ҲАСАНЗОД СИПЕҲР

 ҲАСАНЗОД СИПЕҲР

СИПЕҲР АБӮАБДУЛ­ЛОҲИ ҲАСАНЗОД 19 сентябри соли 1957 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Таҳсилкардаи мактаби миёнаи №6 ноҳияи Восеъ, дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1980), факултаи ҳуқуқи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (2006) аст.

Қиссаву ҳикояҳои нахустинаш дар матбуоти даврӣ ва маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи очерки «Фидоиёни роҳи озодӣ» (1992) аз пайкори аввалин муборизони истиқрори сохти нав ҳикоят мекунад. Дар китоби «Парастуҳои саҳна» (1993) пиромуни фаъолияти эҷодии Ҳошими Қосим, Бобохалили Одина, Саъдуллоҳи Карим, Раҷабмади Валӣ, Шарифи Мирзонабот, Одина Ҳошим, Иқболи Юсуф, Қурбоналӣ Раҷаб, Азизи Сабзалӣ, Зулайхо Раҳим ва ғ. суханони тозае гуфтааст.

Маҷмӯаи «Боздид» (1992) аз гулчини ҳикоёти нависанда фароҳам омада, мутолиаи ҳикояҳои «Тӯй», «Аёдат», «Сиёҳбахт», «Тантанаи ишқ», «Санги сабук» ва ғ. хонандаро ба андеша мебарад, аз тазоди рӯзгори қаҳрамонон гоҳе ба ваҷдаш меовараду гоҳе ғаминаш мегардонад.

Қиссаи таърихии «Чакомаи Шоҳи Хатлон» дар озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 680-умин солгарди мутафаккири барҷастаи Машриқзамин Мир Сайидалии Ҳамадонӣ (1994) шарафёби ҷоиза гардидааст.

Маҷмӯаи «Бозгашти аспи даҳмарда» (2001) аз ҳикояҳои адиб иборат буда, китобҳои «Офтобо, ба ғуруб марав…» (2005), «Гулхани сабз» (2011) ва «Ҳадиси ватандорӣ» (2014) гулчине аз қиссаву ҳикояҳои ӯро дар бар гирифтаанд.

Китоби очерки «Гулхани сабз» аз рӯзгори фарзонамардони миллат ҳикоят карда, дар замири хонандагон эҳсосу хислатҳои бурдборӣ, устуворӣ, худафрӯзӣ, ҳақиқатҷӯйӣ, адолатпарварӣ, меҳанпарастӣ ва зебоиро мепарваронад. Романи тозаэҷоди «Порисеву ворисе» аз нигоҳи баррасии мавзӯъу нигориш ҷолиби диққат аст.

Ҳикояҳои алоҳидаи нависанда ба забонҳои русӣ, белорусӣ, форсӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ, морӣ, ӯзбекӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.

Маҷмӯаи ҳикоёти адиби маъруфи морӣ-Барандаи Ҷоизаи ҷавонони Ҷумҳурии Морӣ Ю. Артамоновро таҳти унвони «Шаҳди марминҷон» ба тоҷикӣ гардондааст.

Дорандаи медали «Хидмати шоиста» (2012). Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2004).

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.08.2012, таҳти №1321 подоши хидматҳои бисёрсолаву бенуқсон дар соҳаи матбуоти тоҷик бо мукофоти олии давлатӣ – медали “Хизмати шоиста” шарафёб гардидааст.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо