ҲАЁТ НИЯТ
НИЯТ ҲАЁТ 1 сентябри соли 1966 дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Дар дабистони зодгоҳаш таълим гирифта, факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст (1991). Солҳои 1985-1987 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст. Аз соли 1991 дар бахши вилоятии Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ба ҳайси сарходими илмӣ фаъолият бурда, муддате дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд дарс гуфтааст. Баъдан дар шуъбаи Суғди Иттифоқи нависандагони кишвар идомаи кор дода, аз соли 2007 дар шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят фаъолият мебарад.
Муаллифи кутуби «Намунаи ҳуҷҷатҳо ва санадҳои коргузорӣ» (1992), «Ҷаҳони халқ» (2002, дар ҳаммуаллифии Г.Калонова), «Родмарде аз Галамайдон» (2003), «Миҷгони бурс» (2002), «Инқилоби устод Лоиқ дар назми муосири тоҷик», «Сиришки санг», «Албурзи пойбарҷо», «Ҳабиби дил» ва ғ. мебошад. Ҳамчунин, иддае аз навиштаҳояш дар китобҳои дастҷамъии «Парвозгоҳи бузургон», «Тоҷикистон нурборон мешавад», «Адолатпаноҳ» ва матбуоти даврӣ чоп шудаанд.
Дар баробари фаъолияти шоирӣ, ба тадқиқи илмӣ ҳам машғул буда, дар мавзӯи «Нақши Лоиқ Шералӣ дар таҳаввулоти назми нимаи дувуми садаи ХХ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Китобҳои «Fӯлакандоз: дирӯз, имрӯз, фардо» (дар ҳамқаламии А.Раҳматзод), «Субҳи нурафшон медамад»-ро аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.