Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 24 декабри соли 2025
Ҳунарпешае, ки аз саҳна нарафт
Ато Муҳаммадҷонов яке аз он симоҳои барҷастаи фарҳанги тоҷик аст, ки агар дар васфи ҳунараш чандин китоб навишта шавад ҳам, кам аст. Вай дар саҳна танҳо нақш намеофарид, балки ҳар ҳаракат, ҳар нигоҳ ва ҳатто ҳар сукуташ ҷаҳони пур аз ҳикмат ва дардро ифода мекард.
Ато Муҳаммадҷонов соли 1940 дар шаҳри Душанбе ба дунё омад, замоне ки шаҳр ҳанӯз дар оғози рушд буд ва рӯзгори мардум аз сахтиҳои ҷанг лабрез. Даврони кӯдакию наврасиаш пурфоҷиа гузашт. Аз падар маҳрум монд, масъулияти нигоҳдории оила ба дӯшаш афтод. Ин ҳама ӯро хеле тез бузург кард. Миёни ҳама ташвишҳои рӯзгор, ки гоҳе ба Атои хурд гаронӣ мекард, шуълаяке ӯро ба зиндагӣ дилгарм месохт, ба дилаш умед мебахшид. Ин меҳри санъат буд.
Дар синни 13-солагӣ ӯ дар маҳфилҳои “Кохи пешоҳангон” иштирок мекард ва аз худ маҳорати беназир нишон медод. Устодони бузурги саҳна, аз ҷумла Муҳаммадҷон Қосимов, истеъдоди ӯро ба зудӣ дарк карданд. Ин барои Ато роҳхати вуруд ба ҷаҳони театр шуд. Бидуни доштани диплом ва таҳсил дар донишкада, ӯ ба театр бо истеъдоди табиию худодод ворид шуд. Ботинан ҳис намудани қаҳрамон, ҳаракатҳои табиӣ ҳангоми иҷрои нақш, нигоҳҳои пур аз маънию ҳикмат ӯро зуд миёни ҳамкорон обрӯманд карданд. Ҳамин гуна соли 1958 ӯ ба ҳайати эҷодии Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пайваст ва дар кӯтоҳтарин муддат маҳбубу азизи мардуми кишвар гардид.
Дар театр Ато бо иҷрои нақшҳои худ исбот мекард, ки ҳунар пеш аз ҳама ба ботини ҳунарпеша такя мекунад. Чеҳраи ӯ ифодагари андеша ва ҷаҳони ботинии қаҳрамононаш буд, ки тамошобинро бе ягон сухан ба худ мекашид. Мегуфтанд, ки Ато бо “сукут” низ нақш офарида метавонист ва ин тавсиф муболиға нест. Вақте Ато Муҳаммадҷонов ба саҳна ворид мешуд, пеш аз сухан гуфтану ҳаракат карданаш гӯё фазо дар атрофи ӯ тағйир меёфт, ҳаво тадриҷан аз эҳсос ва фикри қаҳрамонаш пур мешуд ва тамошобинро беихтиёр вориди он месохт. Нақши Адҳам дар “Алломаи Адҳам ва дигарон” (драматург Сотим Улуғзода) шоҳкори Ато Муҳаммадҷонов ҳисобида мешавад. Ин нақшро ӯ бе доду фарёди зиёд, балки бо сукути вазнин ва нигоҳҳои пурдард иҷро мекард. Мунаққидон мегуфтанд, ки вақте Адҳам дар саҳна хомӯш менишаст, тамошобин ғавғои дарунии ӯро эҳсос менамуд. Вай тавонист бо ин нақш фоҷиаи як инсони бузургро нишон диҳад, ки дар замонаш қадр нашудааст. Ин нақш ба табиати худи ҳунарпеша хеле наздик буд. Қаландар аз “Дохунда”-и Ҷ. Икромӣ хислатҳои мардумӣ, содагӣ ва дарди табақаи заҳматкашро нишон додааст. Ҳатто нақшҳои лаҳзавии ӯ то дер дар хотири тамошобин нақш мебастанд. Агар дигарон нақшро меофариданд, Ато Муҳаммадҷонов бо он нафас мебахшид. Ва фарқ миёни ин ду амал мисли фарқи миёни расм ва инсон аст.
