таассурот аз хондаҳояш буда, ҳарфи тозае дар шеъргунаҳояш дучор намеояд:
Ба нури илм дилҳоро мусаххар мекунӣ, устод!
Ту хуршедию оламро мунаввар мекунӣ, устод!
Бадтар он ки ашъораш пур аз иштибоҳот аст. Дар шеъри ӯ қабл аз ҳама таносуби калом, ки алифбои шоирист, бо ду по мелангад:
Ватан, рӯҳи равон бар ҷисму ҷонам,
Ватан, ҳастӣ замину осмонам.
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
“Ватан-модар” ҳамеша бар забонам
Дар мисоли фавқ сирқати адабӣ низ ҳузур дорад: мисраи сеюм аз Лоиқ Шералист.
Мо ҷавонем, қувваи созандаем,
Тоҷиконро вориси арзандаем.
Чунин мисолҳои пурғалату бемантиқ дар китоби “Дар дил баҳор дорам” хеле зиёданд ва бетаносубӣ саропои онро фаро гирифтааст.
Нақси дигари сухани шоир дар риоя нагаштани мантиқи калом ба мушоҳида мерасад:
Аё модар, туро дар хоб дидам,
Ду чашмони туро пуроб дидам.
Бипурсидам: чаро гирёнӣ модар?
Бигуфто: “Ман туро нотоб дидам”.
Дар ин пора мухотаб бо “ту” (модар) — шахси дувум ибтидо ёфта, бо “ӯ” (бигуфто) — шахси сеюм анҷом мепазирад ва мантиқи каломро ба боди фано медиҳад. Сактаи вазни сатри сеюм бар ин нақсҳо меафзояд.
Мисоли дигар:
Зи ту номи накӯ монад, зи кори хайрхоҳи ту,
Ҳама боди фано гардад, Худоро гар намедонӣ.
Байт саропо бемантиқу бемаънист, муаллиф ҳатто калимаи “хайрхоҳ”-ро ба ҷои “хайрхоҳона” оварда, ноогоҳиву нотавонии хешро ба намоиш гузоштааст. Дар ин сатрҳо низ:
Қалам гардам, чу абрӯи ту бошам,
Аҷаб сурма ба рӯи миҷагон аст,
Лабҳои ту қаймоқӣ, рӯмолат гардӣ.
-Ин дилситониҳоятон монад ба дилҳо ҷовидон,
-мегӯяду намеандешад, ки дилситонӣ чӣ гуна дар дил мемонад?
Хулосаҳои бисёр содалавҳонааш фаровон аст:
Бӯӣ (?) нони гарми модарҷони ман,
Бар тамоми дард дармони ман аст.
Шоире буд сулҳдӯсту (?) сулҳҷӯ,
Аз амонӣ менамуд ӯ гуфтугӯ…
Баҳри ӯ бояд навиштан достон,
Фахри миллат, қаҳрамони тоҷикон.
Боз ҳам содалавҳона ва бо адами комили шеърият мегӯяд:
Ин қадр барфакҳои хурд (?)
Гӯё зи элак бехтанд.
То бахти мо гардад сафед,
Болои дунё (?) рехтанд
ва беш аз он содалавҳонаю бемантиқ хулоса мекунад:
Борида барфи элакӣ (?),
Ояд зимистон қаҳратун.
Ҳар он чи ояд, бигзарад,
Расм аст бар гардуни дун.
Чаро бечора гардун, ки “то бахти мо гардад сафед” “барфакҳои хурд” мерезад, боз дун будааст?
Гуфтам ғами диламро бо май фурӯ нишонам,
Ғам дар дилам фузун шуд, сар зери бор кардам.
“Сар зери бор кардам”
-яъне чӣ ва чӣ бори маънавие дорад?
Хатоҳои вазн дар китоб бешуморанд. Чанд намуна меорем:
Лаби ту хонаи гул (?) бошаду ман гулпарвар,
Ту хазонеро (?) набинию шукуфон бошӣ.
Роҳат бикунем ба сояи дӯлона.
Лабҳои ту қаймоқӣ, рӯмолат гардӣ.
Аз боғи вафо анор аз кас нагирам,
Боғбондухтар, худи ту бар хона биёр.
Кошкӣ ба дарат рафта, дарав мекардам.
Зулфони нигора бин, пар-пар дора.
Аз хиҷолат хун ба рӯяш дамид,
Ким-чӣ гуфту кунҷи лабҳояш парид.
Мусофирам, муҳоҷирам, чӣ тадбир?
Чу тӯбе ман ба пеши пои тақдир.
Заъфи қофия низ нуқсони чашмрасе дар шеъри ин шоир аст:
Нома бигрифт он ҷавон, ки рост буд,
Қоматаш хам гашту гӯё дос шуд.
Муқаддас кори пурфахрат, муаллим,
Ба кулли оламиён дода таълим.
Яке аз заҳмати ту шуд муҳандис,
Дигар кайҳоннавард ё ин ки олим.
Амалдор асту шоир ё вазир аст,
Ҳама дар назди ту доранд таъзим.
Агар заъфи аёни вазну забону баёнро сарфи назар намоем, ҳаргиз “муаллим” бо “таълим” ва “олим” бо “таъзим” қофия намешаванд. Воқеан, дар ҷои дигар дар васфи муаллим ҷуз таъбирҳои обшустаи дилбазан ҳарфе наёфтааст:
Эй муаллим, розгӯю роздон,
Эй муаллим, дарсгӯю (!) меҳрубон,
Заҳмати ту оварад рӯзе самар,
Гӯяд аҳсан бар ту авлоди башар.
Маҷмӯи нақси китоби “Дар дил баҳор дорам”-и Абдуқаҳҳори Қосимро мешавад бо ин сатрҳо нуқта гузошт:
Чархресон модарам, оҳиста мехонад суруд,
Метанад фикру хаёлаш ҳамчу тори анкабуд,
Мокуро партояду аз кӯдакӣ ёд оварад,
Ҳамчу моку зиндагӣ ӯро ба ҳар сӯ мебарад.
Хулоса, эҷодиёти Абдуқаҳҳори Қосим моломоли нақси вазну заъфи қофия буда, дар мантиқу маъно ва таносуби калом камбудиҳои ҷиддӣ дорад, забонаш нокомил, баёнаш ноқис, бадеияти навиштаҳояш хароб аст. Амалан зери тақлиди оҷизонаи шаклу мазмуни ашъори хондааш мондааст, ки ин тарзи “эҷод” ҳеҷ муносиби узви Иттифоқи нависандагон нест.
***
Нахустин норасоие, ки дар навиштаҳои Абдураҳим Муталзод (Солими Фархорӣ) ба назар мерасад, ғалати вазну қофия, номутаносибии калом ва аз мантиқу маънии одӣ орӣ будани сухан аст.
Таҷаллӣ мекунанд асҳоби муҳит (?), офтобу моҳ,
Ба ҳукме, ҳар яке сар то ба пош анвор мерезад.
Машоми гулпарастонро ба бӯи гул муроот (?) кун,
Сабӯи боданӯшонро сафо ангур мебахшад.
Дигар:
Нигоҳи мову ту бегона, гарчи ту
Имое (?) сӯи дар дорӣ, нахоҳам рафт.
Ваҳшат паногаҳи дил дарёфту (?) даст андохт,
Ҷоест вазъи ҳастӣ муқбили (?) ҳоли мо нест.
Дар ин байтҳо на танҳо вазн саропо хароб аст, балки саросар маъние надоранду аз онҳо чизе наметавон фаҳмид.
Пое шикаст дар шикан (?) дорад мароми мо,
Ки узри лангро асо (?) ночор гаштаем.
Чашмаш нарасад, (?) ғулу бингар,
Танбаста ба чӯби тӯғ афзун.
Гарданкашу оташин (?) оҳанг,
Дар гардани баста юғ афзун.
Ҳар саҷдаву тоаташ риёест,
Риндона ба ранги муғ (?) афзун.
Ин «қаламкаш» аслан вазну оҳангро намедонад ва мисолҳои зер низ ба ин далолат мекунанд:
Домани кӯҳи саркаш бӯи баҳор дорад,
Ранги адир дилкаш, бӯи баҳор дорад.
Меҳри само табассум бо меҳр (?) сарфи гул кард,
Сардии дай мушавваш, бӯи баҳор дорад.
Шаҳпари худ ба тан зад, оҳанги (?) булбул омад,
Шоми сиёҳи ҳаббаш (?) бӯи баҳор дорад.
Тоҷи уфуқ (?) хун шуд, майгун (?) шафақ ба чеҳра,
Лола ба дашт майкаш, бӯи баҳор дорад…
Эй хушакаш, (?) хирманат (?) хирвори зар шавад,
Ҳар донаи киштаат (?) пур аз самар шавад…
Ин чӣ савдое, (?) чиҳо мегӯем,
Нокасонро бебаҳо (?) мегӯем…
Камбуди дигаре, ки дар ин навиштаҳо ба назар мерасад, ғалати қофия аст. Дар зер ба чанд намуна ишора мешавад:
Ҳавопаймои бахтам мутмаин (?) нест,
На! Хатсайли (?!) навинаш ҳам яқин нест…
Офтобо, сар барор аз ҷайби шаб,
Қисса мегӯ мӯ ба мӯ дар ғайби шаб.
