ҶАЗБАИ МЕҲРИ БУЗУРГ
Чанде пеш бо унвони «Тенгдошлар» («Ҳамсолон») дар нашриёти «Истеъдод» маҷмӯаи шеърҳои шоирони ҷавони тоҷик ба забони ӯзбекӣ интишор ёфт. Пештар аз ин дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд афсонаҳои халқи тоҷик дар тарҷумаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Амонбой Ҷуманов ба табъ расида буд. Ҳамзамон дар тарҷумаи ҳамин адиб китоби «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»-и Леонид Чигрин ва Ато Ҳамдам низ ба дасти хонандагони ӯзбек расид.
Робитаи адабии тоҷикону ӯзбекҳо таърихи дерина дорад, ки амре бадеҳист. Тоҷикон ва ӯзбекҳо дар як сарзамин зиста, роҳи ҳазорсолаи таърихиро якҷоя паймудаанд.
Замоне дар адабиёт падидаҳои адабие чун зуллисонайн маъмул буданд ва шоирон ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба ӯзбекӣ шеър мегуфтанд, ки ин гувоҳи дӯстии шоирони тоҷику ӯзбек аст.
Бо фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ робитаҳои адабии кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон то андозае коҳиш ёфт, вале ба шарофати сиёсати озоду оқилонаи роҳбарони муҳтарами ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев вақтҳои охир муносиботи дуҷониба, аз ҷумла робитаҳои гуманитарӣ густариш ёфта истодаанд.
Соли гузашта баъди таваққуфи тӯлонӣ дар шаҳри Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир гардид ва ин чорабинӣ дар ҳоле барпо шуд, ки қаблан санъаткорони ӯзбек ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Муҳаммад Алӣ вохӯрӣ дошт ва дар мулоқот масъалаи тарҷума ва нашри осори адибони ду кишварро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, қарор шуд, ки дар ояндаи наздик дар Душанбе ва Тошканд баёзҳои адабиёти тоҷику ӯзбек ба нашр бирасанд.
Низом Қосим зимни мулоқот гуфт: — Мо ин тадбирро чун қадами муҳим дар таҳкими муносиботи фарҳангии халқамон арзёбӣ мекунем ва корро дар ин самт идома медиҳем.
Мавриди тазаккур аст, ки яке аз шумораҳои охири маҷаллаи «Садои Шарқ» ба эҷодиёти адибони Самарқанд бахшида шуд ва онро хонандагон гарм истиқбол намуданд. Ба гуфтаи сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода, дар оянда нашри шумораи муштараки «Садои Шарқ» ва маҷаллаи «Шарқ Юлдузи»-и Ӯзбекистон дар назар аст.
Муддатест дар ИНТ Маркази тарҷума, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта буд, фаъолият дорад. Кормандони марказ осори адибони тоҷикро ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба забони ӯзбекӣ тарҷума мекунанд.
Адибони ӯзбек дар Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд ва осори шоистаашон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ мешаванд. Нависанда Амонбой Ҷуманов соли гузашта бо Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ шуд.
— Соли гузашта чун узви ҳайати доварон дар маросими ҷамъбасти фестивали байналмилалии театрҳои мамолики Осиёи Марказӣ ва Русия дар шаҳри Бишкек иштирок доштам. Он ҷо мушоҳида намудам, ки дӯстони ӯзбекамон ба ҳар навгонии ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон зуд таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз дидору ҳамкорӣ бо ҳамкасбаони тоҷикашон самимона хурсандӣ мекунанд. Ин ҷозиба аз ду ҷониб аст,- мегӯяд мудири бахши тарҷума, робитаҳои адабӣ ва драматургияи ИНТ Ато Ҳамдам.
Бояд гуфт, ки чанде пештар намоишномаи «Дили зан»-и драматурги ӯзбек Эркин Хушвахтов дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба саҳна гузошта шуд. Ин иқдоми накӯ идомаи анъанаест, ки аз басаҳнагузории намоишномаҳои Ҳамза, Абдулло Қаҳҳор, Саид Аҳмад ва Уйғун сарчашма мегирад.
Адабиёти ӯзбекзабон дар Тоҷикистон чун адабиёти русзабон ҳамеша вуҷуд доштааст ва ҳамроҳ бо адабиёти тоҷик пеш рафтааст. Ин адабиётро имрӯз дар Тоҷикистон Э. Додохонов, Д. Пиримов, З. Бобоева, Т. Тӯйчиев, С. Аллаева, У. Усмон ва дигарон, ки аъзои ИНТ ҳастанд, намояндагӣ мекунанд ва бо китобҳову асарҳое, ки пайваста дар нашрияҳои адабӣ ва саҳифаи адабии нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон — «Халқ овози» чоп мешаванд, байни хонандагон маҳбубият пайдо кардаанд.
Сухан дар бораи ҳамкории эҷодии адибони тоҷику ӯзбек поёнпазир нест. Маъмулан дар ин мавридҳо дӯстию бародарии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро намуна меоранд. Воқеан дӯстии инҳо намунаи барҷастаи қаробату бародарии ҳамешагӣ барои ҳама наслҳост. Ин анъанаи дӯстиро баъдан дигар фарзандони барӯманди тоҷику ӯзбек низ идома додаанд. Мисолҳо дар ин маврид фаровонанд. Дӯстии самимона ва эҳтироми дуҷонибаи шоирони маҳбуби халқамон Лоиқ Шералӣ ва Абдулло Орифов мисоли равшане аз замони мост.
Далели дигареро ба ёд овардан бамаврид аст: Дар охири соли гузашта яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Тошканд ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода гузошта шуд, ки нишони арҷгузории дӯстони ӯзбек ба шахсиятҳои бузурги кишвари мо, мунодиёни сулҳу дӯстӣ байни халқҳост. Ин рӯйдоди фараҳбахшро дар Тоҷикистон чун зинаи наве дар муносиботи дӯстонаи ду кишвар пазируфтанд.
Мансур СУРУШ