Ба ғайр аз шуҳрати бузург пайдо кардан дар олами театр, синамо низ ба ҳунарпеша дари дигари маъруфиятро боз кард. Ҳарчанд на ба андозае, ки сазовораш буд. Мунаққидон солҳо баъд таъкид мекарданд, ки иқтидори Ато Муҳаммадҷонов дар синамои шуравӣ нопурра истифода шуд. Дар кишваре, ки барои як актёри боистеъдод филмнома менавистанд ва коргардонҳо барояш нақш омода мекарданд, Ато Муҳаммадҷонов аксар вақт бо нақшҳои хурд маҳдуд мешуд. Аммо ин маҳдудиятҳо ба ҳунари ӯ ноқисӣ наоварданд, баръакс, ҳар нақши эпизодӣ дар бозии ӯ ҳамон қадар равшан ва зинда буд, ки нақшҳои марказии ҳунарпешагони дигар.
Ато Муҳаммадҷонов дар 40 филми бадеӣ нақш офаридааст. Ҳунари ӯро на танҳо “Тоҷикфилм”, балки ҳамчунин “Узбекфилм” ба маърази тамошо гузоштааст. Яке аз охирин ва машҳуртарин нақшҳои ӯ дар филми “Падари маҳтобӣ” аст, ки соли 1999 бо коргардонии Бахтиёр Худойназаров рӯйи навор омадааст. Сафар – як марди содаи деҳотӣ, дӯстдори театр, харгӯшпарварӣ мекунад. Ӯ падари меҳрубон аст, мехоҳад шаъну шарафи духтари ҳомилаи худро (ки падари кӯдакаш номаълум аст) ҳифз кунад. Нақши Сафар омехтаи мазҳака ва фоҷиа аст. ҳунарпеша қаҳрамонро ҳамчун як инсони каме “девонатабиат”, вале бениҳоят покдил нишон дод.
Соли 1982 Ато Муҳаммадҷонов нақши Амирро дар филми “Ҷавонии нобиға” офарид ва сазовори ҷоизаи давлатии СССР гардид. Одатан дар филмҳои советӣ амиронро золиму бераҳм нишон медоданд. Аммо Ато Муҳаммадҷонов кӯшиш кард, ки Амирро ҳамчун инсон нишон диҳад. Ӯ на танҳо ҳоким, балки шахсе буд, ки бори гарони давлатдориро мекашид ва гоҳо дар тасмимгириҳо дудила мешуд. Ин мураккабии нақш сабаб шуд, ки ба ҳунарпеша Ҷоизаи давлатии СССР диҳанд.
Нақшҳои таърихӣ, бахусус нақшҳои шоҳон ва амиронро Ато Муҳаммадҷонов зиёд офаридааст, чунки ба андешаи коргардонҳо ӯ “чеҳраи шоҳона” ва ҳайбати ба худ хос дошт.
Марги ин ҳунарпешаи нотакрор аз ҷумлаи талафоти сахти фарҳанги тоҷик дар соли 2002 буд. Ато Муҳаммадҷонов дар саҳна зиндагӣ карда, дар саҳна бо ҳаёт падруд гуфт. Марги ӯ на танҳо аз даст додани як ҳунарпеша, балки гум кардани як пояи бузурги мактаби ҳунарии тоҷик буд.
Вале мероси ӯ зинда монд. Нақшҳо, сабк, қудрати ботинӣ, он тавоноии нодир, ки танҳо ҳунарпешагони сатҳи ҷаҳонӣ доранд — ҳамааш дар ёди мардум боқист. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов ва имрӯз Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар номи ӯро дорад. Ин номгузорӣ танҳо як амали рамзӣ нест — ин нишонаи эҳтиром ва эҳсоси миннатдории мардум ба шахсе аст, ки бо истеъдоди худ ба дигарон дарс дод, ба тамошобин маънои дигаре аз истилоҳи “бозӣ” бахшид.
Ҳар қадар аз хусуси ӯ нависем, боз ҳам эҳсос мекунем, ки кам гуфтаем. Зеро ӯ аз зумраи он одамонест, ки бештар аз он ки зиндагӣ кунанд, бо вуҷуди худ таълим медиҳанд. Аз рӯзҳои кӯдакии пурдард то нақшҳои дурахшони саҳна, аз таҷрибаҳои талх то сурурҳои зиндагӣ, ки дар чеҳра ва ҳаракатҳояш аён буд — ҳамааш қиссаи инсоне аст, ки бо вуҷуди сахтиҳо ба истеъдод хиёнат накард. Ато Муҳаммадҷонов рафт, вале ҳунараш ба мисли нурест, ки то имрӯз ба ҳар ҳунарпешаи ҷавон паёми равшан медиҳад: истеъдод ҳеҷ гоҳ ба диплом ва қарор вобаста нест, он агар воқеӣ бошад, худ роҳ мекушояд, худ меафрӯзад, худ мерос мегузорад. Ва ҳамин аст хулосаи рӯзгори ӯ: ҳунарпешае, ки аз дунё рафт, вале аз саҳна нарафт.
Мижгон Халилзода,
«АС»