Ҳолдонро ҳоли ту пинҳон намонд,
Гарчи ту печидаӣ дар савби (?) шаб…
То ҳанӯзам ҳукмрону муҳр баст(?),
Дилсиёҳи рӯсияҳ дар қалби (?) шаб.
Лашкари субҳи саодат панҷа зад,
Чодари зулмат аз шавби (?) шаб…
Марде ба забон дурӯғ афзун,
Зод оташи бефурӯғ афзун.
Қаллошу чаковаи суханбоз(?),
Чоке ба даҳону «шӯх» (?) афзун…(?)
Вижагии асосии навиштаҳои Солими Фархорӣ носолимии андешаву баён аст, ки иқтибосҳои боло ҳама намунаи инанд. Аз ин даст метавон боз фаровон мисол овард. Сухани ӯ то ҳадде торику норавшан аст, ки хонанда маъние бардошта наметавонад. Дар зер ба намунаҳои нави ин беҳудагӯиҳо ишора мешавад:
Нохуш астам, дар биёбон тухми гулҳо коштам,
Сояи мижгон (?) ба бор омад, саробам додаанд.
Пайи бозии ахтар боли товусёр (?) мехезад.
Тилисми каҷниҳодонро ба пайкони сухан бишкан,
Ғуруре мекунад пайдо, ба ӯ дастур (?) мебахшад.
Ку камонат, ай камонкаш, тир расво мешавад
Ҳини ҷонбозӣ ба хуни ҷавшани сарбозҳо…
Сар ба саҳро мондани мо ҳолати ошуфтагист,
Чашми тинат кӯр бодо дар ғубори розҳо…
Ранг мебандем амонат лоларӯ андоми даҳр,
Шуъла чашми хира шуд дар партави эъҷозҳо.
Солим, оҳи мо агар дуди чароғи хона нест,
Тоири танги нафас дорам, аҷаб парвозҳо.
Сардард шудед? Сабр, ки аз ин бадтараш ҳам аст:
Дил чӣ хаёл дорад, ки дар хаёли мо нест,
Дунболаи ҳаловат бошад, ҳалоли мо нест.
Раҳбаста роҳи маънӣ, оҳи дамида моро,
Пайдост чашмбандӣ, азми шамоли мо нест.
Даҳшат ба арзи гардун бо чӣ сиёсат омад,
Дам банд, к-ин муаммо пайдо ба фоли мо нест.
Ошуфтагӣ ба ҳайси уфтодагӣ наояд,
Сар зинда, бори тоқӣ , мӯе заволи мо нест.
То анҷуман маё ту, ҳангомаи шаб аст он,
Анҷум ситоразору абруҳилоли мо нест.
Тоқат шунав, сабурӣ аз боғи тавҳид аст он,
Чун реша медавонам, ҷое ниҳоли мо нест…
То офият биҷӯӣ, ку улфати ту, Солим?!
Дуде зи шуъла хезад, парвози боли мо нест.
«Раҳбаста роҳи маънӣ», «анҷум ситоразор», «тоқат шунав», «қалби дарёи шиновар», «олуда гавҳар»… ва ҳазёнҳои дигари ин пораву пораҳои дигар «ихтироъ»-ҳои табъи носолими Солиманд, ки аз ҳеҷ андешаи солим берун омада наметавонанд.
«Ғазал»-и дигар низ чӣ қадар беҳудагӯӣ, зиштбаёнӣ ва ҳазён дорад:
Ҳарчанд гӯш дорам бар хандаҳои ганда,
Ҳуш аз сарам паридӣ дар (?) хандаҳои ганда…
Базми бузина (?) дорад, деве ба сина дорад,
Ҷину аҷина (?) дорад, ҳар хандаҳои ганда.
Боди фано бубезад (?), аз сина нола хезад,
Хар обрӯ бирезад (?!) дар хандаҳои ганда.
Оташ зи фитна хезад, ду лаб ба ҳам надӯзад,
Чашми ҷаҳон бисӯзад, гар хандаҳои ганда (?)…
Тасаввуроте ҳосил мешавад, ки муаллифи мазкур аслан аз алифбои шеъру адаб хабар надорад ва ҳар чӣ аз зеҳнаш гузашта, беандешаву саросема рӯи коғаз рехтааст. Ба ин ғазали пурхалал таваҷҷуҳ кунед:
Дар нигоҳи гул нигоҳам бишканад,
Бори ғам парвози оҳам бишканад…
То камонак тири мижгонам нарӯст,
К-аз ҳилоле рӯи моҳам бишканад.
Гардбоди чархи гардон метавон
Сурма дар чашми сабоҳам бишканад.
Нақши урёни фалак, наққоши даҳр,
Сайқал андӯзад равоҳам бишканад.
Қомати мавзун баҳори умри мост,
Соати сангин фароҳам бишканад.
Солимо, табъи салим озод кун,
Варна сар не, сарпаноҳам бишканад.
Ҳақиқат ин аст, ки муаллифи ин ҳарзаномаҳо намедонад чӣ мегӯяд ва ба маънию мазмун коре надорад, аён аст, ки маънии калимаҳоро намедонад ва дар «эҷод» шиораш «ҳар чи пеш омад, хуш омад» асту бас.
Умри ман, эй сураи носури (?) ман,
Меравад соат ба соат зӯри ман.
Захма дорад ботини олудағам,
Торҳои хаставу ноҷӯри ман (?).
Сарфарозӣ, сар фикандам дар назар,
Оҳ шуд ҳамшираи манзури (?) ман…
Заъф агар танро вабои қисмат аст,
Талх бошад, ҳаст бар тан ҷӯри (?) ман…
Гирдобе уқда бар дарё занад,
Печутобаш бишканад фағфури (?) ман…
Ба ҷуз ин жожу можҳо маҷмӯа боз пур аз беҳудагӯиҳои муаммогуна аст, ки тақлиди бебору бебароранду бас:
Мавҷи рӯдам метапам дар қалби дарёи адам,
Обрӯ резад ҳубобе, ҳамнафас бошад маро…
Табъи гардунгир дорам, к-аз хаёле беш нест,
Ал-ғиёс, он ҳотифе фарёдрас бошад маро…
Чашми роҳам (?), ёри зебо меравад,
Шабчароғи маҳфилоро меравад.
Эминам ман, бевафост он ёри дил,
По ба по печида (?), дар по (?) меравад.
Ғулувро нигаред:
Дар панҷаи хокем ҳама нақши нигине,
К-аз нақши нигин пушти замин обила дорад.
Ҷоест, ки ҷон метапад, он садрнишин аст,
К-аз бӯи замин чархи барин зилзила дорад…
Бовар доред, ки ин ҳама сухани асри бистуяк аст?
Хулоса, Солими Фархорӣ бо ин табъу завқи носолим бояд қалам аз даст бигзораду ба коре дигар бипардозад, ки марди ин кор нест. Ба қавли Мавлоно:
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан,
Гови нар мебояду марди куҳан!
***
Файзуллоҳи Эшонҷон, ки бо тахаллуси Файзи Аллоҳ шеър мегӯяд, аз назарияи шеър, мантиқи сухан ва баёни шоирона комилан огаҳӣ надорад. Ин «шоир» бо пайиҳам овардани вожаҳои обшуставу пешипоафтода «ашъоре» эҷод мекунад, ки дар онҳо таносуби сухан, мантиқи баён, вазну қофия ва дигар қоидаҳои назм ҳеҷ риоя намешаванд. Воқеан, дар чанд шеъраш вазну қофия барҷост, вале чун идомаи китоб натанҳо саропо пурнақсу пурғалат, балки пур бемаънист, гумоне беҷо нест, ки он чанд шеърак ҳосили заҳмати «муҳарриррон»-у ҳаводорони фаровони чунин «шоирҳо»-ст.
Дар шеъри «Пандомӯз», ки пур аз суханҳои куҳнаву забонзаду обшуста асту ҳарфи тозаву шоиронае надорад, чунин байтҳои бесарунӯг ҳастанд:
То бубинад рӯи худро дар амал,
Пок созад ҷисми худ аз ҳар касал.
…Гар мусулмоне ниҳад худ пой каҷ,
Пойи каҷ бадном созад номи ҳаҷ.
«Шоир» ҳатто калимаҳои одии касал ва касалӣ (бемор ва беморӣ)-ро аз ҳам фарқ карда натавонистааст ва бо такрори ибораи «пойи каҷ» дар байти дувум қоидаи баёнро хароб кардааст.
Дар шеърҳои зиёди ба Ватан бахшидаи Файзуллоҳи Эшонҷон сухани нав, нигоҳи хос ва ҳатто калимаву ибораи шоиронае ба чашм намехурад. Дар шеъри «Нони Ватан» аз ягон байт равшан нест, ки мухотаби «шоир» кист. Ба ин байтҳои подарҳову номутаносиб таваҷҷуҳ кунед:
Қонеам ман аз лаби хони Ватан,
То ба меҳнат мечашам нони Ватан.
Кӯҳу дашту махзанат афсонавӣ,
Кӯчаҳоят боғи ризвони Ватан.
Мардуми фармонпазиру (?) содиқат
Шуд қайими (?) ганҷу аъёни Ватан (?).
Ин «шоир» дар байти аввали шеъри «Меҳри Сарвар», ба Ватан хитоб карда, мегӯяд:
Ҷонам, Ватанам, дар ҷигару (?) дида ту ҷоӣ,
Ту манзилу ту кишвару ту миллати моӣ (?).
Ин ҳарфҳо худ далели онанд, ки гӯяндаашон натанҳо завқ, балки андешаи одии солим надорад.
Дар шеъри дигари ба Сарвари кишвар бахшидааш Пешвои миллатро бо чунин суханони содалавҳонаи беарзиш васф кардааст:
Арбоби хирад Раҳмон,
Эй вориси олимон.
Ҳамроҳи абармардон
Дар анҷумани ООН.
Аз шеърҳои ин «шоир», ки ба қавли бебунёди муаллифи сарсухани китоби «Раҳоварди сабзи сухан» «ба ин пеша хеле ҷиддӣ муносибат намуд», маълум мешавад, ки маънои калимаҳои одӣ ва тарзи навишти онҳоро намедонад, аз қоидаҳои забони тоҷикӣ огоҳӣ надорад ва навиштаҳояш ба талаботи аввалияи назм (чи расад ба шеър!) комилан ҷавобгӯ нестанд.
Табассум мекунад кишвар,
Тараҳҳум мекунад сарвар.
Замин аст меҳвари офтоб,
Худо бо ин мақом, довар.
Замину офтоб моем,
Надорем кинае дар сар.
Ҳамон як раҳраве дорем,
Ва ҳам як хонаву як дар.
Мухолифини ин маъно
Равед аз пеши мо дуртар.
…Бузургон ҳамчу ҳалвоянд,
Ҳақиқанду мулоимтар.
Ин мастиву шодӣ зи аём хоҳад буд.
Гӯё ки тенҷу ором
Мекард созиш ба хона.
Мерем хонаи Собир,
Маъзур мекунем зоҳир.
Бо даъвати Сарқонун
Дар қуллаи амбозем.
Бо даҳр чу ҳамрозем,
Бо Руссиё амбозем.
Мо якҷоя мехезем,
Мо сулҳи ҷаҳон созем.
Номи зебо аз шумо эй, Рашти ман
Ҷои ту дар чашми мо эй, Рашти ман.
Гаҳе кетман ба даст гирӣ,
Ва пас аз ӯ қаламҳоро.
Сухан гуфтиву кам гуфтӣ,
Бикун равшан муамморо.
Дилат пур, Файзи Аллоҳ,
Бубинӣ ин амалҳоро.
Дар ин ҳазёнпораҳо, ба замми помол шудани мантиқ, бемавқеъу нодуруст ба кор рафтани калимот, риоя нагаштани таносуб, қариб дар ҳар мисраъ вазн хароб аст.
Ғарқи хаёлу ғамгин,
Чеҳраву лабош рангин.
Ман туро дефо намоям…
Субҳи дигар ҳам Камол,
Ҳам Бадрдин бемалол.
Гоҳе Бадрдин аз бар,
Мебӯсид аз пушти сар.
Тайёра хест дар ҳаво,
Тенҷу ором буд қафо…
Афсарон дар обутоб,
Тӯпу тир дар изтироб.
Такрори беҳунаронаи суханони куҳнаву обшуста яке аз айбҳои асосии навиштаҳои Файзуллоҳи Эшонҷон мебошад, ки дар ҳар шеъраш ба назар мерасад. Ӯ маъмултарин суханҳоро дар қолабҳои вайрону пурғалат баён мекунад ва, албатта, ба вазн ҳеҷ эътиборе намедиҳад:
Дар иди наврӯзи ватан,
Гул мекунад дашту даман.
Бишкуфта гулҳои чаман,
Ҳастӣ ту дар оғӯши ман.
Наврӯз муборак, ҳамватан.
…Эй худшиноси растахез,
Ҳушёр шав, аз хоб бихез.
Ҳар ҷодаи ваҳдат ситез,
Бо ин шиори хештан,
Наврӯз муборак, ҳамватан.
Омад нидои мактаб,
Дасти дуои мактаб.
Эй бачаҳо, шитобед
Андар фазои мактаб.
Натиҷа ҳамин аст, ки ин «шоир» алифбои шеърро намедонад, аз рӯи ҳавову ҳавас сухан мегӯяд, дар навиштаҳояш нишоне аз шеър ба назар намерасад.
«ШЕЪРИ РАВОН КУҶО ШУД, ҲАЗРАТ ЧӢ ГУФТА БОШАД?»
АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ТАҲЛИЛУ ОМӮЗИШИ САТҲИ КАСБӢ ВА МАҲСУЛИ ЭҶОДИИ АЪЗОИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН
Адабиёт дар ҳама давру замонҳо, дирӯз, имрӯз ва фардо як рисолатро пайгирӣ карда ва хоҳад кард, ки он тарбияти инсон аст. Моя ва ҷавҳари аслии осори шоирони бузург инсонсолорӣ ва тарғиби он буда ва ҳаст. Шоирони бузург барои балоғати сухани худ аз беҳтарин равишҳо кор гирифтаанду дурри сухан суфтаанд. Андешаҳои худро дар шеър аз ҳар назар зебову муассир оростаанд. Чунин аст, ки каломи онон натанҳо барои як миллат, балки барои миллатҳо хидмат мекунад. Башар қарнҳост, ки аз шеъри ин абармардон дарси маърифат меомӯзад ва аз бунбастҳои маънавӣ худро наҷот медиҳад.
Имрӯз ҳам дар адабиёти муосири тоҷик адибони асил дар қаламрави ҳамин рисолат сухан мегӯянд ва эҷод мекунанд. Аммо, мутаассифона, дар чанд даҳсолаи охир бо вуруди як идда қаламфарсоён ба ин чаманистони ҳамешасабз, ин муқаддасот қариб фаромӯш гардид, ҳар касе ба ҳар тариқе тавонист ин марзро, ки ҳазорсолаҳо устувор буд, шикаст. Сухани бадеъ андак-андак мақому мартабаи ҳамешагии худро аз даст дод, зеро ҷои сухани пурбору бадеъро газофу жожҳои беҳуда пур карданд. Бахусус дар шеър нобасомонӣ ба ҳадде расид, ки навиштаҳои дур аз ҳунару андеша ва мантиқу балоғат ҳамчун шеър ба хонандагон муаррифӣ гардиданд.
Дар ду даҳсола китобҳои бемазмун ва холӣ аз маънову мантиқ ҷилд-ҷилд ба нашр расиданд ва гурӯҳ-гурӯҳ бо чунин китобҳои бебор ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул шуданд. Дар ин шумор Ҳазрати Ғайрат низ ҳаст, ки бо вуҷуди надоштани саводи ибтидоии адабӣ даъвоҳояш дар шеър осмонист. Китоби нахусти ӯ «Эҳтиром» номгузорӣ шуда, аз тарафи интишороти «Деваштич» дар соли 2002 нашр гардидааст. Дар пешсухани китоб омадааст: «… Ҳазрат ба маҷмӯааш «Эҳтиром» ном ниҳодааст. Ин эҳтиром ба сухан, ба шеъри тоҷикии форсӣ, ин эҳтиром ба Шумо, хонандагони азизу арҷманд. Ин эҳтиромро бипазиред!». Мутаассифона, навиштаҳои Ҳазрати Ғайрат ба ин суханҳои воло посух намедиҳанд, зеро ӯ бидуни андеша «шеър» мегӯяд, корбурди калимаҳоро намедонад, аз мушоҳида ва мантиқи шеър огоҳӣ надорад:
Ҷоҳиле ҳикмат бикардан,(?)
Оқиле ҳикмат накардан. (?)
Бӯаливу Рӯдакӣ то осмонҳо рафтаанд, (?)
Илму Ирфон, кашфиёти олимонамро бубин(?)
Дар ҳар ду байт калимаҳо тоҷикианд, аммо маъно ғайритоҷикӣ, зеро ҳеҷ тоҷик андешаашро чунин баён намекунад. Дар ин байтҳо на танҳо шеърият, ҳатто тарҳи як андешаи дурустро наметавон пайдо намуд. Хабари хушк аз хусуси он ки Бӯалӣ ва Рӯдакӣ «то осмонҳо рафтаанд», чӣ рабте ба шеър дорад ва чӣ тозагие дар ин баён аст? Дар мисраи дувум Ҳазрати Ғайрат аз Бӯаливу Рӯдакӣ болотар рафтааст ва хоста-нахоста ин ду бузургро олими хусусии худ медонад. Аз ин мисраъ чунин бармеояд, ки гӯё маҳз Ҳазрати Ғайрат ин ду донишмандро тарбият карда, «ба осмонҳо» фиристодааст, ғофил аз он ки танҳо ифодаи шоиронаи ҳунармандона ин маъниро ба дилҳо расонда метавонад. Чунин номафҳум ва ғалат сухан гуфтан дар навиштаҳои Ҳазрати Ғайрат як амри муқаррарӣ ба шумор меояд:
Ман наарзам, минбари шеъри равон…
Мирам зи (?) кӯи модарам…
Шукуфад, ғунчаҳои сидқи дилҳо,
Ҳама фисқу фасодам менависам.
Сӯзам аз номардии мардон дилам хун мешавад…
Лаб ба лаб бинҳода бинам, шод дар олам манам…
Ҳазрати Ғайрат таркиби «лаб ба лаб бинҳодан»-ро аз мисраи машҳури устод Лоиқ Шералӣ «Лаб ба лаб бинҳодаву аз шӯри дил ларзиданат» гирифтааст, ки номи ин амал сирқати адабист. Ин таркиб дар мисраи Ҳазрати Ғайрат беҳунарона омадааст ва бар хилофи суннату фарҳанги мардум аст, зеро одами солим дар пеши чашми мардум бо маъшуқи худ машқи бӯсобӯсӣ намекунад. Навиштаҳое чунин басо булҳавасонаву бебунёд буда, адабиёт ва завқи мардум онҳоро ҳамоно аз худ берун меафканад. Ҳарчанд Ҳазрати Ғайрат ҳамон гуна беасосу бебунёд даъво дорад:
Бо ин китоби «Эҳтиром»,
Ҳазрат намемирад дигар,
Бо ин паёму ин калом, (?)
Ҳазрат намемирад дигар.
Ҷӯшида дар деги сухан, сад обу донаш шуд бухор (?)
Шуд пухта (?) ӯро лои хом,(?)
Ҳазрат намемирад дигар,
Дар ҳалқаи (?) шеъру сухан,
хонад касе аз ӯ ғазал,
Дар ҳалқаи занҷиру дом, (?) Ҳазрат намемирад дигар.
Гӯяд агар тарзе ғазал, (?) бар чор унсури (?) азал,
Монад ба сабти (?) «Шашмақом»,
Ҳазрат намемирад дигар.
Дар кишвари овозаҳо Ҳазрат, ки беовоза монд, (?)
Дар кишвари Қутбӣ Киром (?)
Ҳазрат намемирад дигар.
Ин навишта ёдовари байти машҳури устод Лоиқ Шералӣ «ман намемирам, ман нахоҳам мурд» ва ғазали машҳури «Лоиқ намеояд дигар» мебошад, ки Ҳазрати Ғайрат бо иваз кардани калимаҳо дар радиф ва қофия ҳолу ҳавояшонро аз худ кардааст. Бо вуҷуди ин, дар «ғазал»-и фавқ ҳеҷ эҳтироме ба сухан нест, калимаҳо берабту бебор ва дур аз шеърият ба кор бурда шудаанд. Хонанда аз ин навишта ба ҷуз дарди сар ва осори безавқӣ чизе наметавонад бигирад. Дар ҳар мисраъ ва ҳар байт халали маъно, беҳунарӣ, ноогоҳӣ аз мантиқ ва шеър мушоҳида мешавад. Таваҷҷуҳ кунед ба авҷи бемантиқию бемаъноӣ, ки оби дегаш не, дона бухор мешавад! Дар мисраи дигар Ҳазрати Ғайрат аз обу дона фаромӯш мекунад ва деги сухани худро пур аз лои хом мебинад, ки ҳарзагӯие беш нест. Аз тақризи муфассали ин навишта мегузарем, бигзор худи муаллиф бештар биандешад, ки чӣ мегӯяд ва чаро мегӯяд?
«Зеби гуфтор» китоби дувуми Ҳазрати Ғайрат аст, ки низ соли 2005 аз тарафи интишороти «Деваштич» нашр шудааст. Дар пешсухани он мехонем: «Сурудаҳояш равону самимӣ, гӯёву фаҳмо, гирову шевоянд. Ҳазрат дар ҷодаи пурмашаққати шеър сабку услуби хосаи худ, тарзи баёну гуфтори худро дорост. Аз ин рӯ, китоби нав «Зеби гуфтор» ном гирифт». Мутаассифона, он чи ки дар навиштаҳои Ҳазрати Ғайрат дида намешавад, маҳз ҳамин самимияту равонии сухан, шевоӣ ва гироии он аст ва агар ин арзишҳо набошанд, гуфтан аз сабку услуби «хоссаи» муаллиф чӣ маънӣ дорад? Сабку услуби адабӣ дар навиштаҳои бепояву бемоя буда наметавонад.
Ман зи ишқу ошиқӣ рози сухан омӯхтам, (?)
Мӯ ба мӯ ман рози ишқи гулбадан омӯхтам. (?)
Қиммати (?) рӯи гули ту шавкати гулҳо шикаст, (?)
Ман зи меҳри гарми ту қадри чаман омӯхтам.
Зеби лутфат лутфи Ҳурмузам, ки инсонпарвар аст, (?)
Ман зи печу тоби зулфат
Аҳриман омӯхтам. (?)
Ишқ-дарёи равону охираш дар ҳосил аст, (?)
Ҳосили ишқам ту медонӣ, ки ман омӯхтам. (?)
Гарчи ишқи ёру оллоҳам камоли
Ҳазрат аст (?)
Ишқи халқи хештан, ишқи
Ватан омӯхтам. (?)
Ин сатрҳои бемантиқу парешон намунае аз «шеърҳои равону самими»-и Ҳазрати Ғайратанд, ки «дар сабку услуби хосса» иншо гардидаанд! Ду байти аввал аз назари кайфияти шеър ва маънову андеша ҳеҷ тозагӣ надорад. Таркиби «шавкати гулҳо шикаст» нодуруст аст, зеро на «шавкати гул», балки «равнақи гул» мешиканад. «Ман зи меҳри гарми ту қадри чаман омӯхтам» мантиқӣ нест, зеро «меҳри гарм» бо «қадри чаман» рабте надорад. Ҳамин гуна, навиштаҳои муаллифи китоб ҳам аз назари ҳусни баён, ҳам аз дидгоҳи андешаи солим пур аз ҳарзаҳост ва аз он мегӯяд, ки Ҳазрати Ғайрат на захираи забону баён дорад, на завқи корбасти унсурҳои шеър.
Ҳайф аст, садо кардам, аз халқ садо н-омад,(?)
Беҳ он ки ба кӯҳ гӯям, (?) аз кӯҳ садо будаст.(?)
Модарон-фариштагонанд,
Ҷумлаи диловаронам. (?)
Нафарҳои(?) азизам, зинда бошед!
Падарҷонам, бароям як нафар буд.(?)
Ба онҳо (?) шеъри воло гӯй, Ҳазрат,
Ба мардум шеъри волоро сароянд.(?)
Ин намунаҳоро на танҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ба шеър нисбат дод, балки ҳар нафаре, ки заррае аз ҳунари суханварӣ огоҳ аст, ба калимаҳои ин навиштаҳо раҳмаш меояд. Ҳазрати Ғайрат мегӯяд: «нафарҳои азизам зинда бошед», оё «азизонам» гуфтан шоиронатар намешуд? Сатри «Падарҷонам бароям як нафар буд» хандахарише беш нест. Шояд мехоҳад бигӯяд, падари ман ҳам шахсияте буд нотакрор, якто ва ягона, аммо ин маънии одии равшанро натавонистааст баён кунад. Дар натиҷа хонанда аз он бардошти ба куллӣ дигар мекунад, яъне падар… як нафар беш буда наметавонад охир! Китоби «Зеби гуфтор» низ аз як «падида»-и шоирони навбаромад эмин намондааст — пур аз акси овозхонҳои шинохта ва аҳли хонаводаи муаллиф аст, ки ҳеҷ рабте ба шеър надоранд. Муаллиф бо нишон додани ҳамроҳияш бо онон мехоҳад таъкид кунад, ки бо чи касоне ҳамнишин аст.
«Гиромӣ» китоби севуми Ҳазрати Ғайрат мебошад, ки он ҳам аз тарафи интишороти «Деваштич» дар соли 2009 ба табъ расидааст. Дар ин китоб Ҳазрати Ғайрат суханҳои зиндаёд Лоиқ Шералӣ, овозхони шинохта Ҷурабек Муродов ва шоир Муҳаммад Ғоибро барои исботи шоирии худ овардааст. Масалан, устод Лоиқ Шералӣ дар бораи Ҳазрати Ғайрат гӯё чунин фармудааст: «Ҳазрат, ту дарде дорӣ, дарде, ки ҷавҳари шеърро дорад, бояд эътибор дода ин ҷавҳарро сайқал диҳӣ». Бовари кас намеояд, ки шоири тавоно ва фозиле чунин ҳарфҳои дилнорасу подарҳаво ва беш аз ин беасос бигӯяд. Устоди сухан ҳаргиз ҷавҳарро «сайқал намедод». Ҷӯрабек Муродов мегӯяд: «… Дар сиришти ӯ шеъру мусиқӣ ба ҳам тавъам омадаанд, ки ин падидаи нодир аст». Агар овозхони муҳтарам ин ҳарфҳоро дар мавриди устод Рӯдакӣ мегуфт, ҳақ буд, аммо дар ҳолати хароби осори Ҳазрати Ғайрат аз ин падидаи нодир хабаре нест. Муҳаммад Ғоиб ҳам дар бораи шеъри ӯ менависад: «Бо як гул баҳорро шинохта намешавад, аммо Ҳазрати Ғайратро бо як байти шеъраш ҳамчун шоири баркамол шинохтан мумкин аст». Бовари кас намеояд, ки ин баҳоро шоири хушзавқу номоваре дода бошад. Наход шоири баркамол китобашро «Гиромӣ» ном бигузорад. Инак намунаҳои дигаре аз ин «шоири баркамол»:
Шукри азму фазли Яздон, ман ба дунё омадам,
Амру муҳри раҳми Раҳмон, ман ба дунё омадам.
… Баски ҳазратҳо ба ҳар як чархи таърих омаданд,
Ҳазрате аз чархи гардон ман ба дунё омадам…
Ин сатрҳо, ки аз шеърият фарсангҳо дуранд, чӣ маънӣ доранд? «Шоири баркамол» мехоҳад бигӯяд, ки Худованд махсус барои ба дунё омадани ӯ амалҳоеро анҷом додааст, то бузург ба дунё ояд. Бузургон дар ҳар замон як бор меоянд ва ӯ низ аз ин шумор аст? Таъбири «ба ҳар як чархи таърих» маъно надорад ва сатри охир танзи ноогоҳонае ба бемантиқии муаллиф аст, зеро касе аз чархи гардон ба дунё намеояд, чарх худ ҳамон дунёст, аз дунё ба дунё омадан бисёр бемаънист.
Некие, ки мекунӣ бар оби дарё мезанӣ,
Оби раҳмат бар сарат дар ҳар ду дунё мезанӣ
Ин ҷо, ҷуз бемаънигии аёни сатри дуюм, масали машҳури «некӣ куну дар об парто»-ро зишту нодилрас истифода кардааст.
Мисолҳои дигар аз ин даст:
Шоир ин(?) анбӯҳи (?) халқ аст,
Шеъри гармаш рӯҳи (?) халқ аст.
Коҳи халқе (?) гар биларзад,
Бар сари ӯ кӯҳи (?) халқ аст.
Дарди халқашро нагӯяд,
Музтару (?) маҷрӯҳи (?) халқ аст.
Шод ӯ аз шодии халқ,
Ҳам дар оҳу ӯҳи (?) халқ аст.
Дар ин навишта мантиқ комилан риоя нагаштааст, чизе аз шеъру шоирӣ дар он дида намешавад, он таҳқир аст ба шеъру шоир. Ҳазрати Ғайрат мавзӯъро амиқ ва дақиқ фикр намекунад, ҳар чӣ пеш ояд, мегӯяду дар шакли мисраъҳои холӣ аз маъно пешкаши хонанда менамояд:
Дар оромӣ ба фарёдӣ, сад афсӯс (?)
Накӯзодӣ ба бадзодӣ, сад афсӯс (?).
Маломатро бихоҳандат дигарҳо (?)
Дигарҳоро ба имдодӣ, сад афсӯс.
***
Ҳазратам, хоста нохостаро гуфт, нагуфт(?)
Шояд аз хислати ашъор, (?) дигар эй фарзанд. (?)
Каси аз сухан андаке огоҳ аз ин ҳарзаҳо, ки ба номи шеъру ҳунарварӣ ба хонанда пешкаш шудаанд, ба ҳайрат меояд. Намунаи дигар дар ҳамин ҳолу ҳаво:
Дар ҷаҳон марди ҳунар қадри ҳунар нодидааст,(?)
Боғбон аз боғу майдонаш (?) самар нодидааст.
Хӯрдани ғамҳои фарзандаш падарро пир кард,
Чун падар дар кӯи пирӣ аз падар нодидааст. (?)
Бар каси бемаърифат ҳайфи (?) асар бахшидан аст,
Чун асар нокарда (?) асрори асар нодидааст. (?)
Эй, чӣ оҳе мезанӣ (?) оҳи даҳон афтодаро (?)
Оҳ, ӯ оҳи дилу оҳи ҷигар нодидааст.
Минбароро карда мехоҳад таваллояш кунем,
Дида аз мо ӯ ҳунар, (?) аз баски (?) зар нодидааст. (?)
Хомаи Қутбӣ Киромамро, ки меҷӯям ҳанӯз, (?)
Давра шуд вайрона, (?) худ
Шамсу Қамар нодидааст. (?)
Ҳазрат аз авҷӣ (?) ҷавонӣ то ба ин айни (?) камол,
Ҳар қадарҳо (?) карда-карда (?) як қадар (?) нодидааст.
Беҳудагӯӣ дар «китобҳои» Ҳазрати Ғайрат беҳад аст, ҳар чӣ ӯ мегӯяд, берабт мегӯяду бидуни ҳеч андеша, дарҳамбарҳамӣ дар тамоми шеърҳои ӯ равшан аён аст. Ва ин ба дараҷаест, ки бисёр байту пораҳо намунаҳои барҷастаи бемаънигӯӣ ва нақизаанд:
Оби ин дарё куҷо нӯшӣ, тафовутро маҷӯй,(?)
Лаб-лаби дарё давӣ, овораҳоро чора чист? (?)
Сарвари хоҷагие шахси тасодуф (?) бишавад,
Дузди хешаш мудири(?) барбари (?) анбор шавад. (?)
Ҳамчу дарё киштии шеъри ҷаҳонро пос дошт. (?)
Бо сухан (?) нобиғаи(?) дунё бишуд, ёдаш ба хайр
Рӯдакиворам ба қомат, (?) бо сари болостам, (?)
Фахрам(?) аз номаш сарам боло бишуд, ёдаш ба хайр. (?)
Рӯдакивор бояд зеҳн, завқ ва ҳунар дошт, чун Рӯдакӣ қомат доштан далели завқу истеъдод наметавонад буд. Ифтихори пуч аз номи Рӯдакӣ ва бо зикри беҷои ин барои худ шуҳрат хостан беҳудакористу бас. Воқеан, ин навиштаҳои бемаънии аксаран нақизамонанд аз назари вазн ҳам сактаҳои фаровон доранд:
Имтиҳонам дар қафо дар такмили (?) такмилгарам(?)
Шудем (?) мо рӯ ба рӯи ҳарфи номард…
Занҷири (?) банди пост, эй ёрон…
Худ гуфтаю, худ хӯрдаю худ пӯшидан (?) айб (?) аст…
Гар табиб (?) чораи дарди каси овора наёфт,
Модари пири дуо мӯниси бемор шавад.
Таърифи (?) устод буд, шогирди ӯ ояндадор…
Мағлубе (?) дар давра лофи қаҳрамонӣ мезанад…
Кашфи омӯхтани (?) асрор дигар, эй фарзанд…
Андешаҳои Ҳазрати Ғайрат дар кори дубайтӣ ҳам норасо аст, мисраъҳояш номафҳуму сардаргум, ки аз сакта холӣ нест:
Аҷаб даврон бувад шоҳу гадоро,
Кунӣ хайру харӣ бар худ балоро.
Ба дӯсте (?) гар нафорад ҳарфи некат,
Ба ҳарфи бад кунад расми мадоро.
***
Ҳарисоне тамизкорӣ (?) надоранд,
Азизоне азизкорӣ (?) надоранд.
Мавизхӯр (?) олимонеро (?) бигӯед
Кишоварзи мавизкоре (?) надоранд.
Хулоса, навиштаҳои Ҳазрати Ғайрат, ки аз шеърияту бадеияту малоҳату салосат фарсангҳо дуранд, ҷуз худфиребӣ ва фиреби хонандаи ноогоҳ дигар чизе нестанд. Хонандаи огоҳ аз мутолиаи онҳо танҳо афсӯс мехӯраду бас.
ҲАР КАСЕ БОЯД, КИ КОРИ ХУД КУНАД
Анвар Ҳусайнов (Анвари Ҳусайн) соҳиби чор маҷмӯаи ашъор («Ишқи ман», «Меҳроби дил», «Дунёи меҳр», «Пешвои миллат») буда, соли 2013 бо тавсияи шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар Кӯлоб аз ҷониби Раёсати ИН ба узвияти ин созмони касбии эҷодӣ пазируфта шудааст.
Аз тарҷумаи ҳол, протоколи ҷаласаи шуъбаи ИН дар Кӯлоб ва тавсияҳо маълум мешавад, ки мавсуф Донишкадаи санъатро хатм намуда, чанд сол дар Кумитаи телевизион ва радио адои вазифа карда будааст. Шояд ҳамин ҳунари сарояндагӣ, унс доштан бо оҳангу мусиқӣ ва қобилияти замзама кардани эҳсосот дар либоси таронаву суруд боис шуда бошад, ки ба эҷоди таронаҳои бештар маросимӣ (асосан тӯёнаҳо) пардохтааст, дар сатҳи ҳаваскорони шеър, ба қавли муҳаррири китобҳояш Салими Хатлонӣ, «ба навиштани шеърҳои гуногунмазмун низ машғулият меварзид».
Мутолиаи китобҳои нашршудаи Анвари Ҳусайн нишон дод, ки ӯ дар сатҳи ҳаваскор қарор дошта, навиштаҳояш аз касбияти бадеӣ ва риояи қавонину қавоиди шеъри воқеӣ (вазн, қофия, мантиқ, таносуб, диду дарку баёни шоирона ва ғайраву ҳоказо) фарсахҳо дуранд. Сухангӯёни ҷаласаи шуъбаи ИН дар Кӯлоб, тавсиядиҳандагон ва муҳаррир (дар пешгуфтори китоби «Меҳроби дил») дар бораи шахсияти Анвари Ҳусайн, мавзӯи шеърҳои ӯ, истеъдоди сарояндагиаш суханҳое гуфтаанд, баъзе мисолҳоро дар таҳрири худ ё бетаҳрир намуна овардаанд, ки низ аз шеърият дуранд. Ба ҳар ҳол, нафаре аз эшон оид ба ҳунари шоирӣ ё ақаллан аз нишонаҳои ҳунар дар шеъри Анвари Ҳусайн сухани эътимодбахше нагуфтааст. Ҳол он ки маҳз ҳунару истеъдод, саводу маҳорат, донистану риоя кардани қонуну қоидаҳои маъмул сухани шоирро аз «гап»-ҳои муқаррарӣ, аз ҳазёну сафсатта фарқ кунонида, ба сатҳи шеър мебардоранд. Вагарна ба вазну қофия (мутаассифона, ҳамин ҳам риоя намешавад) даровардани мавзӯъ ва мазмунҳои ҳатто муҳим, оҳу воҳи бебунёд, насиҳату пандҳои обшуста бо шеъри воқеӣ умумияте надорад.
Бо таассуф арз бояд кард, ки дар китобҳои нашршудаи Анвари Ҳусайн шеъре ба чашм нахӯрд, ки мутаммаму мукаммал ва ҷавобгӯи талаботи қонуну қоидаҳои маъмули шеъри асили тоҷикӣ бошад. Ҳамчунин, гуфтан зарур аст, ки дар китобҳо на нақши кори муҳаррири масъул ба назар расид ва на муҳаррирони нашриётҳо, биноан намунаҳо дар поён дар ҳамон шакле, ки дар китоб ба хонанда манзур шудаанд, бо камиву костиҳояшон оварда мешаванд.
Намуна аз шеъри «Ватан», ки аз ҷониби котиби масъули шуъбаи кӯлобии ИН ситуда шудааст:
Ватан, ҷони худро фидоят кунам,
Дили поки худро адоят кунам (?)
Ё:
Нигаҳбони ҳам марзу буми туем,
Ба қадри садоқат ҳалоки туем (?)
Аз «Шеъри ман», ки тавсиядиҳанда пораеро аз он чун намунаи хуб овардааст:
Ҳарфи ишқамро мадори
баста не (?)
Пеши Ҳақ аз ишқи ман
лаб боз кун (?)…
Ишқи худро бо ту мехоҳам наво (?),
Нарм-нармак аз муҳаббат
роз кун (?).
Аз шеъри «Забони тоҷикӣ», ки боз ҳам тавсиядиҳанда пораеро аз он тавсиф кардааст:
Бӯи меҳр асту садоқат
бар машомам з-ин диёр,
Дар баҳои дил сарӣ дорад
забони тоҷикӣ (?)…
Баски ширин асту шевову
дилорову фасеҳ,
Хушгувори дилбарӣ дорад
забони тоҷикӣ(?).
Дар мисраи охири ин мисол «хушгувор» ва «дилбарӣ» ҳарду сифатанд, яъне сифати сифат маъние ба бор наовардааст, нуқсонҳои мисраъҳои дигар эҳтиёҷ ба шарҳу тавзеҳ надоранд.
Инак, чанд намуна бидуни тафсир аз ашъори ошиқонаи Анвари Ҳусайн оварда мешавад, то хонандаи закӣ худ қазоват бикунад, ки онҳо то куҷо шеъранд:
Дар замират ишқи манро ҷо набуд,
Мешави безор аз ман дарзамон.
Беҳтар он бошад дар умри равон,
Дасти ҳам гирем, ёри қадрдон…
Гар нахоҳӣ, пеши ман, берун биё,
Бар лабат мӯҳри хамӯшӣ, сабр гӯ!
Пеши ман дигар магӯ лофи вафо,
Ҳарчӣ меҷӯӣ зи дил, аз ишқ ҷӯ!
Намунаи зайл боз ҳам аҷибтар аст:
Гар меравӣ аз ман, бирав,
Аммо дили зорам мабар.
Гар меравӣ аз ман, бирав,
Аз ишқ асрорам мабар.
Гуфтам, нарав аз ман, нарав,
Рафти зи ман бегонасар.
Гуфтам, нарав аз ман чунон,
Рафтиву мондам ғуссавар…
Тақрибан тамоми ба ном «шеърҳои» Анвари Ҳусайн, ки дар китобҳо ҷой дода шудаанд, ба ҳамин минвол «эҷод» гардидаанд, гуфтан мумкин, ки қалам аз тақризу таҳқиқу танқиди онҳо «оҷиз» аст. Як пораи дигар аз «Чорае» ном «шеъри» ӯ намуна меорему бо ҳамин иктифо мекунем, вагарна тамоми муҳтавои чор маҷмӯаро бояд ин ҷо дарҷ кард, зеро ҳамаи «шеърҳо» қариб дар як сатҳанд. Инак, намуна:
Эй Худо бар дардманде чорае,
Раҳмате бар одами бечорае.
Ин ҷигархун мешавам бинам агар,
Ҳар куҷо афтодае, оворае…
Сулҳу оромӣ муяссар кун ба мо,
Ҷангҷӯёнро намо наззорае…
Чун балои ҷон бувад нони бутун,
Роҳати ҷон гӯ, маро аз порае.
Ҷуз Худо, аз ҳеҷ кас Анвар матарс,
Гар хури бар фарқ санги хорае.
Дар намунаҳои боло мо саволу аломате барои далолати нуқсонҳо нагузоштем, чун тамоми мисраъҳо аз шеър ва шеърият хеле дуранд.
Чун «ҳусни» хотима чанд «шоҳбайт» аз ғазали «Пушти дарат» оварда мешавад, то хонанда «лаззат» бубарад:
Эй ёри азиз, омадам, дар во кун,
Аз олами ишқ то диҳам
бас хабарат.
Овоз диҳӣ: — Маё дигар хонаи ман!
Ман мераваму зи ғам
расад бар асарат…
Шояд, ки касе ба бистарат боз ояд,
Аммо чу мане нест
вафодортарат…
Тасаввур мекунем, ки аз мутолиаи на ин мақола, балки «шоҳбайтҳои» овардашуда муаллифи «шеърҳо» ва муҳаррири китобҳо, агар андаке завқу инсоф дошта бошанд, хиҷолатзада мешаванд. Бинобар ин, маслиҳат ин аст, ки ҳар кас бояд кори худ кунад, ҳаваскорӣ на дар эҷоди шеър ва на дар таҳриру тавсия оқибати хуб надорад.
ИНСУ ҶИН ӮРО БА ФАРМОН АСТ…
АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ТАҲЛИЛУ ОМӮЗИШИ САТҲИ КАСБӢ ВА МАҲСУЛИ ЭҶОДИИ АЪЗОИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН
Дар адабиёт зиёд адибоне ҳастанд, ки агарчӣ риштаи забон ва адабиётро хатм накардаанду соҳиби касбу кори гуногунанд, бо асарҳои бамағзу хонданиашон дарёи суханро шодоб намудаанд ва боғи адабиётро накҳати тоза бахшидаанд. Зеро истеъдод модарзодист ва он новобаста ба муҳандис, табиб, агроном ё ронанда будан хоҳ-нохоҳ рӯзе рӯ мезанад ва бо меҳнати шабонарӯзию омӯзиши пайваста тадриҷан сайқал меёбаду нумӯ мекунад.
Мо ба ҳамин андешаҳо китоби доктори илмҳои иқтисод Дӯстмурод Ӯроқов «Мерган»-ро (нашриёти «Империал-Групп», 2007) ба даст гирифтем.
Муаллифи «Мерган» шояд дар хусуси жанрҳои адабӣ тасаввурот надорад ва ин навиштааш, ки ба хонанда ҳамчун қисса (повест) пешкаш гардидааст, дар асл асари публитсистӣ, аниқтараш монанд ба очерк аст, ки беҳунарона иншо шудааст. Муаллиф то ба Афғонистон рафтани қаҳрамонаш хонандаро муфассал бо зодгоҳи ӯ, аслу аҷдоди сокинони он, сипас дар шаҳри Воронеж хизмати аскариро ба ҷо овардани вай шинос карда, андешаҳояшро дар хусуси вуруди артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон баён медорад. Дар оғоз нависанда худ бевосита иштирокчии воқиаҳост. Сипас воқиаҳо дар Афғонистон гоҳ аз ҷониби муаллиф баён мешаванду баъзан якбора қаҳрамони қисса Зафар Муродов (мулаққаб ба Мерган ва Шикорчӣ) худаш риштаи суханро ба даст мегирад. Шояд бинобар бехабарӣ ё беаҳамиятӣ муаллиф дар хусуси вижагиҳои ҳузури аскарони шӯравӣ дар Афғонистон ва тасвири амалиётҳои ҷангӣ ба иштибоҳ роҳ медиҳад:
а) ба хизмат даъват шудани афсару сарбозони эҳтиётӣ на моҳи июни соли 1978, балки 27 декабри соли 1979 ба вуқӯъ пайваст.
б) ҳузури ин тоифа дар Афғонистон се моҳ давом кард ва пас аз вуруди пурраи артиш эшон ба хонаҳои худ баргаштанд. Аммо қаҳрамони асар — Мерган, як ронандаи одӣ, қариб панҷ сол хидмат карда, аз рутбаи сержантӣ то лейтенанти калон мерасад.
«Рӯзҳо паи ҳам мегузаштанд. Соли чоруми хизмати Мерган ҳам гузашт. Мӯҳлати хизмати афсарону сарбозон доимо дароз карда мешуд» (саҳ. 102). Ин дурӯғи маҳз аст.
в) «Душман гуфта русҳо ҷанговарони халқии афғонро ном мегирифтанд», — омадааст дар саҳифаи 24. Баръакс русҳо ва тарафдорони ҳукумати Бабрак Кармал ва Наҷибулло дастаҳои муҷоҳидинро, ки бар зидди шӯравиҳо ва Артиши халқии Ҷумҳурии демократии Афғонистон меҷангиданд, душман мегуфтанд.
г) давоми ду сол (!) дар ошхонаи қисми ҳарбии шӯравӣ дар Афғонистон кор кардани Аҳмад, ҷавони 17-18 солаи афғон, ки дар қисса омадааст, ҳеҷ ба ақл рост намеояд. Магар қисми ҳарбии шӯравӣ дар замони ҷанг бедарвозаю бесоҳиб буд?
«Ин Аҳмад аз деҳаи Ниҳон дар қисми мо ҳезум мешиканад…
— Аҳмад, ту имрӯз ба чӣ кор машғул будӣ?
— Барои ошхона ҳезум реза кардум, об овардум. Чи супорише, ки ошпаз бигуфт, иҷро кардум, — ҷавоб дод Аҳмад» (саҳ.32). Ин ҷо лаҳну лаҳҷаи қаҳрамон ҳеҷ риоя нашудааст.
д) «Он кас дирӯз бо чархболи ҳарбӣ… ба вилояти Файзобод парвоз карданд», — менависад муаллиф. Файзобод вилоят не, балки маркази вилояти Бадахшони Афғонистон аст.
Чунин иштибоҳҳо дар китоб зиёданд. Қисса филмҳои ҳиндӣ ва амрикоии «Рэмбо»-ро ба ёд меорад, зеро муаллиф баъзан манзараҳоеро ба қалам медиҳад, ки боварбахш нестанд. Даре нест, ки ба рӯи Мерган кушода нашавад ва аз сарбози қаторӣ то генералҳои шӯравӣ ба ҳунари тирандозии ӯ қоиланду муҷоҳидини афғон ҳама гӯлу гаранг ва дар муқобили ӯ оҷиз. Масалан:
«- Шикорчӣ, шикорчӣ! Ҳу ана он салладорро зан! Пешдастӣ кун, набошад моро нобуд мекунад, — якбора ба воҳима афтода гуфт командир.
— Ҳоз-зир, о-на-и зо-раш-ро ниш-шон мед-ди-ҳам! — гуфтам ман ғазаболуд, ки кайҳо ӯро ба нишон гирифта будам ва шатаки автоматро зер кардам
Салладори гранатамётдор аз ҷои камингирифтааш ба ҳаво парида, граната тахминан панҷоҳ қадам аз мо дуртар, ба замини шӯразор афтида таркид. Пас аз ин ҳодиса «духҳо» яку якбора нест шуданд» (саҳ. 25).
Қариб дар ҳама муҳорибаҳо муҷоҳидин медонанд, ки Мерган бар зидди онҳо меҷангад ва баъд дар тӯю маъракаҳои деҳаи гирду атроф дар бораи маҳорати тирпаронии ӯ, ба қавли муаллиф, қиссаҳо мебофтанд. Ҳатто Аҳмадшоҳи Масъуд фармон медиҳад, ки ӯро зинда ба наздаш биёранд. Ва дар яке аз муҳорибаҳо, бинобар раҳмдилияш нисбат ба душман, Мерган асир меафтад ва Аҳмадшоҳ пас аз дуюним моҳ ӯро ҷавоб медиҳад ва як нафар афғон то ба қисми аскарони шӯравӣ ҳамроҳияш мекунад. Командирон Мерганро ба хушӣ қабул мекунанду вай хизматашро идома медиҳад…
Гуфтугӯи муҷоҳиде ҳангоми ҷанг бо Мерган аҷиб аст:
«Муҷоҳидон камингоҳи Мерганро муайян карда буданд. Онҳо сад қадам дуртар аз ӯ мавқеъ доштанд. Ногоҳ аз пастхамӣ бо овози баланд:
— Ай Мерган! Ту дар дасти майӣ. Ҷои гурез надорӣ, силоҳата як сӯ бимон ва худро ба мо бандӣ соз! Мо туро мешиносем. Ваъда медиҳум, ки феълан тура нобуд намекунум! — гуфт муҷоҳиде.
— Камтар сабр кун! Ҳоло фикр кунам, — ҷавоб дод Мерган ва пои рости муҷоҳидро нишон гирифта тир андохт.
Ӯ дар ҷояш нишаста пои захминашро дошта Мерганро дашном дод»…
» — Ай бача! Ту моро мазоқ мекунӣ?! Мергании худа нишон доданистӣ! Ма тура дошта ба пӯстат каҳ меандозум!
— Салим! Салим! — овоз баромад аз ҷои камингирифтаи муҷоҳидон. — Агар ту ба Мерган ягон зиён бирасонӣ сарута аз тан ҷудо мекунум. Фармони қумандони калон ҳамин аст. Ӯра бояд зинда ба наздаш бубарӣ». (саҳ. 127-128).
Ҳамин гуна гуфтугӯи Мерган бо муҷоҳидон дар саҳифаи 56, 57, 131 ба қалам дода шудааст, ки хандаовар аст. Агар, воқиан ҳам, чунин як ҷавони тоҷик дар ҷанги Афғонистон корнамоиҳо карда бошад, метавон ӯро ба номи аслиаш оварда, қисса ё романи ҳуҷҷатӣ навишт, на чунин як қиссаи сохтаву бофтаи бесарунӯг.
Дар китоби мазкур лаҳзаҳое ҳаст, ки муаллиф онҳоро такрор оварда, хонандаро гӯл мезанад:
«Рӯзе касе аз пуштам дасташро ба китфам гузошта бо забони шевои тоҷикӣ:
— Ҷӯра, ту аз Тоҷикистонӣ? Бисёр шинос менамоӣ, чеҳраат ҳам ошно, — гӯён пурсид.
Нигоҳ карда дидам, ки як ҷавони миёнақади гандумгуни чеҳрахандон истода ба ман менигарад.
— Бале, ман аз Тоҷикистон. Аз ноҳияи Варзоб, аз деҳаи Чинорам! — гуфтам
— Ман Зариф аз деҳаи Заркамари ноҳияи Файзободам, — худро шиносонд ӯ. Мо чанд муддат дар Мазори Шариф будем. Дирӯз ин ҷо оварданд». (саҳ. 26)
Баъдан дар саҳифаи сиву як муаллиф шиносии онҳоро чунин ба қалам медиҳад:
«- Ҳамшаҳрӣ, салом! — аз пушт дасташро ба китфам монда бо забони шеваи тоҷикӣ гуфт касе.
Баргашта ба пасам нигоҳ кардам. Ҷавони зебое табассумкунон сӯям дасти росташро дароз намуда худро муаррифи намуд:
— Ман Зариф, аз деҳаи Заркамари ноҳияи Файзободам. Кайҳо дар байни сарбозон ягон ҳамдиёри худро меҷустам. Хушбахтона, дирӯз шунидам, ки ҷанговарӣ шуҷоъи қисмамон, ки ба номи «Мерган» машҳур аст, ҳаммиллати ман будааст. Ба Шумо ҳоҷати худро ба ман шинос кардан нест. Ман аллакай дар бораи Шумо ҳама чиро медонам, — гуфт ӯ» (саҳ. 31).
Дар китоби мазкур хатоҳои зиёди имлоиву мантиқӣ, мувофиқат накардани мубтадою хабар, риоя нагаштани таносуби сухан, тасвирҳои подарҳаво ба чашм мерасад, ки мо бо овардани чанд мисол иктифо мекунем:
«Хирс аз хук ҳарос карда лангон-лангон ба тарафи чап гурехта дар зери кадом як буттае пинҳон шуд» (саҳ.19). Охир инсоф мебояд, чӣ хел хирси азимҷусса метавонад дар зери кадом як буттае пинҳон бишавад?
«Аз дастаҳои минбаъда як нафаре тамоман тираш ба ҳадаф нарасид ва чанди дигар фақат аз як то дуто фақат душмани рамзиро зада афтонданд» (саҳ.10); «Ман либосамро дуруст карда, аввал ба назди лейтенант омада аз ӯ иҷозат пурсида, сипас ба назди майор омада ба таври низомӣ рост истодам»; «Аз бас, ки каме дар ҳаяҷон будам фосилаи ба ҳадаф равон кардани тирҳоро камтар тӯл додам. Дар дилам барори кор гуфта омин карда, паси ҳам тирҳоро сар додам. Ҳарсеи он ба нишон расид.
Аз ҷой хеста оиди иҷрои вазифа ба майор хабар додам» (саҳ. 11).
«Гург қасар-қасари поймонии маро дар рӯи барфи аз шамоли хунуки кӯҳистон яхбасташударо шунида, аз роҳравӣ боз истода сӯям нигариста даҳони худро калон кушода мисли сагҳои бадгир ғуррос кард» (саҳ. 12) ва ғайраву ҳоказо.
Ҷангноманависӣ кори хайр аст, зеро зинда доштани хотираи он ҷанговарони ҳалокгашта ва эҳтироми нафароне, ки дар майдони ҳарб ҷонбозиҳо кардаанд, барои наслҳои имрӯзу оянда муҳим мебошад. Аммо на бо чунин саҳлангорию бемасъулиятӣ ва хатоҳо, ки дар китоби «Мерган» дучор мешаванд. Ҷанги Афғонистон, ки зиёда аз понздаҳ ҳазор аскарону афсарони шӯравиро ба коми хеш фурӯ бурда, ҳазорон ҷавононро маъюбу маслуқ кард, сӯзонтарин ва дардноктарин ҷароҳатест, ки дилҳои нафарони дар ин корзор азизонашон аз дастдодаро то ҳол ба сӯзиш меорад. Ва нисбат ба ин фоҷиа ба ин содагӣ, нақли хушку холӣ, беҳадаф ва бемақсад, зиёда аз ин бедардонаю рӯякӣ китоб навишта, ҳамчун моли адабиёт ба хонанда пешкаш кардан беҳурматӣ ба рӯҳи поки он ҷавонмардон ва беэҳтиромӣ ба сухану қалам аст.
Романи «Шоҳин ва Моҳин» -и Дӯстмурод Ӯроқов соли 2010 бо тамғаи нашриёти «Адиб» чоп шудааст. Дар аннотатсияи китоб, ки одатан аз ҷониби муҳаррирони нашриёт навишта мешавад, омадааст: «Муаллифи асари мазкур, ҳарчанд нависандаи касбӣ нест, вале дар адабиёти тоҷик, бешубҳа, мавқеи хос пайдо кардааст… Инак, романи ӯ бо номи «Шоҳин ва Моҳин» пешкаши шумо мегардад. Ҳарчанд асарро ишқию мазҳакавӣ номидаанд (?), гумон накунед, ки он асари соф ишқист ё мазҳакависту фақат механдед. Не, ин асари чиддист. Чунон ҷиддиву ҳаётист, ки гумон мекунед, дирӯзакак дар канори шумо, бо ёру дӯстонатон, ҳамсояҳоятон рӯй додаст… Хуллас, имрӯзу дирӯз ин ҷо махлут гаштааст, ҳамаи ин на танҳо аз пеши назар, балки аз дилу андешаи инсон мегузарад».
Пас аз хондани чунин аннотатсияи хандаовар шурӯъ мекунем ба мутолиаи «асари ишқию мазҳакавӣ»: «Гӯям ё нагӯям? Агар гӯям, шояд гила мекунед, ки кирои гап набудааст-ку, агар нагӯям, он мисли бори вазнин дар дӯшам меистад. Охир, инро ҳодисаи одӣ ҳам гуфтан мумкин аст ва ғайричашмдошт ҳам. Аминам, гумон карданатон мумкин, ки ҳеҷ гоҳ ин тавр намешавад. Вале боз ба ҳайрат меафтед, ҳамаи ин дар паҳлӯи мо шуда истодааст-ку. Муаллиф шояд саргузашти хешро нақл карда истодааст? Охир, ӯ ҳам муаллим аст. Хайр чӣ? Ман дигар кор надорам магар? Ҳар чизи дар ҳаётам рӯйдодаро ба шумо нақл карда мегардам? Ана боз ҳайрон мешаведу маро саросема мекунед, о, мегуфтагӣ бошӣ, гӯй. Намегуфтагӣ бошӣ, гапа дароз накун, нукта мону навис: гапи ман тамом. Хуб, хуб вақтатонро намегирам. Ту донию Худо, ин ҳодисае буд, ки то ҳол намедонам гӯям ё нагӯям, боварнакарданӣ, ҳам воқеӣ. Хуб, хуб, ана марҳамат, хонеду хулоса бароред».
Ва, инак, хондему хулоса баровардем. Ин «роман» на ишқисту на мазҳакавӣ. Дар он на аз дарди фироқ ва лаззати ишқу ошиқӣ осоре ҳасту на аз ҳаҷву танз нишон. Масхарабозист нисбат ба адабиёт ва хонанда. На хати сюжети мушаххас дораду на банду баст ва мавзӯъи муайян. Муаллиф намедонад, ки ба хонанда чӣ гуфтан мехоҳад. Бинобар ин, ҳамроҳи ҷинҳои мусулмон (?), ки ҳангоми саёҳат дар Ҳиндустон қаҳрамони асараш, муаллими таърихи Донишгоҳи миллӣ Муродӣ дар даруни чормағз пайдо мекунад, гоҳ ба муаллимони порахӯри донишгоҳ мечаспаду гоҳ ба кормандони БДА ва гоҳ ба судяву прокурор, корманди гумруку табибони беморхона ва гоҳ ба савдогарони бозорҳою кормандони истироҳатгоҳҳо. Ҳатто ҷинҳо, ки аслашон аз Самарқанду Бухоро будааст, дар хусуси аз даст рафтани ин шаҳрҳои бостонии тоҷикон, аҳволи вазнини тоҷикон дар кишвари ҳамсоя, сагбозии ҳокими вилоят ва ба Хуҷанд ҳуҷум овардани Маҳмуд ва ҳоказо муҳокима меронанду мубориза мебаранд!
Воқиан, муборизаи хайру шар, фарҳангу ҷаҳолат, ростию дурӯғ, ҳарому ҳалол мавзӯъҳои ҷовидонаи адабиётанд ва метавон лак-лак асарҳои ҷолибро дар ин бора номбар кард. Аммо як чиз нофаҳмост, ки Дӯстмурод Ӯроқов чаро барои мубориза бо падидаҳои номатлуб аз қабили фиребгарӣ, ришваситонӣ, ҳаромхӯрӣ, мансабфурӯшӣ, маҳалгароӣ ва дигар хислатҳои пасти инсонӣ ҷинҳоро ҳамроҳ гирифтааст? Дар ин хусус ҳар рӯз мегӯянду менависанд ва барои фош кардани онҳо ба чашми ҳамабину ақли расои ҷинҳои мусулмон (?) ҳоҷат нест.
Шояд шумо, хонандагони азиз, аз пораи дар боло овардаи мо ба забони китоби мазкур ошно шудед. Дар забони навиштаҳои дигараш низ ғалатҳои зиёд ба назар мерасанд.